Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз он изҳори нигаронии ҷиддӣ менамояд, ки вактҳои охир ҳодисаҳои ҳалокати дастҷамъонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳои мошингарди вилоятҳои Маскав ва Калуга, ки ба сарҳадоти давлатии Русия бо кишварҳои ҳамҷавори он мепайванданд, зиёд рух медиҳанд. Масалан, дар тӯли ду ҳафтаи охир аллакай бо ҳамин шева 7 шаҳрванди мо ба ҳалокат расиданд.
19 ноябри соли ҷорӣ 4 шаҳрванди Тоҷикистон Расулов Ёрҷон Бойсанович, соли тавалудаш 1985; Тоҳиров Ҳикматулло Мирзоҳаётович, соли таваллудаш 1985; Собиров Абдуманон Ҷумъахонович, соли таваллудаш 1987 ва Қурбонов Давлат Вакилович, соли таваллудаш 1974 дар шоҳроҳи шаҳри Домодедовои вилояти Маскав бар асари як садамаи нақлиётӣ ҷон бохтанд. Соати 23-и шаб мошини тамғаи «Опел»-и ин афрод ба мошини боркаши «Scania» бархӯрда, ҳамагон дар маҳалли ҳодиса фавтиданд.
Аз ин пештар, 16 ноябри соли равон дар як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Калуга се шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтанд. Дар ин ҳодиса панҷ нафар ба ҳалокат расида буд, ки чор нафараш шаҳрванди Тоҷикистон- Ҷамшед Абдураҳмонов аз ш. Хуҷанд (1980), Абдуаҳад Фаёзов аз н. Бобоҷон Ғафуров (1988) ва Наргиза Маҳмадшоева аз н. Шаҳритус (1975) буданд.
Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия яке аз сабабҳои вуқӯи чунин ҳодисаҳоро дар он мебинад, ки аксарияти ин шаҳрвандон бинобар ба поён расидани муҳлати қайди семоҳаи будубош дар қаламрави Федератсияи Русия бо мақсади убури сарҳад гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ омада, бо
ин мақсад ба сафар мебароянд. Дар бисёр ҳолатҳо ин гуна хизматрасониро ба онҳо дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мошинҳои шахсӣ доранд ва роҳро хуб медонанд, пешкаш менамоянд. Аммо, мушкили асосӣ дар он аст, ки аксарияти ин мошинҳои хизматрасон ва ё бо ибораи худи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик «услуги по пересечению границ» кӯҳнаву фарсуда ва дар ҳолати бади техникӣ қарор доранд. Роҳҳо низ дар ин фасли сарди тирамоҳ-зимистон душворгузару лағжон мебошанд. Гузашта аз ин, ронандагони чунин мошинҳои хизматгузор бинобар дуриву гаронии роҳ аксаран сахт монда шаванд ҳам, ба хотири ҳарчӣ зудтар рафтуомад намудан истироҳат намекунанд. Эҳтимолияти дар сари чанбараки мошин гирифтори хоби ғафлат шудани ронандаҳо низ зиёд аст, ки ин боиси садамаи автомобилӣ ва ҳалокати мусофирон мегардад.
Бинобар ин, Сафорати Ҷумхурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба шаҳрвандонамон, ки бо ин ният озими гузаргоҳҳои сарҳадӣ мешаванд, муроҷиат намуда, хоҳишманд аст, ки ҳаматарафа худ ва ҳамсафарони хешро эҳтиёт намоянд. Пеш аз сафар ба масъалаҳое, ки дар боло ишораашон намудем, аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Хуб мешуд, дар мавриди озими сафар шуданашон, бо кӣ ва бо чӣ навъи мошин ба роҳ баромаданашон, ҳамчунин оид ба хатсайри сафарашон ба наздикон ва ҳамроҳони хеш маълумот медоданд. Дар баробари ин, аз ҳамватаноне, ки чунин усули хизматрасониро ҳамчун як навъи тиҷорати хизматрасонӣ роҳандозӣ намудаанд, хоҳиш мешавад, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии корашон, ки боиси ҳодисаҳои нохуши фалокатбор мешаванд, талош варзанд.

 

Шаби 6 ба 7 ноябри соли чори боз 4 нафар шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз Яман берун оварда шуданд. Онхоро дар фурудгохи баналмилалии Домодедово масъули Хадамоти консулии Сафорати Точикистон дар Русия Бахтиер Муродов истикбол намуда, барояшон хуччатхои лозимиро чихати гузаштани нуктаи бунгохи сархадии фурудгох фарохам овардааст. Шахрвандони Точикистон Даврон Азамов, Жанна Кудзиева, Ал Бухари Хания, Алан Бицоев, ки солхои сол дар Яман кору икомат доштанд, аз он ки сихату саломат то ба Маскав расиданд, аз макомоти дипломатии Русияву Точикистон арзи сипос мекунанд. Субхи имруз Даврон Азимов тавассути хатсайри Москва -Кулоб фиристода шуд. Алан Бицоев озими шахри Пермь гардид ва Жанна Кудзиева хамрохи духтараш Ал Бухари Хания дар мехмонхонаи Точикистон дар Маскав чой дода шуданд. Ин харду низ рузхои наздик нияти бозгашт ба Ватанро доранд.
Ин масъала чанд муддат аст, ки дар доираи хамкории пайвастаи намояндагии дипломатии Точикистон дар Русия бо Вазорати умури хоричии ин кишвар мавриди барраси карор дошт. Мо аз макомоти руси барои хамкории судманд дар ин самт арзи сипос менамоем. Зеро пеш аз ин низ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Яман кору фаъолият мекарданд, дар натичаи хамкорихои судманди миени ниходхои дипломати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз ин кишвар берун оварда шуда буданд.

Дафтари матбуоти Сафорат.

МУСОҲИБА
бо муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ

То ҷое ба мо маълум мебошад, дар соли 2014 дар васоити ахбори омма хабар дар бораи қабул гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил намудани Шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш гардида буд. Хонандагони мо ба тақдири минбаъдаи ин тарҳ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Дар ин робита, бо дархости хонандагони сершумори АМИТ “Ховар” мусоҳиба бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Раҳмон Озода Эмомалӣ оид ба ҳолати иҷрои қарори мазкур ва дурнамои рушди низоми хизматрасониҳои консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш мегардад.
Савол: Муҳтарама Раҳмон Озода Эмомалӣ, шод аз он ҳастам, ки Шумо вақти қиммати худро дареғ надошта, таклифи моро оид ба ташкили мусоҳиба пазируфтед. Чӣ тавре, ки маълум аст, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади содда ва либералӣ намудани хизматрасониҳои консулӣ ташаббусҳои ҷолиб пешниҳод ва рӯи кор оварда мешаванд. Вақтҳои охир, аз ҷониби вазорат кадом корҳо дар ин самт ба анҷом расонида шудаанд?
Ҷавоб: Сараввал, мехостам тамоми хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар»-ро бо фарорасии Рўзи Сарқонуни (Конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям.
Дар ҳақиқат, ташаббусҳои Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба фановарӣ дар низоми хизматрасониҳои давлатӣ дар ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати кишвар дастгирӣ меёбанд. Ҷорӣ гардидани низоми шиносномаҳои биометрии дорои ҳомили электронӣ, ки соли 2010 ба кор андохта шуд, аввалин қадам дар электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба шумор меравад. Сипас, соли 2013 тарҳи дигар, яъне ҷорӣ намудани низоми таҳияи кортҳои идентификатсионӣ, ки шиносномаи дохилии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро иваз намуд, амалӣ гардид. Ин ду тарҳ эътимоднокии худро исбот карда, барои тибқи талаботи байналмилалӣ таҳия намудани ҳуҷҷати сафар мусоидат намуда, ҷиҳати электронӣ намудани маълумотҳои шаҳрвандон кӯмак расонида истодаанд.
Савол: Хуб мешуд, агар дар бораи нақшаҳои минбаъда низ сухан мегуфтед.
Ҷавоб: Рости гап нақшаҳо зиёданд. Чи тавре огоҳ ҳастед, 7-уми сентябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ санги асос гузоштанд. Мақсад аз бунёди бинои мазкур дар беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои консулӣ мебошад. Маблағи сохтмони бино аз ҳисоби даромадҳои консулӣ пардохт гардида, он дар рўзи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.
Ҳоло бошад, Вазорат тасмим гирифтааст, ки якчанд лоиҳаҳоро ҷиҳати рушди минбаъдаи низоми электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ, мустаҳкам намудани амнияти миллӣ тариқи барпо намудани низоми ягонаи идоракунии сарҳади давлатӣ, ҷорӣ намудани низоми ягонаи идоракунии таҳияи раводид ва барои шаҳрвандони хориҷӣ низоми соддаи дастрас намудани раводидро тавассути “раводиди электронӣ” амалӣ намояд.
Савол: Ин лоиҳаҳо ба низоми сарҳадӣ низ вобастагӣ доранд?
Ҷавоб: Бисёр саволи мубрам. Вақтҳои охир ҷараёнҳои ба амнияти кишварҳо таҳдидовар ба мисли терроризм ва экстермизм хело авҷ гирифтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин таҳдидҳоро хуб дарк мекунад. Амалӣ намудани лоиҳаҳои муваффақ оид ба ҷорӣ намудани “раводиди электронӣ” ва шабакаи иттилоотии электронии раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ташкили инфрасохтори дахлдор дар низоми сарҳадии кишвар ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, на танҳо тамоми сафоратҳо ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа бо вазорат, балки тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якдигар пайваст шуда, ба низоми ягонаи идоракунӣ табдил хоҳанд ёфт. Илова бар ин, тамоми сафоратҳо ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа бо барномаи махсуси идоракунии таҳияи раводид ва тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи махсуси идоракунии вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони он таъмин мегарданд. Боиси қайд аст, ки ниҳодҳои зикршуда инчунин бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла: сканерҳои изи ангушт, таҷҳизот барои хониши шиносномаҳои биометрӣ, таҷҳизоти аксбардорӣ, сканерҳои нусхабардорӣ ва ғ. муҷаҳҳаз карда мешаванд.
Дар ниҳоят, Вазорат дорои низоми ягонаи идоракунии раводид ва сарҳадбонони кишвар бошанд, дорои низоми ягонаи идоракунии сарҳадӣ мегарданд.
Савол: Ин тавр бошад, гуфтан мумкин аст, ки ин лоиҳаҳо барои мустаҳкам намудани амнияти кишвар низ бисёр муҳим мебошанд?
Ҷавоб: Албатта. Пайдо намудани маълумот дар бораи таҳияи раводид ба ин ё он шаҳрванди хориҷӣ ва умуман вуруду хуруҷи онҳо ба кишвар вақт ва кӯшиши дахлдорро талаб мекунад. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо, на танҳо Вазорати корҳои хориҷӣ ва қӯшунҳои сарҳадӣ, балки мақомоти амният ва муҳоҷират низ, дар доираи ваколатҳои худ, имконияти назорати пурра ва дастрасии фаврӣ ба маълумотро пайдо менамоянд.
Савол: Агар дуруст фаҳмида бошам, ҳолати ба миён омадани монеаҳои сунъӣ (бюрократӣ) низ кам хоҳанд шуд?
Ҷавоб: Бале, корҳои ҳамоҳангсозӣ ва дархости асноду иттилоъ байни мақомот ба як дараҷа кам мегарданд. Гуфтан зарур аст, ки вазорат дар раванди рушди фаъолияти худ, ҳамзамон, ба ин мақомот низоми идоракунӣ ва электроникунониро ройгон тақдим намуда истодааст.
Зиёда аз ин, дар назар аст, ки лоиҳаи «раводиди электронӣ» ба рушди минбаъдаи электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Савол: “Раводиди электронӣ” гуфтед? Ин чӣ тарҳ аст ва чиро дар бар мегирад?
Ҷавоб: Раводиди электронӣ – ин як намуди раводид мебошад, ки тариқи электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дода мешавад. Барои судури раводиди электронӣ барнома ва сомонаи махсус ташкил карда мешавад.
Савол: Ҷорӣ намудани раводиди электронӣ кадом бартариҳоро дорад, зарурати он дар чист ва тартиби додани он чи гуна аст?
Ҷавоб: Тасаввур намоед, ки ҳоло танҳо чанд кишвар, аз ҷумла: Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Баҳрайн ва ғ. низоми «раводиди электронӣ» доранд. Хушбахтона, дар ояндаи наздик Тоҷикистон низ ба сафи онҳо шомил хоҳад шуд. Ҳаёти имрӯза аз ҳаёти қаблӣ фарқияти хеле калон дорад. Асри XXI - асри технологияҳои иттилоотӣ ба шумор меравад. Дар ин аср фаъолияти инсонро бе техника ва иттилоот, ки моли бозоргузар ба ҳисоб мераванд, тасаввур кардан хело душвор гардидааст.
Бартарии дигари амалӣ намудани ин ташаббус, бо муҳайё кардани шароити сода барои сайёҳон, иштирокдорони конфронсҳо, симпозиюмҳо, семинарҳо ва инчунин шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани гуфтушунидҳои корӣ сафар мекунанд, алоқамандӣ дорад. Ҷорӣ гардидани раводиди электронӣ барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудани шаҳрвандони давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин давлатҳо муассисаи консулӣ надорад, шароит фароҳам оварда, барои аз байн бурдани миёнаравҳо ва омилҳои коррупсионӣ дар раванди дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Савол: «Раводиди электронӣ» ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ дода мешавад?
Ҷавоб: Не, албатта не. Раводиди электронӣ танҳо ба шаҳрвандони давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо реҷаи ба таври содда додани раводидро муайян намудааст (80 давлат) дода мешавад. Онҳо метавонанд ба ягон муассиса муроҷиат накарда, дар ҷои дилхоҳ, ҳатто аз хона набаромада, тавассути интернет бо пешниҳод намудани маълумоти дахлдор ва пардохти маблағ, раводидро тариқи почтаи электронии худ ба даст оранд. Барои гирифтани раводиди электронӣ ҳозир шудани шахс ба назди консул зарурат надорад.
Ҳангоми гузаштани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорандаи раводиди электронӣ шиноснома ва раводиди электрониашро ба сарҳадбон нишон дода, баъди аз ҷониби сарҳадбон ба анҷом расонидани санҷиши ҳуҷҷатҳои дахлдор, ба ӯ иҷозати убури сарҳад дода мешавад.
Савол: Дархост агар аз ҷои дилхоҳ сурат гирад ва шахс ба назди консул ҳозир нашавад, пас пардохти маблағи раводиди электронӣ чӣ тавр сурат мегирад?
Ҷавоб: Пардохт барои коркарди раводиди электронӣ тавассути низомҳои пардохтии эътирофгардидаи байналмилалӣ, аз ҷумла ба воситаи кортҳои VISA ва MasterCard сурат мегирад.
Савол: Раводиди электронӣ ба кадом муҳлат дода мешавад?
Ҷавоб: Раводиди электронӣ яккарата буда, дорандаи он метавонад, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи воридшавӣ на зиёда аз 45 рӯзи тақвимӣ қарор дошта бошад.
Савол: Агар шахс хоҳиши аз 45 рӯз зиёдтар будубош карданро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намояд, пас ба ӯ раводиди электронӣ дода намешавад?
Ҷавоб: Бале, дуруст қайд кардед. Ба чунин шахс раводиди электронӣ дода намешавад. Шахсе, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои ҳизматӣ, дипломатӣ, меҳнатӣ, сармоягузорӣ, таҳсил, хусусӣ ва ғ. сафар менамояд ва будубоши ӯ зиёда аз 45 рӯзро тақозо менамояд, раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муқаррарӣ аз сафоратҳо ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ дастрас мекунад. Бояд қайд намоям, ки сатҳи хизматрасонии Шабакаи иттилоотии электронӣ ба низоми додани раводиди Шенгенӣ баробар мешавад.
Савол: Дар ҳақиқат ташаббусҳои ҷолиб! Ин нақшаҳо кай дар амал татбиқ мешаванд?
Ҷавоб: Вазорат дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи ширкатҳо озмуни байналмилалӣ эълон намуд. Дар даври якуми озмун 8 ширкати хориҷӣ ва ватанӣ иштирок карда, ҳамаи онҳо дар асоси қарори Комиссияи тендерӣ ба марҳилаи 2-юми озмун роҳ дода шудаанд. Тибқи натиҷаи даври дуюми озмун ширкати бузурги фаронсавӣ ғолиб муайян гардид. Бинобар ин, вазорат дар якҷоягӣ бо ин ширкат барои татбиқ намудани нақшаҳои зикршуда дар давоми нимсолаи аввали соли 2016 кўшиш ба харҷ дода истодааст.
Ба Шумо барои чунин як муҳосибаи ҷолиб изҳори миннатдорӣ намуда, дар нақшаҳои ҷойдоштаатон муваффақияту комёбиҳои беназир орзумандам.

Ташаккур, саломат бошед!

 

«Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором»

30.09.2015 01:50, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Нимаи дуюми имрӯз 29 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар чорабинии сатҳи баланди СММ «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором» иштирок ва суханронӣ намуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ иброз намуд, ки "ҳоло мо дар марҳалаи бисёр муҳимми таърихӣ қарор дорем, ки тақдири наслҳои оянда ба қарорҳои мо марбут аст. Ба кишварҳои минтақаи мо, алалхусус мамлакатҳои аз ҳама камтар рушдёфта, кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ ва давлатҳои ҳурди ҷазиравӣ хатарҳои умумӣ таҳдид мекунанд ва онҳо афзалиятҳои яксон доранд, ки ҳаллу фасли ин мушкилот ва татбиқи ин авлавиятҳо фаъолияти таъҷилӣ ва қотеонаи моро ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ тақозо дорад."
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон, ки дар амри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола кишвари пилотӣ буд, дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милал Стратегияи миллии рушдро то соли 2015 таҳия намуд, ки он дар амалияи танзими раванди тараққиёти кишвар барои дурнамои дарозмӯҳлат тибқи Ҳадафҳои Рушд нақши бузург бозид. Дар он афзалияту самтҳои асосии сиёсати давлат дар масъалаи ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ муайян шуда буданд. Президенти кишвар зикр намуд, ки "Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда оид ба таъмини рушди иқтисодӣ солҳои охир ба таври назаррас коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар муяссар гардид. Бо дарназардошти таҷрибаи ҳангоми татбиқи стратегияҳои коҳиш додани камбизоатӣ бадастомада Стратегияи боло бурдани сатҳи некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2013-2015 ба тасдиқ расид ва татбиқ гардид. Тибқи Стратегияи зикршуда ҷиҳати такмили идораи давлатӣ ва таъмин намудани рушди иқтисодӣ дар асоси инкишофи бахши хусусӣ ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, беҳтар намудани сифати таълим, тавсеа бахшидани дастёбӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ, оби ошомиданӣ ва беҳдошт, инчунин таъмини баробарии гендерӣ чораҳо андешида шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди таҳияву ҳамоҳангсозии рӯзномаи рушди глобалӣ барои давраи баъд аз соли 2015 ба муколамаи умумиҷаҳонӣ махсус қайд намуда, ёдовар шуд, ки "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила машваратҳои миллиеро доир намуд, ки ҳадафи онҳо инъикоси ормонҳои табақаҳои васеи аҳолии кишвар нисбат ба ояндаашон буд. Ҳоло мо бо ҳамкории Барномаи рушди Созмони Милал Барномаи рушди миллии миёнамӯҳлатро барои давраи солҳои 2016-2020 ва Стратегияи нави миллии рушди кишварро то соли 2030 таҳия менамоем, ки ҳангоми таснифи онҳо ғайр аз самтҳои афзалиятноки рушди устувор ва дарозмуддати кишвар вазифаҳои дар чаҳорчӯбаи Ҳадафҳои Рушди Устувор муайянгардида ҳарчи зиёдтар ба назари эътибор гирифта хоҳанд шуд."
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз набудани имконияти баромад ба баҳр, ки имконияти ҳамгироии кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкиро бо низоми бисёрҷонибаи тиҷорат душвор гардонида, ба дигар ҷанбаҳои рушди устувор таъсири манфӣ мерасонад изҳори нигаронӣ карда ҷонибдории худро аз "ба кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ додани авлавият ва афзалияти зиёдтарин дар низоми тиҷорат" баён дошт ва афзуд: "махсусан муҳим мешуморем, ки дар иртибототи нақлиётиву коммуникатсионӣ ҳама гуна монеаҳои беасос ва сунъӣ, ки онҳо ба танзиму таҳкими ҳамкориву шарикӣ мусоидат намекунанд аз байн бардошта шаванд".
Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар чунин бахшҳо мисли рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои роҳи оҳану автомобилгард, хатҳои интиқоли барқу лӯлаи газ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда изҳор дошт, ки "аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ба ҳайси яке аз вазифаҳои стратегӣ дар ҳама санадҳои барномавии марбут ба рушди миллӣ инъикос ёфтааст".
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон "Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёд ва тавсеаи шабакаҳои роҳҳои автомобилгарди дохилидавлатӣ, ки моро бо нуқтаҳои асосии нақлиётиву коммуникатсионии минтақавӣ ва байналхалқӣ мепайванданд, фаъолона машғул аст. Як теъдод лоиҳаҳои роҳи оҳан, хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои газ, ки ба мо имконияти пайвастшавӣ бо инфрасохтори марбутаи Хитой, Афғонистон, Эрон, Туркманистон ва дигар кишварҳои минтақаро медиҳанд, дар ҳолати омодасозӣ ё баррасӣ қарор доранд".
Ба андешаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "татбиқи муваффақонаи ҳадафаҳои муайянгардида сафарбар намудани ҳамаи василаҳои заруриро тақозо мекунад, ки ин кор дар шароити таҳаввулоти зудтағйир дар муносиботи байналмилалӣ ва ба миён омадани буҳронҳои нав ба нав дар манотиқи мухталифи дунё кори басо душвор аст". Аз ин рӯ Сардори Давлати Тоҷикистон "афзоиши ҳаҷми кумакҳои расмӣ ҷиҳати инкишофро, ки он унсури муҳимми бо маблағ таъмин намудани рушд аст", зарур шуморида, таъкид намуд, ки "Чунин вазъ рушди босуръати тиҷорат ва сармоягузориро талаб мекунад, ки онҳо ҳамчун муҳаррикони асосии афзоиши истеҳсолот, мусоидату ҳавасмандгардонии интиқоли технологияҳои наву аз лиҳози экологӣ устувор амал мекунанд".
Дар хотимаи сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид кард, ки Тоҷикистон минбаъд низ бо тамоми кишварҳои минтақа ва муассисаву барномаҳои Созмони Милал дар амри татбиқи муваффақонаи Ҳадафҳои Рушди Устувор фаъолона ҳамкорӣ хоҳад кард.

http://www.president.tj

29.09.2015 19:29, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб намуд.
Дар оғоз Сардори Давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҷаноби Могенс Ликкетофтро ба муносибати ба маснади Раиси Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуданаш самимона муборакбод намуда, иброз намуд, ки "Иҷлосияи ҷории Маҷмаи Умумӣ на танҳо барои андешаронӣ доир ба комёбиҳои Созмон дар тӯли таърихи ҳафтодсолаи он, балки барои таъкиди дигарбораи азми қатъии мо дар роҳи татбиқи орзую омоли мардумонамон ба хотири рушди осудаву устувор фурсати нодиреро фароҳам сохтааст".
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ҳафт даҳсолаи Созмони Милали Муттаҳид натиҷабардорӣ намуда аз ҷумла қайд намуд, ки "Ҳафтод сол аст, ки Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи ҳифзи сулҳу амният, инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳимояи ҳуқуқи башар, таҳкими субот, рушди устувор ва коҳиши камбизоативу нобаробарӣ кори зиёдеро анҷом додааст. Дар ин солҳо, -таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати таҳияи дастаҷамъонаи василаҳои ҳамёрӣ мо дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем. Ҳамин рӯзҳо Мулоқоти Созмони Милал дар сатҳи олӣ Рӯзномаи нави рушди устуворро тасдиқ кард, ки он зербино ва самтҳои асосии кӯшишу талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати расидан ба рушди устувори ҷавобгӯ ба манофеи ҳамаи мардумон ва ҳар як инсон муайян месозад".
Президенти кишвар дар суханронии худ ҳамчунин саҳми хосаи Созмони Милали Муттаҳидро дар амри пуштибонӣ аз равандҳои ташаккули давлатҳои нави мустақил ва рушди минбаъдаи онҳо қайд намуда, ёдовар шуд, ки "Тоҷикистон низ, ки дар оғози истиқлоли хеш бо мушкилоту душвориҳои давраи гузариш рӯ ба рӯ гашта буд, пуштибонии фарогири Созмони Милалро эҳсос кард, ки ба шарофати он кишвар дилпурона ба ҷодаи рушди демократӣ қадам ниҳод".
Сардори давлат аз нақши Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва одамрабоӣ, инчунин дар амри пешбарии Рӯзномаи Созмон дар масоили об ёдовар шуда ҳамчун иброз намуд, ки "Нерӯҳои полисии мо дар амалиёти сулҳофарии Созмони Милал ва Иттиҳоди Африқо дар Дарфур бо ҳамкорони худ аз дигар кишварҳои аъзо ширкат варзида, дар раванди бунёди сулҳ саҳм мегиранд. Агентии назорати маводи нашъаовар, ки бо мусоидати Созмони Милал ташкил шудааст, дар амри мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақши муҳимме дорад. Аз соли 1995 то алҳол сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мо 111 тонна маводи нашъаовар мусодира намуданд, ки он аз 206 миллиону 650 ҳазор воя иборат буда, метавонист 50 миллион нафар сокинони сайёраро нашъаманд созад".
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши шумораи низоъҳои мусаллаҳона ва амалиёти террористӣ, буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва молиявию иқтисодӣ, таназзули муҳити зист, тағйирёбии иқлим, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда изҳори нигаронӣ карда ҷомеаи ҷаҳониро ба вокуниши дастаҷамъона ва фарогир даъват намуда аз ҷумла қайд кард, ки Дар ин росто Созмони Милал чун заминаи асосие барои расидан ба ҳамфикрӣ дар масоили калидии рушду амнияти байналмилалӣ, инчунин ҳамоҳангсозии саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқовимат бо таҳдиду хатарҳои дунё боқӣ мемонад".
Сардори давлат ҳамчунин аз миқёс ва хусусияти ҷаҳонӣ доштани таҳдидҳое, ки онҳоро терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ба миён меоранд, изҳори нигаронӣ карда "Мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ"ро афзалияти дараҷаи аввал номид.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо саъю талоши муштарак роҳҳои ҳалли коҳиш додани камбизоатӣ, натоиҷи манфии ҷаҳонишавӣ, пешгирӣ намудани низоъҳои минтақавӣ ва ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ бояд кард ва дар айни замон пешниҳод намуд, ки "Дар ин амр таҳкими гуфтугӯи байни фарҳангҳову динҳо, эътимоди байни ҳамдигарӣ ва таҳаммулгароӣ нақши махсусан муҳим доранд".
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба авзои кунунии Афғонистон ибрози андеша намуда изҳор дошт, ки "Тоҷикистон ҷонибдори вусъати муносиботи дӯстонаву ҳусни ҳамҷаворӣ бо Афғонистон аст ва аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меорад, ки кӯшишҳои Ҳукумати ин кишварро дастгирӣ карда, ба сулҳу низом дар мамлакат, ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, идомаи раванди мусолиҳаи миллӣ ва музокирот, инчунин ба ҷалби кишвар ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат намояд". Тоҷикистон аз ҷониби хеш дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ин кишвари ҳамсоя мисли пештара саҳм хоҳад гирифт.
Дар суханронии худ Президенти Тоҷикистон ба масоили тағйирёбии иқлим дахл намуда, изҳори умед кард, ки кишварҳои узв имконияти моҳи декабр бори дигар дар Париж гирди ҳам омади ҷомеаи байналмилалро истифода хоҳанд бурд ва дар масоили тағйирёбии иқлим, ки дар асоси Конвенсияи қолабии Созмони Милал оид ба тағйирёбии иқлим таҳия шудааст, санади наверо тасдиқ намуда, бо ин амр яке аз асосҳои гузариш ба рушди устуворро хоҳанд гузошт. Мо итминон дорем, ки чунин гузариш на танҳо таҷдиди истеҳсолотро бар асоси технологияҳои навтарин тақозо дорад, балки ба тағйироти куллӣ дар тарзи тафаккур ва фарҳанги истеъмолӣ низ ниёз дорад.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон "Омӯзишҳои бисёрсола аз тақвият ёфтани таъсири тағйироти иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвари мо шаҳодат медиҳанд. Тибқи ин омӯзишҳо дар 60 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар Тоҷикистон 1 дараҷаи Селсий боло рафта, теъдоди рӯзҳои боришоти фаровондошта афзудааст, зуд-зуд такроршавии падидаҳои гидрометеорологии табиӣ тақвият ёфта, раванди обшавии пиряхҳо суръат пайдо кардааст. Тобистони ин сол аз сабаби гармои ғайриодӣ ва боришоти зиёд дар қисмати баландкӯҳи кишвар офатҳои табиӣ рух доданд, ки ба иқтисоди кишвар дар ҳаҷми миллионҳо доллари амрикоӣ хисорот ворид намуданд. Мутаассифона, одамон низ талаф шуданд.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи партовҳои гази карбонат ба фазо дар байни кишварҳое, ки камтарин ҳаҷми партови газҳоро доранд, ҷои 135-умро соҳиб аст. Ин партовҳо ба ҳар сари аҳолӣ рақамеро ташкил медиҳанд, ки аз нишондиҳандаи миёнаи дунё ба маротиб камтар аст. Истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика, ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд. Таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба сифат ва ҳаҷми захираҳои оби нӯшокӣ торафт аёнтар мегардад.
Бинобар ин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки "услубҳои то ба имрӯз истифодашавандаи идоракунии захираҳои об ва истифодаи онро таҷдиди назар намудан лозим аст, то мутобиқкунии он на танҳо бо дарназардошти омили иқлим, балки афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт дар дунё, инчунин камбуди захираҳои оби ошомиданӣ таъмин гардад".
Сардори давлати Тоҷикистон бо истифода аз ин минбари баланд доир ба зарурати таҳияи барномаи фарогири минтақавӣ оид ба мутобиқкунӣ ба тағйироти иқлим масъалагузорӣ намуд ва афзуд, ки саривақтӣ будани чунин барномаро зери таъсири тағйирёбии иқлим босуръат коҳиш ёфтани масоҳати пиряхҳои минтақа низ тақозо дорад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки баъди солҳои 60-уми асри гузашта сеяки пиряхҳои минтақа, ки манбаи асосии оби дарёҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, нест шудаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки имсол Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт 2005-2015» - барномаи умумиҷаҳонии аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милал тасдиқшуда, ки ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия гашта буд, ба охир мерасад. Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки ба мақсади баррасии пешравии бадастомада, инчунин норасоиҳои ҳангоми амалӣ гаштани Даҳсолаи байналмилалии амал ҷойдошта чандин чорабиниҳо аз ҷумла муколамаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милал доир ба баррасии фарогири пешравиҳои ҳангоми татбиқи Даҳсола бадастомада, ки 30-юми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк, сурат гирифт ва 9-10 июни соли ҷорӣ дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар масоили татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ доир гардид гузаронида шуданд. Сардори давлати Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаи ин ва дигар чорабиниҳо, ки ҷиҳати мусоидат ба баррасии фарогири татбиқи Даҳсола гузаронида шуданд, ҳангоми ҷамъбаст намудани натиҷаҳои Даҳсола аз ҷониби Котиботи Созмони Милал ба назари эътибор гирифта хоҳанд шуд.
Ҳамчунин бо истифода аз фурсат, Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои узв, Раиси Маҷмаи Умумӣ, Дабири кулл, бахшҳо ва агентиҳои Созмони Милал, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони доираҳои илмиву соҳибкорӣ барои ширкати фаъолонаашон дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои он изҳори сипос намуд.
Дар охир Сарвари Давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки "ба наздикӣ мо «харитаи роҳи» рушди устуворро тасдиқ намудем, ки он бахши обро ҳамаҷониба фаро мегирад. Понздаҳ соли оянда, дар шароити шиддат ёфтани таъсири тағйироти иқлим, таназзули муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, буҳронҳои озуқаворию энергетикӣ ба соҳаи захираҳои об мо бояд саъю талоши бузург ба харҷ диҳем, то ба ҳадафҳои гузошташуда расем. Ба ақидаи мо инкишофи ҳамкорӣ, шарикӣ ва дипломатияи об ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани ин равандҳои харобиовар ва сари вақт ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат хоҳанд кард". Бинобар ин Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати омода намудани заминаҳои нав ҷиҳати тақвият ва тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо пешниҳод намуд, ки имконияти эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии об, ки ҳадафи он мусоидат ба татбиқи Рӯзномаи Рушди Устувор аст, баррасӣ гардад ва изҳори умедворӣ кард, ки ин пешниҳод мавриди дастгирӣ ва таъйиди кишварҳои аъзои Созмони Милал қарор хоҳад гирифт.
Дар ин ҳамоиши бузург ҳамчунин роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бразилия, Хитой, Руссия, Корея, Эрон, Фаронса, Қазоқистон, Қатар, Финландия ва ғайра суханронӣ намуданд.

http://www.president.tj

22.09.2015 14:39, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ба муносибати Иди саиди қурбон, ки рӯзи 24-уми сентябр фаро мерасад, ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан оромиву осоиш, рӯзгори обод ва файзу баракат орзу менамоям.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи кишварамон мардуми мо маросиму суннатҳои диниву мазҳабии худро озодона иҷро мекунанд.
Иди қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд ва дар қалби ҳар фарди мусулмон ниҳоли меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳамдигар решадор месозад.
Ин амалҳои хайр, дар навбати худ ба пойдории сулҳу суботи кишвар, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо мусоидат мерасонанд.
Зеро худи ин иди саид бар пояи ормонҳои башардӯстиву инсонпарварӣ ва шафқату бародарӣ зуҳур кардааст.
Иди қурбон бо ҳамин хусусиятҳои неку инсондӯстонааш дар миёни мардуми шарифи Тоҷикистон ва дигар мусулмонони дунё мақоми басо арзишманд дорад.
Ҷавҳари асосии Иди қурбонро талқини арзишҳои инсонӣ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд.
Имрӯз сокинони кишварамон бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва аз баракати сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар баробари заҳмати созандаву ободгарона ба анҷом додани амалҳои хайр эътибори бештар медиҳанд ва бо ин иқдоми худ соҳиби савоби зиёд мегарданд. Воқеан, дини мубини ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накӯкорист.
Бинобар ин, ҳар яки мо бояд бо арҷ гузоштан ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафтаву солим саъю талош намоем.
Хусусан, дар шароити торафт тезутунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим дини мубини исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем.
Инчунин арзишҳо ва фарҳанги инсонпарваронаи исломро ба манфиати суботи ҷомеа ва давлат, таҳкиму пойдории ахлоқ ва рушди бомароми маънавиёти мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон равона намуда, дар қалби одамон эҳсоси дӯстиву рафоқат, меҳру шафқат, хайру саховат ва таҳаммулу ваҳдатгароиро густариш бахшем.
Вобаста ба ин сифатҳои башардӯстонаи дини мубини ислом мехоҳам хотирнишон созам, ки яке аз ойинҳои Иди мубораки қурбон, яъне қурбонӣ кардан ва забҳи чорво танҳо ба шахсоне раво дониста шудааст, ки имконияти молиявии аз таъмини хонаводаашон бештар доранд.
Ба дигарон ба номи Худованд ва наздикону ақрабо дуову дуруд фиристодан ва анҷом додани дигар амалҳои хайру солеҳ вобаста ба сатҳи зиндагиашон кори савоб ба ҳисоб меравад.
Бузургони мо беҳуда ҳатто бо якдигар сухани нек гуфтан, рафтори шоиста доштан ва дили касеро шод гардониданро беҳтарин садақаву хайрот нагуфтаанд.
Итминони комил дорам, ки дар пояи сифатҳои олии ин иди саид шахсони ҳимматбаланду саховатпеша ба ятимону маъюбон, бепарасторону муҳтоҷон ва шахсони камбизоат кумак карда, бо ин амали хайру башардӯстонаи худ соҳиби савоби зиёд мегарданд.
Дар Ватани маҳбуби мо - Тоҷикистон Иди қурбон ҳамеша дар фазои эҳсону шафқат ва оромиву осудагӣ баргузор гардида, хурду бузурги кишвар ҳамдигарро бо меҳру муҳаббати хоса табрик мегӯянд ва аз ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва дӯстиву рафоқат шукрона мекунанд.
Хотирнишон менамоям, ки яке аз рукнҳои дини ислом имтиёзи маънавиёт бар моддиёт буда, он дар меҳвари сафои ботинӣ ва поккории ахлоқу нафсонияти инсону ҷомеа ва қаноату сарфакорӣ қарор дорад.
Бузургони мо дар ин бора панду андарзҳои зиёде гуфта, исрофкориро мазаммат намудаанд. Масалан, Унсурмаолии Кайковус дар «Қобуснома» таъкид менамояд, ки «харҷ ба андозаи дахл бояд бошад, то ниёзманд набошӣ».
Яъне қаноат пеша кардан ва дороии худро барои беҳбудии оилаи худ сарф кардан асоси пешравӣ ва баланд гардидани дараҷаи зиндагии ҳар сокини кишвар мебошад.
Дар ин рӯзи муборак бо шукргузорӣ аз амну амонии мамлакат ва давлату давлатдории миллиамон бо нияти саодату некбахтии ҳар як сокини Тоҷикистони азиз орзу менамоям, ки бигзор ин сарзамини сарсабзу ободи мо ва мардуми шарифу сарбаланди он аз ҳама газанду офатҳо дар амон бошанд.
Фарорасии Иди саиди қурбонро бори дигар ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамон табрик гуфта, бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ ва саодати рӯзгор мехоҳам.
Иди саиди қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

president.tj

22.09.2015 08:22, ноҳияи Ҳисор
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор Кохи фарҳангро дар маркази ноҳия ифтитоҳ намуд.
Сарвари давлат бо буридани лентаи рамзӣ ба оғози фаъолияти Кохи бошукуҳи фарҳанг асос гузошт.
Кохи фарҳанг бо 700 ҷойи нишаст бо харҷи қариб 27 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 1,3 га аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Дар корҳои сохтмонӣ пудратчӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди Монолити шаҳри Душанбе беш аз сад нафар мутахассиси маҳаллиро ба кор ҷалб кард.
Корҳои сохтмонӣ дар Кохи фарҳанг, ки аз 3 ошёна иборат мебошад, аз соли 2013 оғоз гардида буд.
Назди бинои Кохи фарҳанг бо гулу гулзор ва фаввораҳо оро дода шуда, ба як гулгашти зебою сайргоҳи сокинону меҳмонони ин гӯшаи дилписанди Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар Кохи фарҳанг нигористони театрӣ барои нигоҳдории намунаи либосҳои санъаткорон ва дар осорхонаи он бошад, барои созҳои миллии мусиқӣ ҷойи махсус муҳайё карда шудааст.
Толори васеъ ва даромадгоҳи Кохи фарҳанг бо санъати хоси меъмории кандакорӣ ороиш дода шудааст.
Дар таҳхонаи бино ошхона бо 100 ҷой, ҷойи либосҳои театрӣ, толори варзиш, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории кормандон, кошонаи ҳусн, синфхонаи дӯзандагӣ, утоқҳои машқу тамрин ва дар ошёнаи сеюм маҳфили рассомон, утоқҳои сурудхонӣ мавҷуд аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Кохи фарҳанг 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Зимни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосир, ки Ҳукумати мамлакат барои аҳли санъати ноҳия омода кардааст, намоишномаи театрикунонидашуда пешкаш карда шуд.
Президенти мамлакат ба бинокорон барои иҷрои корҳои сохтмонӣ изҳори сипос намуда, ифтитоҳи ин кохи бошукуҳи фарҳангиро ба аҳли ҳунар муборакбод гуфт.

http://president.tj/

Новобаста ба корҳои таъмиру азнавсозии бинои Хадамоти консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, намояндагии дипломатӣ дар муддати як сол ба беш аз 160 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ хизматрасонӣ намуд.
Ахиран, баъди ба анҷом расидани таъмиру аснавсозии дохили бинои Хадамоти консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, маросими ифтитоҳи он баргузор гардид. Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов ва сардори Хадамоти консулгарии Сафорат Ашраф Гулов якҷоя бо ҷамъи шаҳрвандони кишвар, ки он руз барои дарёфти ҳуҷҷату санадҳои консулӣ ва ҳалли мушкилоти дигари хеш ба хадамот муроҷиат намуда буданд, вориди бинои тозатаъмири намояндагии дипломатӣ шуда, бо вазъи кору фаъолияти масъулони консулӣ, шарту шароити қабулу хизматрасонии шаҳрвандонамон ошно гардиданд.
Бояд гуфт, тибқи таҷриба рӯзе беш аз 400-450 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҳуҷҷату санадҳои консулӣ ва ҳалли мушкилоти хеш ба хадамоти консулгарии Сафорати Тоҷикистон муроҷиат менамоянд. Аз ин пас дар толорҳои барҳавои бинои ҳадамот онҳо дар фурсати кутоҳ метавонанд мавриди хизматрасонӣ қарор бигиранд. Баробари муҳаё намудани шароити беҳтари қабули шаҳрвандон бо гузаштан ба шеваи корӣ замонавӣ бо назардошти имкониятҳои техникии рақамӣ, Хадамоти консулӣ ба муроҷиаткунандагон санадҳои лозимиро саривақт ва дар фазои орому мусоид пешкаш менамоянд. Дар ҳар як толорҳои қабулу хизматрасонӣ ва утоқҳои кории дипломатҳо баъди таъмиру азнавсозӣ тамоми техникаи замонавӣ насб гардида, шеваи қабул, тайёр намудан ва таҳияи шиносномаҳои хориҷии биометрӣ, Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан, санаду ҳуҷҷатҳои дигари консулӣ дар ҳошияи навбат ва сабти номи рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳар як шаҳрванди корафтода аз ҷониби кормандони хадамоти консулӣ қабул ва мавриди суҳбат қарор гирифта, ҳуҷҷату санадҳои лозимии ӯ дар фурсати начандон тулонӣ таҳия карда мешаванд. Тартиби қабул ва хизматрасонӣ ба тавре ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як шаҳрванд вобаста ба дархости санади лозимияш аз тарафи кормандони консулгарӣ бонавбат қабул карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ба хотири беҳбуди шароити хизматрасонӣ дар толор ҳамчунин гушаи интизорӣ, хонаи модару кудак, қаҳвахонаи хурокҳои арзони миллӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо шаҳрвандон то замони таҳия шудани ҳуҷҷатҳояшон истифода мебаранд.
Инак, беш аз як сол аст, ки ҳамчунин дар асоси шартномаи ҳамкории намояндагии дипломатӣ бо дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москва як нафар аз ҳуқуқшиносони соҳибтаҷриба ба шаҳрвандон маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқи медиҳад.
Бояд гуфт, ки қабули шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои дарёфти виза бо нияти сафар ба Тоҷикистон ва ё дигар масъалаҳои ҷорӣ ба намояндагии дипломати меоянд, дар утоқҳои зебои замонавӣ, ки бешак ба обрую эътибори Ватан ва давлати тоҷикон вобастагӣ доранд, ба роҳ монда мешаванд. Аз тарафи дигар, ҳангоми суҳбат бо муҳоҷирони меҳнатии мо, ки дар бинои хадамот ҳузур доштанд, ишора бар он шуд, ки мақсади асосии ҳамаи ин навовариҳо ҳарчи беҳтару хубтар намудани шарту шароити хизматрасонӣ ба ҳамватанон- муҳоҷирони меҳнатист, ки Сафорат дар асоси дастури ҳукумат ва вазорати корҳои хориҷии кишвар дар ин ҷода талош дорад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ЧТ дар ФР.

08.07.2015 18:13, Россия

Имрӯз дар шаҳри Уфа, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.
Владимир Путин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Уфа хайра мақдам гуфта, ба рушди муносиботи ду кишвар баҳои баланд дод. Аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки соли гузашта, сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ дар Аврупо, ҷаҳон ва худи Русия, гардиши мол миёни ду кишвар 2,5% афзун гардид.
Сарвари Русия ҳамчунин ба ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла ба машқҳои муштараке, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор гардид, баҳои баланд дод.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ изҳор дошт: “Барои Тоҷикистон муносибот бо Федератсияи Русия афзалияти хосу устувор дорад ва ин ҳолат дар Консепсияи нави сиёсати хориҷии кишвари мо таҳкими ҳуқуқӣ ёфтааст”. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, илму техника ва фарҳанг баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи хос ба мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа зоҳир шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Русия дар муқобили таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муқовимат ба муборизаҳои иттилоотӣ бояд ҳамгироии устувору муттасил дошта бошанд.
Изҳори умед карда шуд, ки нақшаю барномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар самти расондани кумакҳои техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро мешаванд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории иқтисодӣ ба Федератсияи Русия ёдовар шуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки “Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буд ва ҳаст, зеро қариб 50% сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба кишвари шумо рост меояд”. Дар баробари ин, таъкид гардид, ки “ин нишондоди мусбӣ бояд натанҳо нигоҳ дошта шавад, балки афзун гардад”.
Мавзӯъи муҳими дигари суҳбат баррасии мушкилоти вобаста ба фаъолияти муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Федератсияи Русия буд. Аз иҷозати дубораи воридшавӣ ба Русия гирифтани як зумра шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан донишҷӯёни тоҷик, изҳори қаноат карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки корҳо барои додани сабукиҳои дигар ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва ҳам танзими ҳуқуқии ин раванд бояд идома ёбад.
Дар робита ба ин мавзӯъ ба авфи муҳоҷирони корие, ки 2 ва зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, қонунигардонии будубоши онҳое, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ шумурда мешаванд ва соддагардонии тартиби ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва дароз кардани муҳлати бақайдгирии донишҷӯёни тоҷик пас аз воридшавӣ ба ҳудуди ин кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба густариши ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва мавзӯъҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.



18 майи соли ҷорӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ба Муассисаи патентии Авруосиё ташриф оварда, бо Президенти он А.Н. Григорйев вохӯрӣ анҷом дод. Мақсади асосии ташриф аз шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи мазкур ва омодагӣ ба расмиёти интихоби дар пешистодаи роҳбари нави ин ташкилот иборат буд.
Мавриди зикр аст, ки Муассисаи патентии Авруосиё мақоми иҷроияи Ташкилоти патенти Авруосиё, яке аз ташкилотҳои минтақавии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) мебошад, ки ба он Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Тоҷикистон ва Туркманистон дохил мешаванд.
Тибқи маълумоти ҷаноби Григорйев А.Н. Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди ташкилоти номбурда нақши калидӣ дорад. Танҳо баъд аз ба Конвенсияи патентии Авруосиё пайвастани ҷумҳурии мо амали Конвенсияи мазкур оғоз гардид. Инчунин баъд аз дахолати Сафири собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Мирзоев Р.З. мувофиқаи Созишнома дар бораи будубоши Ташкилоти патенти Авруосиё дар Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсияи Россия анҷом дода шуд.
Ташкилоти мазкур барои ташаккул ва дастгирии системаи патентии кишварамон нақши зиёд дорад. Тибқи муқаррароти мавҷуда ҳуҷҷати патентии дар яке аз кишварҳо додашуда дар дигар кишварҳои аъзо низ эътибор дорад. Ин Ташкилот аз аъзоҳаққии кишварҳои узв истифода набурда, баръакс аз ҳисоби пардохтҳои патентӣ кишварҳои аъзоро маблағгузорӣ менамояд.

Дафтари матбуоти Сафорат.

Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо кори Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати шаҳри Маскав, ки дар деҳаи Сахарово ҷойгир аст, ошно гардид
Маркази нави бисёрсоҳавии муҳоҷират дар 50 киллометрии марзи Маскав, берун аз маҳалҳои бузурги аҳолинишин, иншоотҳои ҷамъиятӣ, дар ҳудуди собиқ қисми ҳарбӣ, дар деҳаи Сахарово ҷойгир аст.
Роҳбари кулли маркази мазкур Николай Федосеев сафири тоҷикро бо самтҳои асосии фаъолияти марказ шинос намуда, таъкид дошт, ки муҳоҷирини корӣ метавонанд дар ин ҷо аз муоинаи тиббӣ гузаранд, аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Россия имтиҳон супоранд, ҳуҷҷатҳояи барои гирифтани патент заруриро тарҷума ва аз тариқи нотариус тасдиқ намоянд, квитансияи андози патентро барои моҳи аввал ба даст бигиранд, ҳуҷҷатҳои электронии худро таҳия карда, изи ангуштонашонро супоранд, расм ва ҳамчунин Варақаи суғуртаи ихтиёрии тиббиро низ дастрас созанд. Эҳтимол аст, ки ин марказ рӯзҳои наздик фаъолияти худро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монад,
- «Шаҳрвандони Шумо, ҷаноби сафир, ба марказ барои даёфти патент бо тартиби нав муроҷиат мекунанд. Мо тасмим гирифтем, ки барои онҳо дар зинаи аввали таҳияи ҳуҷҷатҳо кӯмак кунем ва онҳоро дар марказ ба мӯҳлати 1 моҳ ба қайди муваққатӣ мегузорем. Таъкид мекунам, ки ин хизматрасонӣ комилан ройгон аст, - таъкид дошт Федосеев ва илова намуд, ки онҳо метавонанд дар ҷояш имтиҳони забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Россия ва маблағи давлатии ҳақи патентро супоранд».
Дар рафти сӯҳбат, ки сардори Раёсати Хадамоти федеролии муҳоҷирати шаҳри Москва Олга Кирилова ширкат дошт, Имомуддин Сатторов таъкид намуд, ки раванди муҳоҷирати тоҷикон ба Россия як қисмати раванди муҳоҷирати ҷаҳонӣ аст, ки имрӯз тамоми дунёро фаро гирифтааст.
-«Масъалаи «мамнуӯлвурудҳо», ки имрӯз ҳалли ҳуқуқии худро тақозо мекунад, ба андешаи мо масъалаи бениҳоят ҷиддӣ аст. Мо аллакай эҳсос мекунем, ки теъдоди нафароне, ки аз ҳақи вуруд ба қаламрави Россия маҳрум шудаанд, ба маротиб афзудааст. Дар ин ҷода мо корҳои зиёдеро анҷом дода истодаем. Борҳо бо роҳбарияти Думаи давлатӣ, Шӯрои Федератсия, ХФМ ва ВКД Россия ин мавзӯъро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор додаем.
Тоҷикистону Россия шарикони стротегӣ мебошанд, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин дар доираи созмонҳои минтақавиву ҷаҳонӣ –ИДМ, СҲШ, СПАД ҳамкориҳои зич доранд. Аз ҳамин лиҳоз, фикр мекунам, ки шарикони россиягии мо муваззафанд, ки роҳи ҳалли ин масъаларо пайдо намоянд. Ин гуна муносибот барои рушди равандҳои интегратсионии мардумонамон ва кишварҳоямон латма ворид мекунад», - таъкид дошт Сатторов.
Баъди шиносоӣ бо кори марказ, сӯҳбат бо ҳамватанон Имомуддин Сатторов ба роҳбарияти марказ пешниҳод кард, то барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти он, фароҳам намудани шароитҳои боз ҳам мусоид барои расонидани хизматҳои босифат аз тариқи «равзанаи ягона» барои муҳоҷирини корӣ дар якҷоягӣ фаъолияти густурдае ба роҳ монанд.
Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР Асрор Одинаев ширкат дошт.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР.

Тақрибан соатҳои 10-и субҳи 01 марти соли 2015 дар Москва, дар қитъаи овоздиҳии мутааллиқ ба Ҳавзаи интихоботии №3 ноҳияи Шоҳмансур оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷойгир аст, аллакай 30% шаҳрвандони кишвари мо, ки дар Россия муваққатан кору зиндагӣ доранд, овоз доданд.
Соати 6.00 субҳ Раиси комиссияи интихоботии қитъа, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар ҳузури аъзои комиссия, шахсони боэътимоди аҳзоби сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нозирони байналмиллалӣ қитъаи овоздиҳиро боз намуд ва аввалин шуда ба тарафдории ҳизб ва номзади арзанда райъ дод.
Овоздиҳии муташаккилонаи овоздиҳандагон тақрибан наздикии соатҳои 8-и субҳ авҷ гирифта, шаҳрвандони мо мавҷ-мавҷ барои муаяйн кардани мавқеи худ нисбати ояндаи миллату Ватан меомаданд.
Теъдоди бештари овоздиҳандагонро муҳоҷирини корӣ, намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, донишҷӯёну аспирантҳо, шунавандагони донишгоҳҳои ҳарбӣ, Академияи ВКД ва дигар муассисаҳои таълимӣ ташкил медоданд.
Иштироки муташаккилонаи шаҳрвандони мо - кормандони Марказҳои тиҷоратӣ, ки тавассути автобусҳои бо ташаббуси бригадирҳо дар якҷоягӣ бо Сафорат ташкилшуда, барои овоздиҳӣ омада буданд, хеле назаррас буд.
Рафти овоздиҳиро корманди масъули Ассамблеяии байнипорлумонии ИДМ Вадим Бектов, ки дар КМИР Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ҳамчунин шахсони боэътимоди ҲНИТ Илҳомджон Ёқубов ва Фарҳод Одинаев назорат мекарданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки қитъаи овоздиҳии Москва, қитъаи ягона дар қаламрави Федератсияи Россия нест, ки барои овоздиҳии шаҳрвандони мо таъсис дода шудааст. Ҳамчунин қитъаҳои овздиҳӣ дар Консулгариҳои генералии ҶТ дар Уфа ва Екатеринбург боз карда шудаанд.

Хадамоти матуботи Сафорати ҶТ дар ФР

Тавре, ки пештар иттилоъ дода будем, 1 – уми марти соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони порлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Дар ин рӯз хамчунин намояндагони маҷлисҳои вилояти Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ низ дар раъйгирии умумимардумӣ интихоб хоҳанд шуд. 

Сокинони мамлакат интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро руйдоди муҳимтарин дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат арзёбӣ мекунанд. Интихобкунандагон бо интихоби номзади арзанда дар Маҷлиси намояндагон дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.
Ба маълумоти шаҳрвандони мо, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, мерасонем, ки дар ин руз онхо метавонанд дар нуктахои зерини интихоботи вокеъ дар намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия раъй диханд:
1) Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, шаҳри Москва, паскӯчаи Гранатный 13;
2) Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа, кӯчаи Цурюпы 149;
3) Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, кӯчаи Гражданская д. 2 литер “А”.
Маълумоти бештар дар http://www.kmir.tj/ru/

9 феврали соли ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар расми кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо “Продэкспо-2015”, ки дар Маҷмааи Экспосентри шаҳри Москва бо дастгирии Вазорати кишоварзии Россия ва Палатаи тиҷоратию саноатии ин кишвар баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони расмии мақомоти федералии ҳокимияти давлатии Россия, Шӯрои Федератсияи Россия, сафирони давлатҳои хориҷӣ ва дигар меҳмонони расмӣ ширкат доштанд.
Дар Намоишгоҳи мазкур 1997 ширкат аз 65 мамлакати дунё, аз ҷумла ширкатҳои 31 мамлакат дар сатҳи ҳукуматӣ, тариқи экспозитсияҳои миллӣ маҳсулоташонро пешниҳод менамоянд.
Яке аз гӯшаҳои намоишгоҳ барои пешниҳоди маҳсулоти озуқаворӣ аз Тоҷикистон ҷудо гардидааст ва таҳти ҳамоҳангии Палатаи тиҷоратию саноатии кишварамон намояндагони шаш ширкатҳои ватанӣ дар он намунаҳои маҳсулоташонро пешкаш намудаанд. Инҳо ширкатҳо аз вилояти Суғд («Евро Азия 2005», “Оро Исфара”, ҶММ «Субхи Ватан», ҶММ «Зода») ва навоҳии тобеи ҷумҳур - Ассотсиатсияи «Интермёд» ва Корпоратсияи “Баракат».
Ҳангоми мулоқот бо намояндагони Тоҷикистон Сафири Тоҷикистон И. Сатторов қайд намуд, ки афзоиши иқтидори содиротии кишвар самти асосии сиёсати иқтисодии ҷумҳуриамон ба шумор меравад ва дар шароити таҳримҳои иқтисодӣ нисбати Россия имконияти нодире пайдо шудааст, ки дар бозори ин кишвар ҷои сазовори фурӯши маҳсулоти ватаниамонро пайдо намоем.
Намоишгоҳ то 13 феврал кори худро давом медиҳад ва дар назар аст, ки дар натиҷа бо ширкатҳои Россия созишномаҳо оиди содироти маҳсулот аз Тоҷикистон баста шаванд.

Дафтари матбуоти Сафорат.

 


Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат ба мақоме мубаддал шуд, ки ҳамоҳангӣ ва ягонагии тамоми ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар қаламрави Федератсияи Россияро фароҳам меорад.
Тавре пештар иттилоъ дода будем, ахиран дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат дар соли 2015 баргузор шуд. Дар ҷаласаи навбати ҳайати кормандони Сафорат, роҳбарони консулгариҳои генералӣ ва консулҳои фахрӣ дар манотиқи Россия, масъулини намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР ва пеш аз ҳама зиёда аз 50 роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикистониён аз аксарияти манотиқи кишвари иқомат, намояндагони барҷастаи илму ҳунар ва зиёиёни шаҳру вилояти Москва ҷамъ омаданд. Зимни ин мулоқот масъалаҳои такмил ва тасдиқи ҳайати нави Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати ҶТ, барномарезии фаъолияти минбаъдаи Шӯро, таъсиси марказҳои фарҳангию илмии тоҷикон дар Москва ва манотиқи Россия ва Бунёди ягонаи умумироссиягӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов зимни баромади хеш изҳор дошт, ки бо дарназардошти вазъи дар минтақа ва ҷаҳон ба амаломада, мо бояд дар ҳалли масоили муҳоҷират ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо муҳоҷирони меҳнатиямон аз пештара бештар кӯшишу талош намоем. Дар ин ҷода бояд дар баробари намояндагиҳои расмии Тоҷикистон аз потенсиали созмонҳои ҷамъияти низ самаранок истифода бурда шавад.
Дар ҳошияи ин нишаст бештар аз ҳама ба масоили дар ҳаёт татбиқ намудани дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки ахиран дар Паёми навбатии эшон ба порлумони кишвар ироа шуда буданд, таваҷҷӯҳ зоҳир шуд. Сари масъалаҳое, ки ҳангоми сафарҳои кории Сафир ба минтақаҳои Россия, аз ҷумла ба вилояти Свердловск, Ҷумҳурии Бошқирдистон, кишвари Краснодар мавриди бозомӯзӣ ва баррасӣ қарор гирифта буданд, ҳамчун намуна дар дигар манотиқи кишвари иқомат низ, ки ҳамватанони мо кору зиндагӣ доранд, радду бадали фикру андешаҳо доир гардиданд.
Дар натиҷаи муҳокимарони ва баррасии фаъолияти қаблии шӯрои ҷамъияти иштирокдорон оид ба такмили сохтор ва ҳадафу вазифаҳои он ба хулосаи ягона омаданд. Қарор шуд, ки ба узвияти шӯро бо мақсади таъмини самаранокии бештар аз тамоми ҳавзаҳои федералӣ аз ҳисоби фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён аъзои нав дохил карда шавад. Ҳайати котиботи шӯро ва кумитаҳои дахлдор муайян карда шуд.
Дар доираи тадбирҳои амали оид ба баланд бардоштани имиджи миллат ва тарғибу ташвики фарҳангу тамаддуни пургановати миллӣ миёни халқияту миллатҳои маскуни Россия таъсиси марказҳои илмию фарҳангии тоҷикистониён дар пойтахти Россия ва минтакаҳо пешниҳод гардид.
Дар ҳошияи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки дар паёмашон таъкид гардида буд, аз ҷониби аъзои шӯрои ҷамъияти тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати ҳалли масоили муҳоҷирони меҳнатиямон ҳамкориҳои зич бо институтҳои ҳамрадифи кишвари қабулкунанда тақвият бахшида мешавад.
Ҳамчунин аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба таъсиси фонди ҷамъиятӣ оид ба дастгирии ҳамватанон, роҳандозии махзани ягонаи маълумоти интернетӣ, созмон додани сомонаи махсуси шӯро, ки имкони мустақими баргузории видео-конфронсҳоро фароҳам месозад, тасмим гирифта шуд. Таҳияи механизми амалисозии ин нақшаҳо ба ӯҳдаи котиботи шӯро вогузор гардид.
Ҳангоми суханронии ифтитоҳии худ Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов дар баробари масоили рушду таҳкими ҳамкории байникишварҳои мо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ, ишора бар он намуд, ки рисолати асосии ҳамватаноне, ки дар ин кишвар ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул мешаванд, бояд пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллат, баланд бардоштани обрӯй ва имиҷи Тоҷикистон бошад. Бояд ба зуҳуроти номатлуби дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет “сангпартоӣ” ба ҷониби ҳукумат ва давлати Ватани аҷдодӣ, Сафорат ва дигар намояндагиҳои расмии кишварамон дар Россия, байни ҳамдигар хотима дода шавад, зеро ин корро ягон миллат ва халқияти дигар дар ҷаҳон ба хеш раво намебинад.
Дар ҷаласа чанде аз иштирокдорон сӯҳбат намуда, доир ба вазъи ҳамватанон дар минтақаҳои онҳо ҳикоят намуданд. Ҳамагӣ ҷонибдори мавқеъ ва цояи Сафорат оиди он ки бояд бештар ба таъсиси марказҳои илмӣ ва фарҳангии тоҷикон дар минтақаҳои Русия таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад. Зеро, ба қавли онҳо, маҳз ташкилоти ҷамъиятӣ ва диаспораҳое, ки номнавис шудаанд, дар гирду атрофи худ чанд нафар аз хешу таборонашонро ҷамъ карда, фаъолият мебаранд. Ба ҳамин чиз бояд хотима гузошта шавад ва ин марказҳои фарҳангӣ марказҳои воқеие бошанд, ки ба боло бурдани обрӯ ва эътибори мардуми тоҷик ва имиҷи кишвари мо кумак кунанд.
Ҳамчунин, пешниҳоди Сафири Тоҷикистон дар мавриди таъсиси Бунёди ягонаи умумироссиягӣ низ дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Зеро ин бунёд дар оянда метавонад, ки маблацҳои ба таври хайриявӣ ҷамъ овардаашро барои иҷрои барномаҳои тарғиботии дар боло зикршуда, барои мӯҳтоҷоне, ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳолатҳои вазнини иҷтимоӣ гирифтор мешаванд, мадад расонад. Масъалаи таъсиси як сохтори бонкии микро-қарзӣ, ки дар оянда метавонад барои ҳамдиёронамон дар Россия хизматрасонӣ намояд, низ баррасӣ гардид. Хулоса шуд, ки бояд таҷрибаи дигар кишварҳо дар ин самт омӯхта шавад.
Муҳим аз ҳама, ҷаласаи навбати Шӯро пурра таҳким ва навсозӣ гардида, ба он шахсиятҳои шинохта аз ҳисоби ҳамватанони муқими Россия шомил шуданд. Қарор шуд, ки аз ҳисоби фаъолони диаспораи миллии мо дар тамоми минтақаҳои Россия Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати ҶТ пурра ва такмил дода шавад. Зеро дар ҳолати пурзӯр намудани фаъолияти густурдаи хеш, Шӯро, ки роҳбарии онро шахсан Сафир бар дӯш дорад, метавонад ба равандҳои ҳамойиш ва муттаҳидии ҳамватанон дар Россия, ки ҳадафи асосии он пеш аз ҳама боло бурдани обрӯ ва эътибори мардуми тоҷик ва имиҷи кишвари мо дар Россия мебошад, мусоидати ҳаматарафа намояд.

Дафтари матбуоти Сафорат

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон