Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 10 ноябри 2021 дар шаҳри Москва доир шуд, иштирок намуд.
Вазирон маҷмӯи масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мудофиа ва бехатарӣ баррасӣ карданд.
Роҳбарони вазоратҳои мудофиа фаъолияти муштараки системаи дифои ҳавоии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар соли 2022 тасдиқ намуда, ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки медали «Барои саҳм дар таҳкими сулҳ» таъсис дода шавад.
Илова бар ин, ҷонибҳо нақшаи кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро барои соли 2022 муайян намуда, якчанд қарор қабул карданд.