Материалы отфильтрованы по дате: Пятница, 10 Сентябр 2021

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 9 сентябри соли 2021 дар шаҳри Москва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил кард.
Дар чорабинии тантанавӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими дар Россия иштирок намуданд.
30 сол муқаддам Тоҷикистон ба истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ноил гардид ва имкон пайдо кард, ки роҳи минбаъдаи худро ба сӯи рушду шукуфоӣ мустақилона интихоб намояд. Инак, имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор, зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафт мекунад.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикотӣ қайд кард, ки эълон гардидани Истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик як рӯйдоди сарнавиштсоз дар масири бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ гардид. Ҳамзамон Истиқлолият дар эҳёи анъанаҳои миллӣ ва асосҳои давлатдории тоҷикон саҳми муассир гузошт.
Зимнан, бо тазаккур аз дастовардҳои муҳимтарини Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин нақши афзояндаи давлат дар арсаи байналмилалӣ қайд гардид. Дар зимн, таваҷҷуҳи махсус ба баргузории сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои муҳими дарпешистода - саммитҳои СҲШ ва СААД дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе зоҳир гардид.
Дар назди ҳозирин, инчунин аз номи Федератсияи Россия Муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко суханронӣ кард. Мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намуд.
Ҷашни Истиқлолиятро барномаи ҷолиби консертӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид. Ҳамчунин ба меҳмонон филмҳо ва наворҳо дар бораи дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ намоиш дода шуд.
Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик бузургтарин арзиш ва мероси миллӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, ба муносибати таҷлили солгарди ин ҷашни муҳим роҳбарон ва фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Россия, инчунин намояндагони аҳли зиё ва дигар доираҳои илмиву фарҳангӣ аз миёни зодагони Тоҷикистон ҳузур доштанд. Онҳо ин ҷашни муқаддасро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти волои миллӣ таҷлил намуда, таманнои шукуфоии ҳамешагӣ ва пешрафтҳои бузурги минбаъдаи Ватанро иброз намуданд.

Опубликовано в Ҷашнвораҳо

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон