Ифтихори мо (1)
Қаҳрамони навбатии рубрикаи мо ҷарроҳ, саратоншинос, номзади илмҳои тиб Аҳмадов Баҳром Бахтиёрович мебошад. Ӯро “манбаъи маълумоти нав” дар соҳаи саратоншиносии байналмилалӣ низ меноманд. Ширкаткунандаи доимии конфронсҳои соҳаи саратоншиносӣ дар Италия, Нидерланд, Фаронса, Шваейтсария, Лаҳистон, ИМА ва ғайра мебошад. Ӯ ҳамчунин ҳаммуаллифи “Энсиклопедияи клиникии саратоншиносӣ”, ки дар тамоми дунё машҳур аст, инчунин ғолиби ҷоизаи Президенти Федератсияи Россия доир ба дастгирии олимони ҷавони Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар назди Фонди густариши тибби ватании Ҷамъияти саратоншиносии Москва, ғолиби ҷоизаи Ҷамъияти ҷарроҳони саратоншиносӣ ва ҷарроҳони дили Аврупо (ESSO) ва (EACTS), ҳамчунин ғолиби ҷоизаи Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзиши саратони шуш (IASLC) мебошад. Муалифи беш аз 50 мақолаи илмӣ буда, яке аз машҳуртарин намояндагони мактаби ба номи Н.Н.Блохини Академияи илмҳои тибби Россия (РОНЦ) дар Москва ба ҳисоб меравад.
Баҳром Аҳмадов 26 июли соли 1975 дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ҳанӯз аз давраҳои хурдсолӣ бо шавқу рағбати зиёд маҳорати табибиро аз падари худ Бахтиёр Аҳмадов, ки яке аз устодони мӯътабари ҷарроҳони саратон дар Тоҷикистон ва асосгузори хадамоти саратоншиносии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, омӯхтааст.
Соли 1992 Баҳром Аҳмадов ба факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд. Ҳанӯз дар курси сеюми таҳсил Баҳром Аҳмадов тасмим гирифта буд, ки дар оянда ба муолиҷаи касалиҳои саратон машғул мешавад. Маҳз ҳамон вақт имконияти хуб пеш омад, ки ӯ фаъолияташро ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар яке аз дармонгоҳҳои саратоншиносии Тоҷикистон шурӯъ намояд. Баъди хатми Донишгоҳ Баҳром Аҳмадов фаъолияти ҷарроҳияшро дар Маркази онкологии вилояти Суғд давом дод.
Аллакай дар ҳамон солҳо нарасидани мутахасисони соҳаи саратоншиносӣ дар кишвар сахт ба чашм мерасид ва маҳз дар ҳамин маврид Баҳром Аҳмадов сазовори роҳхат ба ординатураи Маркази илмии саратоншиносии ба номи Н.Н.Блохини шаҳри Москва шуд. Роҳхат ба орденатура, худ бисёр як имконияти пурмасъулият барои қаҳрамони мо буд ва бо майли шахсии ӯ низ ҳамсадо буд. Донистани пояҳои асосии касби табибӣ, хусусиятҳои хоси омӯзиши ӯро дар ординатураи клиникӣ муайян сохт. Ординатор Аҳмадов пеш аз ҳама бо дар сатҳи баланд азхуднамудани омодагии касбӣ, бо маҳорати амиқи ҷарроҳӣ, ки танҳо дар сурати меҳнати пурмашаққат ба шахс насиб мегардад, аз дигар ҳаммаслаконаш фарқ мекард. Дар давоми таҳсилаш дар Маркази илмии саратоншиносии ба номи Н.Н.Блохини шаҳри Москва бошад, аз даҳҳо олимони ҷавони дигар фарқ мекард. Аз соли 1999 сар карда, дар кори ҷамъияти саратоншиносони шаҳри Москва фаъолона ширкат меварзад, шомили мактаби илмии академик М.И.Давидов мегардад. “Рафти муолиҷаи бемор бо иштироки Баҳром Аҳмадов бо сатҳи баланди амалот, бо дурустии иҷроиши амалот, бо маҳорати фурӯ рафтан ба асли масъала, бо пайдо ва пешниҳод намудани роҳи дурусти ҳалли он фарқ мекунад”-қайд менамуданд устодон.
Дар соли 2004 Баҳром Аҳмадов сарбалондона рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд. Бояд гуфт, ки дар рафти кор вобаста ба ин мавзӯи мушкил олими ҷавон чандин бор дар иҷрои якчанд тадқиқотҳои ояндадори илмӣ, дар баррасӣ ва истифодаи клиникии муолиҷаи касалии саратони шуш иштирок намудааст. Маҳз Баҳром Аҳмадов алгоритми муолиҷаи беморони саратони шушро муайян ва дар амал ворид намудааст. Дар муддати кӯтоҳ Баҳром Аҳмадов малакаи доираи васеи ҷарроҳии қафаси синаро аз худ кард, бо роҳи ҷарроҳӣ ва бо роҳи моулиҷаи омехтаи бемории саратони шуш, саратони меъда ва ба ҳалли масъалаҳои молекуляри-биологии бемории саратон машғул гардид.
Дар ҳоли ҳозир бошад Баҳром Аҳмадов дар доираи рисолаи доктории худ масъалаҳои муолиҷаи саратони шушро бо роҳи ҷарроҳӣ омӯхта истодааст. Мақсади тадқиқоти ӯ, комил гардонидани усулҳои диагностикӣ, омӯзиши омилҳои пешбинӣ, муайянсозии ҷойдоштани усули ҷарроҳӣ бо мақсади хуб намудани натиҷаи моулиҷаи омехтаи бемории саратони шуш ба ҳисоб меравад.
Ба қавли худи Баҳром Аҳмадов нақши бузургро дар ташаккули ӯ ҳамчун мутахассис устоди ӯ академик М.И.Давидов бозидааст. Маҳз ба шарофати ин шахс Баҳром Аҳмадов худро имрӯз шахси муваффақ ва хушбахт меҳисобад.
Имрӯзҳо вақти асосии Баҳром Аҳмадов ба оилаи дӯстдоштаи ӯ ва накамтар дӯстдоштарин касби ӯ сарф мегардад.
Баҳром Аҳмадов оиладор ва соҳиби ду духтар мебошад. Ӯ мекӯшад, то дар дилҳои дӯстони бешумори худ, ҳамкасбонаш дар саро сари дунё ва фарзандонаш ҳисси муҳаббатро нисбати Тоҷикистон ҷо кунад. Фарзандонаш аллакай решаҳои хешро эҳсос намуда бо як ҳавасмандии хос бо фарҳанг ва урфу одати миллии худ ошно мегаданд.
Баҳром Аҳмадов дар куҷое, ки набошад бо ҳамкасбони худ аз Тоҷикистон низ ҳамкориҳои наздики илмӣ дошта, мутахассиси намунавӣ дар соҳаи худ боқӣ мемонад. Аз ин фурсат истифода бурда ба Баҳром Аҳмадов барои саҳми арзандааш дар рушди илм арзи сипос менамоем!