5 апрели соли 2022 дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар шаҳри Кимовскийи вилояти Тулаи Россия боздид ба амал оварда, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он муассиса шинос гардиданд.

Зимни мулоқот бо Роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Сергей Владимирович Тертычный масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Кормандони Намояндагӣ бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия маълумот ва тавсияҳои зарурӣ дода шуд.

Дар рафти вохӯрӣ маълум гардид, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ 6 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 1 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид.

Бояд зикр кард, ки бо мусоидати Сафорат 5 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ва 19 апрели соли ҷорӣ ба Ватан фиристода мешаванд.

Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шуд.

Корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешаванд.

4 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Сомалӣ дар Федератсияи Россия Ҳасан Абди Дауд мулоқот кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамсуҳбатон вобаста ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе доир мешавад, мубодилаи афкор намуда, аҳамияти махсуси онро таъкид карданд.

Миёни тарафҳо ҳамчунин роҷеъ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо табодули афкор сурат гирифт.

Мусоҳибон ҳавасмандиашонро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Тоҷикистону Сомали иброз намуданд.

1 апрели соли 2022, мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарокат миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Россия табодули афкор намуданд.

Д. Гулмаҳмадзода ва С. Катирин зарурати идомаи баргузории ҳамоишҳои муштараки тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавиро бо мақсади афзоиш додани мубодилаи молу маҳсулот ва табодули таҷрибаи соҳибкорони ду кишвар таъкид карданд. Дар ин росто, ҷонибҳо ба масъалаи афзоиши содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Россия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ҳамсуҳбатон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Россия дар самти таҳвили маҳсулотҳои кишоварзӣ изҳор карданд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум доир шуд.

1 апреля 2022 года в очередном номере информационно-аналитического портала «МИР 24» была опубликована статья, подготовленная Посольством Таджикистана в России на тему «Международная инициатива Президента Республики Таджикистан по защите ледников».
В вышеупомянутой статье речь идет о последовательных усилиях Основателя мира и национального единства – Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона с момента обретения Таджикистаном Государственной независимости в решении проблем, связанных с изменением климата, в том числе быстрым таянием ледников. В данном контексте, подробно рассказывается о глобальных инициативах Лидера Нации по защите ледников.
Для получения доступа к полному тексту данной статьи, Вы можете перейти по ссылке ниже.

https://mir24.tv/news/16502859/mezhdunarodnaya-iniciativa-prezidenta-respubliki-tadzhikistan-po-zashchite-lednikov?hot=1

31 марти соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Любимова Олга Борисовна баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо имконияти ташкили маҷмӯи чорабиниҳои муштараки фарҳангиро бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Россия дар соли 2022 иброз намуданд.
О.Любимова омодагиашро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба барои истифода ва таблиғи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистону Россия изҳор дошт.
Д.Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз пешрафти равобити миёни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ кард, ки табодули фарҳангӣ дар соҳаи санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт. Дар зимн, зарурати баргузории намоишгоҳҳои осори санъати муосир, сафарҳои ҳунарии ҳайатҳои мусиқӣ ва театрии ҳар ду ҷониб ба кишварҳои ҳамдигар, инчунин иштирок дар чорабиниҳои мухталифи байналмилалии фарҳангӣ таъкид гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

29 марти соли 2022 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 10 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар маҳдудиятҳои вобаста ба пандемия ва дигар сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Зимни сафари онҳо ба Тоҷикистон, аз ҷониби Сафорат ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ расонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Сафорат кушиш мекунад мусоидати хешро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ расонад.

Ҳамзамон, Сафорат ба шаҳрвандони вурудашон ба кишвари иқомат мамнӯъ тавсия медиҳад, то барои убури сарҳад аз минтақаҳои мазкур худдорӣ намоянд.

ЭЪЛОН

29 Март 2022

Ба таваҷҷуҳи соҳибкорон ва тоҷирони Тоҷикистон!

Шаҳрвандони муҳтарам,

Дар робита ба нашри Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 9 марти соли 2022 № 311 «Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 8 марти соли 2022 № 100» ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонем, ки тибқи ин ҳуҷҷат содироти молҳои дар замимаи Қарори мазкур зикргардида ба қаламрави Федератсияи Россия манъ карда шудааст.

Дар Қарор ҳолатҳое низ муайян карда шудаанд, ки нисбати онҳо манъи содироти муқарраршуда татбиқ намегардад.

Бо матни пурраи Қарори болозикр метавонед дар сомонаи Ҳукумати ФР шинос шавед.

http://government.ru/docs/all/139702/

Ҳамчунин дар робита ба нашри Қарори дигари Ҳукумати Федератсияи Россия аз 14 марти соли 2022 № 362 «Дар бораи ҷорӣ намудани манъи муваққатии содироти зироатҳои ғалладонагӣ берун аз қаламрави Федератсияи Россия» ба таваҷҷуҳ мерасоем, ки тибқи ин ҳуҷҷат аз 15 март то 30 июни соли ҷорӣ барои содироти молҳои дар банди 1- и ин Қарор нишондодашуда аз қаламрави Федератсияи Россия манъи муваққатӣ муқаррар гардидааст.

Дар Қарор ҳолатҳое низ муайян карда шудаанд, ки насбати онҳо манъи содироти муқарраршуда татбиқ намегардад.

Бо матни пурраи Қарори номбурда метавонед дар сомонаи Ҳукумати ФР шинос шавед.

http://government.ru/docs/all/139803/

Лутфан, ҳангоми убури марз қоидаҳои номбаршударо риоя кунед!

18 марти соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З.А. дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.
Сарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули афкор намуда, лоиҳаҳои санадҳоро, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ равона шудаанд, ба мувофиқа расониданд.
Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардиданд.

15 марти соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳайати ҳавзаи мухтори Ханты-Мансийск-Юграи Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Муовини Губернатор Забозлаев Алексей Геннадиевич баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳавзаи мухтори Ханты-Мансийск-Юграро баррасӣ карданд.
Зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармоя, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак қайд карда шуд. Дар ин росто, миёни ҳамсӯҳбатон вобаста ба масоили ҷалби мутахассисон аз Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар он минтақаи Россия мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ба вежа соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла омода намудани мутахассисони баландихтисос, инчунин татбиқи лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Забозлаев А. ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок кардан дар IT-форум, ки баргузории он 7-9 июни соли ҷорӣ дар ҳавзаи мухтори Ханты-Мансийск-Югра ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.
Д. Гулмаҳмадзода омодагии хешро барои сафарбар намудани намояндагони Тоҷикистон ҷиҳати ширкат варзидан дар форуми мазкур иброз дошт. Зикр карда шуд, ки масъалаи мазкур бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон баррасӣ мегардад.
Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон ҳавасмандии худро баҳри таҳкими ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Ханты-Мансийск-Югра изҳор карданд.

11 марти соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Россия Д.Гулмаҳмадзода бо Вакили Думаи давлатии Россия, ҳамоҳангсози гурӯҳи вакилон оид ба робита бо Парламенти Тоҷикистон Ю.Швиткин баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масоили таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар зимн, мусоҳибон зарурати ҷонок намудани фаъолияти Комиссияи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россияро қайд намудан.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

5  марти соли 2022 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндагони ҷамъияту ташкилоти ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия баргузор гардид.
Зимни мулоқот Роҳбари Намояндагии дипломатӣ муҳтавои асосии нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, вобаста ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои мухталиф ва таҳкими нақши кишварро дар арсаи байналмилалӣ   баён дошт.
Ҳамзамон, ба ҳозирин роҷеъ ба тадбирҳои андешидашуда аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҳалли маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар Россия  маълумоти муфассал дода шуд.

Сафири Тоҷикистон аз намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳо ҷиҳати  тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо бо ҳамватанон, ки заминаи асосӣ дар таҳким ва рушди робитаҳои иқтисодии байни онҳо мебошад, даъват ба амал овард.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ ҳамватанон суолу дархостҳои мухталифро, аз ҷумла марбут   ба бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои консулӣ иброз доштанд.

4 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи Конфронси байналмилалии бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар маросими ифтитоҳи толори Тоҷикистон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа (ДДНТУ) ширкат варзид.

Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдоди фархунда табрику таҳният намуда, ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии ҷавонон махсусан таъкид кард.

Ҳамзамон ба роҳбарияти Бошқирдистон, ДДНТУ ва диспораи тоҷикон дар минтақаи Федералии Приволж, ки саҳми худро дар таъсиси толори Тоҷикистон гузоштаанд, миннатдорӣ баён карда шуд.

Кошинкории рангоранги сақф, навиштаҷоти мавзӯӣ ва таҷҳизоти муосири толори таълимӣ ба хар як донишҷӯ имкони шиносоӣ бо анъана ва таърихи пурғановати Тоҷикистонро фароҳам меорад.

Иштирокдорони конфронс рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россияро дар давоми 30 сол мусбат арзёбӣ намуда, қавӣ гаштани робитаҳои таърихӣ миёни ду давлатро қайд карданд.

Д. Гулмаҳмадзода аз дастовардҳои муҳимтарини кишвар ёдовар шуда, афзуд, ки истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик воқеаи сарнавиштсоз буда, он дар бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ, инчунин эҳёи анъанаҳои миллӣ ва асосҳои давлатдорӣ нақши ногузирро дорад.

Баъд аз анҷоми конфронс, бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид, ки зимни он Д. Гулмаҳмадзода дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон маълумот дода, нақши муҳими ҷавононро дар рушди минбаъдаи кишвар махсусан таъкид кард. Илова бар ин, зарурати таҳкими робитаҳо миёни донишҷӯёни дур аз Ватан, муттаҳидшавии онҳо, инчунин иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон қайд карда шуд.

3 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафари корӣ Д. Гулмаҳмадзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон Радий Хабиров мулоқот кард.Мусоҳибон оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо табодули афкор намуданд. Аз ҷумла, зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бахши агросаноатӣ, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак таъкид карда шуд.

Ҳамзамон доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз қабили соҳаи маориф ва илм, аз он ҷумла омода намудани мутахассисони баландихтисос, инчунин татбиқи лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қобили қайд аст, ки дар донишкадаҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон зиёда аз 1200 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқоти баргузоршуда баҳри рушди ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Ҳамчунин Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Тимур Ҳакимов мулоқот анҷом дод. Дар рафти вохӯрӣ доираҳои тиҷоратии минтақа, ки ҳавасманди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳастанд, ширкат варзиданд. Зимни сӯҳбат масоили муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ташкили бизнес-форум муҳокима гардид.

Д. Гулмаҳмадзода аҳаммияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо ва афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистонро муҳим арзёбӣ кард.

1 марти соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Арманистон дар Федератсияи Россия Вагаршак Арутанян доир гардид.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо доираи васеъи масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Арманистонро баррасӣ карда, аҳҳамияти махсусро ба таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо назари хешро нисбат мавзӯъҳои байнамилалии мавриди эҳтимоми муштарак изҳор намуданд.

Дар фарҷоми суҳбат, ҷонибҳо ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Арманистон дар соҳаҳои гуногун омодагӣ изҳор намуданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон