19 майи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, музокирот намуд.

Вазирони корҳои хориҷӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра, инчунин ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба баррасӣ карданд. Гузашта аз ин, табодули фарогири афкор перомуни масъалаҳои муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ бо тамаркуз ба масоили амнияти минтақавӣ сурат гирифт.

Зимни музокирот вазирон ба масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистон, ки даҳаи дуюми моҳи сентябри 2021 дар назар аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки байни ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Русия барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар мавриди масъалаҳои муҳтавоии сафари дарпешистода алоқаи фаврӣ барқарор гардад.

Гуфтушунидҳо дар руҳияи созанда, ки хоси муносибатҳои шарокати роҳбурдӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мебошад, баргузор шуданд.

Дар фарҷоми музокирот Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои соли 2021 ба имзо расид.

12 майи соли 2021 дар шаҳри Москва бахшида ба 110 - солагии шоири халқӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода Шоми ёдбуд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ доираҳои илмиву эҷодӣ, намояндагони мақомоти дахлдори Россия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвари иқомат, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин намояндагони диаспораҳои тоҷик иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов дар суханронии ифтитоҳии худ қайд кард, ки соли равон тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 110-солагии устод Мирзо Турсунзода дар ҳошияи чорабиниҳои ҷашнии 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ба ин хотир дар ҷумҳурӣ бахшида ба эҷодиёту фаъолияти ин фарзанди баруманди халқи тоҷик баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ дар назар аст.
И. Сатторов хотиррасон кард, ки дар тӯли садсолаҳо сарзамини тоҷикон шоирон, нависандагон ва қаҳрамонони зиёдеро ба дунё овардааст, ки номҳояшон дар таърихи на танҳо адабиёти тоҷику форс, балки адабиёти ҷаҳонӣ ҷовидон мондаанд. “Сарзамини аҷдодии мо ҳанӯз аз оғози давлатдориаш, чун кишвари тамаддунофари соҳиби асолату фарҳанги бостонии пурғановат худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонист. Таърихи фарҳанг ва адабиёти тоҷикон дорои собиқаи тӯлонӣ буда, дар давоми қарнҳо роҳҳои пурпечутоби ташаккулро тай намудааст. Аммо, бо вуҷуди ҳамаи он мушкилиҳо ҳамеша бетағйир боқӣ мондааст ва то ба имрӯз барои дарки арзишҳои инсонӣ - ростқавлӣ, ҷасорат, дурандешӣ, саховатмандӣ ва дӯстӣ муҳити мусоидеро фароҳам меорад.
Ба ин ҳаёт ва эҷодиёти ибратбахши яке аз намояндагони адабиёти муосири тоҷик устод Мирзо Турсунзода мисол шуда метавонад. Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёту фарҳанги халқи тоҷик саҳми бузург гузоштааст”, - илова намуд Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон.
Қайд гардид, ки шеваи назми устод М.Турсунзода аз он сарчашма мегирад, ки ӯ аз адабиёти классикии тоҷик ва халқҳои дигари ҷаҳон ба таври комил баҳравар гардида, дар натиҷаи мутолиаи фаровон малакаи баланди шоирӣ ҳосил карда, ашъори ноби тоҷикиро эҷод намудааст.
Дар назди ҳозирин, инчунин Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Швидкой Михаил Ефимович суханронӣ кард. Мавсуф роҷеъ ба робитаҳои густурдаи фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Россия ибрози назар карда, нақши муттаҳидкунандаи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро муҳим арзёбӣ кард.
Директори генералии Китобхонаи адабиёти хориҷӣ Кузмин Павел Леонидович паёми табрикии Муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Ярилова Олга Сергеевнаро қироат намуд.
Шоири шинохтаи рус, тарҷумон, адабиётшинос, муаррихи адабиёти рус, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт Синелников Михаил Исаакович дар бораи саҳми Мирзо Турсунзода дар адабиёти муосири ҷаҳонӣ ибрози ақида кард.
Дар идомаи чорабинӣ ба меҳмонон филми мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод М. Турсунзода намоиш дода шуд, ки он ба меҳмонон таассуроти рангин ва хотирмон бахшид.
Ҳамчунин ба ҳозирин барномаи фарҳангии иборат аз суруду таронаҳои рангин аз ашъори пурмазмуни устод Мирзо Турсунзода пешкаш гардид. Ҳунармандон бо оҳангҳои дилнишин хотири иштирокдоронро шод намуданд. Донишҷӯёни макотиби олии Россия аз эҷодиёти шоир намунаҳои беҳтаринро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карданд.
Шоми ёдбуди шоири тоҷик дар фазои гарму дӯстона доир шуд. Меҳмонони чорабинӣ ба шарофати ин маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷик ошноии бештар пайдо карданд.

