Материалы отфильтрованы по дате: Понедельник, 27 Феврал 2017

27 феврали соли равон Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо сафари расмии навбатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари давлати ба мо дӯсту бародар, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ба муносибати ташрифи меҳмони олимақом Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиору навиштаҷоти шодбошӣ ва инъикосгари дӯстию муштаракоти қавии Тоҷикистону Россия оро дода шуда, ҳайати низомии Горди фахрӣ саф ороста буданд.
Хотиррасон мешавем, ки сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат ҷараён гирифта, чорабиниҳои зиёди сатҳи баланди сиёсиро фаро мегирад. Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр худи ҳамин рӯз дар Қасри миллат баргузор мешавад. Дар доираи ин сафар аз ҷумла мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, музокироти сатҳи олии дуҷониба, имзои бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими байнидавлатӣ дар назар дошта шудааст.

president.tj

Опубликовано в Сиёсат

27 феврали соли равон  дар саҳни бинои Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор шуд.
Меҳмони олимақом Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.
Дар маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Россия ва намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок доштанд.
Дар расми истиқбол сурудҳои миллии ду давлат садо дода, зери навои ифтихорӣ роҳбарони Тоҷикистону Россия аз назди ҳайати Горди фахрӣ гузар намуданд ва Президенти Федератсияи Россия ба ҳайати сафоростаи низомӣ арзи салом карда, эҳтироми Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҷо овард.
Маросими бошукӯҳи истиқболи меҳмони олиқадр баъди шиносоии Сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб анҷом ёфт.

president.tj

Опубликовано в Сиёсат

Худи ҳамин рӯз дар Қасри миллат мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин доир гардид.
Раҳбарони давлатҳо дар оғози вохӯрӣ бори дигар ҳамдигарро ба муносибати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия самимона шодбош гуфта, барои идома додани муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
Боздиди расмии навбатии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз 25- солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат нишони олии таваҷҷуҳи бесобиқаи роҳбарияти сатҳи олии ин кишвар ба дурнамои муносибатҳои неку дӯстона ва шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Россия бо мукофоти олии Федератсияи Россия Ордени Александр Невский сарфароз намуданд.
Дар идомаи суҳбати самимӣ барои таҳкиму тавсеаи бештару хубтари муносибатҳои дӯстонаю стратегии Тоҷикистону Россия дар тамоми соҳаҳои мутақобилан манфиатбор изҳори омодагию ҳавасмандӣ карда шуд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмии комил баргузор гардид.

Опубликовано в Сиёсат


27.02.2017
Баррасии масоили марбут ба муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ва муштаракоти стратегии Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи худ ва мардуми Тоҷикистон ба ҷониби Федератсияи Россия барои қадршиносии талошҳои бесобиқа ва хизматҳои шоистаи роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон дар рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ бо мукофоти олии Федератсияи Россия Ордени Александр Невский изҳори сипос намуда, ин тадбирро рӯйдоди рамзию таърихӣ дар соли таҷлил аз 25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия арзёбӣ намуданд
Тавре таъкид карда шуд, ҷониби Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии худро бо Федератсияи Россия аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ дониста, ба идомаи бобарору манфиатбахш ва рушду густариши бемайлони онҳо бо назари нек менигарад.
Таваҷҷуҳи бештар ба таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, муҳоҷират, илму марориф, фарҳанг, туризм ва ҳамкории байни вилоятҳою шаҳру ноҳияҳои ду кишвар зоҳир карда шуд.
Зикр шуд, ки Федератсияи Россия дар тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқею мақоми назаррас дошта, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат бо назардошти таъсирҳои омилҳои беруна дар соли 2016 беш аз як миллард доллари америкоиро ташкил додааст.
Дар раванди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамгироӣ дар бахши саноати нефту газ зоҳир гардид ва барои афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги афзалиятнок изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани робитаҳо барои фароҳам овардани шароити созгори афзуннамоии ҳаҷми содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Россия фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда, дар ин замина тақвияти муносибатҳои бевоситаи байни вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҳамдигарро махсус таъкид намуданд.
Дар музокироти сатҳи олӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират пешниҳод карда шуд, ки ҳукми хориҷ ва манъи вуруди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ва ба қаламрави Федератсияи Россия, ки ҳуқвайронкуниҳои маъмурии ночиз (сабук) доранд бозбинӣ шуда, ин гурӯҳи шаҳрвандон мавриди авф қарор дода шаванд.
Вусъат бахшидани бунёди муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши фарохтари забони русӣ, афзун намудани квотаҳои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии Россия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони соҳаҳои фарҳангу эҷодиёт ва густариши равобити доираҳои илмию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои эҷодӣ аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг арзёбӣ шуд.
Тавре таъкид шуд, табодули таҷрибаи ширкату идораҳои туристии Тоҷикистону Россия ва ҷалби сармоя ба беҳдошти инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон метавонад барои баланд бардоштани мартабаи туризм дар раванди муносибатҳои манфиатбори байнидавлатӣ нақши муасир гузорад.
Ҷониҳо таҳкими ҳамкории амниятӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникии ду давлатро аз воситаҳои муҳими баланд бардоштани омодагии ҳарбӣ, заминаҳои техникӣ ва қудрати дифоии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки тақвияти ҳамкори дар ин бахш метавонад дар ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терорризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияту суботи сартосарии минтақа нақши фаъол дошта бошад.
Аз ҳамгироии минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Россия дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Идомаи мунтазаму бобарори муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва наздикию мувофиқати нақш ва мақоми ду давлат дар бештари масоили минтақавию байналмилалӣ омили муҳими рушду густариши муносибатҳои манфиатбори стратегӣ арзёбӣ гардид.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ва барои ҳар ду ҷониб баманфиат анҷом дода шуд.

president.tj

Опубликовано в Сиёсат

27.02.2017
Баъди анҷоми музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд.Дар изҳороти муштарак, аз ҷумла омадааст, ки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба ҷониби Тоҷикистон барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд то дар фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Федератсияи Россия ташриф оваранд. Сипас дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ:
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна;
- Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2017 ба имзо расид.
Дар нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланд изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ба даст омадани тавофуқоти зиёд ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар оянда ба таҳкими ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар тамоми соҳаҳои афзалиятнок минбаъд мусоидати фаъол менамоянд.

president.tj

 

Опубликовано в Сиёсат

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон