Бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ, паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус (COVID-19) ҷиҳати оғози низоми фуруши озоди билети ҳавопаймоҳо барои парвозҳои чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия аз 16 ноябри соли 2020 қарор қабул намуд.
Ҳамзамон, бинобар минбаъд зарурат надоштани тартибдиҳии рӯйхати гуруҳҳои осебпазири шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шомил намудан ба хатсайрҳои интиқолӣ, кори комиссияҳои махсуси назди Сафорат ва консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия қатъ карда мешавад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд билетҳо барои парвозҳои мазкурро аз нуқтаҳои расмии фурӯши ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Россия харидорӣ намоянд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ҷиҳати ​ дар фурсатҳои наздик ҷорӣ намудани низоми интернетии фурӯши билетҳо муроҷиат намудааст.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонем, ки ҳангоми бозгашт ба Ватан, бояд бо худ маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани сирояти коронавирусро дошта бошанд (бо мӯҳлати на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) пеш аз воридшавӣ ба Тоҷикистон).
Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди чунин маълумотнома озод мебошанд.
Билетҳоро ​ барои ​ парвозҳои чартерӣ дар нуқтаҳои​ расмии​ фурӯши​ ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, ки​ унвониашон дар​ зер​ оварда​ мешавад, метавон дастрас намуд:
ш.Москва - Фурудгоҳи​ байналмилалии​ "Домодедово"​, кассаи билетфурӯшии​ №88,
тел:​ 89295994541;
ш.Москва - Фурудгоҳи​ байналмилалии​ "Домодедово"​, кассаи билетфурӯшии​ №​40,
тел:​ 89295994541;
Вилояти Москва,​ ҳавзаи​ шаҳрии​ Домодедово, километри 40-ум А-105, бинои 3, меҳмонхонаи​ Ибис,
тел: 84956400451.
ш.Москва,​ 2-я Тверская-Ямская, хонаи​ 40/3,​ бинои​ 1​ Меҳмонхонаи​ Тоҷикистон (Гостевой дом Таджикистана),
тел:​ 89264550055;
ш.Санкт-Петербург, Фурудгоҳи​ Пулково,​
тел:​ 89775205886
ш.Санкт-Петербург, Хиёбони​ Московский, Литер А, хонаи 7,​ ҳуҷраи​ 40N,
тел: 89775205886;
ш.Новосибирск - Фурудгоҳи​ байналмилалии​ Новосибирск​ (Толмачево),
тел:​ 891611335998, 89035120420​
ш.Екатеринбург - к.Техническая, хонаи 35,
тел:​ 891756811253;
ш.Красноярск - Фурудгоҳи​ байналмилалии​ Красноярск, ​
тел:​ 891611335998, 89035120420;
ш.Иркутск -​ шаҳраки​ Ангарск,​ маҳаллаи​ 11,​ хонаи​ 19,​ дафтари кории​ №4,
тел:​ 891611335998, 89035120420​
ш.​ Қазон​ - Фурудгоҳи​ Қазон,​
тел:​ 89035120420;
ш.Уфа​ - Фурудгоҳи​ байналмилалии​ Уфа,​
тел:​ 89035120420;
ш.​ Сургут - к.​ Георгий​ Кукуевитский 15/1,​
тел:​ 89035120420;
ш.Краснодар - Фурудгоҳи​ байналмилалии Краснодар,
тел:​ 89175681253.53.

10 ноябри соли 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Сафири Ҷумҳурии Литва дар Федератсияи Россия Эйтвидас Баярунас баргузор шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушду таъмиқи ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо баррасӣ шуд.
Ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми сӯҳбат, ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷӯҳ иброз намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди кишварро самимона табрик мегӯям.
Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳибихтиёрӣ, истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд.
Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд.
Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.
Қобили зикр аст, ки дар кишвари мо маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид.
Мо бо роҳи гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ то имрӯз дар самтҳои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, демократикунонии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву фарҳангӣ, таҳкиму тақвияти низоми давлатдории миллӣ ва аркони бунёдии он ба дастовардҳои басо арзишманди таърихӣ ноил гардидем.
Тибқи Конститутсия давлати мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эълон гардида, имрӯз тавассути ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши арзанда мегузорад.
Бахусус, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ боиси дастгирии ҷомеаи башар гардидаанд.
Ҳамзамон бо ин, чунонки солҳои охир мушоҳида мешавад, дар баъзе кишварҳои олам давлат ва ҷомеа бо сабаби сарфи назар гардидани арзишу меъёрҳои Конститутсия ва риоя нашудани муқаррароти қонунгузорӣ ба буҳронҳои шадид ва мушкилоти сангини сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда истодаанд.
Дар чунин шароит Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои Конститутсияи худ сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ мекунад, ба соҳибихтиёриву истиқлоли ҳамаи давлатҳои ҷаҳон эҳтиром мегузорад ва муносибатҳои худро бо кишварҳои олам дар асоси меъёрҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ рушду тавсеа мебахшад.
Дар ин раванд, зарур аст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар ба Конститутсия ҳамчун бахтнома ва санади оливу мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу фардои давлат ва ҷомеа муносибат намоянд, моҳияти иҷтимоии онро амиқан дарк кунанд, ба он эҳтиром гузоранд ва ба хотири тараққиёту инкишофи давлату давлатдорӣ саъю талош намоянд.
Зимнан, хотиррасон месозам, ки Конститутсия халқи Тоҷикистонро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст.
Соли ҷорӣ дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз дар асоси Конститутсия сурат гирифтанд, далели равшани дар ҷомеаи мо таъмин будани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, фарҳанги баланди сиёсӣ, мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар гардид.
Имрӯз вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон кӯшиши боз ҳам бештар ба харҷ диҳем.
Мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, иттиҳоду сарҷамъӣ, риояи меъёрҳои Конститутсия ва муқаррароти қонунҳо, яъне таъмин намудани волоияти қонун зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои ояндаи халқамон як мулки орому осуда ва давлати пешрафтаро ба мерос гузорем.
Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту иқболи нек, сулҳу оромӣ ва ба кишвари азизамон пешравию комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

6 ноябр дар Ватани азизамон Тоҷикистон ва аз ҷониби ҳамватанон, ки дар кадом гӯшаю канори дунё набошанд, бо ифтихор ва дар руҳияи ватандӯстӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Конститутсия ба сифати қонуни асосӣ дар низоми давлатдории муосири тоҷикон, дар таърихи давлати мо саҳифаи наверо боз намуд.
Қабули Конститутсия барои гузариш ба марҳилаи рушд, яъне ба сӯи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу устувории ваҳдати миллӣ роҳнамо гардид.
Барои мо мояи ифтихор аст, ки дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи шумо, ҳамватанонро, ба муносибати яке аз ҷашнҳои барои миллат муқаддас, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрик бигӯем ва бо таманнои саодатмандӣ дар хонадони шумо, барои Тоҷикистони азиз сулҳу осоиши пойдор, идомаи пешрафтҳо ва пирӯзиҳоро орзӯ намоем!

5 ноябри соли 2020 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандони Намояндагии дипломатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муҳими давлатӣ табрик намуда, аҳамияти қабули Конститутсияро ба сифати як санади тақдирсози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қайд кард. Таъкид гардид, ки маҳз Конститутсия барои бунёди давлати соҳибихтиёри демократию ҳуқуқӣ ва дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи мустаҳкамро фароҳам овард.
Дар зимн И.Сатторов нақши муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон, истиқлолият ва тамомияти арзии он, инчунин татбиқ ва риояи қонуни асосии давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонҳо ва шаҳрвандон махсусан қайд намуд.

30 октябри соли 2020 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмӣ баргузор гардид.
Хотиррасон бояд намуд, ки рӯзи 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Маросими мазкур дар Қасри Миллат, Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии афроди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти кишвар дар толори оинабандии Қасри Миллат, бо супурдани шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода оғоз ёфт.
Ҳамзамон бо супурдани шаҳодатнома Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ба Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Дар толори Кохи Сомон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҷаласаи якҷояи сеюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашумро ифтитоҳ карда, якҷоя ҳозир шуданд.
Дар толор ҳамчунин аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намоядагони аҳли ҷомеа ҳузур доштанд.
Қатори мошинҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ёд кардани савганд аз Қасри Миллат ҷониби Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат намуданд.
Дар ин вақт Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби афсарону сарбозони Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки либосҳои идонаи низомӣ ва шамшерҳои аз ниём кашида доштанд, ба толор зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ворид карда шуд.
Дар болои шоҳсуфа Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби рост ва аз ҷониби чап Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи рангҳо ва андозааш монанди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар маркази он тасвири Дирафши Ковиён омадааст, ки он нишони хос ва босуботи давлатдории миллӣ аз даврони қадим аст.
Дар қисми болоии Дирафши Ковиён найза тасвир ёфтааст, ки рамзи ирода ва қудрати ҳифзи давлат мебошад.
Қисмати чаҳоргонаи Дирафши Ковиён - чаҳор тарафи ҷаҳонро таҷассум мекунад, ки рамзи равобити нек, дустӣ ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои олам аст.
Дар дохили Дирафши Ковиён - чаҳор шохаи марғула дар даври хуршед ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, даври замин ва аносири коинот дар атрофи хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошанд.
Дар маркази Дирафши Ковиён шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат дар заминаи осмони кабуд тасвир ёфтааст.
Дар болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.
Дирафши Ковиён бо ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳарду ҷониби Ливо дастдӯзӣ гаштааст.
Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази зарринро дорад.
Сипас, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сипоҳиёни Горди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ба толор ворид карда шуда, дар паҳлӯи рости минбар гузошта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба назди Кохи Сомон расида, ба толори тантанаҳо раҳсипор гардиданд.
Дар ду ҷониби роҳрав аз даромадгоҳи бино сар карда, то даромадгоҳи толор сипоҳиёни Қаровули фахрӣ саф кашидаанд.
Аз ҷониби чапи даромадгоҳи толор оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсароён ҷой гирифтаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толори тантанаҳои савгандёдкунӣ зери оҳанги мутантан ва марши ифтихорӣ ворид шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба болои шоҳсуфа баромада, мутобиқи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти рост ба болои Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд карданд.
Баъд аз ин Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои оркестри симфонӣ ва ҳамсароён ва аҳли толор ба таври зинда садо дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ин лаҳза ба марҳилаи нави роҳбарии давлат расман ворид шуданд, дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.
Баъди анҷоми суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери садои мусиқии ифтихорӣ ва кафкӯбии бардавоми ҳозирин ба маросими гулгузорӣ ба пояи Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва савганди садоқат ёд намудани афроди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони Дӯстии пойтахт раҳсипор шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мошин хамроҳи эскорти мотосиклҳо ба хиёбони Рудакӣ баромаданд.
Дар майдони Дӯстӣ ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф ороста буданд.
Қофилаи мошинҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи пайкараи Исмоили Сомонӣ, ки ҷузъи марказии муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст, қарор гирифт.
Дар ин ҷо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат - Вазири мудофиа, Вазири корҳои дохилӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Фармондеҳи Горди миллӣ, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти марбута низ бо либоси ҷашнӣ саф кашиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мошин фурӯд омада, ба сӯйи Муҷассама равон шуданд. Пешопеш афсари горди фахрӣ ва ду нафар сипоҳиён гулчанбарро бардошта, бо қадамҳои низомӣ пеш мераванд.
Баъди гузоштани гулчанбар ва лаҳзаи хомӯшӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърихи пурифитихори давлатдории миллӣ бо нимтаъзим ба Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо оварданд.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар бораи омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба маросими савганди садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паради ҳарбӣ гузориш дод.
Баъди салому дуруд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, савганди садоқат ба Президенти кишвар ёд кардани фармондеҳон, афсарон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомии мамлакатро эҳёи яке аз суннатҳои бостонии давлатдории ниёгон ва омили собиткунандаи масъулияти бузурги фарзандии онҳо дар ҳимояи Ватани азиз ва давлату миллати худ маънидод карданд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нидои шодию қарсакзании ҳозирин Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ савганди тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба забон овард. Афроди Қувваҳои Мусаллаҳ якҷоя савганд ёд карданд.
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оркестри асбобҳои нафасии гарнизони ҳарбии Душанбе, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва кулли иштирокчиёни ин тантана зинда садо дод.
Ҳамзамон бо садо додани суруди миллӣ садои 30 шиллик аз тӯпҳо дар фазои пойтахти кишварамон танинандоз шуд.
Сипас бо амри фармондеҳи парад расми гузашти низомӣ оғоз ёфт.
Дар ин тантанаи бошукӯҳ беш аз 8 ҳазор ҳайати махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки шомили сохторҳои гуногуни низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти қудратии кишвар мебошанд, ширкат намуданд.
Онҳо бо қадамзании низомӣ аз назди минбар гузашта, бори дигар садоқати худро ба Президент ва давлати Тоҷикистон таъкид намуданд. Ин паради бошукӯҳ, ҳамчунин нишони омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баҳри ҳифзи музаффариятҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.
Бо ҳамин маросими тантанавии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷараён дошт, ба поён расид.
Мавриди зикри хос аст, ки ин чорабинӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо чунин тартиб бори сеюм ҷараён гирифта, аз эҳёи боз як оини бостонии давлатдории ниёгонамон гувоҳӣ медиҳад.

29 октябри соли 2020 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов бо Сафири Черногория Милорад Шчепанович баргузор шуд.
Зимни мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд. Ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо тасмимҳои тарафайн ҷиҳати мусоидат ба фаъол намудани раванди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Черногорияро тасдиқ намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Дирӯз 11 -уми октябри соли 2020 дар кишвари азизи мо боз як чорабинии муҳимму сарнавиштсози таърихӣ – интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Аксари интихобкунандагон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйи худро ба тарафдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доданд.
Ба ин муносибат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мардуми Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ва дастгирӣ намудани номзадиашон самимона изҳори сипосу миннатдорӣ мекунанд.
Пешвои миллат, ҳамчунин, бо қаноатмандиву ифтихор хотирнишон месозанд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба тантанаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, нишонаи олии фарҳанги баланди сиёсиву мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар, инчунин, ба далели равшани дастгирии гарму самимона аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони Тоҷикистон табдил ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, таъкид мекунанд, ки интихоботи доиргардида ҳамчун рамзи сулҳу суботи комили сиёсии кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик, бешубҳа, боиси боз ҳам баланд гардидани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.
Дар баробари ин, Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, бори дигар хурду бузурги мамлакатро даъват мекунанд, ки раванди корҳои ободониву созандагиро барои истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон вусъат бахшида, бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи худ дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани некӯаҳволии сокинони мамлакат саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд.

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии комилатон дар интихоботи президентӣ қабул фармоед.
Натиҷаҳои овоздиҳӣ нуфузи баланди сиёсӣ ва аз ҷониби ҳамаи мардум дастгирӣ намудани роҳи Шуморо, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими мавқеи байналмилалии он нигаронда шудааст, пурра тасдиқ менамоянд.
Мо ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ бо Тоҷикистон аҳамияти калон медиҳем. Мехоҳам алоқамандии худро ба идомаи ҳамкории зичи муштарак ҷиҳати афзун гардонидани тамоми маҷмӯи робитаҳои дуҷонибаамон бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти мо ва ба хотири таъмини сулҳу амонӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ таъкид намоям.
Сидқан ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти сермасъулатон дар маснади Сарвари давлат комёбиҳои навин, ҳамчунин саломатии қавӣ ва некӯаҳволӣ таманно дорам”.

Субҳи барвақти имрӯз, 11 октябр, дар участкаи интихоботии Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар шаҳри Москва, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавию идона шурӯъ гардид.
Раиси Комиссияи участкаи интихоботӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Сатторов, дигар аъзоёни Комиссия ва кормандони Сафорат аввалин иштироккунандагони интихоботро хайра мақдам гуфтанд.
Ёдрас менамоем, ки участкаи интихоботии Сафорати Тоҷикистон дар Россия бо риояи ҳамаи меъёр ва талаботи беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, барои қабули теъдоди бешумори овоздиҳандагон омода аст ва шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд то соати 20-00 дар интихобот иштирок намоянд.

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки​
11 октябри соли 2020 аз соати 08:00 то 20:00, дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва,​
воқеъ дар кӯчаи Гранатний 13, интихоботи​
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ин робита, шумо ва аъзоёни оилаатонро, ки ба синни 18 расидаанд, барои иштирок дар интихоботи​
Президенти Тоҷикистон даъват менамоем.
Лутфан, бо худ гирифтани шиносномаро фаромӯш насозед.
Иштироки Шумо дар интихобот – иштирок дар ҳаёти сиёсии Ватани азизамон ва саҳми Шумо дар таъмини ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад!
Бо эҳтиром,​
Сафорати Тоҷикистон​
дар Федератсияи Россия ​
Суроға:
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Россия, шаҳри Москва,
Гранатний 13 (метро Баррикадная),
тел: ​ +7 (495) 690-41-86

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои-аъзои СҲШ, 10 сентябри соли 2020 дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия бо роҳбари намояндагии дипломатӣ, дипломатҳо, инчунин намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон дар Россия машварати корӣ баргузор кард.
Дар он мулоқот аз ҳозирин барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабинии сиёсии дар пешистода даъват ба амал оварда шуда, дар ин росто ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ бо ҳамватанон таъкид гардид.
Ҳамчунин таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои раванди фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан бо ҳавопаймоҳои махсус (чартерӣ) зоҳир гардида, барои боз ҳам такмил додани корҳо дар ин самт, дастурҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

9 сентябри 2020 дар шаҳри Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳайси раиси навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар рафти вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баромад намуд.
Дар суханронии худ С. Муҳриддин қайд кард, ки сарфи назар аз паҳншавии ҷаҳонии сирояти нави коронавирус, Русия дар давраи раёсаташ дар СҲШ ҳамкориҳои босамарро дар доираи Созмон таъмин намуд ва он ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалии иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Сарони кишварҳои узви СҲШ дар ш.Бишкек дар соли 2019 гузошта шуда буданд, имкон фароҳам овард.
С. Муҳриддин иттилоъ дод, ки вазифаҳои аввалиндараҷаи раёсати Тоҷикистон дар соли 2021, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рост меояд, масоили роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, тақвияти симо ва устувории мавқеи байналмилалии СҲШ, инчунин такмили заминаи ҳуқуқӣ гузошта мешаванд.
Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тазаккур дод, ки дидгоҳ, ҳадафҳо ва вазифаҳои раёсати Тоҷикистонро муфассал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ рӯнамоӣ хоҳанд кард.

8 сентябри соли 2020 дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарон ва фаъолони диаспораҳои тоҷик ва дигар ҳамватанони муқим аз аҳли илму фарҳанг баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов ҳамватанонро бо ин рӯзи таърихии муҳим самимона табрик намуда, таъкид намуд, ки истиқлолият барои ҳар як миллат заминаи мустаҳками ваҳдату давлатдорӣ, неъмати бебаҳо, ифтихори ҳар як шаҳрванд ва асоси рушд кишвар мебошад.
Ба вижа қайд гардид, ки имрӯз Тоҷикистон бо гомҳои устувор, зери ливои соҳибихтиёрӣ ва бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафтҳои беназир комёб мегардад.
Зимнан, бо тазаккур аз дастовардҳои муҳимтарини Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин нақши афзояндаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ қайд гардид. Дар ин замина, таваҷҷуҳи ҳозирин ба баргузории маъракаҳои ҳамчунон муҳими дар пеш истода дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар ҷалб гардид.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин раванди баргардонидани шаҳрвандонро ба Ватан дар шароити пандемияи коронавирус, ки он ба шарофати сиёсати оқилонаи Сарвари давлат ва ҳусни боэътимоду дӯстонаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия имконпазир гардид, қайд намуд.
Дар доираи ҷашни солгарди Истиқлолияти давлатӣ, фаъолони диаспораҳои тоҷик, соҳибкорон ва дигар шахсони хайрхоҳ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ бо ҳамватанон дар Россия ва кӯмак ба шаҳрвандон дар шароити пандемияи коронавирус, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

2 июли 2020 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар ибтидои суҳбат Сарвари давлати мо Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Федератсияи Русия сидқан табрик намуда, таъкид карданд, ки нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон дар он боз як далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ дар Русия пеша кардааст. Ҳамчунин қайд гардид, ки тағйироти конститутсионӣ ба раванди рушди босуботи кишвар такони тоза бахшида, ҳатман ба нафъи тамоми шаҳрвандони Русия хизмат хоҳанд кард. Дар ин зимн Президенти Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Русия сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу намуданд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон