Материалы отфильтрованы по дате: Понедельник, 12 Декабр 2016

9 декабри соли равон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии Авруосиё ва равобит бо ҳамватанон Леонид Калашников мулоқот анҷом намуд.
Имомуддин Сатторов дар оғози суҳбат мавсуфро ҷиҳати таъйин гардидан ба вазифаи Раиси Кумита дар Думаи давлатӣ табрик намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати иҷтимоиву иқтисодии давлатҳо табодули назар карда, ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан сӯдманд ва дар амал татбиқ ва фаъолтар намудани ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Россия, ибрози ақида намуданд.
Ҳамзамон дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия дар чаҳорчӯби ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, масъалаҳои иқтисодӣ-сармоягузорӣ, лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва мушкилиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Опубликовано в Сиёсат

9 декабри соли 2016 дар шаҳри Москва ҷаласаи 72-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид, ки дар кори он Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии Шӯрои иқтисодии ИДМ И.М. Сатторов иштирок намуд.
Ба рӯзномаи ҷаласа маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи иқтисод дохил буданд. Аз ҷумла, лоиҳаи созишнома дар бораи наздиксозии муносибат нисбати танзими меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникии танзим, баҳодиҳӣ, стандартикунонӣ, аккредитатсия ва таъминоти метрологӣ дар соҳаи истифодаи сулҳомези энергияи атомӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи таъмини амнияти нақлиётӣ дар ҳудуди ИДМ, дар бораи рафти иҷрои Қарори сарони ҳукуматҳои ИДМ оид ба Консепсияи муқаррар намудани сиёсати тарифии мувофиқагардонидашуда дар соҳаи роҳи оҳани давлатҳои аъзои ИДМ аз 18 октябри соли 1996, дар бораи сиёсати тарифии давлатҳои аъзои ИДМ барои соли фрахтии 2016, маълумотномаҳо дар бораи бозори сузишвории газу моторӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ ва дар бораи ҳолати эпизоотӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳод, инчунин як қатор масъалаҳо дар бораи фаъолияти ташкилотҳои базавии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ гардиданд.
Бо назардошти тағйироту иловаҳои дар рафти ҷаласа баёнгардида, лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ба баррасии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод мегарданд.
Ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои иқтисодии ИДМ 17 марти соли 2017 дар шаҳри Москва баргузор мегардад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Опубликовано в Сиёсат

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон