31 марти соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Любимова Олга Борисовна баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо имконияти ташкили маҷмӯи чорабиниҳои муштараки фарҳангиро бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Россия дар соли 2022 иброз намуданд.
О.Любимова омодагиашро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба барои истифода ва таблиғи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистону Россия изҳор дошт.
Д.Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз пешрафти равобити миёни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ кард, ки табодули фарҳангӣ дар соҳаи санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт. Дар зимн, зарурати баргузории намоишгоҳҳои осори санъати муосир, сафарҳои ҳунарии ҳайатҳои мусиқӣ ва театрии ҳар ду ҷониб ба кишварҳои ҳамдигар, инчунин иштирок дар чорабиниҳои мухталифи байналмилалии фарҳангӣ таъкид гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

29 марти соли 2022 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 10 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар маҳдудиятҳои вобаста ба пандемия ва дигар сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Зимни сафари онҳо ба Тоҷикистон, аз ҷониби Сафорат ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ расонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Сафорат кушиш мекунад мусоидати хешро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ расонад.

Ҳамзамон, Сафорат ба шаҳрвандони вурудашон ба кишвари иқомат мамнӯъ тавсия медиҳад, то барои убури сарҳад аз минтақаҳои мазкур худдорӣ намоянд.

ЭЪЛОН

29 Март 2022

Ба таваҷҷуҳи соҳибкорон ва тоҷирони Тоҷикистон!

Шаҳрвандони муҳтарам,

Дар робита ба нашри Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 9 марти соли 2022 № 311 «Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 8 марти соли 2022 № 100» ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонем, ки тибқи ин ҳуҷҷат содироти молҳои дар замимаи Қарори мазкур зикргардида ба қаламрави Федератсияи Россия манъ карда шудааст.

Дар Қарор ҳолатҳое низ муайян карда шудаанд, ки нисбати онҳо манъи содироти муқарраршуда татбиқ намегардад.

Бо матни пурраи Қарори болозикр метавонед дар сомонаи Ҳукумати ФР шинос шавед.

http://government.ru/docs/all/139702/

Ҳамчунин дар робита ба нашри Қарори дигари Ҳукумати Федератсияи Россия аз 14 марти соли 2022 № 362 «Дар бораи ҷорӣ намудани манъи муваққатии содироти зироатҳои ғалладонагӣ берун аз қаламрави Федератсияи Россия» ба таваҷҷуҳ мерасоем, ки тибқи ин ҳуҷҷат аз 15 март то 30 июни соли ҷорӣ барои содироти молҳои дар банди 1- и ин Қарор нишондодашуда аз қаламрави Федератсияи Россия манъи муваққатӣ муқаррар гардидааст.

Дар Қарор ҳолатҳое низ муайян карда шудаанд, ки насбати онҳо манъи содироти муқарраршуда татбиқ намегардад.

Бо матни пурраи Қарори номбурда метавонед дар сомонаи Ҳукумати ФР шинос шавед.

http://government.ru/docs/all/139803/

Лутфан, ҳангоми убури марз қоидаҳои номбаршударо риоя кунед!

18 марти соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З.А. дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.
Сарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули афкор намуда, лоиҳаҳои санадҳоро, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ равона шудаанд, ба мувофиқа расониданд.
Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардиданд.

15 марти соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳайати ҳавзаи мухтори Ханты-Мансийск-Юграи Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Муовини Губернатор Забозлаев Алексей Геннадиевич баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳавзаи мухтори Ханты-Мансийск-Юграро баррасӣ карданд.
Зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармоя, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак қайд карда шуд. Дар ин росто, миёни ҳамсӯҳбатон вобаста ба масоили ҷалби мутахассисон аз Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар он минтақаи Россия мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ба вежа соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла омода намудани мутахассисони баландихтисос, инчунин татбиқи лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Забозлаев А. ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок кардан дар IT-форум, ки баргузории он 7-9 июни соли ҷорӣ дар ҳавзаи мухтори Ханты-Мансийск-Югра ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.
Д. Гулмаҳмадзода омодагии хешро барои сафарбар намудани намояндагони Тоҷикистон ҷиҳати ширкат варзидан дар форуми мазкур иброз дошт. Зикр карда шуд, ки масъалаи мазкур бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон баррасӣ мегардад.
Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон ҳавасмандии худро баҳри таҳкими ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Ханты-Мансийск-Югра изҳор карданд.

11 марти соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Россия Д.Гулмаҳмадзода бо Вакили Думаи давлатии Россия, ҳамоҳангсози гурӯҳи вакилон оид ба робита бо Парламенти Тоҷикистон Ю.Швиткин баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масоили таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар зимн, мусоҳибон зарурати ҷонок намудани фаъолияти Комиссияи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россияро қайд намудан.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

5  марти соли 2022 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндагони ҷамъияту ташкилоти ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия баргузор гардид.
Зимни мулоқот Роҳбари Намояндагии дипломатӣ муҳтавои асосии нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, вобаста ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои мухталиф ва таҳкими нақши кишварро дар арсаи байналмилалӣ   баён дошт.
Ҳамзамон, ба ҳозирин роҷеъ ба тадбирҳои андешидашуда аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҳалли маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар Россия  маълумоти муфассал дода шуд.

Сафири Тоҷикистон аз намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳо ҷиҳати  тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо бо ҳамватанон, ки заминаи асосӣ дар таҳким ва рушди робитаҳои иқтисодии байни онҳо мебошад, даъват ба амал овард.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ ҳамватанон суолу дархостҳои мухталифро, аз ҷумла марбут   ба бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои консулӣ иброз доштанд.

4 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи Конфронси байналмилалии бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар маросими ифтитоҳи толори Тоҷикистон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа (ДДНТУ) ширкат варзид.

Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдоди фархунда табрику таҳният намуда, ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии ҷавонон махсусан таъкид кард.

Ҳамзамон ба роҳбарияти Бошқирдистон, ДДНТУ ва диспораи тоҷикон дар минтақаи Федералии Приволж, ки саҳми худро дар таъсиси толори Тоҷикистон гузоштаанд, миннатдорӣ баён карда шуд.

Кошинкории рангоранги сақф, навиштаҷоти мавзӯӣ ва таҷҳизоти муосири толори таълимӣ ба хар як донишҷӯ имкони шиносоӣ бо анъана ва таърихи пурғановати Тоҷикистонро фароҳам меорад.

Иштирокдорони конфронс рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россияро дар давоми 30 сол мусбат арзёбӣ намуда, қавӣ гаштани робитаҳои таърихӣ миёни ду давлатро қайд карданд.

Д. Гулмаҳмадзода аз дастовардҳои муҳимтарини кишвар ёдовар шуда, афзуд, ки истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик воқеаи сарнавиштсоз буда, он дар бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ, инчунин эҳёи анъанаҳои миллӣ ва асосҳои давлатдорӣ нақши ногузирро дорад.

Баъд аз анҷоми конфронс, бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид, ки зимни он Д. Гулмаҳмадзода дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон маълумот дода, нақши муҳими ҷавононро дар рушди минбаъдаи кишвар махсусан таъкид кард. Илова бар ин, зарурати таҳкими робитаҳо миёни донишҷӯёни дур аз Ватан, муттаҳидшавии онҳо, инчунин иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон қайд карда шуд.

3 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафари корӣ Д. Гулмаҳмадзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон Радий Хабиров мулоқот кард.Мусоҳибон оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо табодули афкор намуданд. Аз ҷумла, зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бахши агросаноатӣ, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак таъкид карда шуд.

Ҳамзамон доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз қабили соҳаи маориф ва илм, аз он ҷумла омода намудани мутахассисони баландихтисос, инчунин татбиқи лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қобили қайд аст, ки дар донишкадаҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон зиёда аз 1200 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқоти баргузоршуда баҳри рушди ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Ҳамчунин Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Тимур Ҳакимов мулоқот анҷом дод. Дар рафти вохӯрӣ доираҳои тиҷоратии минтақа, ки ҳавасманди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳастанд, ширкат варзиданд. Зимни сӯҳбат масоили муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ташкили бизнес-форум муҳокима гардид.

Д. Гулмаҳмадзода аҳаммияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо ва афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистонро муҳим арзёбӣ кард.

1 марти соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Арманистон дар Федератсияи Россия Вагаршак Арутанян доир гардид.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо доираи васеъи масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Арманистонро баррасӣ карда, аҳҳамияти махсусро ба таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо назари хешро нисбат мавзӯъҳои байнамилалии мавриди эҳтимоми муштарак изҳор намуданд.

Дар фарҷоми суҳбат, ҷонибҳо ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Арманистон дар соҳаҳои гуногун омодагӣ изҳор намуданд.

28 феврали соли 2022 машварати кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо консулҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа дар қолаби маҷозӣ баргузор шуд.

Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба фаъолияти меҳнатӣ ва шароити иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти машварат, роҷеъ ба фаъол гардонидани кор дар самти густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ бо Россия, аз ҷумла дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва саноат табодули афкори судманд сурат гирифт. Дар ин робита, мусоидати ҳамаҷониба барои татбиқи созишномаҳои баимзорасида миёни Тоҷикистон ва Россия ба вежа таъкид гардид.

Мавзӯҳои марбут ба рушди робитаҳо дар самтҳои маориф ва фарҳанг бо минтақаҳои Россия низ, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ташкили чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ дар арафаи ҷашни 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ муҳим дониста шуд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ҷаласаи пленарии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» доир гардид. Дар кори форуми байнипарламентӣ доираи васеи ҳайатҳои парламентӣ, намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ва Русия иштирок намуданд. Дар оғози ҷаласаи пленарӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд.
Сипас, дар ҳузури раисони палатаҳои болоии парламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия маросими баимзорасонии Созишномаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Челябински Федератсияи Русия дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва башардӯстӣ баргузор гардид.
Баъдан, кори Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» таҳти раёсати ҳамраисони Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлев идома ёфт.
Таъкид карда шуд, ки ҳамкории самараноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо ҳам дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи узвият дар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ бо маром рушду тавсеа ёфта, марҳилаҳои сифатан нав касб менамоянд ва муколамаҳои пайвастаи сатҳи баланд заминагузори рушду тавсеаи ҳамкории байнидавлатӣ, байнипарламентӣ ва байниҳукуматии Тоҷикистону Русия гардидаанд.
Аз ҷумла, мулоқоту суҳбатҳои доимии роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо, баргузории форуму конференсияҳои байнипарламентӣ, кори Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, инчунин иштироки намояндагони парламентҳо дар интихоботу раъйпурсиҳо дар рушди робитаҳои байнипарламентӣ нақши созгор дорад. Дар ҷараёни форум ҳамчунин аъзои ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Русия суханронӣ намуда, доир ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни минтақаҳо, вилоятҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистону Русия, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират, илму маориф ва тандурустӣ байни ҳам табодули афкор намуданд.
Бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, инчунин ҷиҳати татбиқи амалии қарорҳои Форуми байнипарламентии Тоҷикистон ва Русия иштирокдорони он барои қабули тавсияҳо дар бахши меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамкории байнипарламентӣ, фаъолияти лоиҳавию барномавӣ, ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, рақамикунонии иқтисод, ҳамкорӣ дар масъалаи низомҳои миллии кортҳои пардохтӣ ва инфрасохтори пардохтӣ, истеҳсолоти агросаноатӣ, муҳоҷират, илм, маориф ва фарҳанг ба мувофиқа омаданд.
Дар фарҷом бо назардошти тавсияҳои мизҳои мудаввар ва табодули андешаи иштирокдорон ҳуҷҷати ниҳоии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» қабул карда шуд.

25 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарлумонии “Тоҷикистон-Русия – иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории кишварҳо дар сатҳи олӣ ва муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ карда, ба саҳми шахсии Валентина Матвиенко дар таҳкими маҷмӯи робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории кишварҳо оид ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон-Русия дар густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша карданд.

Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи минтақаҳо, гуфтугӯ сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳо дар бахши маориф, рушди забони русӣ, таъмини омӯзгорон барои мактабҳои русӣ, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва ҷудо кардани бурсияҳои донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони кишвари мо, мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор сурат гирифт.

ТАВАҶҶӮҲ!

23 Фев 2022

Шаҳрвандони хориҷие, ки раводиди муқаррарӣ доранд ва барои онҳо омаду рафт ва буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бидуни раводид ҷорӣ карда шудааст, вазифадоранд дар давоми 10 (даҳ) рӯзи корӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаранд, ба истиснои шаҳрвандони кишварҳое, ки дар асоси созишномаҳои дахлдор ва бақайдгирӣ ба мӯҳлатҳои муайян озод мебошанд.

Бақайдгирии кормандони хадамотҳои дипломатӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Иқтибос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон