Таърихи Тоҷикистон
Таъриху фарҳанги Тоҷикистон бо Афғонистону Эрон яксону монанд аст. Кӯҳантарин номе, ки ниёгони мардуми эронитабор, яъне ориёиҳо, бар сарзамини худ ниҳода буданд, Airyānǝm Vaējah буда, ки аз он дар Авесто ёд шудааст. Ҷойгоҳи ин сарзамин ҳануз дуруст ошкор нашудааст. Дертар сарзамини Ориёӣ ба 16 подшоҳӣ ҷудо гардид, ки аз онҳо дар Авесто бо номи Airyānǝm Dahyunam ёд шудааст. Ҳамин ном дертар Airyānǝm Xšaθram, Aryānšaθr ва Ērānšahr гашт ва Эрон шуд.
Яке аз он 16 dahyu ё деҳа (дар Авесто ба маънии сарзамин ва подшоҳист) Суғд ва дигаре Бохтар ё Балх буд, ки бахше аз сарзамини кунунии Тоҷикистонро дарбар мегиранд. Суғду Бохтар(Балх) дар замони ҳукуматдории Ҳахоманишиҳо (558 – 330 то милод) яке аз хšaθra ё шаҳрҳои(кишварҳои) Ориёно шудаанд. Ба кишвари Ориёно - Давлати Пешдодиёну Давлати Каёниён ва Тӯрон - Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон дохил буданд. Дар он замон сарзамини миёни Омударё ва Сирдарёро, ки як шаҳр (дар порсии бостон ба маънии подшоҳист) ба шумор мерафт, Парадрая низ мехонданд, ки маънояш [[Вароруд (Варазруд)|Вар аз руд]] аст. Дар «Шоҳнома» - и А. Фирдавсӣ ин сарзамин Тӯрон хонда шудааст. Дар бораи шаҳрдории ниёгони халқи тоҷик бозёфти шаҳркадаи Саразм (аз калимаи тоҷикии "сарзамин") шаҳодат медиҳад, ки ҳазорсолаҳои IV - II то милод рушду нумуъ дошт. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Пас аз лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ин сарзамин бахше аз подшоҳии Искандар (330 - 323 то милод) ва Селевкиён (312 - 150 то милод), подшоҳии Юнону Бохтар (250 – 125 то милод), шоҳаншоҳии Ашкониён (250 то милод — 224 милодӣ), шоҳаншоҳии Кушониён (садаҳои I то милод– IV милоди), Давлати Сосониён (224 – 651), шоҳаншоҳии Ҳайтолиён (садаҳои IV – VI)ва шоҳаншоҳии Ҳоконии турк (551 - 741) шуд. (Нигаред:Давлатҳои ниёгони халқи тоҷик)
Дар замони Сосониён(224 - 651) ин сарзамин дар маводҳои таърихӣ Вароруд (Варазруд) ва Хуросон хонда мешуд ва чанд подшоҳии ҷудогона дошт.
Дар нахустин садаҳои исломӣ, дар солҳои 705-715, ки сулолаи Умавиён бар Хилофати Араб фармон меронданд, арабҳо бар Сосониён тохтанд ва онро гирифтанду мардумашро мусулмон карданд. Аз он пас ин макон ном ба арабӣ баргардон шуд ва Мовароуннаҳр хонда шуд ва бахше аз вилояти Хуросон гашт.
Пас аз густариши Ислом дар Эрону Тӯрон, вилояти Хуросон, аз ҷумла Мовароуннаҳр(Вароруд (Варазруд)), зиндакунандаи фарҳанги эронӣ ва офаринандаи забони порсӣ-дарӣ буд, ки ҷонишини забони паҳлавӣ, суғдӣ, тахорӣ, хутану сакоӣ шуд. Нахустин шоирони порсигӯй аз ин сарзамин бархостанд, ба вижа Рӯдакӣ, ки падари шеъри порсӣ(форсӣ) шинохта шудааст. Дар нахустин садаҳои исломӣ, Хуросон ва Мовароуннаҳр гаҳвораи фарҳангу дониши исломӣ буданд ва бузургоне чун Ибни Сино, Имоми Аъзам, Имом ал-Бухороӣ, Закариёи Розӣ, Форобӣ ва нафарони дигар дар худ парвариданд.