Ҳамватанони азиз!

Рӯзи бисту ҳаштуми июл моҳи шарифи Рамазон, яъне моҳи тоату ибодат ва мағфирату бахшиш анҷом меёбад ва барои тамоми мусулмонони олам иди саиду мубораки Фитр фаро мерасад.

Моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо яке аз суннатҳои бисёр муқаддаси динӣ ба шумор мераванд, зеро онҳо таҷассуми беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, раҳму шафқат, некиву накӯкорӣ ва дигар аъмоли хайру созанда мебошанд.

Мардум дар рӯзи ин иди муборак ба аёдати беморону мусибатдорон мераванд, ятимону муҳтоҷонро дастгирӣ мекунанд, ба арвоҳи гузаштагон дуои хайр мефиристанд ва аз даргоҳи Худои мутаол ба хешу наздикон саломативу хушрӯзӣ, бахту саодат ва барои Ватани маҳбуби худ суботу оромиро талаб менамоянд.

Муҳимтарин фазилати ин рӯзи саид аз он иборат аст, ки мардум онро баъди иҷрои яке аз фаризаҳои ислом - доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол мегиранд.

Зеро Худованд ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи шодиву сурур, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббати инсонӣ муқаррар кардааст.

Дар ин лаҳзаҳо, ки мо дар арафаи ин иди мубораки суннатии мардумамон, яъне иди саиди Фитр қарор дорем, ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар оромиву осоиш, хушҳоливу хушбахтӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Моҳи Рамазон таҷассумгари ваҳдати аҳли ҷомеа буда, дар давоми асрҳо ба густариши дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият, раҳму шафқат ва ҳамбастагиву ҳамраъйӣ дар миёни одамон мусоидат кардааст.

Ин моҳ ва иди саиди Фитр мардумро, пеш аз ҳама, барои анҷом додани корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқ, худшиносиву худошиносӣ ва кумаку дастгирии ҳамдигар ҳидоят месозад.

Дар мавриди фазилатҳои ин иди муборак Расули акрам мефармоянд: «Ва чун шаби иди Фитр, ки шаби ҷавоиз ном дорад, фаро расад, Аллоҳи таоло подоши амалкунандагонро бидуни ҳисобу шумурдан бибахшад.

Ва чун субҳи рӯзи ид фаро расад, Худованд фариштагонро ба ҳамаи шаҳрҳо бифиристад».

Дар ин рӯзи саид нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан, аз Парвардигор оромиву осоиш ва рушду пешрафти сарзамини аҷдодиро талаб кардан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо мебошад.

Дигар фазилати муҳимме, ки бузургони таҳаммулгаро ва сулҳдӯсти мо адои онро дар рӯзи иди Фитр фармудаанд, авфи гуноҳҳо ва бахшиши ҳамдигар буда, тибқи фармудаи онҳо аслан ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки беш аз се рӯз дар дил кинаро нигоҳ дорад.

Яке аз амалҳои хайре, ки дар давраи моҳи шарифи Рамазон ба ҷо оварда мешавад, тоату ибодат ва адои дигар амалҳои мансуб ба тавбаву авфи гуноҳ мебошад, ки онҳо тибқи муқаррароти дини мубини ислом бояд самимонаву сидқан иҷро карда шаванд.

Муаллими бузурги ахлоқи ҳамида - Шайх Саъдӣ дар ашъори ахлоқиву тарбиявии худ доир ба сидқан иҷро намудани тоату ибодат аз ҷониби мусулмонон гуфтааст:

Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,
Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест.

Имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси Конститутсия озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмони мо ҳифз менамояд ва риояи онҳоро кафолат медиҳад.

Дар ҷомеаи озоду демократие, ки бунёд карда истодаем, мо имкон дорем, ки паҳлуҳои нодиру созандаи таъриху фарҳанги миллӣ, аз ҷумла арзишҳои дини мубини исломро доир ба дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон густариш дода, анъанаву маросимҳои эътиқодии худро бо арзишҳои миллии ватани азизамон рангу таровати тоза бахшем.

Зеро ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфию таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад.

Мо як маротиба даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидем ва ҳаргиз фаромӯш намекунем, ки амнияту оромӣ, ризоияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ ба мо бар ивази чӣ қадар хисороти ҷониву молӣ муяссар шудааст.

Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам дар рӯзҳои иду ҷашнҳо ва ҳам дар рӯзҳои дигар суннатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома бахшида, барои сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як хонаводаи тоҷик дуои хайр мекунанд.

Тибқи фарзиёти ислом пардохти фитри рӯза дар моҳи мубораки Рамазон воҷиб шумурда шуда, ин амал бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад.

Олимони фиқҳи исломӣ додани фитри рӯзаро пеш аз адои намози ид кори савоб донистаанд.

Зеро амалӣ намудани фазилатҳои ҳамидаву писандидаи моҳи шарифи Рамазон, аз қабили эҳсону сахо, дастгирии моддиву маънавии ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва пиронсолону муҳтоҷон кори ниҳоят хайр ва амали басо нек мебошад.

Бинобар ин, эҳсону накӯкорӣ ҳамчун яке аз фазилатҳои ахлоқӣ бояд ба як хислати фитрӣ ва амали доимии инсонҳо табдил гардад.

Дар ояти 60 сураи «Тавба»-и Қуръони маҷид омадааст, ки садақа аслан барои фақирон ва мискинон пешбинӣ шудааст.

Дар ин сарчашмаи муътабар илова ба садақаи фитр инчунин садақаи фарз ва садақаи ҷавонмардӣ борҳо зикр ва таъкид шудааст.

Ҳамчунин дар андарзномаҳои уламо ва аҳли адаби мо дар боби ба кӣ роиҷ будани қабули садақа ва фитри рӯза омадааст, ки инсони солим, яъне дорои тани бутун ва қуввати кор ҳаққи гирифтани садақаро надорад.

Фазилат ва ҳикмати дигари иди саиди Фитр, ки ҳамчунин муҳимму арзишманд мебошад, расидан ба қадри неъмат ва шукргузорӣ аз он аст.

Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус дар ин рӯзи мубораку хуҷаста сабақҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро ҳамеша дар ёд дошта, барои сулҳу суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву оромии Ватани азизамон ва осудагии ҳар хонаводаи халқи Тоҷикистон кӯшиш менамояд.

Ҳамчунин як масъалаи муҳимро бори дигар хотирнишон месозам, ки мо бояд дар ин рӯзи муборак низ сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар амалҳои хайр кӯшиш кунем.

Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бори дигар бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод, инчунин ободии диёру рушди Ватани азизамонро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафари расмӣ ба Москва омад. Дар ҷараёни ин сафар ӯро вакилони Маҷлиси намояндагон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳамроҳӣ намуданд.

Дар рӯзи аввали сафари худ Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Хадамоти Федералии муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Русия Константин Ромодановский мулоқот намуда, бо ӯ масоили марбут ба ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатиро матраҳ намуд. Ш.Зуҳуров ба ҳамсӯҳбати худ дар бораи лоиҳаи Созишнома “ Оиди интихоби низомманди шаҳрвандон ба кор”  ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки ин кори ояндадор буда, дар сурати ба таври муносиб ба роҳ мондан, ингуна интихоби коргарон метавонад ҷойгузини ҷустуҷӯи мустақилонаи кор гардад. Ба қавли сухангӯ имрӯза дар Тоҷикистон 30 агентии корёбии хусусии дорои иҷозатнома амал мекунад, вале албатта қисми зиёди муҳоҷирон худ бо воқеъ будан дар маърази хатар, сафар мекунанд. “ Мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ аз мавзӯи доғи муносиботи Тоҷикистону Россия мебошад”-гуфт ҷаноби Ш. Зуҳуров.

Дар нимаи дуюми ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Шӯрои Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Валентина Матвиенко мулоқот намуд. Дар рафти музокирот Матвиенко қайд кард, ки : “ Муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон дар сатҳи усулан нав баромадаанд. Гуфтугӯи фаъоли сиёсӣ рафта истодааст, ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои амниятӣ ва мудофиавӣ тақвият ёфта истодааст. Ҳоло муҳим аст, ки бар рӯи бахши иқтисодии ҳамкориҳоямон таъкид карда шавад”. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки Россия шарики пешсафи тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва барои тақвият бахшидани минбаъдаи гароишҳои мусбат дар ин ҳавза бояд кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Дар навбати худ Шукурҷон Зуҳуров ин воқеиятро мусбат арзёбӣ кард, ки дар Шӯрои Федератсия ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, масоили муҳоҷират ва таъмини ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар ин ҳавза, таваҷҷӯҳи зиёд карда мешавад.

Дар чорчӯби сафари расмии худ ба Федератсияи Россия, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар санаи 18 июн бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Сергей Наришкин мулоқот намуд. “ Мулоқоти имрӯзаи мо ҷузъе аз гуфтугӯи калони сиёсӣ мебошад”-гуфт С.Наришкин ва қайд кард, ки мулоқотҳо дар сатҳи байнипарлумонӣ ба ба таври созанда ҳал намудани масоили ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва гуманитарӣ, кӯмак мекунанд. Ба гуфтаи С. Наришкин, парлумонҳои Россия ва Тоҷикистон созишномаҳои муҳимро дар ҳавзаҳои муҳоҷират, тавони мудофиа ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, сари вақт баррасӣ ва тасвиб мекунанд. С. Наришкин гуфт: “ Мо манфиатдор ҳастем, ки гуфтугӯи байнипарлумонӣ босубот ва давомнок бошад” ва қайд кард, ки “мавқеияти мо дар арсаҳои мухталифи байналмиллалӣ яксон ва ё мушобеҳ ҳастанд”.

Дар навбати худ Ш.Зухуров аҳамияти иртибототи байнипорлумониро қайд намуда дар бораи “ пешрафтҳои қобили таваҷҷӯҳ дар муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон” сухан гуфт. Ӯ инчунин мавзӯи тасвиби созишномаҳо миёни ду кишвар дар масоили муҳоҷират, мақоми пойгоҳҳои ҳарбӣ ва муборизаи муштарак бар зидди қочоқи маводи нашъаовар ва терроризмро матраҳ намуд.

Раиси ҳайати парлумонӣ ба С. Наришкин дар бораи намоишгоҳи фарҳанги Россия ки дар Тоҷикистон гузашт ва сафари ҳунарии ҳунармандони тоҷик ба Россия хабар дод.

Дар ҷараёни сафари расмияш ба Федератсияи Россия, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар Сафорати ҶТ дар ФР бо намояндагони диаспораҳои тоҷик ва муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот кард. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин кормандони Сафорат, намояндаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар ФР иштирок намуданд. Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов сӯҳбатро оғоз намуда, қайд кард, ки ҳалли масоили муҳоҷирони меҳнатӣ ва кӯмакрасонии воқеӣ ба ҳамватанон аз масъалаҳои барӯз мебошад. Дар навбати худ Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори умед кард, ки тамоми масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳал мешаванд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки тақрибан 90% муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия кор мекунанд. Бино бар ҳамин таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия аз вуҷуди муқаррароти нормативӣ ва ҳуқуқии танзимкунандаи муносибати байни ду кишвар вобаста аст. Шоёни зикр аст, ки масоили ҳалли мушкилоти суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ борҳо  аз ҷониби Тоҷикистон барои баррасӣ дар нишасти муштараки гурӯҳи кории Тоҷикистону Россия дар амаликунонии Созишномаи мазкур, пешниҳод шуда буд.

18 июни соли 2014 дар Донишгоҳи давлатии заминсозӣ  вохӯрии расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров бо устодну кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳи мазкур баргузор шуд. Бахши расмии вохӯрӣ бо дидан аз Донишгоҳи давлатии заминсозӣ оғоз шуд. Меҳмонҳо аз маконҳои дидании донишгоҳ дидан намуда бо таҷҳизот ва дастовардҳои Донишгоҳи давлатии заминсозӣ ошно шуданд. Баъд аз ин иштироккунандагони вохӯрӣ ба толори донишгоҳ рафтанд, ки дар онҷо навори тасвирие дар бораи 235-солагии таърихи Донишгоҳи давлатии заминсозӣ ба намоиш гузошта шуд.

Ректори донишгоҳи мазкур Сергей Николаевич Волков дар суханрониҳои худ ба ҳайати омада аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,  шахсан ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, Шукурҷон Зуҳурович Зуҳуров, хатмкунандаи соли 1976-и Донишкадаи муҳандисони заминсозии Москва, суханҳои нек гуфт. С.Н. Волков қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии заминсозиро дар бораи ба Шукурҷон Зуҳуров додани унвони Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии заминсозӣ ва тақдими нишони нуқраи илмии фахрии сарисинагӣ ба ӯро эълон намуд.

 

 

 

Дар Қасри калони Кремл Сафири тозатаъйиншудаи Тоҷикистон дар Россия Имомиддин Сатторов ба раисиҷумҳури ФР Владимир Путин эътиборнома супурд.

Раисиҷумҳури ФР ҷаноби Сатторовро самимона хайрамақдам гуфта, бо оғози фаъолияти пурмасъулияти дипломатияш табрик намуд ва қайд кард, ки ҳукумати Россия манфиатдор аст, фаъолияти ӯ самаранок бошаду ба тавсеаи муносибатҳои сиёсӣ, баланд бардоштани сатҳи робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ кӯмак кунад. ” Метавонед мутмаин бошед, ки аз ҷониби роҳбарияти Россия, мақомот ва ҷомеаи мо ба шумо дастгирӣ ва мусоидати лозимӣ фароҳам оварда хоҳад шуд”. Ҷаноби Путин қайд кард, ки муносиботи Россия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз навъи  мушорикати зичи стратегӣ мебошанд ва ҳамчунин муносибатҳо дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ босуръат тавсеа ёфта истодаанд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Россия гуфт, ки: “ Тасвиби созишнома дар бораи мақом ва шароити буду боши пойгоҳи ҳарбии Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гувоҳи айнии дӯстии халалнопазири ин ду кишвар мебошад. Мо ба иштирок дар гузаронидани саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, тайёрӣ дида истодаем”.

Дар навбати худ Сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов қайд намуд, ки муносибат бо Россия барои Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад ва ҳамкорӣ бо Москва интихоби огоҳонаи стратегии дарозмуддат мебошад.

“ Ҷаноби Сатторов ҳамчунин қайд кард, ки ӯ дар вазифаи сафир ба идома ва густариш додани муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар ҳар самт, табодули озоди афкор дар бораи масоили барӯзи муносибатҳои Тоҷикистону Россия ва ҷустуҷӯи муштараки ҳалли мушкилоти пешмеомада, аҳамияти зиёд медиҳад. Имомуддин Сатторов бар аҳамияти хосаи муносибатҳои хуби миёни Душанбею Москва таъкид намуда, изҳор дошт, ки пеш аз ҳама дар фаъолияти худ ба ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Россия таваҷҷӯҳ хоҳад кард”.

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар таърихи 17 июни соли 2014 қарор дар бораи он ки вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Федератсияи Россия тавассути шиносномаҳои хориҷӣ сурат ҳоҳад гирифт, аз ҷониби Сарвазири ин кишвар Дмитрий Медведев ба имзо расид. Тибқи ин қарор вуруди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави Федератсияи Россия аз санаи 1 январи соли 2015, бо шиносномаҳои хориҷӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Зимнан, Сафорат тавзеҳ медиҳад, ки ин як иқдоми маъмулӣ мебошад ва қаблан аз ҷониби Федератсияи Россия хабар дода шуда буд. Аз баски кишвари мо ҷумҳурии соҳибистиқлол мебошад, равуои шаҳрвандонаш ба кишварҳои дигар бояд бар асоси шиносномаҳои хориҷӣ сурат бигирад.

Дар робита бо ин, Сафорат ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони мо мерасонад, ки тартиботи мазкур набояд боиси нигаронӣ ва парешонхотирии онҳо бишавад, зеро онҳо метавонанд ҳуҷҷатҳои лозимиро аз Хадамоти консулгарии Сафорат бидуни мушкилӣ дарёфт намоянд. Шаҳрвандоне, ки феълан дар қаламрави Федератсияи Россия бо шиносномаи дохилӣ қарор доранд, барои гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ метавонанд ба Хадамоти консулгарии Сафорат муроҷиат намоянд. Онҳое, ки ҳуҷҷати худро гум кардаанд ва ё мӯҳлати эътибори ҳуҷҷатҳояшон поён ёфтааст, метавонанд аз Хадамоти консулии Сафорат Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан дарёфт намуда, бо ин ҳуҷҷат ба кишварамон баргарданд.

Барои маълумоти бештар метавонед бо шумораҳои зерин ба Хадамоти Консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия тамос бигиред:

8-495-690-57-36

8-495-690-02-70

Хадамоти матбуоти Сафорат

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ, ки 24 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба рушду таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ таъкид кард ва аз зуҳуроти мутаасир ба иддае аз онҳо дар хориҷи кишвар изҳори нигаронӣ намуд.

Тавре пештар иттилоъ дода будем, 24 июни соли 2014 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ кори худ оғоз намуд.

Дар ин чорабинии муҳими ҷамъиятиву сиёсии кишвар, дар радифи дигар ашхоси расмӣ, Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ низ иштирок ва суханрони намуд. Ҳангоми суханронӣ номбурда иброз дошт, ки баргузории ҳамоиши тоҷикони бурунмарзӣ дар чунин сатҳ баёнгари таваҷҷӯҳи пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар ба масъалаҳои таҳкими робитаҳо ва роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ ба рушду таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамаҷониба мусоидат карда, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ќонунгузории кишварамон аз ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳимоят мекунад.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии ҷумхури бо арзи созгории пурра ва қаноатмандии зиёд аз он ёдовар шуд, ки Президенти кишварамон зимни сӯҳбату вохӯриҳои гарму самимие, ки ҳангоми сафарҳои хориҷии худ бо тоҷикону ҳамватанони бурунмарзӣ анҷом медиҳанд, ҳамеша таъкид бар он менамоянд, ки “ҳамватанони бурунмарзӣ ба корҳои созандагӣ дар Тоҷикистон беш аз пеш ҷалб карда шаванд ва онҳо бояд шарикони доимии Ҳукумат дар раванди рушди устувори ҷумҳурӣ бошанд”.

-“Ин нукта бояд шоистаи дастгирии ҳамагон бошад. Гузашта аз ин, ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар, пеш аз ҳама, давлат ва миллати хешро муаррифӣ мекунад. Аз рафтору кирдор, фарҳангу маърифат ва одобу гуфтори онҳо дар бораи давлат, мардуми кишвар ва миллати кӯҳанбунёди тоҷик баҳо медиҳанд”- гуфт ҳини суханронияш Озода Раҳмон.

Мавсуф ишора бар он кард, ки ҳадафи асосии кор бо ҳамватанон дар хориҷи кишвар бо самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии кишвар, аз ҷумла роҳандозии чораҳои муассир барои такмили ќонунгузорӣ, андешидани тадбирҳои лозима бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармоягузорон, ба хусус ҷалби сармояҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар кишвар созгор мебошад.

Дар баробари ин, Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ аз он изҳори нигаронии ҷиддӣ намуд, ки дар ќаламрави баъзе аз давлатҳои ќабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, иштирок намудани баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар гурӯҳҳои ҷинояткор, даст задан ба ҷалби ѓайриќонунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва ҷалби онҳо ба созмонҳои ҷиноӣ дар кишварҳои сеюм ва дигар кирдорҳои номатлуби шаҳрвандони кишвари мо, ба маданият ва фарҳанги пурѓановати миллати тоҷик доғ меоваранд.

-“Ҷиҳати пешгирии ин гуна зуҳурот, ки ҳам зарбаи маънавӣ ба миллату кишвари тамаддунсози мо мезанад ва ҳам ба амнияти кишвари мову кишвари иқоматашон хатар дорад, роҳандозии фаъолияти муштарак бо мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва вокуниши ҷиддию фаврӣ ба чунин амалҳо як амри воқеӣ мебошад”- таъкид намуд ӯ.

Раҳмон Озода Эмомалӣ хамчунин гуфт, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ ба рушду таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамаҷониба мусоидат карда, дар асоси меъёрҳои ҳуќуќи байналмилалӣ ва қонунгузории кишварамон аз ҳуќуќу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳимоят мекунад.

-“Ин вазифаи муҳим ҳамчунин дар Низомномаи Вазорати корҳои хориҷӣ инъикос ёфтааст, - таъкид намуд дипломати баландпояи ҷумҳури. -“Бино ба малумоти номбурда айни ҳол бештар аз 30 намояндагӣ ва 14 консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар фаъолият доранд ва ҳамарўза баҳри ҳифзи ҳуќуќ ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар талош меварзанд”.

Шумораи бештари ҳамватанони мо дар ќаламрави Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ќазоқистон кору фаъолият доранд. Аз ин нигоҳ, дар маҷмўъ 5 намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ дар шаҳрҳои Москва, Уфа, Екатеринбург, Остона ва Алмато фаъолият мебаранд. Дар ояндаи наздик ифтитоҳи чанд намояндагии дигар дар Федератсияи Россия пешбинӣ шудааст. (Санкт Петербург ва Краснодар)- изхор дошт ӯ.

Вай аз ҷумла хабар дод, ки дар самти танзими сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ пояи шартномавӣ-ҳуқуқии мусоид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Қазоқистон дар сатҳи дуҷониба фароҳам оварда шудааст. Вазорати корҳои хориҷӣ дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар пайваста талош меварзад, ки фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар робита ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон дар хориҷи кишвар самараноктар сурат гирад ва шумораю фаъолияти намояндагиҳо дар хориҷа ҷавобгӯи ниёзҳои шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд.

Дипломати баландпояи тоҷик аз суханони воқеии Президенти кишвар ёдовар шуд, ки эшон борҳо таъкид намуданд: «давлати соҳибистиќлоли Тоҷикистон пушту паноҳи ҳамаи ҳамватанону ҳамдиёрони бурунмарзӣ аст ва сарфи назар аз маҳалли кору зиндагиашон, бо қадри имкон онҳоро дастгирӣ мекунад».

Дар ин росто,- гуфт Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ,- ба намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо диаспора ва ҷамъиятҳои тоҷикон – ҳамватанони бурунмарзӣ лозим меояд, ки барои пешгирии ҳамагуна амалҳои номатлуб якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари хориҷӣ ва корфармоён фаъолияти гуногунҷабҳа ва мақсаднокро тақвият диҳанд. Бе чунин ҳамкорӣ пешравии кор дар самти мазкур ва ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди босуботи кишвар хеле мураккаб мегардад.

Ба андешаи номбурда, пешбурди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, пешгирии интишори ҳамагуна маълумоти бадномкунанда ва носаҳеҳ дар воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуќуќии муҳоҷирони меҳнатӣ боиси боз ҳам боло рафтани обрўву нуфузи кишвари мо мегардад.

Бояд гуфт, ки дар кори Форуми мазкур намояндагони вазорату идораҳо, макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, Суғд, шаҳри Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, ташкилотҳои ҷамъиятии минтақавӣ, марказҳои фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ аз вилоятҳо, шаҳру минтаќаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ширкат доштанд.

Хадамоти матбуоти Сафорат

Дар таърихи 24 июни соли ҷорӣ Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторовро Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон Тажин Марат Муханбетказиевич дар бинои Сафорати Қазоқистон ба ҳузур пазируфт.

Сараввал Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон Тажин М.М. Сафири Тоҷикистонро хайрамақдам гуфта, аз сатҳи баланди ҳамкориҳои дӯстонаи роҳбарони ду кишвар изҳор қаноатмандӣ намуд. Ӯ инчунин аз дастгирии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид(СММ) ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо(САҲА) аз номзад ва мавқеъи кишварашон, изҳори сипос намуд.

Дар навбати худ Сафири мо аз ҳамкориҳои хуби ҳарду кишвар ёдоварӣ намуд. Ҷаноби Сафир дар солҳои вазнин дар паҳлӯи мардуми тоҷик будани Ҷумҳурии Қазоқистонро ёдоварӣ шуда ҳамчунин аз кӯмаки ҷониби Қазоқистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) барои Тоҷикистон, изҳори миннатдорӣ кард.

Ҷонибҳо инчунин вазъи Афғонистон ва минтақаро баррасиӣ намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои боварибахш ва мавриди эътимоди ҷонибҳо доир гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорат

Рӯзи 16 июни соли ҷорӣ Сафири Тоҷикистон И. Сатторовро Сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон Азизулло Карзай ба ҳузур пазируфт. Сафири афғон ҳамтои тоҷикашро хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои дӯстона ва бародаронаи Сафоратхонаҳои Тоҷикистону Афғонистон дар ФР ибрози назар кард.

Дар навбати худ И. Сатторов аз А. Карзай барои қабули гарму самимиаш изҳори сипос намуда, аз ҳамкории хуб миёни Сафоратхонаҳои кишварҳои форсизабон дар Олмон ва дар якҷоягӣ гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ибрози андеша намуд. Ҳамзамон қайд шуд, ки бо ташаббуси Ҳукумати ҶТ ба манзури саҳмгузорӣ ба эътидоли вазъ дар Афғонистон ва беҳбудии иқтисодию иҷтимоии кишвари ҳамсоя, панҷумин конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCAV), дар Душанбе баргузор шуд, ки аз ҳамкориҳои дӯстонаи ҳарду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Хадамоти матбуоти Сафорат

Рӯзи 16 июни соли ҷорӣ Сафири Тоҷикистон дар Россия И. Сатторовро ҳамтои қирғизаш Болот Ҷунусов барои шиносоӣ дар Сафорати Қирғизистон ба ҳузур пазируфт..

Сафири қирғиз ҳамтои тоҷикашро ба Сафорати Қирғизистон хайрамақдам гуфта, дар робита ба муносибатҳои неки ҳамсоягии ҳарду кишвар ибрози ақида намуд..

Дар навбати худ И. Сатторов аз пазироии ҳамтои қирғизаш ибрози ташаккур намуда, хостори боз ҳам баланд бурдани ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф шуд. Ӯ гуфт, ки ин иқдомот ба нафъи Тоҷикистону Қирғизистон мебошад..

Ҷонибҳо ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстона таъкид карданд..

Хадамоти матбуоти Сафорат.

Дар таърихи 13 июни соли ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Русия Игор Петришенко Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Сатторовро дар бинои Сафорати Беларус ба ҳузур пазируфт.

Сафири Беларус И. Сатторовро ба муносибати ба мақоми Сафири Тоҷикистон дар Русия таъин шуданаш табрик гуфта, аз муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус сухан намуд.

Ҳангоми вохӯрӣ вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои мо баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба боз ҳам боло бурдани сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид намуданд.

Дар навбати худ Сафири тоҷик аз ҳамтои беларусаш барои истиқболи гарму самимӣ ибрози миннатдорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти Сафорат

Дар санаи 11 июни соли ҷорӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторовро Сафири Ҷумҳурии Исломӣ Эрон Меҳдӣ Саноӣ дар бинои Сафорати Эрон ба ҳузур пазируфт.

Сараввал Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Меҳдӣ Саноӣ Сафири Тоҷикистонро хуш омадед гуфта, аз сатҳи баланди ҳамкориҳои бародаронаи ду кишвар изҳор қаноатмандӣ намуд. Ӯ аз ҳамкории хуби Сафораташон бо олимону шоирон ва нависандагони тоҷики муқими Россия ёдовар шуд. Ҷаноби Меҳдӣ Саноӣ иброз намуд, ки мардуми тоҷик барояш басо азизу шариф аст ва аз эҳтирому дӯстии роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Эрон изҳори ифтихормандӣ намуд.

Дар навбати худ Сафири мо аз пазироии ҳамтои эронияш изҳори сипос намуда, аз муносибатҳои неки ҳарду кишвар ва таҷрибаи ҳамкории зичи cафоратхонаҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон дар Олмон ёдовар шуд. И. Сатторов афзуд, ки аз гузаронидани маҳфилҳои фарҳангӣ ба монанди Иди Наврӯз ва ёдбуди шоирони форсзабон дар Олмон ҳикоят кард.

Вохӯрӣ дар фазои боварибахш ва мавриди эътимоди ҷонибҳо доир гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорат

4 июни соли ҷорӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов, Сафири Колумбия дар Федератсияи Россия ҷаноби Хайме Хирон Дуартеро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Сафири Колумбия сараввал И. Сатторовро барои тоза таъин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, зикр намуд, ки кишвараш ба рушди муносибатҳояш бо Тоҷикистон манфиатдор мебошад. Ҷаноби Хайме Хирон Дуарте оиди вазъи сиёсиву иқтисодии кишвараш сухан ронда, аз ҷумла қайд намуд, ки Ҳукумати Колумбия тасмим дорад, ки як ҳайъати баландпояи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар аз Тоҷикистон дидан ва бо роҳбарияти ВКХ ҶТ дидору мулоқот анҷом диҳад.

Дар навбати худ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамтои колумбиаш сипосгузорӣ намуда, аз таърих ва фарҳанги бою ғании кишвар, азму талошҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ дар мавриди таҳкими истиқлолияти давлатӣ, беҳдошти вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ, иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ошно намуда, дар бораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи мо дар ҷомеаи байналмилалӣ маълумот дод. Сафири кишвар зикр намуд, ки Тоҷикистон манфиатдори рушди муносибатҳои неку судманд бо Колумбия мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масоили муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Колумбия, аз ҷумла, ҳамкориҳои судманд дар риштаҳои мухталиф баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстона таъкид намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорат

Сафорати Тоҷикистон дар Русия муноқишаи дастҷамъонаи шаҳрвандони Осиёи Миёна дар Маскав, ки рӯзи 26 майи соли ҷорӣ навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид,таҳқиқ кард.

Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов ба бахши консулии сафорат, намояндагии хадамоти муҳоҷират дар Русия дастур додааст, ки ба таври фаврӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти зидахли кишвари мизбон, ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муноқишаро муайян кунанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳама кормандони масъул дунболи таҳқиқи ин қазия ҳастанд ва назорати таҳқиқи ин ҳодисаро Ашраф Гулов, консули Тоҷикистон дар Русия ба дӯш гирифтааст. Дар ҳамин ҳол ду корманди Хадамоти Консулгарии Сафорат Ҳокимиддин Раҳмонов ва Искандар Гадоев ва намояндаи Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Саид Боев дар якҷояги нимаи имрӯз ба ҷой ҳодиса рафта аз наздик шиносои ва бо директори Генералии ширкати туркӣ Ҳасан Ускан, ки сохтмони Масква Сити бар уҳдаи ин ширкат мебошад вохурдаанд. Дар ҷараёни сӯҳбат маълум гардид, ки дар муноқишаи рузи 26 май ягон тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок надоштаанд. Баъд аз вохӯрӣ бо директори Генералӣ кормандони Хадамоти Консулӣ бо яке аз бригадирҳои сохтмон, ки аз ӯ Ҷартифиев Эркин ном бурда мешавад, зодаи Бешбулоқи шаҳри Кулоб мебошад вохурдаанд, эшон низ қайд кард, ки шаҳрвандони мо дар ин муноқиша иштирок надоштаанд. Баъд аз ин Кормандони масъул ба шуъбаи корҳои дохилии Пресненскаяи шаҳри Масква рафта, бо Поленов Сергей Алексеевич, Муффатиши калони ин шуъба, ки тафтишоти ин муноқишаро бар уҳда дорад вохурдаанд ва дар рафти вохури ҷаноби Поленов С.А. низ қайд кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муноқиша иштирок надоштаанд. Дар натиҷа маълум гардид, ки дар муноқишаи дастҷамъонаи рӯзи 26 майи соли ҷорӣ миёни муҳоҷирони корӣ аз Осиёи миёна, ки дар наздикии маҳалаи “Масква Сити” миёни коргарони сохтмон рух дода буд, шаҳрвандони Тоҷикистон набудаанд ва ҳамаашон шаҳрвандони Узбакистон мебошанд. Дар сохтмон ҳудуди 2000 муҳоҷир кор мекунад, ки зиёда аз 1800 нафарашон шаҳрвандони Узбакистон аст. Тахминан 150 – 200 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

>Хадамоти матбуоти Сафорат

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бар асоси Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 891 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст::

1. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад. Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо навори сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 1993 пазирӯфта шудааст.

 

 

 

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

 

1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

 

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

 

Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.

В Таджикистане много веков подряд сохраняется текстильное производство, гончарное дело. Здесь не утрачена приверженность национальным мотивам.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон