Материалы отфильтрованы по дате: Четверг, 07 Апрел 2016

6 апрели соли 2016 дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия баргузор гардид.
Ҳайати Тоҷикистонро Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Россияро Муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Олег Сиромолотов роҳбарӣ карданд.
Ҷонибҳо оид ба вазъи минтақа, ҷанбаҳои мубрами таъмини амният, хусусиятҳои терроризми муосир ва муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, оид ба усулҳои ифротишавии ҷомеа ва роҳҳои бартарафсозии он мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҳошияи машваратҳо роҳбари ҳайати Россияро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳузур пазируфт.

http://mfa.tj

Опубликовано в Сиёсат

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон