Дар партави Паёми Президент PDF Печать

Ба Сафири Фавқулъода ва Мухтори

Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Федератсияи Россия

муҳтарам Достиев А.С.


Муҳтарам Абдулмаҷид Салимович,

Тоҷикистониёне, ки дар шаҳру вилояти Иркутск кор ва зиндагонӣ доранд, паёми Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон, ки 20 апрели соли равон тариқи телевизион пахш гардид, тамошо намуда, аз муваффақияту дастовардҳои кишвари маҳбубамон огоҳ шуда, рӯҳбаланд гардиданд.

Бо ташаббуси Ҷамъияти тоҷикони минтақа 25 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Шӯрои Ҷамъиятии вилояти Иркутск бо иштироки намояндагони тоҷикистониёни вилояти Иркутск ҷамъомад баргузор гардид. Ба иштирокчиёни ҷамъомад роҳбари Маркази ҳуқуқии «Авесто»-и шахри Иркутск М.Саидов бори дигар мазмуну мӯҳтавои Паёми Сарвари давлатамонро гуфта гузашт.

Иштирокчиёни дигари ҷамъомад  Х.Ширинов, А.Файзуллоев, Э.Махмадбеков, Ш.Икромов ва дигарон дар баромади хеш қайд намуданд, ки солҳои охир Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳо муваффақ гардид. Аз ҷумла, барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ нақбҳои Шаҳристон, Шар-шар ва Анзоб кушода шуданд, роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Ҷиргатол, Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Қалъаи Хумб таъмир гардида ба истифода дода шуданд. Сохтмони нерӯгоҳҳои Сангтуда-1 ва Сангтуда-2, идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун боиси он мегарданд, ки Тоҷикистон ба кишвари интиқолдиҳандаи нерӯи барқ табдил ёбад.

Инчунин қайд гардид, ки таваҷҷӯҳи Сарвари Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи муҳоҷирони меҳнатие, ки дар кишварҳои хориҷӣ, алалхусус дар Россия кор ва зиндагонӣ мекунанд, рӯз то рӯз зиёд мегардад. Масалан, барои ба танзим даровардани ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳои хориҷӣ Хадамоти Муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, ки такони бузурге ба ин раванд расонида метавонад. Вохӯриҳои ҳарсолаи Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмонро бо намояндагони муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Россия кор ва зиндагонӣ доранд, низ бояд махсус қайд кард.

Дар охир иштирокчиёни ҷамъомад пуштибонии хешро аз сиёсати пешгирифтаи Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.

 

Узви Шӯрои ҷамъиятии

назди Сафорати Точикистон дар Россия                            Х.Г. Ширинов

 

 


 

№24 от 22.04.2011                                                                                          Чрезвычайному и Полномочному Послу

Республики Таджикистан

в Российской Федерации

господину А.Достиеву

 

Уважаемый Абдулмаджид Салимович!


20 апреля 2011 г. Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон обратился с ежегодным посланием в Маджлиси Оли об основных направлениях внутренней и внешней политики Республики Таджикистан.

Выступая перед парламентариями Президент рассмотрел ряд вопросов касающихся политических, экономических и общественных тем.

Региональная общественная организация Центр таджикской национальной культуры им.И.Сомони в Республике Башкортостан повторяя слова Президента, считает нужным, что таджики должны быть осведомлены о корнях своей древней цивилизации, языка, национальной культуры, традиций государственности. Мы должны, как свою Родину и нацию любить и стремиться к общечеловеческим научным и культурным ценностям, изучать достижения современной техники, технологии, передовые открытия, и использовать их в своей жизни.

РОО ЦТНК им.И.Сомони в РБ придерживается курса политических и экономических направлений проводимых Президентом и правительством Республики Таджикистан.

 

Председатель

РОО ЦТНК им.И.Сомони                                                          Х.Буров

 

 


 

№7 аз 28.04.2011                                                                                                                 Ба Сафири Фавқулъода

ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Федератсияи Россия

А.С.Достиев

 

Муҳтарам  Абдулмаҷид  Салимович!

 

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузор дар   арафаи   истиқболи   бистумин   солгарди    истиқлолияти    давлатӣ,  ки дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон мебошад, пешниҳод гардид.

Мо тоҷикону тоҷикистониёни вилояти Челябинск ин паёмро ба воситаи оинаи нилгун бо  мароми   зиёде    тамошо  кардем,  сипас  дар  давоми  7-10  шабонаруз  дар байни ҳамватанон муҳокима намудем.

Паёми имсолаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи самтҳои зиндагонии имрӯзаи миллати сарбаланди тоҷикро дар бар мегирад, ногуфта намонад, ки ин паём дар арсаи ҷашнвораи 20-солагии  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт  такони ҷиддӣ мебахшад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳамаи тоҷикистониёни вилояти Челябинск ин паёмро бисёр саривақтӣ шуморида, қарзи фарзандии худро дар назди ватан дар риоя намудани эҳтироми ватандорӣ, бо ифтихори баланд гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, маданию маърифатӣ ва фахр доштан аз Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд.

 

Бо эҳтироми хоса

Раиси Созмони Тоҷикистониёни

вилояти Челябински Россия                                                            И.А. Рачабов

 

 
   

Новости   Контакты   Ссылки Вверх