Ёриву мусоидат ба ҳамватанон
04 Октября 2012

 

Бо тавсеаи муносибатҳои доманадор ва мутақобилан судманди дуҷониба миёни Тоҷикистону Россия, тамосу равуойи шаҳрвандони ду кишвар низ зиёд гардида, муроҷиати рӯ ба афзоиши шаҳрвандон ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз он гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамзамон бо муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кишвари иқомат, ҳамарӯза садҳо тоҷикистониёни касбу кори гуногуни муқими Федератсияи Россия бо ин ё он пурсишу  дармондагӣ ба Сафорат меоянд ва дар ҳалли мушкили онҳо ёриву мусоидатҳои лозима сурат мегирад.

Гурӯҳе аз шаҳрвандон ба сабаби фавти пайвандон ё наздикони худ, беморӣ ё осеби ҷисмонӣ дидан ба Сафорат муроҷиат менамоянд.

Кормандони Сафорат, ба хусус Хадамоти консулӣ, дар доираи салоҳияу имкони мавҷуда ба корафтодагон ёрӣ расонда, машварату роҳнамоӣ  мекунанд. Дар ин росто, гурӯҳе аз тоҷикистониёни соҳибкори шаҳри Москва низ бо ёрии беғаразонаи моддию молии худ ба ҳамватанон саҳм мегузоранд.

Аз ҷумла, чанд рӯз пеш, бо дастандаркории кормандони бахши консулии Сафорат ва мадади соҳибкорони тоҷик, ҷасадҳои Шарипов О. ва Қизилбоев Ҳ. ба Ватан интиқол ёфта, инчунин бемор Файзалӣ Қарабоев ва ниёзманд Шарофат Маҳмудова ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Дар давоми чанд моҳи ахир, дар интиқоли 20 ҷасади ҳамватанон ба Тоҷикистон, расондани ёрии моддӣ ба даҳҳо бемору эҳтиёҷманд, дастрас кардани чиптаи ҳавопаймо ва қатора ба дармондагону нафарони маъюб ва ғайра мусоидат карда шуд.

Сафорат ба соҳибкорони тоҷикистонии муқими шаҳри Москва, ба хусус, ба бародарон Амирбеку Давлатбек Ҷононовҳо, Сироҷиддин ва Тоҷиддин Саидовҳо, ки пайваста ба ҳамватанони ниёзманди муқими Федератсияи Россия дасти ёрӣ дароз менамоянд, сипосгузор аст.

Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

 

 
   

Новости   Контакты   Ссылки Вверх