Раъйпурсӣ (6)

22 майи соли 2016 аз соати 6:00 то соати 20:00 бо вақти Москва дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Раъйпурсии умумхалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Шаҳрвандони Тоҷикистони муқими шаҳри Москва, вилояти Москва ва дигар манотиқ фаъолона дар Раъйпурсии умумхалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Аз ҷумла, донишҷӯёни тоҷик, намояндаҳои доираҳои илму фарҳанг, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар марказҳои тиҷорату савдо ва ширкатҳои сохтмонии ш. Москва фаъолият мекунанд, дар ин маъракаи муҳими сиёсии кишвар ширкат варзида, озод раъйи худро доданд. Дар байни шаҳрвандони ширкаткунанда дар ин маърака занон низ зиёд ба чашм расид. Бисёре аз раъйдиҳандаҳо дар даст парчами миллӣ доштанд, ки нишондиҳандаи меҳру муҳаббат нисбат ба муқаддасоти милливу давлатӣ ва рамзи ваҳдати миллӣ мебошад.
Бояд зикр кард, ки ҳамватанони бурунмарзӣ дар Федератсияи Россия бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ баҳри рушду нумӯи минбаъдаи кишвар, мустаҳкамшавии арзишҳои демократӣ ва таъмини амнияту суботи бардавоми ватан дар ин маъракаи тақдирсоз ширкат карданд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки имрӯз дар маъракаи раъйдиҳӣ дар ш. Москва иштирок намуданд, аз ш. Москва, вилояти Москва, ш. Санкт-Петербург, вилояти Владимир, ш. Рязан ва ғайра ба участкаи раъйдиҳӣ ташриф оварданд.
Инчунин дар байни раъйдиҳандагон шаҳрвандоне буданд, ки бори аввал дар чунин маърака иштирок карданд. Ба яке аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон Алиев Шаҳром, ки бори аввал аз ҳуқуқи раъйдиҳии худ истифода кард, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомуддин Сатторов ба мақсади нақш бастани ин воқеаи муҳим дар хотирааш туҳфаи хотиравӣ китоби “Таърихи тоҷикон”-ро тақдим намуд.
Инчунин рафти раъйдиҳиро дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Россия намояндагони васоити ахбори оммаи Россия ва дигар кишварҳо инъикос намуданд. Ҳамзамон нозирони байналмилалӣ дар ин маърака иштирок карда, ин равандро назорат намуданд. Ба участкаи раъйдиҳии Москваро узви Комиссияи марказии интихоботи Россия Василий Лихачев низ ташриф овард ва бо ҷараёни раъйдиҳӣ шинос шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

19 майи соли 2016 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Москва вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо нозирони байналмилалӣ аз ҳисоби Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои узви ИДМ Вадим Бекетов ва Кумитаи иҷроияи ИДМ Марина Афонина ки рафти баргузории Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумуҳарии Тоҷикистонро рӯзи 22 майи соли равон назорат мекунанд, доир гардид.
Зимни вохӯрӣ нозирони байналмилалӣ бо рафти корҳои омодагирӣ ба Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар ш. Москва баргузор мегардад, шинос шуданд. Аз ҷумла, Сафири Тоҷикистон қайд кард, ки участкаи таъсисёфтаи раъйдиҳии № 57 дар бинои Сафорат тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон барои баргузории ин маъракаи сиёсӣ пурра омода шудааст. И. Сатторов зикр намуд, ки Комиссияи участкавӣ оид ба баргузории раъйпурсӣ корҳои зиёдро роҷеъ ба маъракаи сиёсии дарпешистода барои хабардор намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия иқомат менамоянд, анҷом дода, тамоми шароитҳои лозимаро барои раъйдиҳии озоди шаҳрвандон фароҳам овардааст.
Нозирони байналмилалӣ дар навбати худ қайд карданд, ки корҳои омодагирӣ доир ба гузаронидани Раъйпурсии умумихалқӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дода шудаанд ва ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошанд. Инчунин онҳо изҳори умед карданд, ки маъракаи мазкур тибқи меъёрҳои байналмилалӣ оид ба гузаронидани раъйпурсӣ сурат мегирад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ ОИД БА

«ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ

(САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

22 майи соли 2016 аз соати 06-00 то 20-00 бо вақти маҳаллӣ дар биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа раъйпурсии умумихалқӣ баргузор мегардад.

 

БЕТАРАФ НАБОШЕД!

 

Тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доимӣ ё муваққатӣ дар Россия қарор доранд, ҳуқуқи дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок карданро доранд.

 

Раъйдиҳанда ҳатман бояд бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.

 

Маълумоти бештар:

www.tajembassy.ru

www.tajgenconsul-eka.ru

www.tajgenconsulufa.ru

www.kmir.tj

 

ш. Москва, паскӯчаи Гранатний 13,

ш. Екатеринбург, кӯчаи Гражданская 2а

ш. Уфа, кӯчаи Сурюпи 149

 

«ДАР БОРАИ РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, мод. 245; соли  2001, № 4, мод. 212; соли 2008, №12, қисми 1, мод. 983)

 

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 Моддаи 1. Мафҳуми раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳии умумихалқӣ оиди масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ мебошад.

Ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи-кистон танҳо бо роҳи раъйпурсӣ тағйироту иловаҳо дохил карда мешаванд.

Қарорҳое, ки раъйпурсии умумихалқӣ қабул менамояд, эътибори  олии ҳуқуқӣ дошта, ба ҳеҷ гуна тасдиқшавӣ эҳтиёҷ надоранд  ва иҷрои онҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҳатмист.

Моддаи 2. Масъалаҳое, ки мавзӯи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд

Мутобиқи  моддаи 100-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии   Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд ва воҷиби ба раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузоштан намебошанд.

Масъалаҳои  оид ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, андоз, буҷет, тақсимоти маъмурии марзӣ, дидани чораҳои фавқулоддаю фаврии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сиҳатӣ ва амнияти  шаҳрвандон, тағйир додани мақом ва тамомияти арзии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба таъин ва озод кардани шахсони мансабдоре, ки ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистон дахл доранд, инчунин масъалаҳое, ки бо иҷрои уҳдадориҳо аз рӯи шартномаҳои байналмилалии ҷумҳурӣ вобаста  мебошанд, наметавонанд ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шаванд.

Моддаи 3. Ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар раъйпурсӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синашон ба 18 расидаасту мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

Дар раъйпурсӣ шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили  амал донистааст ва ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ  дошта мешаванд, ҳуқуқи иштирок кардан надоранд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк дар раъйпурсӣ иштирок мекунанд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с. №458)

Ҳама гуна маҳдудкунии бевосита ва ё бавоситаи ҳуқуқи иштироки шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ манъ аст ва мувофиқи Қонун ҷазо дода мешавад.              

 
Моддаи 4. Принсипҳои умумии раъйпурсӣ

Шаҳрвандон дар раъйпурсӣ озодона, бевосита ва шахсан иштирок мекунанд.

Овоздиҳӣ  дар раъйпурсӣ пинҳонӣ сурат мегирад, назорат ба изҳори хоҳишу иродаи  шаҳрвандон манъ аст.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ дар маҳалли зисти доимӣ ва ёмуваққатии худдар асосҳои баробариштирок мекунанд. Ҳар шаҳрванд  як овоздорад.

 

Моддаи 5. Қонунгузорӣ дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузорӣ дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

 
Моддаи 6. Ошкорбаёнӣ дар вақти тайёр кардани раъйпурсӣ

Дар рафти тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ ошкорбаёнии васеъ ва иштироки аҳли ҷамъият таъмин карда мешавад.

Ҳизбҳои  сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои дигари ҷамъиятӣ, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун ба қайд гирифта шуданд, мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, ки дар ташкил ва  гузаронидани раъпурсӣ ширкат меварзанд,  ба таври кушод ва ошкоро бо риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, ба дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои  меҳнатӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқи ба тарафдорӣ ё муқобили масъалаи ба раъйпурсӣ гузошташаванда таблиғ намудан кафолат дода мешавад.      

Дар рӯзи овоздиҳӣ  тарғибот манъ аст.

Қарорҳои вобаста ба раъйпурсӣ ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсӣ гузошта мешаванд, бояд дар воситаҳои ахбори оммаи расмӣ дар муддати даҳ рӯзи баъди аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданашон интишор ёбанд.

Воситаҳои ахбори омма рафти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсиро иникос мекунанд, ба намояндагони онҳо кафолат дода мешавад, ки дар ҳамаи маҷлису ҷамъомадҳои марбут ба раъйпурсӣ бемамоният ҳузур дошта бошанд ва ахбори дахлдорро дастрас намоянд.

Комиссияҳои раъйпурсӣ аҳолиро дар бораи ҳайати худ, маҳал ва вақти кор, ташкили участкаҳои овоздиҳӣ ва рӯйхати шаҳрвандоне, ки  ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд, сари вақт хабардор мекунанд.

Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди ҳуҷҷати ваколатнок дар рӯзи раъйпурсӣ дар маҷлисҳои комиссияҳои раъйпурсӣ ҳангоми ҳисоби овозҳо ва муайян кардани натиҷаи раъйпурсӣ иштирок намоянд. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида барои анҷом додани мушоҳида дар рӯзи раъйпурсӣ дар ҳар як участка якнафарӣ мушоҳидони миллиро таъин намоянд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с. №458)

Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар бораи намояндагони худ ба комиссияҳои дахлдори раъйпурсӣ на дертар аз панҷ рӯз пеш аз раъйпурсӣ бо таври хаттӣ хабар медиҳанд.

Бо мақсади таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои баргузории раъйпурсӣ мушоҳидони байналмилалӣ даъват карда мешаванд.

Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ тибқи Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, танзим мегардад.

Мушоҳидони байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида иҷозатнома гирифта, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми доштани даъватнома аккредитатсия карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъини рӯзи раъйпурсӣ фиристода мешавад.

Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ уҳдадоранд Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя ва хулосаи худро дар асоси мушоҳида ва маводи воқеӣ таҳия намоянд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳидони байналмилалӣ дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад. Шаҳодатномаи мазкур ба мушоҳиди байналмилалӣ ҳуқуқ медиҳад, ки ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсиро мушоҳида намояд.

Мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат мебошанд.

Мушоҳидони байналмилалӣ фаъолияти худро мустақилона ва озодона анҷом медиҳанд. Таъминоти моддию молиявии фаъолияти онҳо аз ҳисоби тарафе, ки онҳоро фиристодааст ё аз ҳисоби маблағи худи онҳо анҷом дода мешавад.

Дар сурати аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ вайрон намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалиро бекор менамояд.

Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ ҳуқуқ доранд:

-бо рӯйхати шаҳрвандони дар раъйпурсӣ иштироккунанда шинос шаванд;

-дар бинои овоздиҳӣ аз оғоз то анҷоми кори комиссияи участкавӣ ҳузур дошта бошанд;

-ба раъйдиҳандагон додани бюллетенҳои овоздиҳиро мушоҳида намоянд;

-ҳисоб кардани овозҳои раъйдиҳандагонро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳӣ имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;

-бо протоколҳои комиссияҳои участкавӣ оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавӣ дар бораи натиҷаи раъйпурсӣ шинос шаванд;

-ба намояндагони комиссияҳои раъйпурсӣ бе дахолат ба кори онҳо оид ба мушоҳидаи худашон иттилоъ диҳанд;

-аз қарор ва амали (беамалии) комиссияҳо ба комиссияи болоӣ ва ё суд шикоят намоянд.

Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ ҳуқуқ надоранд:

-бюллетенҳои овоздиҳиро ба раъйдиҳандагон супоранд;

-бо хоҳиши раъйдиҳандагон барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд ва ё онро пур кунанд;

-ба раъйдиҳандагон таъсир расонанд, ба ҷараёни раъйпурсӣ дахолат намоянд ва дигар амале содир намоянд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад;

-бевосита дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссия анҷом дода мешавад, иштирок намоянд;

-амале содир намоянд, ки ба кори комиссия оид ба гузаронидани раъйпурсӣ монеа шавад ва ё дар қабули қарори комиссияи дахлдор оид ба гузаронидани раъйпурсӣ иштирок намоянд;

-мақоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи рафти раъйпурсӣ вобаста нест, истифода баранд.  (ҚҶТ аз 31.12.08 с. №458)

                          

Моддаи 7. Таъминоти моддии раъйпурсӣ

Хароҷоти вобаста ба тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ аз лаҳзаи қабули қарори таъини он аз ҳисоби буҷети давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо ба ихтиёри комиссияҳои раъйпурсӣ бино ва таҷҳизотеро, ки барои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ лозиманд, бепул медиҳанд. Биноҳо ва таҷҳизоти корхонаю ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияҳои раъйпурсӣ дар асоси иҷора аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с. №458)

 

БОБИ 2.

ТАЪИН КАРДАНИ РАЪЙПУРСӢ

 

Моддаи 8. Ҳуқуқи таъин кардани раъйпурсӣ

Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунанд.

Моддаи 9. Пешниҳоди таклиф дар бораи раъйпурсӣ

Ташаббуси пешниҳод  оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Ташаббуси пешниҳод кардани таклиф дар бораи раъйпурсӣ ба ғайр аз масъалае, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, ба на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Моддаи 10. Тартиби амалӣ намудани ҳуқуқи ташаббуси пешниҳод кардани таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ       

Таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод карда мешавад.

Таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ бояд инҳоро дар бар гирад: асоснок кардани зарурати гузаронидани раъйпурсӣ, возеҳ ифода намудани масъалаҳое, ки ба раъйпурсӣ гузошта мешаванд ва имзоҳои на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бошад, имзоҳои на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, муайян менамояд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с. №458)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои воридшударо оид ба  гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз шаш  моҳи баъди ворид шудани талабномаи гузаронидани раъйпурсӣ  баррасӣ менамояд.

Моддаи 101. Тартиби баррасии масъалаҳо оид ба раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 10 рӯз пас аз ворид шудани ҳуҷҷатҳо ва маводҳои замимашуда дар бораи раъйпурсӣ онҳоро барои хулоса ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ мешавад.

Баррасии масъалаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб ва муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

Дар ҳолати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, ки аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз 15 рӯзи қабули қарори Суди конститутсионӣ дар бораи гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ ва масъалаҳои фарогири он қарор қабул менамояд.

Дар ҳолати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ набудани масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, ки аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, ҳамаи расмиёте, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, қатъ мегарданд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с. №458)

 

Моддаи 11. Қабули қарор аз рӯи таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таклифи гузаронидани раъйпурсӣ ҳақ дорад бо назардошти хулосаю мулоҳизаҳои кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдор, инчунин Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чунин қарорҳоро қабул намояд:

а) дар бораи таъини раъйпурсӣ, санаи гузаронидани он ва тадбирҳои он;

б) дар хусуси рад намудани таклиф дар бораи таъини раъйпурсӣ;

в) дар хусуси қабул кардани қонун ё қарори дигар, ки дар таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ пешниҳод  шудааст бе гузаронидани раъйпурсӣ.                           

Қарор оид ба масъалаи гузаронидани раъйпурсӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 12-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинишуда қабул карда мешавад, агар ба тарафдории он беш аз нисфи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода бошанд.

Моддаи 12. Қабули қарор аз рӯи таклиф дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарор дар бораи қабули таклиф оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президент ё на камтар аз нисфи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Қарор дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ оид ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Таклифҳо дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешаванд.

Агар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда  бошад, он на пештар аз як сол такроран ба миён гузошта мешавад.

Моддаи 13. Муҳлати гузаронидани раъйпурсӣ

Раъйпурсиро пештар аз ду моҳ ва дертар аз чор моҳи баъди рӯзи қабул кардани қарор дар бораи гузаронидани он гузаронидан мумкин нест.     

Ин муҳлат аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода мешавад.

 

БОБИ 3.

ТАЙЁРӢ БА РАЪЙПУРСӢ

 
Моддаи 14. Ҳавзаю участкаҳои раъйпурсӣ

Ҳавзаҳои раъйпурсиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҳудудиноҳия, шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят барпо менамояд. Дар шаҳри Душанбе ҳавзаҳо дар ҳудуди ноҳияҳои он ташкил дода машаванд. Агар ноҳия дар тобеияти маъмурии Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ қарор дошта бошад, ба як ҳавза дохил карда  мешавад.

Рӯйхати ҳавзаҳо бо зикри ҳудуду маҳалли воқеияти комиссияҳои ҳавзавӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз даҳ рӯзи баъди таъини раъйпурсӣ чоп карда мешавад.

  Участкаҳои раъйпурсӣ аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ аз рӯи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 21, 22-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда мешаванд.

Дар сурати дар муҳлати ду моҳ гузаронидани раъйпурсӣ участкаҳои раъйпурсӣ на дертар аз рӯзи биступанҷуми баъд аз таъини раъйпурсӣ барпо мегарданд.                 

 Дар ҳолати дар як рӯз бо интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани раъйпурсӣ,  участкаҳои интихобот дар як вақт участкаҳои раъйпурсӣ низ мебошанд.

 
Моддаи 15. Комиссияҳои раъйпурсӣ

Барои омода кардан ва гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои зайл ташкил карда мешаванд:

а) Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) Комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ;

в) Комиссияи участкавии раъйпурсӣ.

Ваколати комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ аз лаҳзаи ташкили онҳо ба вуҷуд омада, баъд аз гузаштани як моҳ аз лаҳзаи чопи  натиҷаҳои раъйпурсӣ қатъ мегардад.

Моддаи 16. Ташкили коммиссияҳои раъйпурсӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун мақоми доимоамалкунанда мутобиқи моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил мегарад.

Комиссияҳои ҳавзавии  раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мегарданд.

Комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ мутобиқи моддаҳои 16 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда мешаванд.

Дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ вазифаҳои раиси комиссияи участкавии раъйпурсиро роҳбари намояндагӣ иҷро мекунад.

 

Моддаи 17. Салоҳияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зайлро анҷом медиҳад:

1) дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои ҳамин Қонуни конститутсионӣ назорат карда, татбиқи яксони онро таъмин менамояд, дар доираи салоҳияти худ дастурҳо нашр карда, ин Қонуни конститутсиониро тавзеҳ медиҳад.

2) ҳавзаҳои раъйпурсиро ташкил мекунад;

3) комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсиро ташкил менамояд ва дар бораи маҳалливоқеи онҳо маълумот чоп мекунад;

4) кори комиссияҳои раъйпурсиро ба роҳ мемонад, тартиби тағйир додани ҳайати онҳоро муайян менамояд, мустақилона ё бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои   комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсиро бекор мекунад, агар ин қарорҳо хилофи ҳамин Қонуни конститутсионӣ бошанд;

5) масъалаҳои ба ҳавзаи раъйпурсӣ мансуб кардани участкаҳои раъйпурсиеро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мешаванд;

6) маблағро ба комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ тақсим мекунад, аз биноҳо, нақлиёт, воситаҳои алоқа таъмин гардидани комиссияҳои ҳавзавиро назорат менамояд, дигар масъалаҳои таъмини моддию техникии раъйпурсиро  баррасӣ мекунад;

7) шакли бюллетенҳои раъйпурсӣ, рӯйхати шаҳрвандоне, ки ба иштирок дар раъйпурсӣ ҳақ доранд, протоколҳои маҷлисҳои комиссияҳои раъйпурсӣ, дигар ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ, намунаи қуттиҳои овоздиҳӣ ва муҳрҳои комиссияҳои раъйпурсӣ, тартиби ҳифзи ҳуҷҷатҳои раъйпурсиро муқаррар мекунад;

8) тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори маҳаллӣ ва хориҷиро муқаррар мекунад, онҳоро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор таъмин менамояд; (ҚҶТ аз 31.12.08 с. №458)

9) гузориши роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро аз рӯи масъалаҳои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ мешунавад;

10) натиҷаи раъйпурсиро дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст менамояд;

11) натиҷаи раъйпурсиро муқаррар  намуда, дар матбуот чоп мекунад;

12) аризаю шикоятҳоро аз хусуси қарору амали комиссияҳои раъйпурсӣ баррасӣ менамояд;

13) дигар ваколатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонад.

 

Моддаи 18. Салоҳияти комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ

Комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ корҳои зайлро анҷом медиҳад:

1) назорати иҷрои ҳамин Қонуни конститутсиониро дар ҳудуди ҳавза амалӣ менамояд;

2) участкаҳои раъйпурсӣ ташкил медиҳад, рақамҳои онҳоро муқаррар мекунад, комиссияҳои участкавии раъйпурсиро ташкил ва фаъолияти онҳоро танзим менамояд;

3) гузориши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, оид ба масъалаҳои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ мешунавад;(ҚҶТ аз 31.12.08 с. №458)

4) маблағро дар байни Комиссияҳои участкавӣ тақсим карда, аз биноҳо,  нақлиёт, воситаҳои алоқа таъмин гардидани комиссияҳои участкавиро назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии раъйпурсиро дар ҳудуди ҳавза баррасӣ менамояд;

5) тартиб додани рӯйхатҳои шаҳрвандонеро, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд, назорат менамояд ва рӯйхатҳоро барои шиносоии умум мегузорад;

6) комиссияҳои участкавии раъйпурсиро бо бюллетенҳои овоздиҳӣ таъмин мекунад;

7) натиҷаи раъйпурсии ҳавзаро муқаррар намуда, онро ба Комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсӣ месупорад;

8) арзу шикоятҳои аз хусуси қарору амали комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ дохилшударо баррасӣ намуда, оиди онҳо қарор  қабул  мекунад;

9) мувофиқи ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои дигарро низ анҷом медиҳад.

Моддаи 19. Салоҳияти комиссияи участкавии раъйпурсӣ

 Комиссияи участкавии раъйпурсӣ корҳои зайлро анҷом медиҳад:

1) доир ба участка рӯйхати шаҳрвандонеро, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд, тартиб медиҳад;

2) шаҳрвандонро бо рӯйхат шинос менамояд, аризаҳоро дар бораи ғалату носаҳеҳии рӯйхат қабул карда, баррасӣ менамояд ва масъалаи  ба онҳо дохил кардани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад;

3) аз шаҳрвандоне, ки имконият надоранд рӯзи раъйпурсӣ дар ҷои сукунати худ бошанд ва дар раъйпурсӣ ширкат варзанд, қарори дар лифофа муҳршудаи онҳоро мегирад ва махфияти изҳори иродаи овоздиҳандагонро таъмин менамояд;

4) аҳолиро аз маҳалли воқеияти комиссияи участкавӣ, вақти кори он, ҳамчунин аз рӯзи раъйпурсӣ ва ҷои овоздиҳӣ огоҳ  мекунад;

 5) таҳияи хонаҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои бюллетенандозӣ ва дигар таҷҳизотро таъмин менамояд;

6) дар рӯзи раъйпурсӣ дар участка овоздиҳиро ташкил мекунад;

7) овозҳои дар участка додашударо ҳисоб мекунад;

8) аз рӯи масъалаҳои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ, ташкили овоздиҳӣ аризаву шикоятҳоро баррасӣ карда, оид ба онҳо қарорҳо  қабул менамояд;

9) мувофиқи ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои дигарро низ анҷом медиҳад.

Дар сурати дар як вақт гузаронидани раъйпурсӣ ва интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти комиссияҳои участкавии раъйпурсиро комиссияҳои участкавии интихобот анҷом медиҳанд.

Моддаи 20. Узвият дар комиссияҳои раъйпурсӣ

Узви комиссияи раъйпурсӣ ҳангоми иҷрои ваколатҳои хеш бояд бетараф ва объективӣ бошад.

Узви комиссия аз рӯи аризааш, ҳамчунин дар ҳолати маҳрум шудан аз салоҳияташ метавонад аз иҷрои вазифаҳояш озод карда шавад.

Дар сурати талабҳои ҳамин Қонуни конститутсиониро риоя накардани узви комиссия ё мудом ба инобат нагирифтани вазифаҳои худ мақоме, ки комиссияро ташкил кардааст, ҳақ  дорад ӯро аз салоҳияташ маҳрум созад. Дар сурати зарурат узви дигари комиссия мувофиқи тартиби  муқаррарнамудаи ҳамин Қонуни конститутсионӣ таъин карда мешавад.

Як шахс узви танҳо як комиссияи раъйпурсӣ буда метавонад.

Моддам 21. Ташкили кори комиссияҳои раъйпурсӣ

Маҷлиси комиссияи раъйпурсӣ ҳамон вақт комилҳуқуқ ҳисоб меёбад, ки  дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок дошта бошад. Қарори комиссия бо овоздиҳии кушодаи аксарияти шумораи умумии аъзои дар маҷлис иштирокдоштаи комиссия қабул карда мешавад. Аъзоёни комиссия, ки бо қарори он розӣ нестанд, ҳақ доранд фикри махсуси худро баён кунанд, ки  он дар шакли хаттӣ  ба протокол замима мегардад. Дар сурати тақсим шудани овозҳо, овози раисикунанда ҳалкунанда ҳисоб меёбад.

Иҷрои  қарори комиссия, ки дар доираи салоҳияташ қабул шудааст,  барои комиссияҳои поёнӣ, инчунин мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ҳатмӣ мебошад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с. №458)

Мақомоти давлатӣ ва мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор вазифадоранд ба комиссияҳои  раъйпурсӣ дар иҷрои салоҳияташон мадад расонанд, маълумотҳои барои  корашон заруриро пешниҳод намоянд.     

Комиссияи раъйпурсӣ ҳақ дорад аз рӯи масъалаҳои вобаста  ба тайёр кардану гузаронидани раъйпурсӣ ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор   муроҷиат намояд, ки онҳо вазифадоранд масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ карда, ба комиссия дар муҳлати на дертар аз се рӯз ҷавоб диҳанд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с. №458)

Раис, муовини раис, котиб ё аъзои дигари комиссияро бо қарорион дар давраи тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё худ хизматӣ бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнаташ аз ҳисоби  маблағе, ки барои гузаронидани раъйпурсӣ ҷудогардидааст, озод кардан мумкин аст.

Моддаи 22. Баррасии шикоятҳо аз хусуси қарорҳои комиссияҳои раъйпурсӣ

Аз хусуси қарорҳои комиссияҳои раъйпурсӣ мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, коллективҳои меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба комиссияи болоии раъйпурсӣ ё суд дар давоми даҳ рӯзи қабул шудани Қарор шикоят кунанд. Аз хусуси Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯзи баъди қабул шудани Қарор шикоят кардан мумкин аст. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъди дохил шуданашва агар то рӯзи раъйпурсӣ камтар шаш рӯз монда бошад, фавран баррасӣ гардад.

Моддаи 23. Рӯйхати шаҳрвандоне, ки барои иштирок дар раъйпурсӣ ҳуқуқ доранд

Тартиб додан, барои шиносоӣ гузоштан ва аниқ кардани рӯйхати шаҳрвандоне, ки барои иштирок дар раъйпурсӣ ҳуқуқ доранд, инчунин аз хусуси он шикоят намуда, бо ҳамон тарзе сурат мегирад, ки мутобиқи моддаҳои 23, 24 ва 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои рӯйхати  интихобкунандагон  муқаррар карда шудааст.

Ҳангоми  дар як вақт гузаронидани раъйпурсӣ ва интихобот  ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳам интихобот ва ҳам раъйпурсӣ рӯйхати ягона тартиб дода мешавад.                    

Моддаи 24. Таъмини ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардани шаҳрвандон дар сурати иваз намудани маҳалли истиқомат                 

Дар давраи  баъди барои шиносшавии умум гузошта шудани рӯйхати шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд ва то рӯзи раъйпурсӣ шаҳрванде, ки рӯзи раъйпурсӣ имкон надорад  дар ҷои сукунати худ бошад (сафари хизматӣ, фиристода шудан ба муассисаи табобатӣ ва ҳамин гуна сабабҳои дигар), ҳақ дорад шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташро нишон дода, аз комиссияи участкавӣ бюллетени овоздиҳиро гирад, оид ба масъалаҳои ба бюллетен дохилшуда ба қароре омада, ин бюллетенро дар лифофаи сарбаста ба комиссияи участкавӣ супорад. Комиссияи участкавӣ дар ин бобат дар рӯйхат қайди  лозимӣ мекунад. Лифофаи сарбаста дар ҳузуришахси овоздиҳанда муҳр карда мешавад. Комиссияи участкавӣ барои ҳифозати ин лифофа ҷавобгар  аст.

Моддам 25. Бюллетени овоздиҳӣ

Дар бюллетени овоздиҳӣ матни масъала ё лоиҳаи Қарори ба раъйпурсӣ гузошташуда ва вариантҳои изҳори иродаи овоздиҳанда: «тарафдор» ва «муқобил» чоп карда мешаванд.

Дар мавриди гузаронидани раъйпурсӣ доир ба лоиҳаҳои қарорҳои гуногун ҳамаи лоиҳаҳои қарорҳои ба раъйпурсӣ пешниҳодшуда дар бюллетенҳои алоҳидаи рангашон аз ҳам фарқкунанда чоп карда шуда, алоҳида ва новобаста аз якдигар овоз дода мешаванд.

Шакл ва матни бюллетенҳои овоздиҳиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ на дертар аз 30 рӯз пеш аз рӯзи раъйпурсӣ тасдиқ мекунад. Комиссияи марказӣ ҳамчунин тайёр кардани бюллетенҳо  ва бо онҳо таъмин намудани комиссияҳои ҳавзавиро ба ҷо меорад.

