Роҷеъ ба вафоти як нафар ноболиғи тоҷик дар вилояти Ленинград
Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз фавти шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Ленингради Федератсияи Россия, ки 25 январи соли равон бар асари бемории сурхча даргузашт, дар ҷараён буда, ҳамдардиашро ба наздикони фавтида изҳор менамояд.
Бо мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва ҷамъияти тоҷикон ҷасади шаҳрванди фавтида ба Ватан интиқол дода шуд.
Қазияи болозикр таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад.
Вобаста ба ҳалокати як нафар ҷавони тоҷик дар вилояти Саратови Россия
Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия аз ҳалокати як нафар ҷавони тоҷик, ки шаби 27 январи соли ҷорӣ дар наздикии деҳаи Нов дар шоҳроҳи Ершов-Озинки бар асари садамаи нақлиётӣ даргузашт, хабардор буда, ҳамдардии хешро ба наздикони марҳум изҳор менамояд.
Қобили қайд аст, ки ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш 1 нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт.
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони марҳум ва осебдида изҳори омодагӣ кард.
Қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа қарор дорад.