9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайси Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 76-солагии Ғалаба боздид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.

Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 12 ҳазор низомӣ иштирок намуданд.

Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин 190 техника ва 76 тайёраи ҳарбӣ истифода шуда, 35 намунаи муосиртарин техникаи ҳарбӣ - мудофиавӣ муарифӣ карда шуд.

Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.
http://www.president.tj/node/25697

8 май дар шаҳри Москва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ду кишвар, ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд.
Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба  ба робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва амниятӣ аҳаммияти хосса зоҳир карда шуд.
Пешвои миллат аз ҷараёни рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар самтҳои зикргардида изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Федератсияи Россия  шарики асосӣ ва муҳимми тиҷоративу иқтисодии мо  боқӣ мемонад.     
Бояд зикр кард, ки ҳаҷми мубодилаи мол миёни кишварҳои мо дар соли 2020, сарфи назар аз мушкилоти вобаста ба пандемияи “КОВИД-19”, қариб як миллиард   долларро ташкил дод.  
Ҳамзамон бо ин зарурати дар заминаи имкониятҳои мавҷуда такони тоза бахшидан ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар арсаи сармоягузорӣ, бо дарназардошти талаботи бозори Россия, зиёд кардани ҳаҷми содироти меваю сабзавоти босифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба он махсус қайд гардид.
Дар рафти вохурӣ дигар ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои ҷонибҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, алоқаи ҳавоӣ бо таъкиди аҳаммияти зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, ҳамчунин рушди ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, бахусус дар самти мубориза бо пайомадҳои коронавируси нав ва  рафти татбиқи барномаҳои ҳамкориҳои низомиву техникӣ муҳокима карда шуданд.
Дар мавриди баррасии масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амниятӣ ҷонибҳо зарурати таҳким бахшидани муборизаи муштаракро алайҳи зуҳуроти  хатару таҳдидҳои глобалӣ, бахусус терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид карданд.
 Зимни мубодилаи афкор атрофи вазъияти байналмиллаливу минтақавӣ ҷонибҳо ба ҳолати имрӯзаи вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.
Сарвари давлати мо  ҷараёни  рушди вазъиятро дар ин кишвари ҳамсоя, бахусус пас аз изҳороти ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар хусуси баровардани нерӯҳои низомиаш аз қаламрави он, таассуфбор ва сахт нигаронкунанда арзёбӣ карданд.
Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистонро, ки марзи ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шумор меравад, таъкид карда, ҷиҳати татбиқи амалии қарорҳои дар ин ҷода қаблан қабулшуда изҳори умед намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати ҳолати ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози андеша намуданд.
Мавриди ба зикр аст, ки Тоҷикистон соли равон давраи раёсатро дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба ӯҳда дорад.
Дар робита ба ин Пешвои миллат ба ҳайси Раиси амалкунандаи ин ду созмони бонуфузи минтақавӣ Президенти Федератсияи Россияро аз рафти татбиқи чорабиниҳои банақшагирифташуда, бахусус омодагириҳо ба  саммити ин ду созмон, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, дар ҷараён гузоштанд.   
Дар мулоқот президентҳои Тоҷикистон ва Россия ҳамчунин масъалаҳои дигари минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина Сарвари давлати мо атрофи рӯйдодҳои рӯзи 29 апрели соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баамаломада сухан карда, мавқеи собити давлати Тоҷикистонро ҷиҳати бо роҳҳои сулҳу музокирот ҳаллу фасл намудани ҳамаи мушкилоти мавҷуда таъкид намуданд.
Дар фарҷоми суҳбат, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.
Даъвати мазкур аз ҷониби Россия бо хушнудӣ пазируфта шуд ва мӯҳлати сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.
http://prezident.tj/node/25689

1 майи 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат сарони давлатҳо ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои доимии онҳо  таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.  

Президентҳо, ҳамчунин атрофи фаъолияти муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода ва оғози ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсия ибрози андеша намуданд.