Бюллетенҳои овоздиҳӣ ба забони давлатӣ ва ба забоне, ки аксарияти аҳолии ҳавза гап мезананд, чоп карда мешаванд.       

Комиссияҳои ҳавзавӣ комиссияҳои участкавиро бо бюллетенҳои овоздиҳӣ на дертар аз се рӯз пеш аз рӯзи раъйпурсӣ таъмин менамоянд.

Маълумотро дар бораи додан ва гирифтани бюллетенҳои овоздиҳӣ раис, муовини раис ё котиби комиссияи ҳавзавӣ ва участкавӣ бо имзои худ тасдиқ мекунанд.                                    

Биное, ки дар он бюллетенҳои овоздиҳӣ нигоҳ дошта мешаванд муҳр зада, ба муҳофизати мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешавад.

 

БОБИ 4.

ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӢ ВА ҶАМЪБАСТИ  НАТИҶАИ РАЪЙПУРСӢ

Моддаи 26. Вақт ва маҳалли овоздиҳӣ

Дар раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳӣ дар рӯзи раъйпурсӣ аз соати 6 то 20-и вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Комиссияи участкавӣ дар бораи вақт ва маҳалли овоздиҳӣ шаҳрвандонро на дертар аз 10 рӯз пеш аз рӯзи раъйпурсӣ хабардор мекунад.

Дар участкаҳое, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, дар санаторияҳо, истироҳатгоҳҳо, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои муолиҷавии статсионарӣ, маҳалҳои маскунии дурдасту душворгузар ташкил гардидаанд, комиссияи участкавӣ дар сурате, ки ҳамаи овоздиҳандагони шомили рӯйхат овоз дода бошанд, метавонанд овоздиҳиро ҳар вақт хатмшуда эълон кунад.

Моддаи 27. Ташкили овоздиҳӣ

Овоздиҳӣ дар биноҳои махсус ҷудокардашудае гузаронида  мешавад, ки онҳо бояд бо миқдори зарурии ҳуҷраҳо ё хонаҳо барои овоздиҳии махфӣ таҷҳизонида, ҷойҳои бюллетендиҳӣ муайян ва қуттиҳо барои қабулибюллетенҳо гузошташуда бошад. Онҳо бояд тавре гузошта шаванд, ки овоздиҳандагон ҳатман аз ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии махфӣ гузашта, баъд ба назди қуттиҳо биёянд.

Масъулият барои ташкили овоздиҳӣ, таъмини махфияти изҳори иродаи шаҳрванд, таҷҳизонидани бино ва дар он нигоҳ доштани тартиботи зарурӣ бар души комиссияи участкавӣ мебошад.

Дар рӯзи раъйпурсӣ раиси комиссияи участкавӣ пеш аз саршавии овоздиҳӣ дар ҳузури  ҳамаи аъзоёни комиссия, инчунин бо иштироки намояндагони (мушоҳидон) воситаҳои ахбори омма, ки дар бинои овоздиҳӣ ҳозиранд, қуттиҳои овоздиҳиро аз назар гузаронида, баъд онҳоро тамға ва муҳр мекунад.

Ҳар шаҳрванд шахсан овоз медиҳад, ба ҷои шахси дигар овоз додан манъ аст. Бюллетенҳо аз тарафи комиссияи участкавӣ ва шаҳрвандон дар асоси рӯйхати шаҳрвандони участка бо нишон додани шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд дода мешаванд. Ҳар шаҳрванд барои гирифтани бюллетени овоздиҳӣ ба рӯйхати шаҳрвандоне, ки барои иштирок дар раъйпурсӣ ҳақ доранд, дар рӯ ба рӯи насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад.

Моддаи 28. Тартиби овоздиҳӣ                  

Шаҳрванд бюллетени раъйпурсиро дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии махфӣ пур мекунад. Ҳангоми пур кардани бюллетен ба ғайр аз овоздиҳанда ҳузури шахси дигар манъ аст. Шаҳрванде, ки имкон надорад мустақилона бюллетенро пур кунад, ҳақ дорад аз рӯи салоҳдидаш ба ҳуҷра шахси дигарро, ки узви комиссияи участкавӣ набошад, даъват намояд.

Иштирокчии раъйпурсӣ яке аз ҷавобҳои дар бюллетен навишташуда «тарафдор»  ё «муқобил» - ро хат мезанад.

Агар дар раъйпурсӣ якбора якчанд масъала гузошта шуда бошад овоздиҳандагон аз рӯи ҳар яки он бюллетен пур мекунанд.

Овоздиҳанда бюллетени пуркардаашро ба қуттии овоздиҳӣ меандозад.

Дар мавриде, ки шаҳрвандони алоҳида бинобар аҳволи саломатиашон ё бо сабабҳои дигар ба маҳалли овоздиҳӣ омада наметавонанд, комиссияи  участкавӣ бо хоҳиши онҳо ба аъзоёни алоҳидаи комиссия супориш медиҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои воқеъбудаи ин шаҳрвандон ташкил намояд, ки дар ин хусус дар рӯйхати шаҳрвандон қайд карда мешавад.

Шаҳрвандоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхат дохил нагардидаанд, дар асоси ҳуҷҷати  тасдиқкунандаи шахсият ва маҳалли зисти онҳо ба замимаи рӯйхати шаҳрвандон дохил карда мешаванд.

Моддаи 29. Ҳисоби овозҳо

Баъди аз хусуси анҷоми овоздиҳӣ хабар додани раис дар ҳузури аъзоёни комиссияи участкавӣ ба даруни қуттиҳои овоздиҳӣ лифофаҳои сарбастаи бюллетендоре, ки ҳангоми овоздиҳии пешакӣ истифода шудаанд андохта мешавад. Пеш аз кушодани қуттиҳои овоздиҳӣ комиссияи участкавӣ ҳамаи бюллетенҳои истифоданашударо ҳисоб карда бекор менамояд ва дар ин бора протокол тартиб медиҳад.

Баъди анҷоми овоздиҳиро эълон кардани раискомиссияи  участкавӣ  қуттиҳои овоздиҳиро дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссия мекушояд.  Кушодани қуттиҳо пеш аз анҷоми овоздиҳӣ манъ аст.

Дар асоси рӯйхатҳои овоздиҳӣ, аз ҷумла рӯйхатҳои иловагӣ, бо назардошти аризаҳои шаҳрвандон дар бораи овоздиҳии пеш аз муҳлат ва аризаҳо дар бораи овоздиҳӣ дар хона комиссия шумораи умумии шаҳрвандони участка, инчунин шумораи шаҳрвандони бюллетенгирифтаро ҳисоб мекунад. Бюллетенҳои дар қуттиҳои сайёри овоздиҳӣ буда алоҳида ҳисоб карда мешаванд. Дар ин маврид миқдори бюллетенҳо бо миқдори  аризаҳои хаттӣ бо хоҳиши овоздиҳӣ дар хона муқоиса карда мешаванд. Аз рӯи шумораи бюллетенҳои дар қуттиҳои овоздиҳӣ буда комиссия  инҳоро муқаррар мекунад:

шумораи шаҳрвандоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд;

шумораи овозҳое, ки ба тарафдории масъала ё таклифи дар раъйпурсӣ гузошта дода шудаанд;

шумораи овозҳое,  ки ба муқобили масъала ё таклифи дар раъйпурсӣ гузошта дода шудаанд;

шумораи бюллетенҳое, ки беэътибор дониста шудаанд.

Бюллетенҳое, ки дар онҳо ҳеҷ кадоме аз вариантҳои ҷавоб хат зада нашудааст ё ҳар ду вариант хат зада шудааст, инчунин бюллетени намунааш тасдиқнашуда  беэътибор дониста мешаванд. Дар мавридипайдо шудани шубҳа дар бораи ҳақиқӣ будан ё набудани бюллетен комиссияи участкавӣ қарор қабул намуда, шумораи чунин бюллетенҳоро дар протокол қайд мекунад.

Натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳар участкаи овоздиҳӣ ҳисоб карда мешавад. Агар дар раъйпурсӣ дар як вақт якчанд масъала монда шуда бошад,  ҳисоби овозҳо оид ба  ҳар кадоми онҳо алоҳида сурат мегирад.

Моддаи 30. Протоколи натиҷаи овоздиҳӣ

Натиҷаи ҳисоби овозҳо дар маҷлиси комиссияи участкавӣ тафтиш ва муҳокима гардида, ба протоколе, ки ду нусха тартиб меёбад, дохил карда мешавад.          

Протокол бо ранг ё ручкаҳои шарикдор пур карда шуда, ҳамаи аъзои комиссияи участкавӣ ба он имзо мегузоранд ва он бо муҳр тасдиқ мегардад.   

Нусхаи аввали протокол ба комиссияҳои ҳавзавӣ супурда, нусхаи дуюм  барои нигоҳдорӣ дар комиссияи участкавӣ монда мешавад.

Комиссияи ҳавзавӣ дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавӣ маълумотҳои гирифтаашро ҷамъбаст мекунад, онҳоро тафтиш менамояд  ва баъди муҳокима протоколи ҷамъбастиро дар ду нусха тартиб дода, ба он раис, муовини раис ва котиб имзо мегузорад ва он бо муҳр тасдиқ карда мешавад. Нусхаи аввалии он фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фиристода ё ба тарзи дигар интиқол  карда  мешавад.

Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ баъди ҳисоб кардани овозҳо нусхаҳои протоколҳо ва бюллетенҳои сарбастаи муҳршударо аз ҷумла бюллетенҳои бекоршударо ба ҳукуматҳои дахлдор месупоранд, ки дар он ҷо муддати ду моҳ нигоҳ дошта шуда,  баъд агар дар ин муддат оид ба натиҷаи раъйпурсӣ эътироз нашуда бошад  онҳоро нобуд  мекунанд.

Маълумот оиди натиҷаи раъйпурсӣ дар ҳавза аз тарафи комиссияи дахлдори ҳавзавӣ дар муҳлатҳои муқарраркардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот чоп карда мешавад. Дар маълумот шумораи умумии шаҳрвандони дар рӯйхати ҳавза дохилгардида, шумораи шаҳрвандони дар овоздиҳӣ иштирокнамуда, шумораи ҷавобҳои «тарафдор» ва шумораи ҷавобҳои «муқобил», ки алоҳида барои ҳар як саволи ба раъйпурсӣ гузошташуда дода шудааст, шумораи бюллетенҳои беэътибор донисташуда нишон дода мешаванд.

Моддаи 31. Ҷамъбасти натиҷаи раъйпурсӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси протоколҳои  ҳамаи комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ инҳоро муайян мекунад:

теъдоди шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд;

теъдоди шаҳрвандоне, ки бюллетен гирифтаанд;           

теъдоди шаҳрвандоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд;

теъдоди овозҳое, ки ба тарафдории масъала ё таклифи дар раъйпурсӣ гузошта дода шудаанд;                           

теъдоди овозҳое, ки ба муқобили масъала ё таклифи дар раъйпурсӣ гузошта дода шудаанд;

теъдоди бюллетенҳое, ки беэътибор дониста шудаанд.

Агар дар овоздиҳӣ камтар аз нисфи шаҳрвандоне ширкат варзанд, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок карданро доранд, раъйпурсӣ барпонашуда дониста мешавад. Дар ин сурат раъйпурсӣ оиди ҳамин масъала метавонад на пештар аз ду сол доир гардад.

Қарор дар бораи масъалаҳои ба раъйпурсӣ гузошташуда, дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба  Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабулшуда ҳисоб меёбад, агар ба тарафдории он зиёда аз нисфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсӣ иштирок кардаанд, овоз дода бошанд.

Агар ба раъйпурсӣ вариантҳои алтернативии қарор дохил шуда бо­шанду ягонтои онҳо миқдори зарурии овозҳоро нагирифта бошанд, ҳамаи вариантҳо радшуда дониста мешавад ва такроран ба раъйпурсӣ гузоштани онҳо камаш баъд аз як сол сурат мегирад. 

Натиҷаи раъйпурсӣ бинобар вайрон карда шудани ҳамин Қонуни конститутсионӣ дар рафти раъйпурсӣ ё ҳангоми ҳисоби овозҳо, ки ба натиҷаи  овоздиҳӣ таъсир расонидааст, метавонад беэътибор дониста шавад. Дар сурати ошкор намудани чунин вайронкориҳо аз хусуси натиҷаи раъйпурсӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ шикоят кардан мумкин аст.

Дар ҳолати аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шудани натиҷаи раъйпурсӣ дар муҳлати ду моҳтибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонуни конститутсионӣ такроран раъйпурсӣ  гузаронида мешавад.

Моддаи 32. Нашр ва эътибор пайдо кардани қароре, ки дар раъйпурсӣ қабул шудааст

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи раъйпурсиро аз тариқи воситаҳои ахбори омма на дертар аз даҳ рӯзи анҷоми овоздиҳӣ маълумотро ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад.

Дар сурати дар ягон ҳавза ё участка беэътибор дониста шудани натиҷаи овоздиҳӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад ба комиссияи дахлдор супориш диҳад, ки дар давоми ду ҳафта дар ҳамин ҳавза ва ё участка овоздиҳии такрорӣ гузаронад. Аз хусуси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мумкин аст ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар муддати як ҳафта аз рӯзи қабули он шикоят карда шавад.  

Қарори дар раъйпурсӣ қабулшуда на дертар аз ҳафт рӯзи овоздиҳии охирини оиди масъалаи ба раъйпурсӣ гузошташуда нашр мешавад ва аз рӯзи нашр шуданаш эътибор пайдо мекунад, ба шарте ки дар худи қарори раъйпурсӣ муҳлати дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 33. Тағйир додан ва бекор кардани  қарори қабул кардаи раъйпурсӣ

Қарореро, ки дар раъйпурсӣ қабул шудааст, фақат тавассути раъйпурсӣ тағйир додан ё бекор кардан мумкин аст.

Моддаи 34. Масъулият барои вайрон кардани қонунгузории раъйпурсӣ

Шахсоне, ки бо роҳи зуроварӣ, фиреб, таҳдид, бо ришва харидан ё дигар монеи озодона амалӣ гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд,   инчунин мансабдорони мақомоти давлатӣ, масъулини иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо, аъзоёни комиссияҳои раъйпурсӣ, ки ба сохтори ҳуҷҷатҳо, изофанависӣ, дидаю дониста нодуруст ҳисоб кардани овозҳо роҳ дода,  махфияти овоздиҳиро вайрон кардаанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ҚҶТ аз 31.12.08 с. №458)

      

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                               Э. РАҲМОНОВ

                                                                                                                     ш. Душанбе,  4 ноябри соли 1995,

                                                                                                                                              № 106


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР ХУСУСИ ТАРТИБИ МАВРИДИ АМАЛ ҚАРОР ДОДАНИ ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

соли 1995, № 21, мод. 246)

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз лаҳзаи расман нашр гардиданаш мавриди амал қарор дода шавад.

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 1991 «Дар бораи овоздиҳии халқӣ (раъйпурсӣ). (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, №3, моддаи 34)»  аз  эътибор  соқит дониста шавад.

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   С. РАҶАБОВ

                                                                                   шаҳри Душанбе,  4 ноябри соли 1995,

                                                                                                                 №107 

Бо қарори Комиссияи марказии иинтихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016 № 16 тасдиқ шудааст.


САВОЛУ ҶАВОБҲО ОИД БА РАЪЙПУРСӢ
(Роҳнамо барои овоздиҳандагон)


Савол: Раъйпурсӣ чист ва бо кадом мақсад гузаронида мешавад?
Ҷавоб: Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳии умумихалқӣ оид ба масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ мебошад. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсӣ ворид карда мешаванд.
Савол: Кадом мақомот ҳуқуқи ташаббуси пешниҳодро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд?
Ҷавоб: Ташаббуси пешниҳод оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Савол: Тартиби амалӣ намудани ҳуқуқи ташаббуси пешниҳод кардани таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ чӣ тавр сурат мегирад?
Ҷавоб: Таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ бояд нуқтаҳои зеринро дар бар гирад: асоснок кардани зарурати гузаронидани раъйпурсӣ, возеҳ ифода намудани масъалаҳое, ки ба раъйпурсӣ гузошта мешаванд ва имзоҳои на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тағйиру иловаҳо ба Конститутсия – имзоҳои на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон.
Савол: Нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ чӣ гуна аст?
Ҷавоб: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии масъалаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба раъйпурсии умумиҳалқӣ пешниҳод карда мешаванд, бо тартиб ва муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ менамояд.
Дар ҳолати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карда мешавад.
Савол: Кадом масъалаҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта намешаванд?
Ҷавоб: Мутобиқи моддаи 100-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд ва воҷиби ба райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштан намебошанд.
Инчунин, масъалаҳои оид ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, андоз, буҷет, тақсимоти маъмурии марзӣ, дидани чораҳои фавқулоддаю фаврии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сиҳатӣ ва амнияти шаҳрвандон, тағйир додани мақом ва тамомияти арзии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба таъйин ва озод кардани шахсони мансабдоре, ки ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, наметавонанд ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шаванд.

Савол: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таклифи гузаронидани раъйпурсӣ чӣ гуна қарор қабул менамояд?
Ҷавоб: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таклифи гузаронидани раъйпурсӣ бо назардошти хулосаю мулоҳизаҳои кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдор, инчунин Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чунин қарорҳоро қабул менамояд:

а) дар бораи таъйини раъйпурсӣ, санаи гузаронидан ва тадбирҳои он;
б) дар хусуси рад намудани таклиф дар бораи таъйини раъйпурсӣ;
в) дар хусуси қабул кардани қонун ё қарори дигар, ки дар таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ пешниҳод шудааст, бе гузаронидани раъйпурсӣ.

Савол: Раъйпурсиро дар кадом муҳлат гузаронидан мумкин нест?
Ҷавоб: Раъйпурсиро пештар аз ду моҳ ва дертар аз чор моҳи баъди рӯзи қабули қарор дар бораи баргузории он гузаронидан мумкин нест.
Савол: Ҳуқуқи таъйин кардани раъйпурсиро кадом мақом дорост?
Ҷавоб: Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъйин мекунад.
Савол: Ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ, кафолатҳои он ва тартиби баргузории раъйпурсиро кадом санадҳо танзим менамоянд?
Ҷавоб: Ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ, кафолатҳои он ва тартиби баргузории раъйпурсиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла Конвенсия “Дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла “Дастурамали комиссияи участкавии раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дастурамали комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дастурамал оид ба тартиби баррасии арзу шикоятҳо аз ҷониби комиссияҳои раъйпурсӣ”, ки аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ шудаанд, танзим менамоянд.
Савол: Раъйпурсӣ дар асоси кадом принсипҳо сурат мегирад?
Ҷавоб: Раъйпурсӣ дар асоси ҳуқуқи озодона, бевосита иштирок намудан дар раъйпурсӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Иштирок дар раъйпурсӣ озод ва ихтиёрӣ буда, ҳар як шаҳрванд як овоз дорад.
Савол: Кадом шаҳрвандон ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок карданро доранд?
Ҷавоб: Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи раъйпурсӣ ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок карданро доранд.
Савол: Кадом шаҳрвандон ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок карданро надоранд?
Ҷавоб: Шаҳрвандоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ва ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок карданро надоранд.
Савол: Ошкорбаёнӣ дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ чӣ тавр таъмин карда мешавад?
Ҷавоб: Омодагӣ ва баргузории раъйпурсӣ аз тарафи комиссияҳои раъйпурсӣ ба таври шаффоф ва ошкоро сурат мегирад.
Комиссияҳои раъйпурсӣ аз кори худ, аз ташкили ҳавзаҳои раъйпурсӣ, участкаҳои раъйпурсӣ, ҳайатҳо, ҷою вақти кори комиссияҳои раъйпурсӣ ба аҳолӣ хабар медиҳанд ва онҳоро бо рӯйхати овоздиҳандагон шинос мекунанд, оид ба натиҷаи раъйпурсӣ маълумот медиҳанд.
Намояндагони матбуот, телевизион ва радио дар маҷлисҳои комиссияҳои раъйпурсӣ иштирок карда, дар биноҳои овоздиҳӣ ҳузур дошта метавонанд, рафти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ, инчунин қарорҳои қабулкардаи комиссияҳои раъйпурсиро инъикос менамоянд.
Савол: Барои ташкил ва гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом комиссияҳои раъйпурсӣ ташкил карда мешаванд?
Ҷавоб: Барои ташкил ва гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои зерини раъйпурсӣ ташкил карда мешаванд:
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ;
Комиссияи участкавии раъйпурсӣ.
Савол: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна мақом аст ва чӣ тавр таъсис меёбад?
Ҷавоб: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба низоми комиссияи интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, шахси ҳуқуқӣ ва мақоми доимоамалкунанда мебошад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз Раис, муовини раис ва 13 нафар аъзо иборат аст. Раис, муовин ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагон интихоб мекунад. Муҳлати ваколати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 5 сол аст ва он ҳангоми интихоби ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қатъ мегардад.
Савол: Ташкили комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ бо кадом тартиб сурат мегирад?
Ҷавоб: Комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ камаш ду моҳ пеш аз раъйпурсӣ, яъне на дертар аз 22 марти соли 2016 дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 6 аъзо ташкил медиҳад, ки ин муҳлати ниҳоии ташкил кардани комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ мебошад.
Ташкили комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад.
Савол: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати ҳавзаҳои раъйпурсиро дар кадом муҳлат чоп мекунад?
Ҷавоб: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати ҳавзаҳои раъйпурсиро бо зикри ҳудуд ва қароргоҳи комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ на дертар аз даҳ рӯзи баъди таъйини раъйпурсӣ чоп мекунад.
Савол: Ташкили комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ чӣ тавр сурат мегирад?
Ҷавоб: Комиссияҳои участкавии раъйпурсиро комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ камаш 45 рӯз пеш аз раъйпурсӣ дар ҳайати на кам аз 5 ва на зиёда аз 19 нафар, аз ҷумла раис, ҷонишини раис, котиби комиссия ташкил мекунад. Дар мавридҳои зарурӣ ҳайати комиссияи участкавии раъйпурсӣ каму зиёд шуда метавонад.
Савол: Кадом мақомот комиссияҳои участкавии раъйпурсиро бо биноҳо барои овоздиҳӣ таъмин менамояд?
Ҷавоб: Биноҳо барои овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ихтиёри комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ ройгон дода мешавад.
Савол: Ҳавзаҳои раъйпурсӣ кай ва аз ҷониби кадом мақом ташкил карда мешаванд?
Ҷавоб: Ҳавзаҳои раъйпурсиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба миқдори 68 ҳавза дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил менамояд. Дар шаҳри Душанбе ҳавзаҳо дар ҳудуди ноҳияҳои он ташкил дода мешаванд. Агар ноҳия дар тобеияти маъмурии Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ қарор дошта бошад, ба як ҳавза дохил карда мешавад.
Рӯйхати ҳавзаҳо бо зикри ҳудуду маҳалли воқеияти комиссияҳои ҳавзавӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз даҳ рӯзи баъди таъйини раъйпурсӣ чоп карда мешавад.
Савол: Участкаҳои раъйпурсӣ кай ва аз ҷониби кадом мақом ташкил карда мешаванд?
Ҷавоб: Участкаҳои раъйпурсӣ дар давоми 25 (бисту панҷ) рӯзи баъди таъйини раъйпурсӣ аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд.
Дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ воқеанд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ участкаҳои раъйпурсиро бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.
Савол: Меъёри овоздиҳандагон дар ташкили участкаҳои раъйпурсӣ чӣ гуна аст?
Ҷавоб: Участкаҳои раъйпурсӣ дар маҳалҳое, ки на камтар аз 20 (бист) нафар ва на зиёдтар аз 3000 (се ҳазор) нафар овоздиҳанда доранд, ташкил карда мешаванд.
Савол: Масъалаи бо бино таъмин намудани участкаи раъйпурсӣ чӣ тавр ҳал карда мешавад?
Ҷавоб: Раиси шаҳр, ноҳия дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ оид ба ташкили участкаҳои раъйпурсӣ дар муддати се рӯз ҳар як участкаи раъйпурсиро барои гузаронидани раъйпурсӣ ройгон бо бино таъмин менамояд.
Биноҳо ва таҷҳизоти корхонаю ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияҳои раъйпурсӣ дар асоси иҷора аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд.
Савол: Оё дар хориҷи кишвар участкаҳои раъйпурсӣ ташкил карда мешаванд?
Ҷавоб: Дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд – намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ) комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, вазифаи раиси комиссияи участкавии раъйпурсиро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд.
Савол: Ваколати комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ кай оғоз ва кадом вақт қатъ мегардад?
Ҷавоб: Ваколати комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ аз лаҳзаи ташкили онҳо оғоз ёфта, баъди гузаштани як моҳ аз лаҳзаи чопи натиҷаҳои раъйпурсӣ қатъ мегардад.
Савол: Кадом субъектҳои раванди раъйпурсӣ мушоҳидони миллиро таъйин менамоянд?
Ҷавоб: Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқ доранд дар бораи мушоҳидони миллии худ на дертар аз панҷ рӯз пеш аз раъйпурсӣ бо таври хаттӣ ба комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ хабар диҳанд, ки онҳо рафти тайёрӣ ва баргузории раъйпурсиро назорат менамоянд.
Савол: Мушоҳидони байналмилалӣ ба раъйпурсӣ бо кадом мақсад даъват ва чӣ тавр аккредитатсия мешаванд?
Ҷавоб: Мушоҳидони байналмилалӣ бо мақсади таъмини шаффофият, мушоҳидаи ошкорои баргузории раъйпурсӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ даъват карда мешаванд.
Фаъолияти нозирони байналмилалӣ тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дахлдори байналмилалӣ танзим мегардад.
Мушоҳидони байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия карда мешаванд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба мушоҳидони байналмилалӣ дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад. Шаҳодатномаи мазкур ба мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ медиҳад, ки давраи гузарондани раъйпурсиро мушоҳида намоянд.
Мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳимояи давлат мебошанд.
Савол: Аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ дар кадом ҳолат ва бо кадом тартиб бекор карда мешавад?
Ҷавоб: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ вайрон намудани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалиро бекор менамояд.
Савол: Маблағгузории раъйпурсӣ аз кадом ҳисоб сурат мегирад?
Ҷавоб: Маблағ барои тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ аз лаҳзаи қабули қарори таъйини он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда мешавад.
Савол: Оё комиссияҳои раъйпурсӣ дар фаъолияти худ ба ягон мақомоти давлатӣ тобеият доранд?
Ҷавоб: Комиссияҳои раъйпурсӣ дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақомоти давлатӣ вобаста нестанд. Қарор ва дигар санадҳои комиссияҳои раъйпурсӣ, ки дар доираи салоҳияташон қабул гардидаанд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, воситаҳои ахбори омма, овоздиҳандагон, ҳамчунин барои комиссияҳои поёнии раъйпурсӣ ҳатмӣ мебошанд.
Савол: Кадом мақомот салоҳияти бекор кардани қарори комиссияи раъйпурсиро дорад?
Ҷавоб: Қарори комиссияи раъйпурсӣ, ки хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон мебошад ё берун аз доираи салоҳияташ қабул карда шудааст, аз тарафи комиссияи болоии раъйпурсӣ бевосита ё бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо қарори суд бекор карда мешавад.
Савол: Кадом мақом ва дар кадом ҳолат ҳақ дорад узви комиссияи раъйпурсиро аз ваколатҳояш маҳрум созад?
Ҷавоб: Мақоме, ки комиссияи раъйпурсиро ташкил кардааст, узви комиссияро, ки талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро риоя намекунад ё вазифаҳояшро мунтазам иҷро намекунад, ҳақ дорад аз ваколатҳояш маҳрум созад. Дар сурати зарурат аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи қонун узви дигари комиссияи раъйпурсӣ таъйин карда мешавад.
Савол: Ҷаласаҳои комиссияи раъйпурсӣ дар кадом ҳолат босалоҳият шуморида мешаванд ва ошкоро гузаронидани онҳо чӣ тавр таъмин мегардад?
Ҷавоб: Ҷаласаҳои комиссияи раъйпурсӣ дар сурате босалоҳият шуморида мешаванд, ки дар онҳо на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок карда бошад. Ҳамаи ҷаласаҳои комиссияҳои раъйпурсӣ ошкоро гузаронида шуда, барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дастрас мебошанд. Қарори комиссия бо овоздиҳии ошкоро ва аз нисф зиёди аъзои ҳузурдоштаи комиссия қабул мешавад.
Савол: Мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаю муассиса, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор дар робита бо комиссияҳои раъйпурсӣ чӣ гуна масъулият доранд?
Ҷавоб: Мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, роҳбарони корхонаю муассиса, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияҳои раъйпурсӣ дар иҷрои ваколатҳояшон ёрӣ расонанд, маълумоти барояшон зарурбударо дастраси онҳо кунанд. Комиссияи раъйпурсӣ ҳақ дорад, ки аз рӯи масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ ба мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, ба мансабдорон муроҷиат кунад ва онҳо уҳдадоранд, ки масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ карда, ба комиссияи раъйпурсӣ дар муҳлати на дертар аз се рӯз ҷавоб диҳанд.
Савол: Кадом мақомот ва шахсон нисбат ба қарорҳои комиссияҳои раъйпурсӣ ва дар кадом муҳлат шикоят карда метавонанд?
Ҷавоб: Мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва овоздиҳандагон ба комиссияҳои болоии раъйпурсӣ ё ба суд аз хусуси қарорҳои комиссияҳои раъйпурсӣ дар давоми даҳ рӯзи пас аз қабули қарорҳо шикоят карда метавонанд.
Савол: Рӯйхати шаҳрвандонеро, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд, кадом комиссияи раъйпурсӣ ва чӣ тавр тартиб медиҳад?
Ҷавоб: Рӯйхати овоздиҳандагон дар раъйпурсӣ дар ҳар участкаи раъйпурсӣ аз ҷониби комиссияи участкавии раъйпурсӣ тартиб дода шуда, ба он раис ва котиби комиссияи участкавии раъйпурсӣ имзо ва муҳр мегузоранд. Комиссияи участкавии раъйпурсӣ барои тартиб додани рӯйхат намояндагони аҳли ҷамъиятро ҷалб карда метавонад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шумораи овоздиҳандагонро ба ҳисоб гирифта, ба комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ дар бораи овоздиҳандагоне, ки дар ҳудуди дахлдор зиндагӣ мекунанд, барои тартиб додани рӯйхати овоздиҳандагон маълумоти даркорӣ медиҳад.
Савол: Ба рӯйхати овоздиҳандагон кадом шаҳрвандон дохил карда мешаванд?
Ҷавоб: Ба рӯйхати овоздиҳандагон ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи раъйпурсӣ 18-сола шудаанду ҳангоми тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди участкаи дахлдори раъйпурсӣ ба таври доимӣ ё муваққатӣ истиқомат мекунанд ва ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, дохил карда мешаванд.
Савол: Оё овоздиҳанда ҳуқуқ дорад, ки нисбат ба рӯйхати овоздиҳандагон шикоят кунад?
Ҷавоб: Ба ҳар овоздиҳанда ҳуқуқ дода мешавад, ки аз хусуси ба рӯйхат дохил накардан, нодуруст ба рӯйхат дохил намудан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин аз хусуси саҳву хатои маълумот оид ба овоздиҳанда ба комиссияи раъйпурсӣ шикоят кунад.

Комиссияи раъйпурсӣ аризаро дар бораи саҳву хатои рӯйхат баррасӣ мекунад ва он вазифадор аст, ки аризаро дар давоми ду рӯз, дар арафа ва рӯзи раъйпурсӣ фавран дида баромада, ба рӯйхат ислоҳоти зарурӣ дохил кунад ё ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро аз хусуси рад карда шудани аризааш супорад.
Савол: Агар овоздиҳанда дар давраи барои шиносоии умум пешниҳод кардани рӯйхати овоздиҳандагон ва то рӯзи раъйпурсӣ имконият надошта бошад, ки дар маҳалли зисташ бошад, ҳуқуқи овоздиҳии ӯ чӣ тавр кафолат дода мешавад?
Ҷавоб: Агар овоздиҳанда дар давраи барои шиносоии умум пешниҳод кардани рӯйхати овоздиҳандагон ва то рӯзи раъйпурсӣ имконият надошта бошад, ки дар маҳалли зисташ бошад (дар сафари хизматӣ, ба табобатгоҳ рафтан ва ҳамин гуна сабабҳои дигар), ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди шиноснома (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти вайро тасдиқ мекунад (шаҳодатномаи ронандагӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯ), аз комиссияи участкавии раъйпурсӣ бюллетени овоздиҳиро талаб намояд, оид ба масъалаҳои ба бюллетен дохилшуда тасмим гирифта, лифофаи сарбастаро ба комиссияи овоздиҳӣ супорад. Лифофаи сарбаста дар ҳузури овоздиҳанда муҳр карда мешавад. Комиссияи участкавии раъйпурсӣ барои сариштаи лифофа масъул аст.
Савол: Ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва овоздиҳандагон ташвиқот бурдан дар вақти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ чӣ тавр кафолат дода мешавад?
Ҷавоб: Ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва овоздиҳандагон дар вақти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ бе мамониат ташвиқот бурдан мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кафолат дода мешавад. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои дигари ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва овоздиҳандагон метавонанд бо шаклу усулҳои қонунӣ барои иштирок дар раъйпурсӣ озодона ва ҳаматарафа ба тарафдорӣ ё муқобили масъалаи ба раъйпурсӣ гузошташаванда ташвиқот баранд. Комиссияи раъйпурсӣ якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гузаронидани ин вохӯриҳо мусоидат мекунанд, биноҳо ҷудо менамоянд, аз вақту маҳалли вохӯриҳо пешакӣ огоҳ мекунад ва дигар чорабиниҳои заруриро амалӣ мегардонанд. Инчунин ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои иштирок дар ҳамаи маҷлису ҷамъомадҳои марбут ба раъйпурсӣ ва дастрас намудани ахбори дахлдор кафолат медиҳад.
Савол: Ташвиқот дар вақти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ бо кадом роҳу усулҳо сурат мегирад?
Ҷавоб: Ташвиқот дар вақти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

– аз тариқи воситаҳои ахбори омма;
– гузаронидани маъракаҳои оммавӣ (маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо овоздиҳандагон);
– ташкили баҳсу мунозираҳо;
– интишори маводи чопии ташвиқотӣ;
– бо дигар шаклҳое, ки қонун муқаррар намудааст.

Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои дигари ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва овоздиҳандагон метавонанд шаклҳо ва хусусияти ташвиқоти худро аз тариқи воситаҳои ахбори омма мустақилона муайян намоянд.
Савол: Кадом шахсон ва ташкилотҳо дар ташвиқоти пешазраъйпурсӣ иштирок карда наметавонанд?
Ҷавоб: Дар ташвиқоти пешазраъйпурсӣ аъзои комиссияҳои раъйпурсӣ, ташкилотҳои динӣ, судяҳо, ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ иштирок карда наметавонанд. Дар ташвиқоти пешазраъйпурсӣ иштироки намояндагони давлатҳои хориҷӣ, ташкилот ва шаҳрвандони онҳо, шахсоне, ки шаҳрвандӣ надоранд, созмонҳо ва ҳаракатҳои байналмилалӣ мумкин нест.
Савол: Ташвиқоти пешазраъйпурсӣ аз кадом вақт оғоз ва кай қатъ мегардад?
Ҷавоб: Ташвиқоти пешазраъйпурсӣ аз рӯзи таъйини раъйпурсӣ оғоз ва як шабонарӯз пеш аз овоздиҳӣ қатъ мегардад. Дар рӯзи овоздиҳӣ тарғибот манъ аст.
Савол: Бюллетенҳои овоздиҳиро кадом мақом чоп мекунад?
Ҷавоб: Бюллетенҳои овоздиҳиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ чоп мекунад ва онҳо бояд на кам аз як дараҷаи ҳифозат дошта бошанд.
Савол: Муҳофизати биноҳое, ки дар онҳо бюллетенҳо нигоҳ дошта мешаванд, чӣ тавр таъмин мегардад?
Ҷавоб: Ба дари биноҳое, ки дар онҳо бюллетенҳо нигоҳ дошта мешаванд, муҳр зада, муҳофизаташон ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта мешавад.
Савол: Овоздиҳӣ дар рӯзи раъйпурсӣ соати чанд оғоз мешавад ва кай анҷом меёбад?
Ҷавоб: Овоздиҳӣ дар рӯзи раъйпурсӣ аз соати 6.00. оғоз гардида, соати 20.00. бо вақти маҳаллӣ анҷом меёбад.
Савол: Дар бораи вақту ҷои овоздиҳӣ комиссияи участкавии раъйпурсӣ ба овоздиҳандагон кай хабар медиҳад?
Ҷавоб: Комиссияи участкавии раъйпурсӣ вақту ҷои овоздиҳиро ба овоздиҳандагон камаш даҳ рӯз пеш аз раъйпурсӣ хабар медиҳад.
Савол: Оё ба ҷои дигар шахс овоз додан мумкин аст?
Ҷавоб: Не, ба ҷои шахси дигар овоз додан мумкин нест. Ҳар як овоздиҳанда худаш бояд овоз диҳад.
Савол: Бюллетенҳои овоздиҳиро комиссияи участкавии раъйпурсӣ ба овоздиҳанда дар асоси чӣ ва бо пешниҳоди кадом ҳуҷҷат медиҳад?
Ҷавоб: Бюллетенҳои овоздиҳиро комиссияи участкавии раъйпурсӣ дар асоси рӯйхати овоздиҳандагони участкаи раъйпурсӣ бо пешниҳоди шиноснома (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти овоздиҳанда (шаҳодатномаи ронандагӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯ) медиҳад. Ҳар овоздиҳанда бюллетени овоздиҳиро гирифта, дар рӯйхати овоздиҳандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад.
Савол: Ҳангоми пур кардани бюллетен дар ҳуҷраи овоздиҳии пинҳонӣ ғайр аз овоздиҳанда шахсони дигар низ ҳузур дошта метавонанд?
Ҷавоб: Ҳангоми пур кардани бюллетени овоздиҳӣ ба ҳуҷраи овоздиҳӣ ғайр аз овоздиҳанда каси дигар ҳуқуқ надорад ворид шавад. Овоздиҳандае, ки бюллетенро мустақилона пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад ба хуҷраи овоздиҳӣ бо хоҳиши худ шахси холисро ғайр аз аъзои комиссияи участкавии раъйпурсӣ, мушоҳидон, намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват кунад.
Савол: Тартиби пур кардани бюллетен чӣ гуна аст?
Ҷавоб: Овоздиҳанда дар рӯзи овоздиҳӣ яке аз ҷавобҳои дар бюллетен навишташуда – «ҳа» ё «не»-ро хат мезанад.
Яъне агар овоздиҳанда тарафдори ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, калимаи «не»-ро хат мезанад. Агар овоздиҳанда муқобили ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, калимаи «ҳа»-ро хат мезанад.
Савол: Овоздиҳии овоздиҳандагонеро, ки бо сабаби беморӣ ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада наметавонанд, комиссияи участкавии раъйпурсӣ чӣ тавр ташкил менамояд?
Ҷавоб: Агар баъзе овоздиҳандагон ба сабаби беморӣ ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада натавонанд, раиси комиссияи участкавии раъйпурсӣ мувофиқи хоҳиши онҳо ба аъзои ҷудогонааш супориш медиҳад, ки дар маҳалли зисти овоздиҳандагони мазкур овоздиҳӣ ташкил намоянд. Дар ин хусус дар рӯйхати овоздиҳандагон қайд карда мешавад.
Савол: Овоздиҳандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати овоздиҳандагон дохил карда нашудаанд, чӣ тавр овоз медиҳанд?
Ҷавоб: Овоздиҳандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати овоздиҳандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси шиноснома ва маҳалли зисти онҳо ба замимаи рӯйхати овоздиҳандагон дохил карда мешаванд ва овоз медиҳанд.
Савол: Ҳисобкунии овозҳои овоздиҳандагон кай шурӯъ мегардад?
Ҷавоб: Ҳисобкунии овозҳои овоздиҳандагон фавран баъд аз анҷоми овоздиҳӣ шурӯъ шуда, бе танаффус то муқаррар намудани натиҷаи овоздиҳӣ идома меёбад. Баъди гузаштани вақти овоздиҳӣ пеш аз кушодани қуттиҳои шаффофи овоздиҳӣ аъзои комиссияи участкавии раъйпурсӣ дар ҳузури мушоҳидон бюллетенҳои истифоданашударо аз ҳисоб мебароранд.
Савол: Бюллетенҳои шаклашон ғайримуқаррарӣ чӣ гунаанд ва оё онҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд?
Ҷавоб: Бюллетенҳои шаклашон ғайримуқаррарӣ бюллетенҳое ҳисоб карда мешаванд, ки мазмун ё шакли онҳо ба матн ва шакли бюллетенҳои мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқгардида мувофиқат намекунанд. Бюллетенҳои овоздиҳии ғайримуқаррарӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.
Савол: Чӣ гуна бюллетенҳо беэътибор ҳисобида мешаванд?
Ҷавоб: Бюллетенҳои беэътибор бюллетенҳое ҳисобида мешаванд, ки дар онҳо ҳеҷ кадом аз вариантҳои ҷавоб хат зада нашудааст, ё ҳарду вариант хат зада шудааст, инчунин бюллетенҳои намунаашон тасдиқнашуда ва бюллетенҳое, ки аз рӯи онҳо изҳори иродаи овоздиҳандагонро муайян кардан ғайриимкон бошад. Дар мавриди пайдо шудани шубҳа дар бораи ҳақиқӣ будан ё набудани бюллетен комиссияи участкавӣ қарор қабул намуда, шумораи чунин бюллетенҳоро дар протокол қайд мекунад.
Савол: Протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷaи овоздиҳӣ дар чанд нусха тартиб дода мешавад ва ба он киҳо имзо мегузоранд?
Ҷавоб: Протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷaи овоздиҳӣ дар ду нусха бо ручкаи рангдор ё рангнависҳои шарикдор тартиб дода шуда, ба он раис, муовини раис, котиб ва ҳамаи аъзои ҳозирбудаи комиссияи участкавии раъйпурсӣ бо зикри санаву вақт имзо ва муҳр мегузоранд.
Савол: Нусхаи протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ бо кадом ҳуҷҷатҳо ва дар кадом муддат ба комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ фиристода мешавад?
Ҷавоб: Нусхаи протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ баъди имзо ва муҳр гузоштан якҷоя бо дигар ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ, аз ҷумла бюллетенҳои овоздиҳӣ, арзу шикоятҳо, қарорҳои доир ба онҳо қабулшуда ва санадҳое, ки аз тарафи комиссияи участкавии раъйпурсӣ тартиб дода шудаанд, фавран ба комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ фиристода мешавад.
Савол: Дар кадом ҳолат раъйпурсии такрорӣ гузаронида мешавад?
Ҷавоб: Дар сурати дар ягон ҳавза ё участка беэътибор дониста шудани натиҷаи овоздиҳӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад ба комиссияи дахлдор супориш диҳад, ки дар давоми ду ҳафта дар ҳамин ҳавза ё участка овоздиҳии такрорӣ гузаронад.
Инчунин, дар ҳолати аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шудани натиҷаи раъйпурсӣ дар муҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» такроран раъйпурсӣ гузаронида мешавад.
Савол: Натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии раъйпурсӣ кай эълон ва интишор мегардад?
Ҷавоб: Натиҷаи пешакии раъйпурсӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар муддати 24 соати баъди ба охир расидани раъйпурсӣ эълон карда мешавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ахборотро дар бораи натиҷаи ниҳоии раъйпурсӣ дар саросари ҷумҳурӣ дар муддати на дертар аз даҳ рӯзи баъди ба охир расидани овоздиҳӣ интишор мекунад.

Тибқи Қарори Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 Раъйпурсии умумихақӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
1. Аз ном ва матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
— қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.»;
— қисмҳои дуюм ва сеюм мувофиқан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.
3. Қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.».
4. Дар қисми чоруми моддаи 7 калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 8:
— дар қисми чорум калимаи «Ташкилотҳои» ба калимаи «Иттиҳодияҳои» иваз карда шавад;
— қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.».
6. Дар моддаи 14:
— дар қисми дуюм калимаҳои «маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро» иваз карда шаванд;
— дар қисми сеюм калимаҳои «ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд» ва «сохти конститутсионӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ва «асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 15:
— қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.»;
— дар қисми дуюм пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад;
— қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.».
8. Дар қисми дуюми моддаи 16 калимаи «эълоншуда» ба калимаи «муқарраргардида» иваз карда шавад.
9. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои «ҳаққи зиндагӣ» ба калимаҳои «ҳуқуқ ба ҳаёт» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми дуюми моддаи 20 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.
11. Дар қисми чоруми моддаи 27 калимаи «Шахсоне» ба калимаи «Шаҳрвандоне» иваз карда шавад.
12. Ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.».
13. Ба қисми сеюми моддаи 32 баъд аз калимаҳои «ҳизбҳои сиёсӣ» аломати «,» ва калимаҳои «дигар шахсони ҳуқуқӣ» илова карда шаванд.
14. Қисми дуюми моддаи 34 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.».
15. Дар моддаи 37 калимаи «пулӣ» ба калимаи «пардохтшаванда» иваз карда шавад.
16. Дар қисми якуми моддаи 38 калимаи «туризм» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шавад.
17. Дар моддаи 40:
— дар қисми якум калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» иваз карда шавад;
— дар қисми сеюм калимаи «дар» ба калимаи «таҳти» иваз карда шавад.
18. Дар қисми якуми моддаи 45 калимаҳои «Додани» ва «вазифаи ҳар кас мебошад» мувофиқан ба калимаҳои «Супоридани» ва «ҳатмист» иваз карда шаванд.
19. Дар моддаи 49:
— ҷумлаи сеюми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.»;
— қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.»;
— қисми ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.»;
— қисми ҳафтум қисми ҳаштум ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.».
20. Дар қисми сеюми моддаи 51 калимаҳои «ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ,» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар,» иваз карда шаванд.
21. Дар банди 1 қисми якуми моддаи 56 калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд.
22. Дар моддаи 61:
— дар қисми дуюм калимаҳои «аз се ду» ба калимаҳои «аз чор се» иваз карда шаванд;
— қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд.».
23. Дар қисми дуюми моддаи 64 калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад.
24. Дар моддаи 65:
— қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.»;
— қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.».
25. Дар моддаи 69:
— дар банди 7 калимаҳои «ба тасдиқи» ба калимаҳои «барои тасдиқ ба» иваз карда шаванд;
— банди 12 хориҷ карда шавад;
— аз банди 13 калимаҳои «бо пешниҳоди Шӯрои адлия» хориҷ карда шаванд;
— дар банди 18 калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад;
— бандҳои 13-30 мувофиқан бандҳои 12-29 ҳисобида шаванд.
26. Ба моддаи 71 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.».
27. Дар моддаи 73:
— қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.»;
— қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шуда, баъд аз калимаҳои «Аъзои Ҳукумат» калимаҳои «бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва онҳо» илова карда шаванд.
28. Дар қисми якуми моддаи 74 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
29. Номи боби шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНӢ».
30. Дар моддаи 76 калимаҳои «Ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
31. Дар моддаи 78:
— қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд.»;
— дар қисми дуюм калимаи «марзӣ» ба калимаи «ҳудудӣ» иваз карда шавад;
— дар қисми панҷум калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро» иваз карда шаванд;
— дар қисми шашум калимаи «ҷамоат» ба калимаи «Ҷамоат» иваз карда шавад.
32. Дар қисми якуми моддаи 79 калимаи «қаламрав» ба калимаи «ҳудуд» иваз карда шавад.
33. Дар моддаи 84:
— дар қисми сеюм калимаҳои «Тарзи ташкил» ба калимаҳои «Тартиби таъсис, ташкил» иваз карда шаванд;
— дар қисми панҷум калимаи «Ташкили» ба калимаи «Таъсиси» иваз карда шавад.
34. Моддаи 85 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 85. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.
Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.
Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад.».
35. Дар моддаи 86 калимаҳои «бо пешниҳоди Шӯрои адлия» ба калимаҳои «бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ» иваз карда шаванд.
36. Дар моддаи 89:
— қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.»;
— қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад.»;
— қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шуда, ба банди 1) баъд аз калимаи «санадҳои» калимаи «меъёрии» илова карда шуда, калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад;
— қисми чорум қисми панҷум ҳисобида шавад.
37. Дар моддаи 91 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.
38. Дар моддаи 93 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
39. Дар тамоми матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
40. Дар МУҚАРРАРОТИ ИНТИҚОЛӢ:
— қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд.».

 

ШАРҲИ ЛОИҲА дар PDF

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон