Ҷаласаи 79-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ
14 сентябри соли 2018 дар шаҳри Москва ҷаласаи 79-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ Имомуддин Сатторов ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нематулло Ҳикматуллозода низ ширкат варзиданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои татбиқи Созишнома дар бораи савдои озод, омодагӣ ҷиҳати гузаронидани рӯйхатгирии аҳолӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи Созишнома дар бораи фаъолияти муштарак дар соҳаи омӯзиш ва истифодаи сулҳомези фазои кайҳон, протоколҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар рушд ва истифодаи низомҳои алоқаи сайёр ва дар бораи табодули маълумот дар шакли электронӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ барои маъмурикунонии андоз ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба таъсис ва фаъолияти марказҳои миллии намоишию савдо дар ҳудуди Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) дар шаҳри Москва табодули афкор намуда, якчанд масъалаҳои молиявию ташкилиро баррасӣ карданд.
Қарор қабул гардид, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ 7 декабри соли 2018 баргузор шавад.
Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия