Консулгарӣ (9)
Баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан
11 Окт 2021Бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 8 октябри соли 2021 18 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Зимни сафари онҳо ба Тоҷикистон, ба шаҳрвандон аз ҷониби Сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Сафорат чунин мусоидатро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои мазкур мунтазам анҷом медиҳад.
Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз 2 феврали соли 2018 хизматрасонии навро доир ба иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи куҳна ба шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи нави биометрӣ, ба роҳ мондааст.
Минбаъд ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, имконият фароҳам шуд, то дар қаламрави Федератсияи Россия шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометриро дастрас намоянд.
Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биомерӣ, шаҳрвандон бояд ба Хадамоти консулии Сафорат ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
- маълумотномаи тиббӣ;
- нусхаи шиносномаи дохилӣ ё хориҷӣ;
- шаҳодатномаи ронандагӣ;
- расиди пардохти маблағ;
Муҳлати омода гардидани шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ 14 рӯзи кориро дар бар мегирад.
Бартарияти шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ дар қаламрави Федератсияи Россия дар он аст, ки дорандаи он метавонад бо супоридани 3 имтиҳон соҳиби шаҳодатномаи ронандагии Федератсияи Россия гардад:
1) назарияи қоидаҳои ҳаракати роҳ;
2) рондани автомобил дар майдони махсус (автодром);
3) рондани автомобил дар шаҳр.
Шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи нави биометрӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, муҳлати истифодаи он 10 сол аст.
Дорандаи шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, метавонад онро дар қаламрави 166 кишвари дунё истифода барад.
Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР
24 январи соли 2017 дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводид/раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тасдиқ шуд.
Мақсади қабули Қоидаҳои зикршуда дар таҳрири нав ин татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил намудани Шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд таҳти №405 аз 13 июни соли 2015 ва мукаммал намудани низоми барасмиятдарорӣ ва додани раводид/раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошад, ки аз 1 июни соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда истодааст.
Қоидаҳои тасдиқшуда ҷиҳати васеъ намудани доира ва низоми электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ, идоракунии таҳияи раводиди электронӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи туризм дар тамоми қаламрави кишвар равона карда шудаанд.
Айни замон Шабакаи иттилоотии электронӣ ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Раводиди электронӣ ин як намуди раводиде мебошад, ки тариқи электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дода мешавад. Барои додани раводиди электронӣ барнома ва сомонаи махсус ташкил карда шудааст. Дар баробари ворид намудани низоми мазкур тамоми муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД бо таҷҳизот ва барномаҳои махсус барои назорати вуруд/хуруҷ ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ таҷҳизонида шуданд.
Барои ба расмиятдарории раводиди электронӣ шаҳрвандони давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо бо таври содда додани раводидро муайян намудааст (78 давлат), метавонанд тавассути интернет бо пешниҳод намудани маълумотҳои дахлдор ва пардохти маблағ, раводиди худро тариқи почтаи электронӣ дастрас намоянд.
Вазорати корҳои хориҷӣ тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри 2016 ироа намуданд, ҷихати зиёд намудани шумораи кишварҳое, ки бо тариқи содда раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас менамоянд, кӯшиш ба харҷ дода истодааст.
Инчунин, дар натиҷаи ислоҳоти мазкур ва татбиқи лоиҳаҳои зикршуда тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якдигар пайваст шуда, ба низоми ягонаи идоракунӣ табдил ёфтанд. Таъсиси низоми ягонаи идоракунии давлатӣ ва пайвасти он бо низоми идоракунии раводид барои мустаҳкам намудани амнияти миллӣ, пешгирӣ намудани таҳдидҳо ба мисли терроризм ва экстремизм, инчунин пурзӯр намудани назорати муҳоҷирати шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд. Боиси қайд аст, ки сатҳи хизматрасонии Шабакаи иттилоотии электронӣ ба низоми додани раводиди Шенгенӣ баробар мебошад.
Дар қоидаҳои нав ҳамчунин як қатор дигаргуниҳо ворид шудаанд, ки барои содда намудани раванди гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва ҷалби сармоягузорон ва сайёҳони хориҷӣ равона шудааст. Аз ҷумла, дастрасӣ ба раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқ шаҳрвандони Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва аъзои оила ва хешовандони наздики шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташрифи муваққатӣ содда карда шудааст. Инчунин, ҳайати экипажи ҳавоӣ, ки ба хазматрасонии ҳавопаймоҳо машғул мебошанд, бе раводид дар асоси Эъломияи умумӣ мутобиқи талаботи ИКАО ворид ва хориҷ мешаванд. Ҳуччатҳои асос барои гирифтани раводиди “сармоягузорӣ” низ содатар ва фасеҳ шудаанд.
(Барои маълумоти бештар дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва тамдиди раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи интернетии www.visa.gov.tj муроҷиат намоед)
(Барои гирифтани раводиди электронӣ “e-Visa” https://www.evisa.tj)
Дар Сафорати Тоҷикистон брифинг баргузор гашт
25 Авг 2016Рӯзи 24-уми августи соли равон дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, брифинг доир ба ворид намудани системаи нави таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ “Апостил” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Дар брифинги мазкур намояндагони Сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Москва, ҳузур доштанд.
Кормандони Хадамоти консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, тартиби ба тозагӣ ворид гардидаи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ба ҳозирин муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон маълумоти муфассал доир ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, кишварҳои аъзои Конвенсияи мазкур, намуд ва навъи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшудаи апостил, манзури ҳозирин гардид.
Бояд қайд кард, ки Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ (Апостил) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2015 эътибор пайдо намудааст.
Ҳамчунин маълумоти муфассал доир ба низоми раводиди электронӣ “e Visa”, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ворид намудани он яке аз кишварҳои пешқадам дар минтақа ба ҳисоб меравад, манзури меҳмонон гардид. Ба самтҳои мусбии низоми тозавориди раводиди электронӣ “e Visa” диққати махсус дода шуда, дар бораи марҳилаи дуюми вориди низоми мазкур хабар дода шуд.
Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР
Рӯзи 19 июни соли 2016 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Хадамоти консулӣ, Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Россия дар ҳамкории зич бо Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ва Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ш.Москва аз сарҳади Абхазия-Россия тариқи гузаргоҳи сарҳадии ш.Адлер панҷ нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ашуров Орзуҷон Абдулазизович, 06.09.1991 с.т., Шеравлиёи Хушбахт, 15.06.1990 с.т., Исмоилов Наби Алиевич, 05.02.1972 с.т., Жапоров Бахтиёр Шуҳратович, 13.07.1993 с.т., Қурбонов Бахтиёр Нурматович, 17.01.1969 с.т., ки аз сабаби баста шудани вурудашон ба Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Абхазия дармонда буданд, ба Фурудгогоҳи байналмилалии ш.Сочи интиқол дода, аз он ҷо тариқи хатсайри Сочи-Москва ва баъдан Москва-Хуҷанд ба Ватан баргардониданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки то рӯзи кушодани гузаргоҳи махсус дар сарҳад барои шаҳрвандони Тоҷикистон, Хадамоти консулии Сафорат тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро ҷиҳати тасдиқи шаҳрвандии онҳо тариқи Консули фахрии Тоҷикистон дар ш.Краснодар ба шаҳрвандон пешниҳод намуд.
Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР
Дар бораи ҷорӣ шудани низоми раводиди электронӣ
03 Июн 2016Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa” (https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ба шаҳрвандони хориҷӣ имконият медиҳад, ки барои бо мақсади сайёҳӣ ва корӣ ворид шудан ба кишвар дархости электронӣ хонапурӣ карда, бидуни ҳозир шудан ба муасссисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди электрониро ба даст оранд.
Низоми раводиди электронӣ “e Visa” ба шаҳрвандони хориҷӣ бо тариқи онлайн гирифтани раводидро имкон медиҳад ва аз навбатпоӣ дар муассисаҳои консулӣ ё нуқтаҳои сарҳадӣ муштариёнро озод менамояд. Низоми нав барои он таҳия шудааст, ки раванди гирифтани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ содда гардад, шумораи сайёҳонро ба Тоҷикистон зиёда гардонида, ҳамчунин, расмиёти раводидро барои тоҷирон содда намояд. Мо ҳамзамон, кӯшиш менамоем, ки вақтро сарфа намоем ва машғулияти ҳайати кормандонро барои раванди судури раводид сабуктар намоем.
Дархосткунандагон раводиди электронии худро тавассути почтаи электронӣ баъди пешниҳодҳои маълумотҳои зарурӣ ва пардохт бо корти бонкӣ онлайн дастрас менамоянд. Дархосткунандагон барои баррасии ариза ҷиҳати гирифтани раводиди электронӣ ӯҳдадор мегарданд, ки 50 доллари ШМА ба воситаи шабакаи электронии байналмилалӣ эътирофшуда пардохт намоянд. Дар ҳолати радд намудани дархост маблағи мазкур ба дархосткунанда баргардонида намешавад. Баъди пардохти хироҷ ва қонеъ кардани дархост, дархосткунанда аз ҳамон суроғаи почтаи электронӣ раводиди электрониро дастрас менамояд, ки онро ҳангоми убури сарҳади Тоҷикистон дар якҷогӣ бо ҳуҷҷати сафар бояд пешниҳод намояд.
Раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 90 рӯз эътибор дорад, вале дорандаи он метавонад дар қаламрави ҷумҳурӣ на зиёда аз 45 рӯзи тақвимӣ қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ тамдид намешавад ва дорандагони он бояд дар мӯҳлати нишондодашуда қаламрави Тоҷикистонро тарк кунанд.
Эълон
28 Май 2016Ба диққати шаҳрвандон расонида мешавад, ки шурӯъ аз 1 июни соли 2016 реҷаи кории Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷиҳати қабули шаҳрвандон чунин муқаррар мешавад:
Рӯзи душанбе аз соати 09:00 то 17:00
Рӯзи сешанбе аз соати 09:00 то 17:00
Рӯзи чоршанбе қабули шаҳрвандон сурат намегирад
Рӯзи панҷшанбе аз соати 09:00 то 17:00
Рӯзи ҷумъа аз соати 09:00 то 17:00
Эълон
21 Май 2016Ба диққати шаҳрвандон расонида мешавад, ки шиносномаҳои хориҷии навъи қаблӣ (кабуд) то 01.07.2016 сол ва танҳо ба мӯҳлати як сол тамдид карда мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои дурдасти ҳавзаи консулии СафоратиҶумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иқомат менамоянд ва ё ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мебошанд, метавонанд тариқи SMS ба рақами +7 (985) 152 16 68 ва почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. худро ба навбати электронӣ, ҷиҳати гирифтани шиносномаи хориҷии навъи биометрӣ гузоранд.
Барои ба навбат гузоштан шаҳрванд бояд ному насаб, номи падар, рақами телефон ва суроғаи истиқомати доимии худро ба рақам ва почтаи дар боло овардашуда, ирсол намояд.