29 апрели соли 2021Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия рафт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қазон Сарвазири мамлакатро Сарвазири Ҷумҳурии Тотористон Алексей Песошин ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Худи ҳамин рӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазир, раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин мулоқот намуд.
Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика, шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, гумрук, сармоягузорӣ ва кишоварзиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки новобаста аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 гардиши молу маҳсулот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соли 2020 973,6 миллион долларро ташкил намуд.
Ҳамчунин таъсиси коргоҳу корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равнақ бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои афзалиятнок зарур шуморида шуд.
Дар идома Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Роман Головченко мулоқот кард.
Дар мулоқот масъалаҳои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минск, содироту воридоти маҳсулоти гуногуни ниёзи аввал ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

30 апрели соли 2021 дар минтақаи озоди байни гузаргоҳи «Гулистон» ва гузаргоҳи «Кизил-Бел» мулоқоти гурӯҳҳои корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С. Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қ.Қ.Ташиев баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламравҳои сарҳадии ҳарду ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.
Мулоқот дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо хоҳиш ва омодагии худро барои ҳалли ҳама масъалаҳо тавассути гуфтушунид изҳор карданд.
Дар натиҷа тарафҳо аз соати 13:00-и 30 апрели соли 2021 ба мувофиқа расиданд, ки хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамонияти шаҳрвандонро таъмин кунанд. Бо мақсади таъмини иҷрои созишномаҳои бадастомада таҳти роҳбарии фармондеҳони қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.
Қарор дода шуд, ки 1 майи соли равон дар вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор карда шавад.

30 апрели соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Наталя Герман перомуни вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугуи телефонӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат Вазири корҳои хориҷӣ ба Намояндаи вежа роҷеъ ба вазъ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла тавофуқот оид ба эълони оташбас ва ҳусни нияти ҷонибҳо барои ҳаллуфасли ҳолати бавуҷудомада тариқи гуфтушунидҳо ва бо истифода аз василаҳои сиёсӣ-дипломатӣ маълумот дод. Дар ин росто, бо ишора ба аҳаммияти суҳбати телефонии роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади давлатӣ, инчунин вохӯриҳои сарвазирон, тамосҳои телефонии вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони мақомоти амниятии ду кишвар, зарурати риояи реҷаи оташбас таъкид гардид. Вазири корҳои хориҷӣ ҳамзамон азми қавии Душанберо барои ҳалли батадриҷи ин масъала тариқи музокирот ва роҳҳои барои ҳар ду ҷониб мақбул бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ иброз намуд.
Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ аз тавофуқот дар мавриди оташбас ва имзои Протокол оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар қитъаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол намуда, дар ин росто аз саҳми босазои ҷониби мо дар ин раванд ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Дабири кулли СММ вазъият ва ҳаводиси марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бодиққат пайгирӣ дорад ва аз эълони оташбас низ хушҳол аст. Зимнан Н. Герман аз омодагии Дабири кулли СММ барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати бавуҷудомада хабар дод.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милалро дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ карданд.

30 апрели 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо оид ба ҳодисаҳои ахири низоъбарангези ноҳияҳои сарҳадӣ ибрози андеша намуда, вазъи сарҳадоти байни Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Аҳаммияти хоссаи иҷрои пайвастаи мувофиқаҳои бадастомада, ки ба муътадил намудани вазъият ва роҳ надодан ба шиддат гирифтани он, аз ҷумла оташбаси комил ва хуруҷи қушунҳо аз хатти марз дар муҳлатҳои муайянгардида равона шуданд, таъкид гардид.
Дар ин зимн президентҳо муҳиммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди гуфтушунидҳои марбут ба масъалаҳои марзӣ таъкид намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба таври фаврӣ рӯзи 1-уми май ҷаласаи Ҳайатҳои ҳукуматии ҷонибҳоро оид ба делимитатсия ва демаркатсия дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон доир намоянд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоми маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар асоси дуҷониба дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокироту машварат ҳаллу фасл карда шаванд.
Роҳбари давлати мо аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб даъват ба амал оварданд.
Даъват бо камоли майл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон пазируфта шуд.
Муҳлатҳои мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешаванд.
Аз рӯйи натиҷаҳои суҳбат ҷонибҳо бо мақсади андешидани чораҳои мушаххас тибқи тамоми ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутаносибан судманд ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои зарурӣ доданд.
http://president.tj/node/25623

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун худро ба қайди иқомат (регистрация) нагирифтаанд, то ҳол ғайриқонунӣ фаъолият менамоянд, инчунин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, бояд ба шӯъбаҳои Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Федератсияи Россия (ГУ МВД РФ) дар маҳалли истиқоматашон ҳозир шуда, сабти ном кунанд ва будубоши худро дар Россия қонунӣ намоянд. Ҳамчунин, шаҳрвандон метавонанд патентҳои кории худро тамдид ё аз нав таҳия намоянд.
Агар шаҳрвандоне, ки то 15 июни соли 2021 будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба расмият (қонунӣ) надароранд, ба таври автоматӣ ба рӯйхати шахсоне шомил мешаванд, ки вурудашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ аст.
Дар ҳолати тафтиш аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия, чунин шаҳрвандон аз Россия барои солҳои тулонӣ хориҷ (депортация) карда мешаванд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳои иловагӣ ё маслиҳат, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба рақамҳои телефонӣ ё почтаи электронии Хадамоти консулии Сафорат дар тамос шаванд.
Тел: +79857400212;
+79660732030;
+79670260070.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Дар ин зимн, Сарвари давлати мо ба масъалаҳои ҳамкориҳои ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷорат, маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ ва тандурустӣ, бахусус дар арсаи мубориза бо пандемияи КОВИД-19 диққати махсус доданд.

Ҷонибиҳо ҳамчунин, ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва содироти маҳсулоти мевагию сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба бозори Россия ибрози ақида намуданд.

Инчунин, масъалаҳои татбиқи лоиҳаи сохтмони 5 мактаб бо таҳсилоти забони русӣ дар Тоҷикистон, бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия, зиёд кардани теъдоди парвозҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Дар рафти суҳбати телефонӣ ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

Аз ҷумла, мавзӯи қазияи Афғонистон ва ҷараёни рушди вазъият дар минтақа муҳокима карда шуд.

Президенти ду кишвар зарурати андешидани чораҳои минбаъдаро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани имкониятҳои васеи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия бо шумули ҳамоҳанг сохтани иқдомҳои ду ҷониб дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таъкид карданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкории зич дар омода ва дар сатҳи муносиб баргузор намудани саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ба мувофиқа расиданд.

Дар фарҷоми суҳбат Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин сокинони Тоҷикистонро бо моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба мардуми кишвари мо некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу карданд.

19 апрели 2021 дар Душанбе музокироти намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Русия ҷиҳати баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи муҳоҷират баргузор гардид.

Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко роҳбарӣ намуданд.

Дар рафти гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи муҳоҷират муфассал муҳокима шуда, масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақозо мекунанд, баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин дар мулоқот доир ба лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми музокирот, ки дар фазои дӯстона ва созанда баргузор шуд, протокол ба имзо расид.

14 апрели соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин баргузор шуд.

Дар он дидор ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарикӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Россия табодули афкор намуданд.

И.Сатторов ва С.Катирин зарурати баргузории форумҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавиро бо мақсади мубодилаи афкор ва таҷрибаи соҳибкорони ду кишвар таъкид карданд.

Дар зимн, Намояндаи навтаъйини Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифов Б.К. ба ҳозирин муаррифӣ гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва сармоягузорӣ изҳор карданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир шуд.


Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

5 апрели соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Федератсияи Россия Гулнара–Клара Самат баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва василаҳои мусоидатгар ба рушди муносибатҳои анъанавии дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамназарии ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ миёни диаспораҳои ду кишвар тавассути доир намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангию варзишӣ, инчунин ташкили ҳамоишҳои илмӣ ва мизҳои мудаввар роҷеъ ба масоили муҳиму рӯзмарра иброз шуд.
Дар зимн таваҷҷуҳи махсус ба механизмҳои ҷалби доираҳои илмию фарҳангӣ аз ҳисоби диаспораҳои тоҷикону қирғизи муқими Россия зоҳир гардид.
Ҳамчунин омодагии тарафайн ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни ду намояндагии дипломатӣ иброз шуд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ наздикии мавқеи давлатҳоро роҷеъ ба чандин масъалаҳои муҳими байналмилалӣ қайд намуданд.
Зимнан, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ бо изҳори боварӣ самаранокӣ ва ба нафъи рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар будани суҳбатро таъкид карданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия.

3 апрели 2021 дар Москва дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Ара Айвазян сурат гирифт.

Вазирон масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Мусоҳибон ба тавофуқ расиданд, ки бо талошҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаро ғанӣ гардонанд.

Пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Арманистон барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон