1 августи соли 2022 дар шаҳри Қазон бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, инчунин таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Россия Д.Гулмаҳмадзода бо ҳамватанони муқими минтақаҳои ҳавзаи федералии Приволжскийи Россия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Роҳбари Намояндагии дипломатӣ аҳаммияти таърихии ин рӯйдодҳоро дар замони муосир, яъне дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.

Ҳамзамон доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, инчунин тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дода шуд.

Сафир аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал оавард, ки дар корҳои тадорукотии Тоҷикистон баҳри арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар фаъолона ширкат варзанд.

Ҳамчунин зарурати нигоҳ доштани робита ва ҳамкории доимии роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон бо ҳамватанон қайд карда шуд, зеро ин амал воситаи асосии таҳкибахши равобити миёни онҳост.

Зимни суҳбат бо ҳамватанон саволу дархостҳои гуногун, аз ҷумла, оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар масоили марбут ба хизматрасониҳои консулӣ ба миён гузошта шуданд.

1 августи соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи сафари кориаш ба шаҳри Қазон бо Раиси “Иттифоқи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тотористон” Шамил Агеев мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот масоили марбут ба густариш ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари Намояндагии дипломатӣ аҳаммияти рушди ҳамкорӣ ва афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Тотористонро таъкид намуда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро дар масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии кишварамон ба Тотористон баён дошт. Дар зимн, зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид карда шуд.

Худи ҳамон рӯз Д.Гулмаҳмадзода аз Агентии рушди сармоягузории Ҷумҳурии Тотористон боздид ба амал оварда, бо роҳбарияти ин ниҳод мулоқот намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла, имкони таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

1 августи соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафари кориаш Сафири Тоҷикистон бо Президенти Тотористон Рустам Минниханов мулоқот кард.
Роҳбари Намояндагии дипломатӣ  Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Темур Раҳимовро ба Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов муаррифӣ намуд.
Зимни суҳбат, ки дар фазои гарму дӯстона сурат гирифт, оид ба вазъи кунунии ҳамкориҳои миёни минтақаҳои Тоҷикистон бо Тотористон, инчунин дурнамои равобити тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор сурат гирифт.
Мусоҳибон доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисод, муҳоҷирати меҳнатӣ, комплекси агросаноатӣ, маориф ва илм, аз ҷумла, омода намудани кадрҳои баландихтисос, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карданд.
Ҳамчунин роҳбари Намояндагии дипломатӣ дар бораи имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, соҳибкорони Тотористонро барои сармоягузорӣ намудан дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишварамон даъват намуд.
Р. Минниханов ба роҳбарияти Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ доштан ва ҷонибдории ҳамкорӣ бо Тотористон арзи сипос намуда, ҷиҳати таҳкими робитаҳо бо минтақаҳои кишвари мо, бахусус, дар соҳаи тиҷорату иқтисод изҳори ҳавасмандӣ кард.
Сафири Тоҷикистон дар идомаи мулоқот ҳайати Тотористонро барои ширкат варзидан  дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Тоҷикистон ва Россия” “Помиринвест 2022”, инчунин Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022”, ки соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Точикистон баргузор хоҳанд шуд, даъват намуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки музокироти баргузоргардида ба рушди ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон бо Тотористон саҳми назаррас  хоҳад гузошт.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

29 июли соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Тошканд иштирок кард.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ бо тамаркуз ба аҳаммияти ҳамкориҳои сиёсӣ дар доираи СҲШ, минбаъд тавсеа додани ҳамоҳангсозии мавқеъҳои сиёсати хориҷӣ дар қолаби “ҳаштгона”-ро қайд намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба аҳаммияти дастгирии ташаббусҳо, ки тақвияти муҳтавои рӯзномаи иҷтимоию иқтисодии СҲШ, инчунин ҳамбастагии стратегияҳои миллӣ барои рушди устувор ва тараққиёти минтақа равона гардидаанд, ишора кард. Дар ин замина, Вазири корҳои хориҷӣ аз пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти Душанбе дар хусуси таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 ёдовар шуд.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи СҲШ тамаркуз намуда, азми Тоҷикистонро ҷиҳати афзоиши саҳмгузорӣ дар талошҳои дастаҷамъона дар ин самт таъкид кард. Сироҷиддин Муҳриддин зарурати анҷом додани корҳо оид ба руйкардҳои муштаракро ҷиҳати таҳияи феҳристи ягонаи ташкилотҳои террористӣ, ифротӣ ва сепаратистӣ дар доираи СҲШ, ки фаъолияти онҳо дар қаламрави давлатҳои аъзо манъ аст, таъкид намуд.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин раванди омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (Самарқанд, 15-16 сентябри соли 2022), инчунин лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки ҷиҳати ба имзо расонидан дар натиҷаи саммити дарпешистода пешниҳод карда мешаванд, баррасӣ намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, раванди музокиротро оид ба дархости давлатҳо барои касби мақоми узвият дар СҲШ муҳокима карданд. Ҷонибҳо лоиҳаи Эъломияи самарқандии сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба баррасии роҳбарони давлатҳо пешниҳодшударо ҳамчун асос қабул карданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи Шӯрои вазирон 16 қарор ба имзо расид.

Зимнан, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар арафаи ҷаласа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М.Мирзиёев ба ҳузур пазируфта шуданд.

25-26 июли соли ҷорӣ ҳайати Прокуратураи генералии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Игор Краснов бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Зимни мулоқоти дуҷониба миёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Прокурори генералии Федератсияи Россия Игор Краснов дурнамои ҳамкорӣ миёни мақомоти прокуратураҳои ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ барои солҳои 2022-2025 ва Барномаи ҳамкорӣ барои то соли 2024-ро имзо намуданд.

Аз 29 июн то 1 июли соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ширкат варзид.

Ба ҳайат инчунин судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург шомил буданд.

Чун қоида дар Форуми мазкур вазирони адлияи давлатҳои хориҷӣ, ходимони илмӣ, ҳуқуқшиносони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, судяҳои судҳои конститутсионӣ ва арбитражӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои бонкӣ ва донишгоҳҳои бонуфузи ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ ширкат варзиданд. Иштирокдорон роҷеъ ба мавзӯъҳои муҳими соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳалли мушкилоти марбут ба татбиқи ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадам мубодилаи афкор намуданд.

Дар рафти чорабинӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кори форум ва павилионҳои гуногун шинос шуда, инчунин бо Вазири адлияи Федератсияи Россия Чуйченко К.А. вохӯрии судманд доир намуд.

29 июн дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, бо эҳтироми хоса ва самимона гусел карданд.

Ёдовар мешавем, ки меҳмони олиқадр, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин 28 июн бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат мулоқоту суҳбати созанда анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба рушду густариш ва тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, табодули андеша карданд.

Бояд гуфт, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоти сатҳи олӣ барои идомаи бобарори шарикии стратегии Тоҷикистону Русия бар нафъи мардумони ду давлат хизмат хоҳад кард.

Имрӯз дар Қасри миллат музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид.

Зимни мулоқот сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои  ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди муносибатҳои ду кишварро дар тӯли 30 соли  пас аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипаришуда қайд намуданд.

Ҳамзамон, аҳаммияти нигоҳ доштани муколамаи сиёсии мунтазаму  эътимодбахш, ҳамчунин робитаҳо дар сатҳҳои олӣ ва баланд таъкид гардид.

Суръати баланди рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамчунин робитаҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо, ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо қаноатмандӣ зикр карда шуд.

Дар ин зимн президентҳо қайд карданд, ки ҳаҷми тиҷорати байни ҷонибҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,2 дарсад афзоиш ёфтааст.

Федератсияи Русия дар сохтори савдои хориҷии   Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад, чунончӣ, соли гузашта афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар 39 дарсадро ташкил дод.

Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи кори муштарак барои боз ҳам густариш додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар заминаи судманд ба мувофиқа расиданд. Дар робита ба ин, ба масъалаҳои омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ, ки қарор аст дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Сарони давлатҳо ба сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ баҳои баланд доданд.

Қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва рушди забону фарҳанги русӣ, инчунин фазои таълимии русӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон сохтмони панҷ мактаб бо таълими забони русӣ аз ҷониби Русия бомуваффақият анҷом дода мешавад. Дар назар аст, ки онҳо то якуми сентябр ба истифода дода мешаванд.

Сарони Тоҷикистон ва Русия, бо назардошти ниёзҳои воқеии имрӯза, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои амалии минбаъдаро дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвар зарур донистанд.

Зимни мулоқот ба рушди вазъият дар Афғонистон ва вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

Дар ин замина муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин масоили густариши ҳамкорӣ дар заминаи амният, аз ҷумла дар бахшҳои ҳамкориҳои низомӣ, низомиву фаннӣ ва мудофиавӣ, бахусус дар қисмати таҷдиди иқтидори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ карданд.

Дар мулоқот оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.

Дар бораи идомаи ҳамкориҳои мунтазам аз рӯи масъалаҳои дар боло зикршуда дар сатҳҳои гуногун ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.

28 июн дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта буд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо узвияти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода дар маросими ифтитоҳи Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба уқёнус дар мавзӯи “Вусъат бахшидан ба амалҳои ба илму фанноварӣ асосёфтаи марбут ба уқёнус”, ки аз 27 июн то 1 июл соли 2022 дар шаҳри Лисабони Португалия идома меёбад, иштирок намуд.

Чорабиниро Президенти Португалия Марсело Ребелу де Соуза ва Президенти Кения Ухуру Кениата якҷо бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ҳамрасӣ намуданд. Дар Конфронс сарони 25 давлатҳо ва ҳукуматҳо, ҳазорон нафар роҳбарони мақомоти давлатӣ, олимон аз 120 кишвари ҷаҳон, намояндагони 38 агентиҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, 1200 ташкилотҳои ғайридавлатӣ, 400 ширкат ва 150 донишгоҳҳо ширкат варзиданд.

Дар интиҳои Конфронси мазкур кишварҳо дар бораи қабули як нақшаи амал ба мувофиқа хоҳанд расид, ки вокуниши дастаҷамъонаи глобалиро барои ҳалли таназзули уқёнусҳо талаб менамояд. Санади ниҳоӣ, ки дар ҷаласаи хотимавӣ кабул хоҳад гашт, тадбирҳои илмӣ ва навоваронаро бо назардошти мушкилотҳои иқтидори кишварҳои рӯ ба тараққӣ, махсусан мамлакатҳои сусттараққикарда муайян мекунад.

Иҷозат фармоед,  якояки шуморо ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборак намуда, бароятон  сиҳатмандии комил, рӯзгори хушу осуда, сулҳу ваҳдати абадӣ ва барору сарбаландиҳо таманно намоем.
Бигзор, хуршеди сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша нурафшонӣ намояд!
Зиндаву поянда бод Ваҳдати миллӣ!

15-18 июни соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид дар 25-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд.
Ба ҳайат ҳамчунин Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар шахсони расмӣ шомил буданд.
Дар чаҳорчӯби чорабинӣ намояндагони Тоҷикистон бо кори форум ва намоишгоҳҳои мухталиф ошноӣ пайдо карда, бо ҳамтоёни хориҷиашон мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷаласаи пленарии форуми мазкур ширкат варзид.


6 июни соли 2022 дар чорчӯбаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 (6-9 июни соли 2022), дар Боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт Фестивали оби Душанбе баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи Фестивал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ баромад намуда, ба ҳозирин аз аҳаммияти об дар фарҳанг ва зиндагии мардуми тоҷик маълумот дод. Ӯ қайд намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба об дар чорчӯбаи Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пешбарӣ мегардад. Ҳамин аст, ки ҳоло иқдоми чоруми кишвари мо оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Барномаи Фестивал намоиши ҳунарҳо ва эҷодиёти мардумӣ, намоишгоҳи таомҳои миллии тоҷикон ва мардумони дунё, барномаи консертӣ бо иштироки устодони варзидаи санъати кишвар, намоиши муди либосҳои миллии тоҷикӣ ва дигар барномаҳои намоиширо дар бар мегирифт.

Меҳмонон-иштирокчиёни Конфронс имкони хуб дарёфт намуданд, ки бо таърих, фарҳанг, санъат, анъанаҳои мардуми тоҷик ошно шаванд ва ҳамзамон вақтхушиҳои гуворо дар сафои дӯстона ва идона дошта башанд.

Ҳадафи аслии фестивали оби Душанбе баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи арзиши об ҳамчун манбаи ҳаётан муҳим, эҳтиром ва ҳифзи он барои наслҳои оянда ба шумор меравад.

Ҳадафи дигари ин ҷашнвора муаррифии ошкорбаёнии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи табодули таҷриба ва амалия дар пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти дастрасӣ ба об мебошад.

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ!
Меҳмонони азиз!

Бо камоли майл ташрифи шуморо ба шаҳри Душанбе хайрамақдам мегӯям.

Нишасти имрӯзаи мо тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи об сурат мегирад.

Бовар дорем, ки он ҳамчун ҳалқаи асосӣ дар пайвастани занҷираи чорабиниҳои тадорукотии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад гашт, саҳми муассир мегузорад.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам зикр намоям, ки соли оянда мо, ҳамчунин, 20-умин солгарди саъю талошҳои муштаракамонро дар пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид таҷлил хоҳем кард.

Дар 20 соли охир мо зимни татбиқи ташаббусҳо, ба монанди Соли байналмилалии оби тоза – 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 – 2010» ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013 саъю талошҳои муштаракро ҳамаҷониба тақвият бахшидем.

Ташаббусҳои ҷаҳонии зикршуда ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин, дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд.

Мехоҳам нақши ташаббуси охири мо – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро дар татбиқи ҳадафҳои байналмилалии дар ин ҷода мувофиқашуда махсус таъкид намоям.

Итминон дорем, ки ба шарофати ҳамкорӣ ва густариши шарикӣ дар қолаби Даҳсола рӯйкарду равишҳо барои татбиқи ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба захираҳои об ва беҳдошт дарёфт хоҳанд гардид.

Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои марбута, бахусус, аъзои Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ва дигарон барои кумаку дастгириашон дар раванди тадорукот ва баргузории ин Конфронс сидқан миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, аз давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббус ва қатъномаҳои дар ду даҳсолаи охир аз ҷониби кишвари мо пешниҳодшуда самимона сипосгузорам.

Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам!

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз тадбирҳои зарурии коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба онро наандешида, дучори таҳдиди нав–ҳамагирии КОВИД–19 гардид.

Табиист, ки дар ин давра ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тамоми воситаву имкониятҳоро барои мубориза бо ин буҳрон равона кардаанд.

Вале мо бояд фаромӯш насозем, ки масъалаи об, бинобар аҳаммияти ҳаётӣ ва хосса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад.

Тибқи арзёбии коршиносон, дар соли 2050 шумораи аҳолии курраи замин эҳтимоли расидан то нуҳ 9 миллиард нафарро дорад, ки албатта, боиси зиёдшавии чандинкаратаи талабот ба об хоҳад гардид.

Дар баробари ин, талошҳои умумӣ ҳанӯз самараи дилхоҳ надодаанд ва рақамҳои зерин, ки ба шумо маълуманд, гувоҳи он мебошанд:

– тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надорад;

– зиёда аз сеюним миллиард нафар аз хизматрасониҳои зарурии беҳдошт ва қариб дуюним миллиард нафар аз шароити одии гигиенӣ бархурдор нестанд;

– ҳамасола қариб ним миллион нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд.

Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки раванди иҷрои воқеии ҳадафу вазифаҳои гузошташуда дар самти таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт дар сатҳи зарурӣ қарор надорад.

Чунин вазъ бояд боиси нигаронии амиқи мо бошад.

Бо дарназардошти ин, Конфронси Душанбе низ масъалаи таъмин намудан бо оби нӯшокии бехатар ва бо ҳамдигар вобаста будани масъалаҳои об ва саломатиро дар меҳвари барномаи худ қарор додааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар конфронси имрӯза, инчунин, ҳамбастагии зичи об, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Мо дар 5 соли охир шоҳиди гармшавии глобалии бесобиқаи ҳаво гардидем, ки сабаби хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ гардида, ба амнияти озуқаворӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди кишварҳоямон таъсири манфӣ расонид.

Дар гузориши ба наздикӣ нашршудаи Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим низ нақши захираҳои об дар мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим ва ноил шудан ба устуворӣ дар ин раванд зикр гардидааст.

Дар он таъкид гардидааст, ки обшавии захираҳои барфу пиряхҳо ва яхбандии абадӣ метавонад таъсири пай дар пай дошта бошад ва суръати гармшавии глобалиро боз ҳам тезонад.

Ин мушкилот дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ки кишвари куҳистон ва дорои захираҳои бузурги обӣ, махсусан, пиряхҳо мебошад, монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд.

Барои мисол, дар натиҷаи ин раванд мо шоҳиди афзоиши бесобиқаи селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар ҳодисаҳои табиии марбут ба об шуда истодаем.

Мутаассифона, кишвари мо дар натиҷаи чунин офатҳои табиӣ ҳамасола садҳо миллион доллари амрикоӣ зарар мебинад.

Офатҳои табиии марбут ба об дар аксари мавридҳо боиси марги одамон ва хисороти зиёди инфрасохтори ҳаётан муҳим мегарданд.

Намунаи дигари раванди зикршуда обшавии босуръати пиряхҳо мебошад.

Дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон аз байн рафтааст.

Пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст.

Дар ин робита, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул намудааст.

Бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо, мо дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем.

Мо талошҳои худро дар самти мазкур дар сатҳи байналмилалӣ низ тақвият медиҳем.

Чанд рӯз пеш мо дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии пешвоёни Эътилофи обу иқлимро баргузор намудем.

Дар доираи он Нақшаи амал бо зикри натиҷаҳои назаррас тасдиқ гардид.

Дар ҷаласаи нахустини пешвоёни Эътилофи обу иқлим моҳи марти соли гузашта мо пешниҳод карда будем, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

Имрӯзҳо мо ҷиҳати татбиқи ин ташаббус дар ҳама сатҳҳо кор бурда истодаем ва умед дорем, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пуштибонии ҳамаҷониба қарор хоҳад гирифт.

Муҳтарам иштирокчиёни конфронс!

Чуноне маълум аст, идораи ҳамгироёнаи захираҳои об, аз ҷумла ҳамбастагии об бо масъалаҳои энергия, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист яке аз абзорҳои асосӣ дар рафъи мушкилоти марбута дониста мешавад.

Ин нукта барои Тоҷикистон низ аҳаммияти муҳим дорад.

Тақрибан 80 фоизи маҳсулоти кишоварзии мо аз ҳисоби заминҳои обёришаванда таъмин карда мешавад.

Ҳамзамон бо ин, дар кишвари мо беш аз 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад.

Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза, яъне “нерӯи сабз” дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Вобаста ба ин мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба масъалаи нақши об дар тавлиди “нерӯи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда махсус ҷалб намоям. Имрӯзҳо атрофи ин мавзӯъ баҳсҳо хеле зиёданд.

Вале дар гузориши соли гузаштаи Ассотсиатсияи ҷаҳонии гидроэнергетикӣ тасдиқ гардидааст, ки таҳкими ин соҳа дар баробари таъмин намудани рушди иқтисодӣ, ҳамчунин, метавонад дар самти мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ дошта бошад.

