Ҳамватанони муҳтарам
02 Июл 2020Чуноне, ки огоҳ ҳастед, дар партави иҷрои дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргардонидани шаҳрвандон ба Ватан, аз 25 июни соли ҷорӣ марҳилаи навбатии таҳвили шаҳрвандон ба Тоҷикистон тавассути рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳои ватанӣ шурӯъ гардид.
Дар ин робита бо супориши Вазорати корҳои хориҷӣ, дар Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия аз 19 июни соли 2020 баруйхатгирии шаҳрвандон барои бозгашти минбаъда оғоз шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин муддат теъдоди муроҷиаткунандагони номнависшуда дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Екатеринбург ҳазорҳо нафарро ташкил дод, ки аз ин ҳисоб пеш аз ҳама беморону маъюбон, занон бо кӯдакон, пиронсолон ва донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар қаламрави Россия дармондаанд, пас аз санҷиши Комиссияи махсус барои бозгашт ба Тоҷикистон ба руйхат гирифта мешаванд.
Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Россия ба шахсоне, ки тибқи руйхат ба Тоҷикистон бармегарданд, ҷиҳати харидории билетҳо аз кассаҳои намояндагии ширкатҳои «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр», телефонӣ хабар медиҳанд.
Зимнан, бинобар теъдоди ниҳоят зиёди хоҳишмандон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, ки аз шумораи парвозҳои чартерии дар моҳи июл ба нақша гирифташуда якчанд маротиба зиёд мебошад, эҳтиромона ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки баруйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар бинои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Росссия муваққатан қатъ карда мешавад.
Ҳамзамон, қабули аризаҳо барои бозгашт ба Ватан тавассути адреси электронии
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. бо назардошти эҳтимоли ташкили парвозҳои чартерии минбаъда
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловатан ба хабари қаблӣ дар бораи марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон эътиборан аз 25 июни 2020 аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия иттилоъ медиҳад, ки парвозҳои чартерӣ тибқи ҷадвали зерин, ки бо мақомоти дахлдори Россия ҳамоҳанг шудаанд, сурат мегиранд:
25 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
26 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Қазон – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
30 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
1 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
6 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатиринбург – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
13 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
14 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”.
Хотиррасон менамоем, ки пеш аз ҳама ба парвозҳо беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Россия рафта буданд, роҳ дода мешавад.
Ҳамзамон хабар медиҳем, ки тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагири Ковид-19 масъалаи барқарор намудани парвозҳои доимӣ ба/аз Русия, Туркия ва Чин аз ҷониби мақомоти марбута мавриди баррасӣ қарор дорад.
Иштироки Президенти Тоҷикистон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москва
24 Июн 2020Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба бо сафари корӣ ба Федератсияи Россия ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифт. Сипас аксгирии якҷояи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишвари ҷаҳон ва роҳбарону намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ки барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Ғалаба ба шаҳри Москва ташриф оварданд, баргузор гардид.
Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он 15 ҳазор низомӣ иштирок намуданд.
Дар расми паради ҳарбӣ дар баробари намоядагии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, аскарону афсарони Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Шумораи умумии иштирокчиёни Паради ҳарбӣ аз Тоҷикистон 75 нафарро ташкил дода, гузашти низомии ҳайати шахсиро дар Майдони Сурхи шаҳри Москва командири Баталиони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ҳафиззода Файзимуҳаммад роҳбаладӣ намуданд.
Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.
лутфан, таваҷҷуҳ намоед, ки маълумот дар бораи рӯзи парвозҳо ва аз куҷо харидани билети ҳавопаймо, пас аз тартиб додани руйхати мусофирон эълон мегардад.
Тартиб додани руйхат тибқи муроҷиати шаҳрвандон ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. сурат мегирад.
Маълумот барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 Май 2020Ҳамватанони муҳтарам❗️
Рӯзҳои охир аз тарафи баъзе шахсони манфиатҷӯ ва ғаразнок дар бораи он, ки гӯё тавассути нақлиёти заминӣ, аз ҷумла автобусҳо, сафар намудан ба Тоҷикистон имконпазир аст, миёни шаҳрвандон маълумоти беасос ва нодуруст паҳн карда мешавад. Ҳамчунин, ҳолатҳое мушоҳида шудааст, ки нафарони тамаъҷӯ шаҳрвандонро фирефта намуда, барои сафар ба Тоҷикистон аз онҳо маблағ гирифтаанд.
Бинобар ин, аз ҳамаи шумо бори дигар эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ (автобус, таксӣ ва ҳар гуна мошинҳои дигар) худдорӣ намоед. Зеро сарҳадҳои давлатӣ миёни Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз эпидемияи дар натиҷаи сирояти коронавирус ба вуҷуд омада, ҳанӯз ҳам баста мебошад ва воридшавӣ ба қаламрави давлатҳои мазкур, аз ҷумла тавассути воситаҳои нақлиётӣ, манъ аст.
Ҳамватанони азиз, дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳо ва ё барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам, инчунин кушодашавии сарҳадҳо, шумо тавассути сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабардор карда мешавед.
Дар сурати ба миён омадани суолҳо ва барои гирифтани маълумоти зарурӣ, лутфан ба Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия бо рақамҳои телефонии зерин муроҷиат намоед:
ш. Москва:
?+7 (926) 411 09 61
?+7 (995) 501 87 33
?+7 (985) 740 02 12
?+7 (495) 690-41-86
ш. Санкт-Петербург:
?+7 (961) 611 16 17
?+7 (812) 490 47 46
ш. Уфа:
?+7 (347) 276 52 96
?+7(927) 231 71 71
?+7(927) 945 65 66
ш. Екатеринбург:
?+7 (922) 115 33 19
?+7 (343) 370 23 60
ш. Новосибирск:
?+7 (913) 487 38 22
?+7 (383) 349 59 70
Маълумот барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 Май 2020Бояд қайд кард, ки дар мавриди Федератсияи Россия дар марҳилаи аввал тамаркуз ба баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Федератсияи Россия тайи се моҳи охир қарор доранд, карда шудааст. Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Россия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.
Ҳамзамон, Сафорат иттилоъ медиҳад, ки айни замон масъалаи бозгардонии дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Россия дар баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ қарор дорад. Масъалаи мазкур аз фароҳам овардани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббӣ, вобастагӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, аз ҳамватанони дар Россия қарор дошта эҳтиромона хоҳишмандем, хабарҳоро роҷеъ ба парвозҳо ба самти Тоҷикистон дар сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Россия ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ пайгирӣ намоянд.
Дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб, хоҳишмандем тавассути телефонҳои доимиамалкунандаи Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия, ки дар зер нишон дода шудааст, тамос гирифта шавад.
+7 (926) 411 09 61
+7 (995) 501 87 33
+7 (985) 740 02 12
+7 (495) 690-41-86
ш. Санкт-Петербург:
+7 (961) 611 16 17
+7 (812) 490 47 46
+7 (347) 276 52 96
+7(927) 231 71 71
+7(927) 945 65 66
+7 (343) 370 23 60
+7 (913) 487 38 22
+7 (383) 349 59 70
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 75 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар пояи лавҳаи ёдгории “Боғи Ғалаба”-и пойтахт гулчанбар гузоштанд.
Дар ин маросим Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.
Дар ин маросим ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Федератсияи Россия ва мардуми бародари русро бо солгарди 75-уми ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик намуда, ба кишвари дӯст барору комёбӣ ва шукуфоӣ орзу карданд.
Таъкид гардид, ки ин ғалаба бо шарофати муттаҳидӣ ва шуҷоати тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омад.
“Рӯзи Ғалаба - иди муштараку мунаввари мост ва он барои қалбҳову ёдҳо пурарзиш мебошад” - таъкид намуданд Сарвари давлат.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки падарону бобоёни мо бо қаҳрамонии бемисл ва меҳнати зарбдори худ дар майдонҳои набард ва ақибгоҳ бароямон ҳисси доимии ифтихор, зиндагии пурсаодатро муҳайё карда, ба наслҳои оянда сулҳу озодиро фароҳам сохтанд.
Қаҳрамонию ҷоннисории пуршарафи онҳо ҳамеша дар хотираи мо ҷовидон хоҳад монд. Итминон дорам, ки Рӯзи Ғалаба минбаъд низ барои рушди муназзами муносибатҳои Тоҷикистону Россия хизмат хоҳад кард.
Дар рафти суҳбати самимӣ Сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия ҳамчунин як қатор масъалаҳои ҷории ҳамкории дуҷониба ва ҳалталаби шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Роҳбари кишвари Россияро бо Рӯзи Ғалаба таҳният гуфта, барояшон саломатию комёбӣ орзу карданд.
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба
08 Май 2020Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳамватанони азиз!
Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд.
Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осуда орзумандам.
Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад.
Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин, мардуми кишвар ба далериву корнамоӣ ва ҷонбозиҳои дар майдони набард нишондодаи фарзандони бонангу номуси худ арҷ мегузоранд ва ҳар сол ин санаи таърихиро ҳамчун рӯзи ғалаба бар фашизм таҷлил менамоянд.
Дар он солҳо беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.
Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст.
Мо дар оянда низ бо сарфарозӣ иброз хоҳем дошт, ки дар таъмини ғалабаи бузург дар баробари фарзандони дигар халқу миллатҳо ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон нақши арзишманд гузоштаанд.
Дар ин раванд, мо бо ифтихору эътимод иброз медорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол давомдиҳандагони анъанаҳои неки наслҳои калонсоли халқамон буда, бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш барои ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинон чун сипари боэътимоди мамлакат ҳамеша дар ҳоли омодабош қарор доранд.
Хусусан, дар охири асри бистум ва ибтидои садсолаи бисту якум таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои хатарноки сироятӣ амнияти давлатҳо ва халқҳоро халалдор намуда, мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари моро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ дучор сохтаанд.
Дар чунин шароит сабақҳои талхи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони мамлакат ҳамеша ҳушёру омода бошем.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.
Ҳамватанони азиз!
Тавре ки чанде пештар дар суханрониҳо ва муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон изҳор доштам, аз оғози ҳазораи нав ва махсусан, аз ибтидои соли 2020 вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам бо сабаби буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ, ҳам аз нигоҳи амнияти ҳар як давлат ва бехатарии саломативу ҳаёти шаҳрвандони он нисбат ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон хатарноку вазнинтар гардида истодааст.
Яъне имрӯз аҳли башар, аз ҷумла Тоҷикистони мо дар вазъи ниҳоят ҳассосу душвор қарор дорад.
Аз моҳи декабри соли гузашта бемории сироятии коронавирус аввал дар кишварҳои алоҳида ва дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми сайёра паҳн гардида, ҳоло сокинони дунёро ба ташвишу изтироби ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтааст.
Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози ба амал омадани вазъи зикршуда тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ кардани пайдоиши ин беморӣ амалӣ намуд.
Дар натиҷа мо чор моҳро дар шароити оромӣ паси сар кардем. Вале мутаассифона, охирҳои моҳи апрел вирус дар кишвари мо низ пайдо гардид ва то имрӯз садҳо нафар сокинони мамлакат ба он гирифтор шуданд.
Мо барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳоро сафарбар кардаем.
Табибон дар ҳамаи муассисаҳои тиббии бо ин мақсад махсусгардонидашуда барои табобати шахсони бемор шабу рӯз заҳмат кашида истодаанд, ки бо истифода аз фурсат ба ҳар яки онҳо сипосу миннатдорӣ баён мекунам.
Ва бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ ба савганди касбии худ содиқ мемонанд ва ба халқи Тоҷикистон софдилона хизмат мекунанд.
Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем.
Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем.
Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад.
Як масъалаи муҳимро борҳо гуфтаам ва бори дигар таъкид менамоям, ки саломатии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст ва аз риояи талаботи тозагиву беҳдоштӣ вобаста мебошад.
Дар навбати аввал зарур аст, ки тавсияҳои табибон, яъне тозагии дастҳо ва нигоҳ доштани фосила ҳангоми суҳбат ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ дар хона, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳангоми сайру гашт қатъиян риоя карда шаванд.
Дар хотир бояд дошт, ки ин беморӣ бевосита аз одам ба одам мегузарад, яъне сирояткунанда ё интиқолдиҳандаи вирус танҳо худи инсон аст.
Бинобар ин, мо бо риояи тозагӣ ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ бояд ҳамеша дар фикри худ ва аҳли оилаамон бошем ва нагузорем, ки вирус, пеш аз ҳама, дар байни аҳли хонадони мо пайдо шавад.
Такрор ҳам шавад, бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизамро даъват мекунам, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона заҳмат кашем, барои таъмин намудани рӯзгори худ ва ҳамватанонамон ҳарчи бештар маводи ғизоӣ истеҳсол кунем.
Мувофиқи таҳлилу пешгӯии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баъди сипарӣ шудани мавсими коронавирус бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, бекорӣ, камбуди ғизо ва болоравии нархҳо вазъият дар ҷаҳон боз ҳам вазнин мешавад.
Аз ин лиҳоз, мо бояд тамоми захираву имкониятҳои худамонро самараноку оқилона истифода карда, барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ кӯшиш намоем.
Хотирнишон месозам, ки агар мо ба таҳлукаву воҳима афтем, яъне аз вазъи имрӯза ба тарсу ноумедӣ гирифтор шуда, кор накунем ва маҳсулот истеҳсол накунем, зиёни чунин амали мо аз хатару зарари коронавирус бамаротиб бештар хоҳад шуд.
Муҳимтар аз ҳама, дар ин марҳалаи ҳассос мо бояд дасти якдигарро гирем, кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду бесаробон ва оилаҳои камбизоатро фаромӯш насозем, баръакс, дар ин шабу рӯзҳо ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем.
Умедворам, ки дар ин кори хайр соҳибкорони бонангу номуси мо ва дигар шахсони ватандӯсту саховатпеша мисли ҳарвақта пешсафу намуна хоҳанд буд.
Ҳамчунин, мо бояд табибонро, ки имрӯзҳо барои саломатии мардум шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд, дастгирӣ кунем.
Ҳамватанони азизи мо бовар дошта бошанд, ки мушкилоти имрӯза муваққатианд ва ҳатман паси сар мешаванд.
Мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам сахтарро борҳо аз сар гузаронидаанд ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем.
Мо бояд ба ояндаи неки худамон, фарзандонамон ва Тоҷикистони маҳбубамон умеди қавӣ дошта бошем.
Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон мушкилоти мавҷударо бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф месозанд ва тамоми нерӯи худро минбаъд низ ба самти ободии Ватани аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибихтиёри хеш сафарбар менамоянд.
Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам.
Бори дигар ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва халқи азизи Тоҷикистонро ба ифтихори 75 - умин солгарди ғалаба бар фашизм самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди кишвар саломатии бардавом, умри бобаракат ва барои Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.
Ҳафтоду панҷумин солгарди Ҷашни Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати интихоб ва таъин гардиданатон ба мақоми аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба шумо дар иҷрои салоҳияти пурмасъулиятатон барору комёбиҳо орзу менамоям.
Ҳамчунин, Рустами Эмомалиро ба муносибати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Раҷаббой ва Файзов Ёдгор Доёровичро ба ҳайси муовини аввал ва муовини Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуданашон табрик гуфта, ба онҳо низ барори кор мехоҳам.
Маҷлиси миллӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда, дар роҳи рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва таҳкими қонуният саҳми назаррас мегузорад.
Аъзои Маҷлиси миллии даъвати нав шахсиятҳои арзанда, соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ мебошанд.
Бовар дорам, ки онҳо бо сафарбар намудани нерӯи зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи худ дар рушди низоми қонунгузорӣ, боз ҳам беҳтар намудани сифати қонунҳо, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа нақши назаррас мебозанд.
Бахусус, мехоҳам таъкид намоям, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бо истифода аз ваколати конститутсионии худ ҳамчун субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд.
Онҳо бояд қонунҳоеро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки ба таҳкими истиқлолият, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла пешрафти соҳибкорӣ, беҳдошти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд.
Бо ин мақсад, аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва мутахассисону коршиносон ҳамкории густурда дошта бошанд. Қонунҳо дар чунин сурат санҷидаву пухта таҳия ва қабул гардида, ба ҷомеа ва давлат манфиати бештар меоранд.
Қонунҳо, ҳамчунин, бояд бо дарназардошти стратегияву барномаҳо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ, пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда шаванд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Татбиқи бевоситаи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи асосҳои конститутсионӣ, тамомияти арзии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум меҳвари асосии сиёсати давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.
Дар натиҷаи амалӣ гардонидани ин сиёсати созанда мо тавонистем бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда чандин консепсия ва стратегияву барномаҳои давлатиро таҳия ва роҳандозӣ намоем ва бо ин роҳ иқтисодиёти кишварро аз таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби дохиливу берунӣ эмин дорем.
Бо татбиқи ин сиёсат мо давлат ва ҷомеаро ба самти рушди устувору бонизом равона сохта, ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардидем.
Ман андешаҳои худро вобаста ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва роҳҳои пешрафти ояндаи кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуда, барои расидан ба ҳадафҳои созанда дар назди ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳо вазифаҳои мушаххас гузоштам.
Дар баробари ин, барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва ноил шудан ба ҳадафҳои олии милливу давлатӣ дар баробари тадбирҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳарчи бештар таҳкиму тақвият додани заминаҳои қонунгузорӣ омили муҳим ба шумор меравад.
Зеро қонун воситаи танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ мебошад.
Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллиро зарур аст, ки ҳангоми қабули қарорҳо ва таҳияву ҷонибдорӣ кардани қонунҳо заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва самаранокии онҳоро дар рушди шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва беҳдошти зиндагии мардум ҳаматарафа омӯзанд ва дар ин раванд, зарурат, аҳаммият ва сатҳу сифати амалишавии онҳоро низ аз мадди назар дур насозанд.
Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки ҳар яки шумо роҳбари ин ё он сохтору мақомоти давлатӣ, яъне хизматчии давлатӣ мебошед.
Аз ин лиҳоз, шумо бояд, пеш аз ҳама, вазифаҳои хизматии худро дар сатҳи баланд иҷро карда, ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат намоед.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати бисёр печидаву ногувор ва душвору хатарзо қарор дорад.
Мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, ҷангу низоъҳои қавмиву мазҳабӣ ва амалҳои террористиву экстремистӣ дар минтақаҳои мухталифи сайёра торафт бештар доман густурда, ба амнияту оромӣ ва суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳо хатар эҷод мекунанд.
Идома пайдо кардани чунин вазъият метавонад ба аҳли башар, бахусус, барои кишварҳои рӯ ба инкишоф пайомадҳои нохуши ҷиддӣ ба бор оварад.
Ман андешаҳои худро доир ба ин мушкилоти минтақа ва ҷаҳон борҳо, аз ҷумла аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ва чорабиниҳои сатҳи гуногун баён кардам ва ҷомеаи ҷаҳониро ба кӯшишҳои дастҷамъона барои истодагарӣ дар рӯ ба рӯи ин хатарҳои инсонӣ даъват намудам.
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Бо истифода аз фурсат, зарур мешуморам, ки таваҷҷуҳи шумо ва кулли сокинони кишварро ба як масъалаи бисёр ҳам муҳимми рӯз ҷалб намоям.
Пайдо шудану босуръат паҳн гардидани вабои коронавирус вазъи бе ин ҳам мураккаби ҷаҳонро боз ҳам мураккабу печида гардонидааст.
Ин беморӣ ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникиву технологӣ пешрафта зиёни сахти ҷониву молӣ расонида, имрӯзҳо боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Вазъият ба дараҷае нигаронкунанда аст, ки Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар ҳамаи 50 штати кишвари худ, яъне дар тамоми қаламрави мамлакат низоми “фоҷиа ё бадбахтии бузург” эълон кард.
Ҳукумати кишвар аз оғози сар задани ин вабо тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешид, то ки он дар кишвари мо паҳн нагардад ва ба мардуми мо сироят накунад.
Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо мо ба масъалаи ҳифзи саломатии мардуми худ эътибори аввалиндаҷа медиҳем. Масалан, дар доираи нақшаи корҳои созандагӣ ба ифтихори сисолагии истиқлолияти давлатӣ тайи солҳои 2018-2019 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ 253 муассисаи нави тандурустӣ бунёд ва 466 муассиса таъмиру таҷдид гардида, илова бар ин, то ҷашни бузурги миллиамон бунёди боз 163 муассисаи тандурустӣ ва таъмиру азнавсозии 125 муассиса ба анҷом расонида мешавад.
Зарур аст, ки иншооти зикршуда ба хотири пешгирӣ кардани ҳама гуна бемориҳо, дар навбати аввал, бемориҳои сироятӣ ва ҳимояи ҳарчи беҳтари тандурустии аҳолии кишвар самаранок истифода карда шавад.
Шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва дигар ниҳодҳои давлативу ғайриҳукуматиро зарур аст, ки дар ин лаҳзаҳои бисёр ҳассос ҳамкории худро бо Ҳукумати мамлакат дар самти беҳдошти вазъи ҷомеа ва пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мустаҳкам намоед ва дар доираи имкониятҳои худ чораҳои зарурӣ андешед.
Махсусан, аъзои Маҷлиси миллӣ, ки роҳбарии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаву корхонаҳоро ба уҳда доранд, бояд дар ин самт тамоми имконоту воситаҳоро истифода намоянд.
Мо умед дорем, ки кишварҳои ҷаҳон дар ҳамбастагӣ бар зидди ин вабо истодагарӣ мекунанд ва дар роҳи ба эътидол овардани вазъи беҳдоштиву тандурустии аҳли башар комёб мегарданд.
Ҳоло бемории коронавирус дар беш аз 200 кишвари дунё паҳн гардидааст.
Мо набояд аз ин, ки чунин беморӣ дар кишвари мо вуҷуд надорад, хушҳоливу хурсандӣ кунем. Мо набояд тамошобини рӯзҳои сахти дигарон бошем.
Баръакс, мо бояд ба он омода бошем, ки чунин озмоиши тақдир ё лаҳзаҳои душвор метавонанд дар кишвари мо низ ба вуҷуд оянд.
Аз ин лиҳоз, мо ҳамчун миллати бостониву соҳибфарҳанг бо мардумони мамолики дунё, хусусан, ҳамсояҳои наздики худ эҳсоси ҳамдардӣ дошта бошем ва дар доираи имкон ба онҳо дастгириву кумак расонем.
Як нуктаи бисёр муҳимро хотирнишон менамоям, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам бо сабаби буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодиву молиявӣ ва ҳам аз нигоҳи амниятиву бехатарии ҳар як давлат ва шаҳрвандони он аз оғози ҳазораи нав ва махсусан, аз ибтидои соли 2020 нисбат ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон рӯз ба рӯз вазнину хатарноктар гардида истодааст.
Дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем.
Ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони муҳтоҷ ёрмандӣ кунем ва бовар дошта бошем, ки ин рӯзҳо низ мисли давраҳои аз ин вазнинтар ҳатман мегузаранд.
Ҳамчунин, мардуми мо бояд як масъаларо хуб дарк намоянд, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ, яъне кишоварзӣ аст ва фаровонии маҳсулоти ғизоӣ ва дастурхони пури ҳар як оила аз заҳмати шабонарӯзии ҳамаи сокинони мамлакат, бахусус, кишоварзон дар ин рӯзҳои баҳорӣ вобаста мебошад.
Ба ёд биёрем давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонро.
Падару бобоёни мову шумо, дар шароите, ки техникаи кишоварзӣ вуҷуд надошт, бо даст киштукор карда, ҳам оилаи худашонро бо нон таъмин мекарданд ва ҳам ба ҷабҳаи ҷанг даҳҳо ҳазор тонна маводи ғизоӣ мефиристоданд.
Чунки вазъият ҳаминро талаб мекард. Имрӯз ҳам чунин вазъият ба миён омадааст.
Яъне имрӯз мо бояд заҳмат кашида, худамонро бо маводи ғизоӣ таъмин намоем.
Такроран хотирнишон месозам, ки имрӯз ҳатто кишварҳои аз лиҳози иқтисодиву технологӣ пешрафта, ғайр аз талафоти ҷонӣ, ба хисороти бузурги молиявӣ, яъне буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ гирифтор шуда истодаанд.
Иқтидору имкониятҳои иқтисодиву истеҳсолии мо, албатта, ба пояи онҳо нест, чунки мо захираҳои калони нафту газ надорем.
Бинобар ин, мо бояд ба таҳлука наафтем, ба воҳима дода нашавем, баръакс, босабру таҳаммул бошем, фидокорона ва аҳлона кор кунем, заҳмат кашем, кишту кори баҳориро сари вақт ва босифат анҷом диҳем, зеро бори дигар таъкид месозам, ки таъминоти ҳар як оила ва сатҳи зиндагиву рӯзгори сокинон бевосита аз заҳмати ҳаррӯзаи худамон вобаста аст.
Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем.
Дар солҳои бисёр душвори 90-ум, ки ба мардуми мо гуруснагӣ таҳдиди воқеӣ дошт, бо фармонҳои Президенти мамлакат аввал моҳи октябри соли 1995-ум 50 ҳазор гектар ва бори дуюм моҳи декабри соли 1997-ум 25 ҳазор гектар замин ба сокинони кишвар тақсим карда дода шуд.
Ин заминҳо, ки онҳоро ҳоло халқ «замини Президентӣ» меномад, сабаб шуданд, ки мардуми Тоҷикистон аз гуруснагӣ раҳо ёбанд.
Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр ҷойҳо заминҳои Президентӣ ва наздиҳавлигӣ солҳои дароз бекор мемонанд. Ин нишонаи фориғболӣ ва ношукрист.
Ҳол он ки аз чунин заминҳо барои таъмин намудани оилаи худ картошка ва дигар навъи зироатҳо, яъне маҳсулоти ғизоӣ гирифтан мумкин аст.
Дар ин раванд, бисёр зарур аст, ки ба масъалаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавассути бунёди коргоҳу корхонаҳои нав суръат бахшидан ба рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, таъсиси гармхонаву сардхонаҳо барои истеҳсол ва захираи меваю сабзавот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳем.
Имрӯз дар минтақаҳои ҷануби кишвар, яъне вилояти Хатлон сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз пухта расидааст.
Мо бояд ба кишоварзон дар ҷамъоварии ҳосил, таъмини бозори истеъмолӣ, пеш аз ҳама, бозори дохилӣ бо сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза ва содироти он кумак расонем.
Дар иҷрои ин корҳо ҳамаи мо – роҳбарону масъулони зинаҳои гуногуни давлатӣ, сарфи назар аз он ки дар кадом вазифа кор мекунем ва тамоми хизматчиёни давлатӣ масъулияти шахсӣ дорем.
Соҳибкорони бонангу номуси мо низ бояд дар бобати ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, барои ҳамватанонамон муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари молу маҳсулот ва дар навбати аввал маводи ғизоӣ, таъминоти бозори дохилӣ бо молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва афзоиш додани ҳаҷми содирот мисли ҳарвақта ташаббускор ва пешсафу намуна бошанд.
Дар ин раванд ҳамаи мо бояд як масъалаи бисёр муҳимро дар назар дошта бошем, ки солҳои 2020 – 2021 аз лиҳози иқтисодӣ ва молиявӣ давраи ниҳоят мураккаб мешаванд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи мо ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар тамоми шаҳру ноҳияҳо таҷлил кардем.
Акнун зарур аст, ки ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, раванди созандагиву бунёдкорӣ, кишти баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзиро вусъат бахшем.
Фаромӯш набояд кард, ки агар мо ба тарсу ҳарос ва воҳимаю таҳлука афтода, кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз хисороти бемории коронавирус бештар хоҳад шуд.
Яъне зарари тарсу воҳима аз ҳар ҷиҳат аз худи беморӣ зиёдтар шуда, боиси ба вуҷуд омадани қаҳтиву қиматӣ ва наҳс мегардад.
Ба ҷойи воҳимаю таҳлука мо бояд эҳтиёт бошем ва ба масъалаи тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат намоем.
Дар ҳоле, ки дар баъзе кишварҳо ҳар шабонарӯз 600-800 нафар одамон ба ҳалокат расида истодаанд, баъзе ҳамватанони мо ба риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва маслиҳату тавсияи мутахассисон бепарвоӣ зоҳир мекунанд.
Калонсолон ёд доранд, ки дар муддати қариб сад соли охир дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза бар асари чандин намуди вабо, аз ҷумла холера, оспа, тиф ва дигар бемориҳои сироятӣ одамони зиёд талаф ёфта, ҳатто деҳаҳои калон пурра холӣ, яъне бе одам монда буданд.
Мардуми Тоҷикистон дар таърихи начандон дури худ низ рӯзҳои аз ин душвору сангин – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дар дохили кишвар гуреза шудани садҳо ҳазор нафар одамон, гуруснагӣ, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятиро аз сар гузаронидаанд.
Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ беш аз як миллион нафар шаҳрвандони мо ба кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурданд, яъне гурезаи иҷборӣ шуданд ва зиёда аз 150 ҳазор нафари дигар ҳалок гардиданд.
Ҳол он ки дар давоми қариб ҳафт соли Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафта, 100 ҳазори онҳо ҳалок шуда буданд.
Илова бар ин, хотирнишон менамоям, ки мо бояд аз маъракаҳои зиёдатӣ ва хароҷоти беҳуда худдорӣ кунем, ба исрофкорӣ, хусусан, исрофи нон ва дигар маводи ғизоӣ қатъиян хотима бахшем ва ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, ҳарчи беҳтар бо ғизои босифат таъмин намудани оилаи худ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ беэътиноӣ накунем ва фаромӯш насозем, ки зиёдаравӣ ва зоҳирпарастиву исрофкорӣ боиси касодӣ ва нохушии рӯзгори ҳар як хонадон мегардад.
Мутаассифона, баъзе шахсон дар ҷомеаи мо азобу маҳрумият ва мушкилоту мушаққатҳои солҳои 90-ум, алалхусус, азоби бенониву гуруснагиро фаромӯш кардаанд ва ношукрӣ мекунанд.
Такроран таъкид менамоям, ки ҳанӯз ҳам баъзан шахсони мансабдор, соҳибкорон, ходимони дин ва модарону бонувони муҳтарами мо ба зиёдаравӣ, исрофкорию зоҳирпарастӣ ва ташкили маъракаҳои беҳудаву зиёдатӣ роҳ медиҳанд.
Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки Прокуратураи генералӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони Ҳукумат дар маҳалҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулон ва аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ, фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» тадбирҳои қатъии иловагӣ андешанд.
Бо истифода аз минбари мақоми олии қонунгузор пешниҳод менамоям, ки сохтору мақомоти дахлдор доир ба пурзӯр кардани ҷавобгарии маъмурӣ, яъне баланд бардоштани меъёри ҷарима барои вайрон кардани талаботи қонуни зикршуда чораҷӯӣ намоянд.
Инчунин, ҷараёни иҷрои дигар қонуну қарорҳо ва амру фармонҳои Роҳбари давлатро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, иҷрои ҳатмии онҳоро таъмин намоянд.
Илова бар ин, моро зарур аст, ки мувофиқи дастуру тавсияҳои мутахассисон амал намоем, ба тозагии манзили истиқоматӣ, яъне хонаву дари худ, маҳалли зист, риояи тарзи ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддисироятӣ эътибори фавқулода диҳем ва бо ҳамин роҳ ҳам худамон ва ҳам дигаронро аз ин хатар эмин дорем.
Бори дигар таъкид месозам, ки саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст.
Вобаста ба вазъи баамаломада ба шахсони аз 65-сола боло тавсия дода мешавад, ки як вақти муайян бидуни зарурат аз хона дур нараванд, ҳамроҳи аҳли оилаи худ бошанд ва онҳоро сарварӣ кунанд.
Мо қариб чор моҳро паси сар кардем ва бояд бо сабру таҳаммул моҳҳои апрелу майро низ тинҷу ором гузаронем.
Дигар ин, ки зиндагӣ мубориза аст ва дар ин мубориза касе дастболо мешавад, ки ақлу заковати худро ба кор мебарад, алалхусус, дар давраҳои ҳассосу вазнин саъю талоши бештар ба харҷ медиҳад, заҳмат кашида, аҳли оилаи хеш ва мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин мекунад, сарфаю сариштакорӣ, сабру таҳаммул ва оромиву тамкинро бештар риоя менамояд.
Ҳоло дар кишвар таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳар рӯз вазъи ҷориро вобаста ба тадбирҳои таъмини бехатарии саломатии шаҳрвандон, чораҳои пешгирикунанда, таъминот бо озуқаворӣ, доруворӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ карда истодааст.
Илова бар ин, намояндагони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президент ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳо сафарбар шудаанд, ки онҳо якҷо бо роҳбарони сохтору мақомоти маҳаллӣ бо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкиливу пешгирикунанда машғуланд.
Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, барои пойдории сулҳу субот, амнияти давлат, оромии ҷомеа ва пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон тамоми имконият ва нерӯи мавҷудаи худро сафарбар намоем.
Мо аз душвориҳои муваққатӣ набояд ҳаросем, саломатии худ ва наздиконамонро эҳтиёт кунем, ташаббускору сарвар, муттаҳиду сарҷамъ, нисбат ба ҳамдигар ғамхору меҳрубон бошем ва дар ҳама ҳолатҳои душвору вазнин якдигарро дастгирӣ намоем.
Мо минбаъд низ ҳамкориҳои судмандро дар ин ҷода бо кишварҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздики худ, шарикони стратегӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ идома ва густариш медиҳем.
Вобаста ба ин, сиёсати иқтисодӣ ва роҳҳои амалисозии он бо дарназардошти ҳолати кунунии минтақа ва ҷаҳон, дигаргуниҳои дар муносибатҳои байналмилаливу байнидавлатӣ бавуҷудомада роҳандозӣ шуда, барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар асоси манфиатҳои кишварамон тарҳрезӣ ва иҷрои онҳо таъмин карда мешавад.
Барои ҳарчи бештар пайвастан ба иқтисоди ҷаҳонӣ, истифода аз техникаву технологияҳои пешрафта ва дар ин замина таъмин кардани рушди иқтисоди миллӣ моро зарур аст, ки барои босифат ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани қонунҳо мунтазам чораҷӯӣ намоем.
Бо мақсади вусъати бештари корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ҳамкории Маҷлиси миллӣ бо табақаҳои мухталифи ҷомеа, ҳизбҳои сиёсиву ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд боз ҳам тавсеа бахшида шавад.
Мо нақши Маҷлиси миллиро дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, қонуният ва тартибот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти фазои ҳуқуқии кишвар назаррас арзёбӣ мекунем.
Умед аст, ки ҳайати нави Маҷлиси миллӣ низ бо истифода аз донишу таҷрибаи худ дар ин самт кӯшиши бештар анҷом медиҳад.
Дар ин ҷода, аъзои Маҷлиси миллӣ, бахусус, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти масъалаву мушкилоти мавҷуда ҷиҳати ҳалли онҳо ва дигар масоили зиндагии мардум бояд ба қонунгузории кишвар дигаргуниҳо пешниҳод кунанд ва дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дар ин самт низ саҳмгузор бошанд.
Илова бар ин, аъзои Маҷлиси миллӣ бояд ба масъалаи таъмини риояи талаботи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътибори ҷиддӣ диҳанд, бо мардум аз наздик ҳамкорӣ кунанд ва дар ҳалли мушкилоти онҳо кумак расонанд.
Инчунин, барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва сазовор гузаронидани ҷашни бузурги миллиамон - сисолагии истиқлолияти давлатӣ мо бояд тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ созем.
Дар ин самт раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону тоҷирон ва сокинони пешкору созанда тамоми саъю талоши худро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳру деҳоти Тоҷикистони азиз сафарбар намоянд.
Бовар дорам, ки шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ салоҳияту ваколат, донишу маҳорат ва нерӯи худро дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои олии милливу давлатӣ равона месозед, дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон, пешрафту ободии Ватани азизамон ва ба сатҳи шоиста расонидани зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон ҳиссаи арзанда мегузоред.
Роҳбарияти нави Маҷлиси миллӣ - Раис ва муовинони ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор, ки мардум ба онҳо бовар кардааст, дар ин ҷода масъулияти даҳчанд доранд ва вазифадоранд, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, махсусан, дар ободии пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе пешсафу ташаббускор бошанд.
Шумо бояд, пеш аз ҳама, дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ намунаи ибрат бошед.
Дар ин роҳ ба ҳар яки шумо барору комёбӣ орзу менамоям.
Сиҳатманду сарбаланд бошед!
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози музокирот Сарвари давлати мо аз номи мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ба Президенти Федератсияи Россия барои дастгирӣ ва кумаки башардӯстона, аз ҷумла бо воситаҳои тестӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ дар даврони барои ҳама душвор арзи сипос намуданд.
Ба ин муносибат Президенти Тоҷикистон аҳаммияти амалҳои муштараки минбаъдаро ҷиҳати расонидани мусоидати фаврӣ ба якдигар таъкид карда, иброз доштанд, ки “Дар ин рӯзҳои вазнин мо бояд чун пештара ҳамдигарро дастгирӣ намоем”.
Зимнан, ҷонибҳо атрофи вазъи дар пасманзари хатари паҳншавии фаромарзии пандемияи коронавирус дар ҳар ду кишвар баамаломада мубодилаи иттилоъ анҷом доданд.
Президенти Тоҷикистон ба талошҳои саривақтии роҳбарият ва Ҳукумати Россия дар ҷодаи гирифтани пеши роҳи паҳншавии вируси сироятии хатарнок баҳои баланд дода, матонати табибони Россия, ки дар ҷабҳаи аввали мубориза бо пандемия дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он қарор доранд, ҳамчунин чораҳои дар кишвар ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андешидашавандаро бахусус қайд карданд. Изҳори итминон карда шуд, ки Россияи дӯст бо такя ба иқтидорҳои хеш ин санҷиши ҷиддиро низ паси сар хоҳад кард.
Дар рафти сӯҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории ҳамкории дуҷониба ва ҳалталаби шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро баррасӣ намуданд.
Россия имрӯзҳо шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Вобаста ба ин Президенти Тоҷикистон ҷараёни рушди боустувори ҳаҷми мубодилаи молро миёни ду кишвар дар соли гузаштаву семоҳаи соли ҷорӣ ва зарурати дар оянда низ нигоҳ доштани ин раванди мусбатро ба таври хосса таъкид карданд.
Ҳамчунин, ба муҳиммияти идомаи ҳамоҳангии талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар чорчӯбаи ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ишора карда шуд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ Сарвари давлати мо иқдоми ҷониби Россияро ҷиҳати барои муҳоҷирони меҳнатӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои тамдиди мӯҳлати будубошашон дар кишвар ба таври мусбат арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳаммияти калидии таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ таъкид гардид.
Дар ин зимн ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои низомиву техникӣ ва ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон, инчунин идомаи шарикии самарабахш дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.