Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ
8 апрели соли 2016 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов иштирок намуд.
Зимни ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба доираи васеи ҳамкориҳои мутақобила дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва таъмини амният дар минтақа мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷаласа, инчунин нақшаи машваратҳои бисёрҷониба миёни ниҳодҳои хориҷии ИДМ барои соли 2016 тасдиқ гардида, оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти геофазоӣ, масъалаҳои соҳаи тандурустӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи судӣ, тайёр кардани кадрҳои соҳавии ҳарбӣ, масъалаҳои марбут ба баргузории намоишгоҳи «AҚT ӮҶPO» қарорҳои дахлдор қабул шуд.
Вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин пешниҳодотро роҷеъ ба муайян намудани ташкилотҳои базавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба кор бо ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ дар байни онҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия
8 апрели соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия музокироти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавров доир гардид. Ҷонибҳо ба сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ дар 24 сол аз санаи муқаррар кардани муносибатҳои дипломатӣ баҳои баланд доданд. Дар фазои анъанавии эътимоду созанда онҳо доираи васеи масоили марбут ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва робитаҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалиро баррасӣ намуданд.
Вазирони корҳои хориҷӣ Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро барои соли 2016 ба имзо расониданд.