Ғолибияти тими футболбозони Сафорати Тоҷикистон дар Ҷоми Ректори Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва
5 июни соли 2022 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (ДДМБМ) бахшида ба Рӯзи Россия XXI Ҷоми Ректори ДДМБМ оид ба футбол баргузор гардид.
Дар мусобиқа дастаҳои омӯзгорон ва кормандони ДДМБМ, Вазорати корҳои хориҷии Россия, 21 намояндагии дипломатии муқими шаҳри Москва, аз ҷумла Тоҷикистон, Ангола, Эквадор, Таиланд, Венесуэла, Боливия, Озарбойҷон, Лаос, Арманистон, Узбекистон, Сербия, Нигерия, Эрон, Колумбия, Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Ветнам, Перу, Алҷазоир, Камбоҷа ва Индонезия, дар маҷмӯъ беш аз 350 бозингар ширкат варзиданд.
Тибқи натиҷагирӣ, тими футболбозони Сафорати Тоҷикистон дар Россия-барандаи шашкаратаи Ҷоми Ректори ДДМБМ, ғолиби мусобиқа дониста шуда, зимни маросими ботантанаи хотимавии мусобиқа бо Ҷом ва ифтихорномаҳои Ректори ДДМБМ сарфароз гардиданд.