Ҳоло дар дунё банақшагирӣ ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори умумии 600 гигаватт идома дорад ва илова бар ин, боз ба зиёда аз 600 гигаватт иқтидор зарурат пеш меояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад, метавонад дар ин самт саҳми арзандаи худро гузорад.

Иқтидори умумии гидроэнергетикии кишвари мо солона 527 миллиард киловатт (КВт) соатро ташкил медиҳад, ки мо то имрӯз ҳамагӣ 3 – 4 фоизи онро аз худ кардаем.

Имрӯз мо сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бо иқтидори умумии 17 миллиард киловатт – соат (кВТ) нерӯи барқ идома дода истодаем.

Сохтмони иншооти мазкур намунаи барҷастаи талошҳои мо дар ин самт мебошад.

Ин неругоҳ, дар баробари истеҳсоли неруи аз лиҳози экологӣ тоза ва дастрас, инчунин, дар идораи устувори захираҳои об, коҳиш додани хавфи селу обхезӣ ва хушксолӣ, кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми бузург хоҳад дошт.

Ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ яке аз ҷойҳои аввалинро дар ҷаҳон ишғол мекунад.

Қобили зикр аст, ки қисми зиёди барқи «Роғун» барои содирот ба кишварҳои ба неруи барқ ниёзманди минтақа нигаронида шудааст, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишварҳо мусоидат менамояд.

Ҳамзамон бо ин, барқи «Роғун» ва дигар неругоҳҳои Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ, ки яке аз мавзӯъҳои муҳимми ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, саҳми муносиб хоҳад гузошт.

Мо ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоем, зеро ҳамкориҳои фаромарзӣ, хусусан, дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар соҳаи обу энергетика дар ҳалли бисёр масъалаҳо нақши калидӣ доранд.

Тоҷикистон, ки дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ҳамеша хостори истифодаи самараноки онҳо ба манфиати кулли кишварҳои минтақа мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо ба рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар доираи раёсати худ дар Фонди байналимилалии наҷоти Арал авлавият додаем.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш, мо якҷо ба ҳамсояи наздикамон – Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба татбиқи муштараки лоиҳаи сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон бо иқтидори умумии 320 мегаватт (МВт) оғоз бахшидем, ки намунаи барҷастаи гуфтаҳои боло мебошад.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Нуктаи муҳими дигаре, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирад, масъалаи маблағгузорӣ мебошад.

Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, танҳо барои дастрасии ҳамагонӣ ба оби ошомиданӣ ва шароити зарурии беҳдошт талаботи ҳарсола тақрибан 114 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, талаботи солона барои татбиқи ҳадафҳои Созишномаи Париж дар соҳаи иқлим қариб ба ҳафт триллион доллар баробар аст.

Мусаллам аст, ки кишварҳои рӯ ба рушд ва камтараққӣ чунин имкониятҳои молиявиро надоранд.

Аз ин лиҳоз, бе кумаки кишварҳои пешрафта, институтҳои молиявӣ ва бахши хусусӣ дар таъмини ҳадафҳои рушд дучори мушкилоти зиёд хоҳанд буд.

Тавсеаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои асосӣ дар ин замина ба ҳисоб меравад, ки барои ҷалби сармояи иловагӣ ба соҳаи об ва инфрасохтори он имкониятҳои нав фароҳам меоварад.

Ҳамзамон бо ин, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва шарикӣ, аз ҷумла бо дигар шарикони рушд ва бахшҳои берун аз соҳаи об, истифодаи технологияҳои муосир, навоварӣ ва таҳқиқоти илмиву фанновариҳои нав зарур мебошад.

Ин иқдомот аз ҷумлаи омилҳое ҳастанд, ки метавонанд ба ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об ба таври муассир мусоидат намоянд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан, занону ҷавонон, мардуми бумӣ ва ҷамоатҳои маҳаллӣ, ҳамчунин, метавонанд дар ин раванд саҳми арзанда дошта бошанд.

Маҳз ба ин хотир, масъалаҳои мазкур низ ба рӯзномаи ҳамоишҳову ҷаласаҳои Конфронси Душанбе ворид карда шудаанд.

Мо интизорӣ дорем, ки вобаста ба онҳо тавсияву паёмҳои мушаххас таҳия хоҳанд гардид.

Барои ҷалби таваҷҷуҳ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа мо, инчунин, барномаи конфронсро бо баргузории қисми Марафони глобалӣ дар Тоҷикистон ва Фестивали оби Душанбе ғанӣ гардонидем ва шумо шоҳиди иди воқеии об дар кишвари мо гардидед.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки дар боло зикр кардем, Конфронси Душанбе дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 нақши калидӣ дорад.

Аз ин нигоҳ, Конфронси Душанбе барои ҳамоҳангсозӣ ва ба ҳам пайвастани натиҷаҳои чорабиниҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла Муколамаи Бонн, Форуми 9-уми ҷаҳонии об, Саммити 4-уми оби Осиё ва Уқёнуси Ором дар ҳамбастагӣ бо чорабиниҳои дарпешистода – Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмон оид ба тағйироти иқлим ва дигар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ ба ин ҳамоиши муҳимми байналмилалӣ хизмат мерасонад.

Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамчун ҳамраисони Конфронси соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва механизми «Созмони Милали Муттаҳид – ОБ» дар раванди омодагӣ ба ин конфронс ҳамкории зичро бо кишварҳои узв, ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба роҳ мондаанд.

Мо бар онем, ки Конфронси мазкур, ки баъди қариб 50 сол аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид баргузор карда мешавад, на танҳо аз лиҳози ченаки замонӣ, балки бо натиҷаҳои самарабахши худ бояд ҳамоиши таърихӣ гардад.

Соли 2023, ҳамчунин, аз лиҳози бозбинии миёнамуҳлати Ҳадафҳои рушди устувор муҳим буда, арзёбии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» дар давраи аввали он ба суръатбахшӣ ва такон додани талошу амалҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат хоҳад кард.

Тоҷикистон ҳамчун ҳамраиси ин чорабинии муҳимми байналмилалӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои узв ва дигар ҷонибҳои манфиатдор изҳор менамояд.

Вобаста ба ин якҷо бо Подшоҳии Нидерланд ва шарикон аз Созмони Милали Муттаҳид барои самаранок баргузор намудани чорабинии мазкур ҳамаҷониба талош хоҳем кард.

Итминони комил дорам, ки иштирокдорони конфронси имрӯза низ фурсати муносиби ин ҳамоишро барои мусоидат ба раванди мазкур ва таҳияи паёмҳои мушаххас ба Конфронси соли 2023 пайгирона истифода хоҳанд кард.

Ба ҳамаи шумо, иштирокдорони муҳтарами конфронс, муваффақият ва барори кор мехоҳам ва умед дорам, ки боздиди шумо аз Тоҷикистон хотирмон хоҳад буд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

7 июн дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳбарон ва намояндагони воломақоми як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Баъзе сарони давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ба таври маҷозӣ дар кори Конфронси оби Душанбе иштирок карданд.

Ҷараён ва натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028”-ро шумораи зиёди хабарнигорони дохил ва хориҷ инъикос намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳошияи конфронс Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор иштирокчиёни Конфронс мулоқот карда, масоили ҳамкории дуҷониба ва ҷараёну натиҷаҳои ҳамоиши сатҳи баланд оид ба обро муҳокима намуданд.

Ҳамчунин шуруъ аз 6 июн дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс форумҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо марбут ба обу иқлим дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд.

Як гурӯҳ меҳмонон, аз ҷумла Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим дар шаҳрҳои Норак ва Роғун бо захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхи Федченко ва кӯли Сарез шинос шуданд.

Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” бо маросими аксгирии меҳмонон, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ дар долони пурнақшу нигори Кохи Сомон оғоз гардид.

Кори ҳамоиши сатҳи баландро бо сухани муқаддимавӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни конфронсро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Сарвари давлат ба роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои марбута, бахусус, аъзои Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ва дигарон барои кумаку дастгириашон дар раванди тадорукот ва баргузории ин Конфронс изҳори сипоси амиқ намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои конфронс дар пешбурди кори Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад гашт, саҳми муассир мегузорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 20 соли талошҳову ташаббусҳо оид ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии “Соли байналмилалии оби тоза - 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005 - 2010” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013” ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти оқилонаи захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин, дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши ташаббуси чоруми Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар татбиқи ҳадафҳои байналмилалӣ андешаронӣ карда, бо итминон изҳор доштанд, ки ба шарофати ҳамкорӣ ва густариши шарикӣ дар қолаби Даҳсола рӯйкарду равишҳо барои татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувори вобаста ба захираҳои об ва беҳдошт дарёфт хоҳанд гардид.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронсро ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, обшавии пиряхҳо, ҳифзи муҳити зист, таъсири ҳамагирии КОВИД-19 ба иқтисоди кишварҳо, афзоиши аҳолии сайёра, мушкилоти дастрасии одамон ба оби тоза, вазъи беҳдоштӣ, таъмини солимии ҷомеаи ҷаҳон, истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои гуногун ба кишварҳо, ҷалб карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамчунин оид ба натиҷаҳои нишасти пешвоёни Эътилофи обу иқлим дар Душанбе, баррасии масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, андешидани тадбирҳо баҳри расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, нақши об дар тавлиди “нерӯи сабз”, масъалаи маблағгузории кишварҳои тараққикардаи олам ва ниҳодҳои молиявӣ барои дастрасии ҳамагонӣ ба оби ошомиданӣ ва шароити зарурии беҳдошт, андешаронӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир аз зарурати баргузории Конфронси Душанбе дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 ёдовар шуда, бо итминон изҳор доштанд, ки ин чорабинӣ барои ҳамоҳангсозӣ ва ба ҳам пайвастани натиҷаҳои чорабиниҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла Муколамаи Бонн, Форуми 9-уми ҷаҳонии об, Саммити 4-уми оби Осиё ва Уқёнуси Ором дар ҳамбастагӣ бо чорабиниҳои дарпешистода - Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмон оид ба тағйироти иқлим ва дигар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ ба ин ҳамоиши муҳимми байналмилалӣ хизмат мерасонад.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори конфронс муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад, Президенти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ECOSOC), Намояндаи доимии Ботсвана дар СММ Колен Виксен Келапиле, муовини Дабири кулли СММ, дабири кулли Конфронси СММ оид ба масъалаҳои марбут ба об дар соли 2023 ва ҳамраиси Конфронси дуюми Душанбе Лю Чженмин, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр, муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Муҳаммадгулӣ Муҳаммадов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ғаниев, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳити зист Синкявичюс Виргиниюс, ноиби Президенти Бонки осиёгии рушд Шиксин Чен, ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман, Директори глобалии бахши соҳаи оби Бонки ҷаҳонӣ хонум Ҷеннифер Сара, варзишгари австралиягӣ хонум Мина Гули ва намояндаи ҷавонон, шаҳрванди Чад Дионнон Биенвину суханронӣ карданд.

Баромадкунандагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусҳои ҷаҳонии обу иқлим, дар сатҳи баланд ташкилу баргузор кардани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028” изҳори сипос карда, пешсафии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷодаи ҳалли мушкилоти марбут ба об ва иқлим дар арсаи олам махсус қайд карданд.

Дар рафти конфронс Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рютте ва Абдулло Шоҳид - Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо навори видеоӣ ба иштирокчиёни ҳамоиш муроҷиат карданд.

Онҳо ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои талошҳову ташаббусҳо, ҳамкории пурсамар бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин ҳамраисӣ бо Шоҳигарии Нидерланд ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба обу иқлим, изҳори миннатдорӣ карданд.

Бо ҳамин, қисмати якуми кори Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” хотима ёфт.

Нимаи дуюми рӯз кори Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” дар ҷаласаи пленарӣ бо иштироки роҳбарони ҳайатҳо ва коршиносони байналмилалӣ идома меёбад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон