1 апрели соли 2021 дар шаҳри Москва дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбаев баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода, перомуни муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва истифодаи захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ табодули афкор намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи таъйини ҳудуд ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ зоҳир шуд. Вазирони корҳои хориҷӣ зарурати истифодаи пурсамар ва фарогири имконоти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро таъкид намуданд. Дар ин росто, ҷониби Тоҷикистон бар зарурати идомаи музокирот дар ин самт танҳо дар асоси санадҳое, ки тамоми марҳилаҳои конститутсиониро гузаштаанд, инчунин риояи муқаррароти мувофиқашудаи пӯшиши иттилоотии натиҷаҳои вохӯриҳо дар ВАО дар асоси Низомнома доир ба ташкили кор ва тартиби бурдани гуфтушунидҳо доир ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кард.

Бо дарназардошти набудани заминаи меъёрию ҳуқуқие, ки масъалаҳои душаҳрвандиро байни Тоҷикистону Қирғизистон ба танзим дарорад, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаи ба тартиб даровардани раванди додани шаҳрвандиро, пеш аз ҳама ба аҳолии сокини минтақаҳои наздисарҳадӣ ба миён гузошт.

Дар поёни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ аҳаммияти ҳифз ва густариши бештари робитаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва бародарии байни Тоҷикистону Қирғизистонро таъкид карданд.

31 марти 2021 дар шаҳри Москва ройзаниҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ширкат намуд.

Намояндагони кишварҳои узв масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи ҷории Созмонро баррасӣ карда, таваҷҷуҳро ба ҳамкории ҷонибҳо баҳри татбиқи амалии қарорҳои аз ҷониби ниҳодҳои СААД қабулшуда ҷалб карданд. Бо дарназардошти чолишу таҳдидҳои муосири амниятӣ, табодули афкор атрофи чораҳои муштараки кишварҳои узв дар муқовимат ба он сурат гирифт.

Дар суханронии М.Ҳусейнзода ба рафти татбиқи пайгиронаи авлавиятҳои раёсати кунунии Тоҷикистон дар СААД ишора шуда, унсурҳои асосии он эълом гардиданд ва масъалаҳои алоҳида, ба вежа таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ қайд шуданд.

 

ИЗҲОРОТИ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин

дар назди намояндагони васоити ахбори омма аз натиҷаи Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”

 

Муҳтарам ҷаноби Вазир,

Ҳамкасбони гиромӣ,

Намояндагони васоити ахбори омма,

30 марти соли 2021 дар Душанбе Нуҳумин Конфронси вазирони "Қалби Осиё - Раванди Истанбул" бо иштироки кишварҳои ширкаткунанда, мададрасон ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳти унвони “Таҳкими иҷмоъ барои сулҳ ва рушд” дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид.

Мо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро бо таъкид ба дурнамои ҳалли мусолиматомези Афғонистон, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир баррасӣ кардем.

Мо ба пешбурди муколамаи байниафғонӣ, ки 12 сентябри соли 2020 дар Давҳа оғоз ёфт, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардем.

Дар музокирот инчунин масъалаҳои амалии густариши муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мубодилаи илму маориф ва лоиҳаҳои башардӯстона бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мо изҳор доштем, ки Афғонистон шарики муҳимми минтақаи мо аст.

Дар асоси анъанаҳои дӯстонаи таърихӣ кишварҳои минтақа ҷонибдори рушди муколамаи сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо Афғонистон мебошанд.

Мо нигаронии худро аз афзоиши ташаннуҷи вазъи амниятӣ, фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир дар Афғонистон, ба хусус дар минтақаҳои ҳаммарз бо кишварамон изҳор доштем.

Мо тасмим дорем, ки ҳамкориҳои созандаро бо Афғонистон ба манфиати истиқрори сулҳ дар ин кишвар, мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, пеш аз ҳама терроризм ва ҷинояткории марбут ба маводди мухаддир идома диҳем.

Баррасии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, транзитӣ-нақлиётӣ, энергетика, логистика ва фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт.

Равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа баррасӣ шуданд, аҳаммияти кӯшишҳои ҳамоҳангшуда дар иттиҳодияҳои умумии ҳамгироӣ таъкид шуд.

Мо самтҳои фаъолияти худро дар фароҳам овардани шароит барои мусолиҳаи миллии байниафғонӣ тасдиқ кардем. Мо ин талошҳоро дар тамос бо кишварҳои минтақа идома хоҳем дод.

Мо изҳори нигаронӣ кардем, ки сарфи назар аз оғози раванди гуфтушуниди байниафғонӣ, вазъ дар Афғонистон ноустувор ва ноором аст.

Афғонистон шарики муҳимми минтақавии мо мебошад, ки дар таърихи навини худ давраи душворро паси сар мекунад.

Тоҷикистон ба пешрафти раванди мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон ва хотима додан ба низои мусаллаҳонаи дарозмуддат дар ин кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Мо пайваста ҷонибдори ташаккули Афғонистон ба унвони як давлати босубот, мустақил ва холӣ аз терроризм ва маводди мухаддир ҳастем ва мехоҳем, ки он кишвар бо ҳамсоягонаш, кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон равобити хуб дошта бошад.

Дар Нуҳумин Конфронси Душанбе қарор қабул шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ расман ба узвияти “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” ба сифати созмони мададрасони байналмилалӣ пазируфта шавад.

Дар рафти Конфронс мо санади ниҳоии он - Эъломияи Душанберо, ки самтҳои ҳамкориҳои муштараки моро ҷиҳати овардани сулҳ ба Афғонистон муайян мекунад, ҳамоҳанг ва қабул кардем.

Ташаккур.

29 марти соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Словакия дар Федератсияи Россия Любомир Регак баргузор гардид.


Дар мулоқот масоили тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, хусусан масъалаи ҷалби сайёҳони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.


Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

24 марти соли 2021 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи: "Истиқлолият ва ҳамгироии илмӣ" дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид.


Дар кори Мизи мудаввар олимону коршиносони маъруфи беш аз 25 муассисаи илмию таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо, аз ҷумла Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Ф. Раҳимӣ, Директори Донишкадаи шарқшиносии Академияи илмҳои Россия А.К. Аликберов, Мудири Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Кафкази Академияи илмҳои Россия В.О. Бобровников, Директори Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африкаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов И.И. Абилгазиев, профессори Донишгоҳи Кент Е.Коростелева, Директори Форуми Кембриҷ оид ба Осиёи Марказӣ (Британияи Кабир) Др. С.Саксена, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Г.К. Ахметова, профессори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон О.П. Кобзева, мудири шӯъбаи Донишкадаи Беларус оид ба таҳлили низомӣ ва таъминоти иттилоотии соҳаи илмию техникӣ Е.С.Лиситса, инчунин намояндагони сафоратҳои Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон дар Россия иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо мусоидати фаъоли профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мунира Шаҳидӣ баргузор гардид.


Мизи мудаввар бо суханронии ифтитоҳии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов шурӯъ гардид. Роҳбари Намояндагии дипломатӣ бо таъкид ба арзишмандии Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик, қайд намуд, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ барои ташаккули ҷомеаи муосири демократӣ ва дунявӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар татбиқи дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фароҳамсозии шароити муносиб барои рушди устувори минбаъда, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва дастрасӣ доштани ҷавонон ба маълумоти олии босифат чӣ дар дохил ва чӣ берун аз кишвар, ба муваффақиятҳои беназир ноил гардид.


Дар ин замина, И.Сатторов зарурати тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамгироии байналмилалии илмиро ҷиҳати рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин фаъолияти фарогири кормандони илмӣ, ки бешубҳа боиси дастрасии бештари натиҷаҳои таҳқиқот ва коркардҳо ба ҷаҳониён, пайдоиши шаклҳо ва намудҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмӣ, технологӣ ва фановарӣ мегардад, таъкид кард.


Дар идомаи чорибинӣ, ки аз ҷониби доктори илмҳои фалсафа, дотсенти Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африкаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов Наргис Нурулло-Хоҷаева танзим (модераторӣ) гардид, оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ миёни намояндагони ҷомеаи илмӣ табодули афкор сурат гирифт. Дар ин росто, ташаббуси Сафорати Тоҷикистон аз сӯйи иштирокдорони Мизи мудаввар мақсаднок ва ба маврид арзёбӣ гардид.


Дар ин робита пешниҳод карда шуд, ки имконияти баргузории маҷмӯи чорабиниҳои муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни илмӣ, технология ва инноватсия бо мақсади табодули таҷриба ва андӯхтани донишҳои нав, рушди технологияҳо, инчунин такмил ва истеҳсоли маҳсулот аз самараи фаъолияти зеҳнӣ барои эҳтиёҷоти миллӣ ё фурӯш дар бозори ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.


Бо қаноатмандӣ аз сатҳи робитаҳои имрӯза, пешниҳод гардид, ки ҳамкориҳои минтақавӣ миёни муассисаҳои илмӣ боз ҳам тавсеа дода шавад, зеро ҳанӯз зарфиятҳои истифоданашудае ҳаст, ки татбиқи онҳо метавонад дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ ва табодули маълумот, ба манфиати ҷонибҳо хидмат намояд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

23 марти соли 2021 дар толори меҳмонхонаи «Radisson Collection Hotel Moscow»-и шаҳри Москва, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай чорабинии тантанавӣ баргузор кард.
Дар ин шоми нишоту суррур, дар саҳни толори меҳмонхонаи “Radisson Collection Moscow” аз ҷониби Сафорат намоишгоҳи таҷассумгари суннату оинҳои аҷдодии ҷашни Наврӯз ва зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд. Меҳмонони чорабинӣ бо истифода аз фурсати муносиб бо фарҳанги қадимаи миллӣ ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик шинос гардиданд.
Чорабинӣ бо суханронии табрикотии Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов шурӯъ шуд. Дар ибтидо, Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо такя ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз иброз дошт, ки Наврӯзи аҷам яке аз бузургтарин оини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиш то ба имрӯз, дар тӯли таърихи беш аз шашҳазорсола ҳуввияти таърихиву фарҳангии худро нигоҳ доштааст. Ҳамзамон, И. Сатторов афзуд, ки тибқи Қатъномаи қабулнамудаи СММ зиёда аз даҳ сол мешавад, ки ин ҷашни бостонии ниёгон ҳамчун иди байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар қаламрави бузурги кишварҳои ҳавзаи Наврӯз таҷлил мегардад.
«Наврӯз оғози зиндагии нав, ғалабаи қувваи некӣ бар бадиро ифода карда, ғояҳои инсонпарварӣ, меҳру шафқат, дӯстиву рафоқат ва таҳаммулпазириро тарғиб менамояд. Ин ҷашни ниёгонамон мардумро ба роҳи созандагӣ, муҳаббат ба табиат ва эҳтиром ба он раҳнамун месозад. Таълимоти абадзиндаи аҷдодонамон - "Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек" дар тӯли таҳаввулоти таърих то кунун ҳам ҷавҳари тарбияи ахлоқию маънавии инсонҳост”, - изҳор дошт роҳбари Намояндигии дипломатии Тоҷикистон.
Зимни суханронӣ И. Сатторов, инчунин роҷеъ ба рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон дар соли 2021 ба иштирокдорони чорабинӣ маълумот дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро ба ӯҳда гирифта, ният дорад, бо ҳифзи усулҳои муттасилӣ, дар асоси баробарҳуқуқӣ ва арзи эҳтиром ба манфиати ҳамаи давлатҳои аъзои СҲШ, дар таҳкими робитаҳои ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд, мусоидат намояд.
Роҳбари Намояндагии дипломатӣ ҳамчунин тазаккур дод, ки Тоҷикистон дар давраи раёсати худ ҷиҳати татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои гузошташуда, ҳамчунин таҳкими минбаъдаи муттаҳидии Созмон ва тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои савдо, молия, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетикаю кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва соҳибкории хурду миёна талош хоҳад кард.
Дар чорабинӣ намояндагони Шӯрои Федератсия, Думаи давлатӣ, вазорату идораҳои Россия, Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия ва инчунин роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишвари иқомат иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ ба меҳмонон барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш гардид. Ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик ҳозиринро дар фазои зебогӣ ва пурнишоти Наврӯз қарор дод.
Ҳамзамон, меҳмонон бо анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз, аз ҷумла бо яке аз рамзҳои Наврӯз - "Ҳафт син ва Ҳафт шин" шинос гардиданд.
Чорабинӣ дар фазои идона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.


Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

21 марти соли 2021 ҷашни Наврӯзи умумишаҳрии Москва дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия низ ширкат варзид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Департаменти сиёсати миллӣ ва робитаҳои байниминтақавии шаҳри Москва, дар ибтикор бо ташкилоти ҷамъиятии миллии шаҳри Москва, намояндагони ваколатдори минтақаҳои Россия ва сафоратҳои давлатҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор гардид.
Тамошобинон тавонистанд, ки дар ҷашни фосилавии Наврӯз тавассути пайвастшавӣ ба пахши мустақим дар торнамои чорабинӣ иштирок намоянд.
Барнома бо вуҷуди дар шакли маҷозӣ пешкаш гардидан, чун ҷашни муқаррарии наврӯзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҳия гардид. Дар он наворҳои видеоии диаспораҳои миллӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, марказҳои миллии фарҳангии шаҳри Москва, инчунин кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба намоиш гузошта шуд.
Намояндагони 13 диаспораи миллӣ бо фароҳам овардани фазои муносиби саршор аз рӯҳияи дӯстиву рафоқат, таровати баҳорӣ, шодиву нишоти ҳаёт хотири тамошобинонро шод гардониданд.
Зимни суханронии табрикотӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳамватанон ва дигар сокинон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро бо оғози Соли нави ниёгонӣ табрик гуфта, таманнои саломатии қавӣ, сарбаландӣ ва комёбиҳо намуд.
Чорабинии ҷашнӣ бо намоиши видеоии филми "Наврӯзи Москва. Таърихи ҷашн" оғоз ёфт, ки он роҷеъ ба рамзи муттаҳидӣ миёни тамаддунҳо ва халқиятҳо табдил ёфтани Наврӯз барои пойтахт нақл мекунад.
Дар бахши "Саҳни миллӣ" тамошобинон бо ғановат ва зебогии ҳунарҳои мардумӣ ошно гардида, аз маҳсулоти беназири ҳунармандони халқӣ, инчунин либосҳои миллии кишварҳои гуногуни дунё дидан намуданд.
Дар бахши намоишии "Бозиҳои миллӣ" оид ба бозиҳои анъанавии варзишии Наврӯз, аз ҷумла гуштигирии миллӣ ва пойгаҳи аспдавонӣ сухан рафт.
Дар бахши намоишии "Ғизои миллӣ" намояндагони диаспораҳо тамошобинонро бо вижагиҳои таомҳои миллӣ ошно карданд ва барои хоҳишмандон тарзи пухтани оши палав (мастер-класс) пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, ба меҳмонони чорабинӣ барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид, ки дар он беҳтарин гурӯҳҳои рақсиву овозхонии диаспораҳои миллии Россия ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҳунарнамоӣ карданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Наврӯзи Москва ба таври шоиста муаррифӣ гардида, чорабинӣ дар маҷмуъ дар сатҳи баланди касбию техникӣ ва фазои воқеан дӯстонаи наврӯзӣ баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

https://www.youtube.com/watch?v=2ZvICoEwZWI

21 марти соли 2021 дар толори варзишгоҳи “Лужники”-и шаҳри Москва бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии “Нур” ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳ доир гардид.
Дар чорабинӣ, ки аз ҷониби диаспораи тоҷикон ташкил гардид, намояндагони мақомоти давлатии Россия, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, васоити ахбори омма, инчунин ташкилоти ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни Россия ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо суханронии Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов шуруъ гардид. Зимни суханронии табрикотӣ Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳамватанон ва дигар сокинон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро бо оғози Соли нави ниёгонӣ табрик гуфта, таманнои саломатии қавӣ, сарбаландӣ ва пойдории сулҳу шукуфоӣ намуд.
Ба меҳмонони чорабинӣ намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла намунаи шоҳкориҳои ҳунармандони тоҷик – асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои миллӣ пешкаш гардид. Ҳамчунин таомҳои миллии ҷашнии тоҷикон, анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз, аз ҷумла рамзи асосии Наврӯз - “Ҳафт Син ва Ҳафт Шин”, ба маъраз гузошта шуд.
Зимнан, мусобиқаҳои анъанавии варзишӣ ба ифтихори Наврӯз, аз қабили волейбол байни дастаҳои мардона ва занона, гӯштигирӣ, тенниси рӯймизӣ ва дастхобонӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшид.
Меҳмонон хусусан аз барномаи консертии базми наврӯзӣ таассуроти ҷолибу нек бардоштанд. Мусиқии ноби тоҷикӣ, оҳангҳои дилнишин ва рақсҳои зебои духтарони тоҷик, ҳозиринро дар фазои зебогӣ ва пурнишоти Навруз қарор дод.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Ҳамватанони азиз!

Хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям.

Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин, ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.

Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад.

Ҳарчанд ки дар давраҳои гуногуни таърихи ташаккули худ ин ҷашн таҳти таъсири монеаву маҳдудиятҳои зиёд қарор гирифтааст, вале бинобар асолати табиӣ, арзишу аҳаммияти ҷовидонаи мардумӣ ва фалсафаи нерӯманд доштанаш зиндаву поянда монда, то замони мо расидааст.

Дар ҷаҳонбинии ниёгони мо Наврӯз таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад. Ва табиист, ки чунин суннати пурарзиши табиӣ ва инсондӯстонаву хайрхоҳона ба ҳеҷ гуна маҳдудият тобеъ намегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳавзаи тамаддунии Наврӯз дар тӯли таърихи дуру дарози мавҷудияти он қаламрави минтақаҳои мухталифро фаро гирифта, фарҳанги халқу миллатҳои гуногуни оламро рангорангу ғанӣ гардонидааст.

Ва беҳуда нест, ки мардуми дунё ҳамдигарро бо ибораи зебои тоҷикии “Наврӯз муборак” таҳният мегӯянд.

Имрӯз мо бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ба шарофати истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон Наврӯз – ин ойини бебаҳои аҷдоди худро эҳё кардем ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё намудем.

Воқеан, Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон таҷлил мегардад, яъне баҳори имсола – баҳори истиқлол ва Наврӯзи он Наврӯзи истиқлол мебошад.

Бинобар ин, ҳамаи мо бояд корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни муқаддас вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва шаҳру ноҳияҳои кишварро боз ҳам обод созем.

Дар ин самт, хусусан, соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша бояд беш аз пеш саҳм гузоранд, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоянд, иқтидори иқтисодии мамлакатро тақвият бахшанд ва барои ҳамватанонамон ҳарчи зиёдтар ҷойи корӣ таъсис диҳанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси мо танҳо дар ҳафт соли охир дар кишвар беш аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 60 фоиз коҳиш ёфт.

Мо бояд минбаъд низ амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии кишвар, рушди соҳаи кишоварзӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро вусъат дода, бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем.

Дар ин раванд, зарур аст, ки фаъолияти марказҳои таълими калонсолон куллан беҳтар карда, шумораи ҳарчи бештари сокинони мамлакат ба омӯхтани касбу ҳунар фаро гирифта шаванд.

Аз замонҳои қадим дар байни мардуми мо таомуле роиҷ буд, ки тибқи он Наврӯзро бо сару либоси идонаи миллӣ, хонаву кошонаи тозаву озода ва маҳаллу деҳоти ободу ороста истиқбол мегирифтанд.

Бовар дорам, ки ин анъанаи нек дар байни мардуми мо, махсусан, соли ҷорӣ, яъне соли воқеан таърихии сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватанамон густариши боз ҳам бештар пайдо мекунад.

Ҳамчунин, бо эътимоди комил изҳор менамоям, ки кишоварзони шуҳратманди мамлакат ҳар рӯзи баҳорро самаранок истифода карда, барои ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминаи устувор мегузоранд.

Хотирнишон месозам, ки баҳор фасли зудгузар мебошад.

Тибқи пешгӯии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ соли 2021 барои мардуми сайёра яке аз солҳои вазнинтарин ва ҳатто ҳалокатбор хоҳад буд.

Дар чунин шароит мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем ва нагузорем, ки мардуми мо аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ танқисӣ кашанд ва муҳтоҷи дигарон шаванд.

Ман ба кишоварзон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як ваҷаб замин доранд, муроҷиат карда, даъват менамоям, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ кишти зироатҳоро сари вақт анҷом диҳанд, аз як замин ду – се ҳосил рӯёнанд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоиро зиёд намоянд.

Дар ин самт, зарур аст, ки барои бо маводи ғизоӣ боз ҳам беҳтар таъмин намудани ҳар як оила заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ низ самаранок истифода карда шаванд.

Хусусан имсол, ки таъсири пандемияи коронавирус, буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ва натиҷаи манфии он – болоравии нархҳо ва камчин гардидани маводи ғизоӣ ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба Тоҷикистони мо низ идома дорад, ҳар як сокини кишвар бояд ба ин масъала эътибори аввалиндараҷа диҳад.

Дар ин ҷода ба тамоми кишоварзони мамлакат, соҳибкорони бонангу номус ва кулли сокинони кишвари биҳиштосоямон барори кор ва муваффақият мехоҳам.

Ҳамватанони азиз!

Солҳои охир дар байни мардуми мо ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар арафа ва айёми иду ҷашнҳо шахсони дорои имконияти мусоид ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони эҳтиёҷмандро дастгирӣ менамоянд ва дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир мекунанд.

Дар робита ба ин, ба соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсоне, ки имконияту шароит доранд, хотирнишон менамоям, ки дар шабу рӯзҳои наврӯзӣ низ масъалаи расонидани кумаку дастгириро ба чунин шахсон фаромӯш насозанд.

Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кулли мардуми сарбаланди кишвар як нуктаро такроран хотиррасон месозам: мову шумо ҳаргиз фаромӯш накунем, ки давлати соҳибихтиёр ва Ватани соҳибистиқлол дорем, яъне Ватан аз мост ва бурду бохташ низ аз мост.

Пас, биёед, ҳама муттаҳиду сарҷамъона заҳмат кашем, мушкилоти иҷтимоии халқамонро бартараф намоем, сатҳу сифати зиндагии мардумамонро баланд бардорем, Ватани маҳбубамонро обод кунем ва обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшем.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи кишварро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан ва ҳамватанони бурунмарзӣ тандурустӣ, комёбӣ, бахту саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак, ҳамватанони азиз!

http://president.tj/node/25297

 


11-12 марти соли 2021 тавассути видеоконференсия ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодӣ баргузор шуд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид дар он ҷаласа ширкат варзид.
Муовинони сарвазирони давлатҳои аъзо оид ба дурнамои тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа мубодилаи афкор намуда, лоиҳаи Созишномаро вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи шуғли аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ, ки баҳри ҳалли масъалаҳои бартарафсозии монеаҳо дар ташаккули бозори умумии меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ, инчунин таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони давлатҳои аъзои Созмон ҷиҳати рафту омади бе мамоният ва пешбурди фаъолияти меҳнатӣ равона шудааст, баррасӣ карданд.
Рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин, фарогири масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодии давлатҳо дар доираи Иттиҳод буд.
Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзнома, қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардид.
Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ, 11-12 марти соли ҷорӣ, “Ҳамоиши иқтисодии ИДМ - 30 сол” низ, баргузор шуд.
Барномаи Ҳамоиш фарогири чорабиниҳои муҳим ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо миёни давлатҳо дар фазои ИДМ буд.
Аз ҷумла, дар шакли видеоӣ намоишгоҳ-бозор ташкил шуд, ки дар он ширкатҳои миллии давлатҳои аъзои Созмон иштирок менамоянд. Аз ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои маъруфи соҳаҳои саноати сабуку маводи ғизоии миллӣ ба монанди ҶДММ “САTCH”, ҶСП “Евро-Азия-2005”, ҶДММ “Бисот”, ҶДММ “Насим”, ҶДММ “Фабрикаи қаннодии АМИРӢ” ва ҶСДМ “Қолинҳои Қайроққум” дар он намоишгоҳ-бозори видеоӣ пайваст шуданд.
Дар Анҷумани сайёҳии “марафон "таҳаввулоти ҷаҳон", ҷониби Тоҷикистон дар баробари дигар иштирокдорони анҷуман маълумотро вобаста ба имкониятҳои сайёҳии кишвар пешкаш намуда, аз шарикон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории фаъол дар самти мазкур даъват ба амал овард.
Иштирокдорони Ҳамоиш ҳамчунин масоили паёмадҳои манфии «COVID-19» ба соҳаи иқтисоди давлатҳои аъзои ИДМ ва дарёфти роҳҳалҳои муштаракро муҳокима намуданд.


Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

9 марти соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Россия оид ба робитаҳо бо ИДМ Леонид Калашников баргузор шуд.
Зимни мулоқот масоили таҳким ва тавсеаи робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.
Таваҷҷуҳи асосии ҳар ду тараф ба татбиқи тавофуқоте, ки зимни сафари расмии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия дар моҳи ноябри соли 2020 ба даст омаданд, нигаронида шуд.
Ҳамзамон, роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, махсусан дар чаҳорчӯби Ассамблеяи байнипарламентӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов дар доираи сафари кории худ, аз Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск дидан намуда, бо Ректори он Евгений Рудой инчунин, донишҷӯёни тоҷик мулоқот анҷом дод.


И.Сатторов ва Е.Рудой масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Сафири Тоҷикистон аз усулҳои муосири таълим дар Донишгоҳ ва шароити барои донишҷӯён муҳайёшуда изҳори қаноатмандӣ кард.


Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Дар он вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик, низ баррасӣ гардида, донишҷӯён ба ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон арзи сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

2 марти соли 2021 Сафири Тоҷикистон дар Россия И.Сатторов бо роҳбарони диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони мо, ки дар ҳавзаҳои федералии Сибир ва Шарқи Дур иқомат доранд, мулоқот анҷом дод.


Зимни мулоқот масоили вобаста ба саҳми намояндагони диаспораҳои тоҷик дар таҳким ва рушди муносибатҳои иқтисодии дуҷониба, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар давраи пандемия, инчунин барқарорсозии парвозҳои мунтазами ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон масъалаи омӯзиши забони тоҷикӣ барои фарзандони ҳамватанони муқими Россия аз мавзӯъҳои меҳварии он мулоқот буд.
Бо мақсади баргузории мулоқот бо шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин шиносоӣ бо шароити фаъолияти меҳнатии онҳо, Роҳбари Намояндагии дипломатӣ ба ҶСК «Корхонаи яхдонсозии Новосибирск» ташриф овард.

Дар ҷараёни мулоқот шаҳрвандони мо қайд карданд, ки дар маҷмӯъ аз шароити муҳайёкардаи роҳбарияти корхонаи мазкур барои онҳо, аз ҷумла хӯроки ройгон ва хобгоҳҳои ҳудуди корхона қаноатманд мебошанд.

Роҳбарияти муассиса саҳми бузурги муҳоҷирони меҳнатии баландихтисоси тоҷикро дар рушди корхона қайд намуда, зарурати баргардонидани он мутахассисонеро, ки айни ҳол дар Тоҷикистон қарор дошта, мунтазири кушодани марзҳо мебошанд, таъкид намуд.

Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба татбиқи амалии механизми ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия муффасал ибрози андеша намуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

2-3 марти соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар рафти сафари кории худ ба вилояти Новосибирск бо Губернатори он вилоят Андрей Травников мулоқот кард. Дар он дидор роҷеъ ба ҳолати кунунии ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо омодагии тарафайнро барои таҳкими ҳамкориҳои фаъоли байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф, инчунин дар самти амалисозии лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ изҳор доштанд.
Зимнан, И. Сатторов Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Ятим Давлатхоҷаро ба Губернатори вилоят расман муаррифӣ кард.


Имомуддин Сатторов зимни сафари корӣ ҳамчунин бо Раиси шаҳри Новосибирск Анатолий Локот мулоқот анҷом дод.

Масоили тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо роҷеъ ба мавзӯи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар Новосибирск табодули афкор намуданд.
Дар зимн, бо мақсади густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, ба ҳамсӯҳбат роҷеъ ба масъалаи баргузории безнес-форумҳои муштарак ҳам дар минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳам дар Новосибирск, пешниҳод манзур гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон