5 июни соли 2022 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (ДДМБМ) бахшида ба Рӯзи Россия XXI Ҷоми Ректори ДДМБМ оид ба футбол баргузор гардид.

Дар мусобиқа дастаҳои омӯзгорон ва кормандони ДДМБМ, Вазорати корҳои хориҷии Россия, 21 намояндагии дипломатии муқими шаҳри Москва, аз ҷумла Тоҷикистон, Ангола, Эквадор, Таиланд, Венесуэла, Боливия, Озарбойҷон, Лаос, Арманистон, Узбекистон, Сербия, Нигерия, Эрон, Колумбия, Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Ветнам, Перу, Алҷазоир, Камбоҷа ва Индонезия, дар маҷмӯъ беш аз 350 бозингар ширкат варзиданд.

Тибқи натиҷагирӣ, тими футболбозони Сафорати Тоҷикистон дар Россия-барандаи шашкаратаи Ҷоми Ректори ДДМБМ, ғолиби мусобиқа дониста шуда, зимни маросими ботантанаи хотимавии мусобиқа бо Ҷом ва ифтихорномаҳои Ректори ДДМБМ сарфароз гардиданд.

4 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҳамоиш оид ба ҳалли масоили обу иқлим намояндагони як қатор кишварҳои олам ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок карданд.

Кори нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлимро Петтери Таалас - Дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббускори тадбирҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба об ҳамчун роҳбари кишвари мизбон нахуст ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҳамоиш барор орзу карданд.

Таъкид гардид, ки нишасти имрӯза дар арафаи Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 баргузор шуда истодааст, ки ҳадафи асосиаш суръатбахшӣ ва татбиқи масъулияту уҳдадориҳои қаблан гирифташуда ва таҳрику татбиқи амалҳои тоза мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз руи таҳлилҳо бо вуҷуди талошҳову кӯшишҳои зиёд, мо дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, хусусан дар қисмати об, хеле ақиб мондаем ва масъулияту уҳдадорӣ ва амалҳои нав заруранд, то ин ҳадафҳо татбиқ гарданд.

Сарвари давлат аз таваҷҷуҳи Пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати таҳия ва татбиқи амалҳои нав изҳори қаноатмандӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки дар ҳамоиши имрӯза мо Нақшаи амали худро тасдиқ хоҳем кард ва татбиқи он дар ҳалли мушкилоти обу иқлим натиҷаҳои назаррас хоҳад дод.

Таъкид гардид, ки Конфронси Душанбе низ, ҳамчун чорабинии калидии омодагӣ ба Конфронси соли 2023, ҳамбастагии зичи захираҳои об ва тағйирёбии иқлимро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор хоҳад дод.

Зимни таҳлили вазъи иқлим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо борҳо ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои ногувори ин раванд аз минбарҳои баланди ҳамоишҳои ҷаҳонӣ баромад кардаем. Ин масъала, дар ҳақиқат, хеле муҳим аст, чун пиряхҳо сарчашмаи асосии обҳои ширин ба ҳисоб мераванду захираҳои онҳо зери таъсири гармшавии глобалӣ босуръат коҳиш ёфта истодаанд.

Тибқи ҳисоби коршиносон, се соли панҷсолаи охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Мусаллам аст, ки идомаи ин раванд бо дарназардошти афзоиши босуръати талабот ба об дар натиҷаи зиёд шудани аҳолӣ ва рушди иқтисод ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ҳалли ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта бошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилот дар ин самт бори дигар ташаббуси эълони соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузоштанд.

Таъкид гардид, ки эълон шудани “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, таъсиси “Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ташкили “Системаи муттаҳидшудаи глобалии иттилоотии криосфера ва механизми байналмилалӣ”, ки барои осон кардани дастрасии иттилооти дақиқ ва саривақтӣ оид ба криосфера мусоидат менамояд, аз натиҷаҳои назарраси татбиқи ташаббуси мазкур хоҳанд буд.

Таъкид шуд, ки захираҳои об барои мутобиқшавӣ нақши муҳим доранд. Онҳо инчунин барои коҳиш додан ва ноил гаштан ба устуворӣ алайҳи ин раванд муҳиманд. Дар ин зимн Сарвари давлат таваҷҷуҳи иштирокчиёни нишастро ба зарурати рушд бахшидан ба соҳаи гидроэнергетика ҳамчун тавлидкунандаи “нерӯи сабз”, ҷалб сохтанд.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки неругоҳҳо дар баробари истеҳсоли нерӯи барқи сабзу дастрас, инчунин дар идораи устувори захираҳои об, коҳиши селу обхезӣ ва хушксолӣ, инчунин кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми муносиб хоҳанд дошт.

Изҳори итминон карда шуд, ки масъалаи мазкур низ, бо дарназардошти муҳимияташ дар ҳалли ҳамгироёнаи мушкилоти обу иқлим, дар оянда мавриди таваҷҷуҳи аъзои Эътилоф қарор хоҳад гирифт.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Пешвоёни Эътилоф дар пешурди рӯзномаи ҳамгирошудаи масъалаҳои обу иқлим баҳои баланд дода, бо боварӣ зикр карданд, ки Нақшаи амали Пешвоён дар ин раванд саҳми муносиби худро хоҳад гузошт.

31 майи соли ҷорӣ дар Сафорат вохӯрӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари иқомат баргузор гардид. Дар вохурӣ ҳамчунин роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид.

Дар рафти мулоқот Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Раҳмонзода бо иштирокдорон дар мавзӯи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 30 соли Истиқлолият, инчунин таблиғи худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон сӯҳбат орост. Ҳамзамон дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид гардид.

Дар зимн, аҳаммияти касби интихобкардаи донишҷӯён барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва бунёди низоми муассири иқтисодӣ бо ҷалби мутахассисони ҷавони баландихтисос қайд карда шуд.

Намояндагии дипломатӣ ба донишҷӯён маслиҳат дод, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш ва рушди ҳамаҷонибаи малакаашон истифода баранд.

Мавриди зикр аст, ки Сафорат ба масъалаи кор бо ҷавонон аҳаммияти хоса медиҳад.

2 июни соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мали дар Федератсияи Россия Харуна Самаке доир гардид.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо доираи васеъи масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Малиро баррасӣ карда, таваҷҷуҳи махсусро ба таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сайёҳӣ, инчунин фарҳангиву гуманитарӣ зоҳир намуданд.

Ҳамсуҳбатон вобаста ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе доир мешавад, мубодилаи афкор намуда, аҳаммияти махсуси онро таъкид карданд.

Миёни тарафҳо ҳамчунин роҷеъ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо табодули афкор сурат гирифт.

Тарафҳо назари хешро нисбат ба мавзӯъҳои байнамилалии мавриди эҳтимоми муштарак изҳор намуданд.

Дар фарҷоми суҳбат, ҷонибҳо ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Мали дар соҳаҳои гуногун омодагӣ изҳор намуданд.

27 майи соли 2022 дар Вазорати корҳои хориҷӣ Брифинг дар бораи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” зери унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” (Душанбе, 6-9 июни соли 2022) бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявии муқими Душанбе, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.

Дар брифинг роҳбари Котиботи Конфронс Султон Раҳимзода чорабиниҳои марбут ба Конфронси дуюми Душанбе, аз ҷумла ҳадафҳои асосии он, раванди омодагӣ ба баргузории нишастҳои умумӣ, панелҳои интерактивию шарикӣ, форумҳои махсуси гурӯҳҳои минтақавию асосӣ, Намоишгоҳи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, Фестивали оби Душанбе, Марафони ҷаҳонии об, намоиши «Ҳақиқати виртуалӣ» дар мавзӯи “Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об”, боздид аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии кишвар, дигар анҷуманҳои қабл аз конфронс ва масъалаҳои мавриди назарро муаррифӣ кард.

Таъкид гардид, ки айни замон дар Вазорати корҳои хориҷӣ дар баробари Котиботи Конфронси дуюми Душанбе, инчунин Ситоди тадорукотию ташрифотӣ ва логистикии Вазорат низ фаъолият мекунад.

Барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе беш аз 2000 нафар намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд ҷиҳати иштирок номнавис шудаанд.

24 майи соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Муттаҳидаи Танзания дар Федератсияи Россия Фредрик Ибрахим Кибута доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеъи масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Танзанияро баррасӣ карда, таваҷҷуҳи махсусро ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сайёҳӣ, инчунин фарҳангиву гуманитарӣ зоҳир намуданд.

Сафири Танзания перомуни таҳким бахшидани заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишвар тавассути бастани созишномаҳои дуҷониба изҳори назар кард.

Ҳамсуҳбатон вобаста ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе доир мешавад, мубодилаи афкор намуда, аҳаммияти махсуси онро таъкид карданд. Дар зимн, Сафири Танзания омодагии хешро ҷиҳати иштирок дар Конфронси мазкур иброз дошт.

Тарафҳо ҳамчунин назари хешро нисбат мавзӯҳои байнамилалии мавриди эҳтимоми муштарак баён намуданд.
Дар фарҷоми суҳбат, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Танзания дар соҳаҳои гуногун изҳор карданд.

23 майи соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Федератсияи Россия Козим Ҷалолӣ мулоқот анҷом дод.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз ваъзи кунуни ҳамкориҳои ду кишвар, ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбатон дурнамои муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳию тандурустӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин тарафҳо назари хешро нисбат ба мавзӯҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак иброз доштанд.

Мусоҳибон бо таъкид ба пайвастагии мардумони ду кишвар аз лиҳози арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Эрон иброз намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

17 майи соли 2022 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исландия дар Федератсияи Россия Арни Тор Сигурдссон баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, сайёҳӣ, энергетикӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд.

Дар зимн, ба таваҷҷуҳи ҳамсуҳбат дар бораи имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, ба вежа дар соҳаи энергетикии кишвар маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот оид ба Конгресси 6-уми байналмилалӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Баҳри Хазар 2022», ки аз 25 то 27 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, табодули афкор сурат гирифт. Роҳбари Намояндагии дипломатии Исландия дар навбати худ омодагии Ҳукумати кишварашро ҷиҳати сафарбар намудани ҳайат барои иштирок дар чорабиниҳои болозикр ба шаҳри Душанбе изҳор кард.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Сафари кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ш. Қазони Ҷумҳурии Тотористони Россия

18-21 майи соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафари худ роҳбари Намояндагии дипломатӣ дар маросими кушодашавии Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии иқтисодӣ “Россия- ҷаҳони Ислом”, ки дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии “Kazan Expo” баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар он намоишгоҳ, Д. Гулмаҳмадзода бо маҳсулоти хӯрокворӣ, ғайриозуқа, савдои яклухт ва чакана, саноат, муҳандисӣ, сохтмон, мӯд ва зебоӣ, сайёҳӣ, IT технология ва тандурустӣ шиносоӣ пайдо намуд.

Дар доираи сафари кории худ Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дар мулоқоти Президенти Тотористон Р.Миниханов бо сафирони фавқулода ва мухтори давлатҳои хориҷӣ дар Федератсияи Россия ширкат варзид. Зимни он мулоқот Р. Минниханов барои иштироки сафирон дар кори намоишгоҳи зикргардида изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки барои Россия ҳамкорӣ бо ҷаҳони Ислом яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби “Kazan Summit – 2022” 20 майи соли ҷорӣ роҳбари Намояндагии дипломатӣ дар ҷаласаи XII Гурӯҳи дидгоҳи стратегии "Россия - ҷаҳони Ислом", ки бахшида 1100-солагии расман кабул шудани дини Ислом дар Булғорияи Волга баргузор гардид, иштирок намуд.

Зимни чорабинӣ роҷеъ ба таҷрибаи Россия дар ҳифз кардани гуногунии этникӣ ва фарҳангӣ, ҳамоҳангии байни миллатҳо ва мазҳабҳо кафолати таҳкими ҳувияти умумии шаҳрвандӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин, дар доираи сафари хеш роҳбари Намояндагии дипломатӣ бо донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии таълимии ш. Қазон таҳсил менамоянд, мулоқот анҷом дод. Ба донишҷӯён дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар давраи муосир маълумот дода шуд. Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.

20 майи соли ҷорӣ Д. Гулмаҳмадзода бо ҳамватанони муқими шаҳри Қазон мулоқот доир намуд. Дар вохӯрӣ роҳбари Намояндагии дипломатӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод.

Ҳамзамон, доир ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дода шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.

Ин нишаст ба 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бахшида шуд.

Мулоқотро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ифтитоҳ карда, сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро хайрамақдам гуфт.

Кори ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Никол Пашинян бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, бо имзои санадҳо ва нишасти матбуотӣ хотима ёфт.

Аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ татбиқи тамоми қарордодҳои созмон дар 20 соли мавҷудияти он, инчунин вазъ дар ҳудуди кишварҳои аъзои созмон ва дурнамои рушди онро баррасӣ карданд.

Аз руи натиҷаи мулоқот Изҳороти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Қарори Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон “Дар бораи супоридани мукофотҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба иштирокчиёни амалиёти посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон” қабул карда шуд.

16 май дар шаҳри Москва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчуби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти имрӯзаро имкони хуби баррасии дурнамои ҳамкории ду кишвар маънидод карданд.

Аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, рушди бемайлони муносибатҳо ва сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанба, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҷиҳати баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовари бахшҳои иқтисодӣ ва ҷоннок кардани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ табодули андеша намуданд.

Дар мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя – Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният, масъалаи таъмини амният дар минтақаи ҳудуди СААД ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат ҷараёни рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистон ва дар ин зимн вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ карор доданд.

Ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар робита ба ин ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи амниятӣ таъкид карданд.

13 майи соли 2022 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар маҳдудиятҳои вобаста ба пандемия ва дигар сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Зимни сафари онҳо ба Тоҷикистон, аз ҷониби Сафорат ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ расонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Сафорат кушиш мекунад мусоидати хешро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ расонад.

Ҳамзамон, Сафорат ба шаҳрвандони вурудашон ба кишвари иқомат мамнӯъ тавсия медиҳад, то барои убури сарҳад аз минтақаҳои мазкур худдорӣ намоянд.

13 майи соли 2022 дар Душанбе ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳод ва Раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.

Вазирон дар мавриди масъалаҳои мубрами рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули ботафсили афкор намуданд ва инчунин иқдомҳои ҷориро оид ба таъмиқсозии равобити амалӣ дар тамоми самтҳои калидии ҳамкорӣ мутобиқ ба афзалиятҳои раёсати Қазоқистон дар ИДМ муфассал баррасӣ карданд.

Зимни нишаст ба таҷрибаи баргузории машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар қолаби Иттиҳод, ки ба амалисозӣ ва ҳамоҳангсозии саъю талошҳои муштарак дар тамоми самтҳои фаъолияти Иттиҳод мусоидат мекунанд, баҳои баланд дода шуд. Гузашта аз ин, вазирон доир ба татбиқи пай дар пайи Барномаи амал оид ба фаъолсозии шарокат байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ тавофуқ намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи мазкур 11 қарор ба имзо расид.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 13 октябри соли 2022 дар Нур-Султон баргузор мешавад.

12 майи соли 2022 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо Раиси Кумитаи иҷроияи-Котиби иҷроияи ИДМ С. Лебедев доир шуд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон