26 августи соли равон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзода бо Роҳбари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов мулоқот анҷом дод.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои коргарӣ, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҷалби сайёҳон ва табодули фарҳангӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаи ҷудо кардани замин барои сохтмони маркази фарҳангӣ дар Екатеринбург баррасӣ шуд.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия худи ҳамон рӯз бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Урал Андрей Беседин мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск, аз ҷумла, иштироки доираҳои соҳибкорӣ дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон-Россия, ки моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Д.Гулмаҳмадзода бо ишора ба аҳаммияти густариши ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, ҳавасмандии худро барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия таъкид намуда, аз доирахои соҳибкорӣ ҷиҳати ҳамкории фаъол даъват ба амал овард.

25 августи соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловскийи Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.
Дар чаҳорчӯби сафари мазкур мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев баргузор гардид.
Зимни суҳбат, ки дар фазои анъанавии дӯстона доир шуд, ҳамсуҳбатон оид ба вазъи кунунии равобити минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск дар соҳаҳои мухталиф, инчунин дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Дар зимн, ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ба вежа дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, сайёҳӣ инчунин, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва зиёд кардани шумораи бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии вилояти Свердловск изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Сафири Тоҷикистон дар идомаи суҳбат аҳаммияти истифодаи иқтидори мавҷударо барои тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва ҷалби сармоя қайд кард. Аз ҷумла, масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба вилояти Свердловск ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон матраҳ гардид.
Ҳамчунин Д.Гулмаҳмадзода маъмурият ва доираҳои соҳибкории вилояти Сверловскро барои ширкат варзидан дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Россия», ки соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват намуд.
Мусоҳибон изҳори итминон намуданд, ки мулоқоти баргузоргардида дар рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск саҳми нав хоҳад гузошт.

24 августи соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Кипр дар Федератсияи Россия Кипрос Йоргаллис мулоқот намуд.
Зимни мулоқот мусоҳибон дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Кипрро дар соҳаҳои иқтисод, сайёҳӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ баррасӣ карданд.
Ҳамсуҳбатон ҳамчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми суҳбат Д. Гулмаҳмадзода ва К. Йоргаллис омодагиро ҷиҳати мусоидат ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Кипр иброз намуданд.

18-19 октябри соли 2022 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор гардида, он идомаи мантиқии «Раванди Душанбе», ки моҳи майи соли 2019 зимни аввалин конфронси минтақавии Дафтари зиддитеррористии СММ, ки муштаракан бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст, маҳсуб меёбад»,- таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки конфронс вазирон ва шахсони расмиро аз давлатҳои узви СММ, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот ва дигаронро ҷиҳати табодули назар оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо гирди ҳам хоҳад овард.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан низ дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА, ИА ва дигар шарикони байналмилалӣ ду Конфронси сатҳи баланди байналмилалиро бахшида ба мавзӯи мубориза бо терроризм ва экстремизм дар солҳои 2018 ва 2019 дар шаҳри Душанбе муваффақона баргузор намуд.

Интизор меравад, ки аз натиҷаи конфронс «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» қабул гардад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 19 август сабти номи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро ҷиҳати иштирок дар пӯшиши иттилоотии Конфронси зиддитеррористии Душанбе оғоз кард.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро зарур аст, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии конфронси мазкур ба Раёсати иттилоот ва матбуоти вазорат муроҷиат намуда, маълумоти марбутаро бо тартиби муқарраргардида тариқи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. (Тел: +992-37-221-43-69; +992-37-221-83-95) то 15 сентябри соли 2022 манзур намоянд.

Ҳамзамон тақозо мегардад, ки иштирокчиёни ҳамоиш дар торнамои расмии конфронс (https://www.dushanbectprocess.org/) то 30 сентябри соли 2022 аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.

24 августи соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Андрей Руденко доир гардид.
Ҳамсуҳбатон бо изҳори қаноатмандӣ аз ваъзи кунуни ҳамкориҳои ду кишвар, масоили марбут ба рушди минбаъдаи робитаҳои Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.
Миёни ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Д. Гулмаҳмадзода дар идомаи мулоқот ҳайати Россияро барои ширкат варзидан дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Тоҷикистон-Россия”, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, даъват намуд.

23.08.2022

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбати дӯстона сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар чорчуби шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар робита ба масоили муҳими байналмилалӣ ва масъалаҳои алоҳидаи ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистон табодули афкор анҷом доданд.

Президентҳо ҳамзамон ҷадвали корӣ ва масъалаҳои рӯзномаи чорабиниҳои бисёрҷонибаи дарпешистодаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи тамосҳо оид ба масъалаҳои мазкур ба мувофиқа расида, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишварро таъкид карданд.

17-18 августи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва бо мусоидати муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест – 2022” баргузор гардид.

Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар, аз ҷумла, роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.

Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокдорон аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид ба амал оварданд.

Ҳадафи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022»- ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи баландкӯҳи кишвар ва муаррифии имконияти сармоягузории ВМКБ ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022» аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, саноат, энергетика, сайёҳӣ иборат буда, иштирокдорони он роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди ВМКБ-ро баррасӣ намуданд.

30 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодӣ, ба мисли саноат, саноати хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди сангҳои ороишӣ, соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳо, хизматрасонии нақлиёт ва сайёҳӣ ба имзо расиданд, ки ба рушди иқтисоди ин минтақаи дурдаст ва баландкӯҳи Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Сафорат иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи сӯхтори рӯзи 11 августи соли ҷорӣ дар як хобгоҳи воқеъ дар деҳаи Малое Виднои вилояти Москва ба амаломада, фавти ягон шаҳрванди Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Намояндагии дипломатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ҷузъиёти ҳодисаро санҷида, муайян намуд, ки фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

10 августи соли 2022 дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.

Дар рафти мулоқот кормандони Сафорат бо Муовини сардори муассисаи мазкур Полежаев Сергей Евгеневич мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом ёфт. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуд.

Ҳамзамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шуд.

Боздид аз боздоштгоҳҳои муваққатии муҳоҷирон дар макази таваҷҷуҳи Сафорат қарор дошта, ин иқдом пайваста анҷом дода мешавад.

9 августи соли 2022 бо мусоидати кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бободжонова Махина Илхомджоновна ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Бояд қайд кард, ки ноболиғи мазкур ҳамчун бепарастор дар қаламрави Федератсияи Россия қарор дошт.


Китоби Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» иборат аз ду ҷилд дар нашриёти «Ношир» рӯйи чоп омад.

Дар китоб мақолаҳои олимону ходимони давлатии ҷумҳурӣ атрофи мавзӯъҳои гуногун, ба монанди саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ, эҳёи фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, саҳми занон ва ҷавонон дар рушди ҳаёти ҷомеа, дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зери сиёсати дурандешона ва ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар гирдоварӣ шудаанд.

Муҳаққиқон андешаи хешро атрофи муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву давлатӣ, ки барои суботи сиёсӣ, амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ ва рушди сиёсати дохиливу берунии кишвар муҳим ба ҳисоб мераванд, баён доштаанд.

Асари мазкур барои муҳаққиқоне, ки ба омӯзишу тадқиқи масъалаҳои равандҳои иҷтимоиву сиёсии ҷомеаи муосири Тоҷикистон машғул мебошанд, метавонад чун маводи хуби илмӣ-таҳлилӣ хизмат намояд.

Сафорати Тоҷикистон дар Россия вобаста ба марги ҷавони 21-солаи тоҷик, ки 7 августи соли ҷорӣ ҳангоми анҷом додани корҳои таъмирӣ дар як чоҳи канализатсионӣ, воқеъ дар кӯчаи Краснодарскаяи минтақаи Люблинои шаҳри Москва бар асари боришоти зиёди борон ба ҳалокат расид, хабардор буда, ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони марҳум изҳор менамояд.

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтида изҳори омодагӣ намуд.

Қазияи мавриди назар таҳти пайгирии Сафорат қарор дорад.

Сафорати  Тоҷикистон дар Россия аз марги фоҷеавии ҷавони 28-солаи тоҷик, ки аз ошёнаи 11-уми бинои истиқоматӣ, воқеъ дар вилояти Перми Федератсияи Россия рӯзи 31 июли ҷорӣ афтид, хабардор буда, ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони марҳум изҳор менамояд.

Бо мусоидати Косулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ва ҷамъияти тоҷикон ҷасади шаҳрванди фавтида ба Ватан интиқол дода шуд.

3 августи соли 2022, нишасти чоруми Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва узвияти роҳбарияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳузури маҷозии роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид.

Дар ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи амали Гурӯҳи корӣ дар соли ҷорӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таҳкими абзорҳои ҳамоҳангсозии байнисохторӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин муаррифии натиҷаи гузориши таҳлилии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон (IFC) оид ба вазъи ҳамлу нақли ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

2 августи соли 2022 Сафири Тоҷикистон дар Россия Д.Гулмаҳмадзода зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тотористон аз Минтақаи махсуси иқтисодии "Алабуга", ки масоҳати ҳудуди 4000 гектарро дар бар мегирад, боздид ба амал овард.

Дар минтақаи махсуси иқтисодии “Алабуга” 33 корхона фаъолият мекунанд, ки ҳар яке аз онҳо дар ҷодаи худ пешраванд, Ҳаҷми умумии сармоягузории хусусӣ дар минтақаи мазкур 157 миллиард рубл буда, зиёда аз 9,5 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст.

Д.Гулмаҳмадзода ҳамчунин бо фаъолияти маркази таълимии «Алабуга Политех», ки ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос машғул аст, ошноӣ пайдо намуд. Дар муассисаи мазкур донишҷӯён аз рӯи 8 ихтисос, аз ҷумла, робототехникаи саноатӣ, низоми автоматикунонидашудаи идоракунии равандҳо, васлкунии ноқилҳои барқӣ, таҳлили кимиёвии лабораторӣ, BIM-лоиҳакашӣ, микроэлектроника, барномарезӣ дар PYTHON, информатикаи тиҷоратӣ дар 1С таҳсил мекунанд.

Роҳбари Намояндагии дипломатӣ ҳамчунин аз корхонаҳои истеҳсолии ҶСК “Камаз” дар Набережные Челни дидан карда, дар он ҷо бо ҷараёни истеҳсолот ва васлкунии мошинҳои вазнини боркаш шинос шуд.

Роҳбарияти ҶДММ “Эйдос-медицина” ба Сафири Тоҷикистон оид ба раванди коркард, истеҳсол ва васлкунии симуляторҳои тиббии дорои технологияи баданд таҳти бренди “MedVision” маълумот пешниҳод намуд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон