Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Олмонро ба ҳузур пазируфт
1 апрели соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи САҲА, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Франк Валтер Штайнмайерро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, ҳамчунин ҳамёрии ду кишвар дар доираи Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки “Тоҷикистон авлавиятҳои дар давраи раисии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар САҲА муайян шударо пурра дастгирӣ карда таҷдиди муколама ва эҳёи эътимоду амният дар фазои САҲА, тақвият бахшидан ба иқтидори он, истифодаи фаъоли имконоти Созмон дар рафъи бӯҳрон ва ҳали низоъҳоро дар мадди назари аввал қарор медиҳад”.
Зимни баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳамкориҳои гуманитарӣ таъкид гардид, ки имрӯз ҳамшарикии миёни кишварҳо дар сатҳи ҳамкориҳо баҳри таъмини рушди устувор қарор дошта, миёни ду кишвар заминаи хуби шартномавию ҳуқуқӣ арзи вуҷуд дорад.
Ҳар ду ҷониб ҳамзамон барои рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ омодагию ҳавасмандии хешро баён намуданд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили марбут ба обу энергетика, нақлиёту транзитӣ ва экологӣ сурат гирифт.
Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР
Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Олмон
1 апрели соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Франк–Валтер Штайнмайер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Зимни сафари мазкур, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Федеративии Олмон Франк–Валтер Штайнмайер мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо доираи васеъи ҳамкориҳои тарафайнро, аз қабили масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Олмон, аз ҷумла дар самтҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, обу энергетика, илму фарҳанг, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва инчунин дурнамои ҳамкориҳо дар чаҳорчуби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ин замина, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, хоссатан оид ба вазъи Афғонистон ва роҷеъ ба дигар масъалаҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Пас аз фарҷоми мулоқот, нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар рафти он вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Олмон дар назди васоити ахбори омма оид ба натиҷаҳои мулоқот, аз ҷумла доир ба муҳокимаи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар ояндаи наздик ва дурнамо, мусоидат ба рушд ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, рушди минбаъдаи тамосҳои сиёсӣ, тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ, амнияти минтақа, аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризм ва тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Аврупо, масъалаҳои амниятии вобаста ба вазъият дар Афғонистон ва инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) маълумот манзур намуданд.
Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР