Иқтисод (14)

16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Ҳамчунин барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд.

Хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе- Роғун” дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” амалӣ шуда, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз ёфта, анҷоми тадбиқи лоиҳа тибқи нақша моҳи августи соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Сипас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии Роғун оғози расмӣ бахшиданд.


16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.

Дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон, собиқадорони меҳнат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон иштирок карданд.

Баъди ба кор даровардани агрегати якум неруи барқи «Роғун» ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. Акнун равшанию гармии кохи нури Тоҷикистон – НБО-и «Роғун» ба хонадони тоҷикистониён ворид гардид. Мардуми шарафманди тоҷик ин рӯзро бесаброна интизор буданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати неругоҳ таъкид доштанд, ки “расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”.

Дар толори мошинҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ-мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати НБО “Роғун” дар китоби “Роғун-Кохи нур” соядаст гузоштанд.

Дақиқияти кори аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо гузоштани танга муайян карда шуд ва ҳамин тавр кори нахустин агрегати неругоҳ ҷавобгӯи талабот арзёбӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чамбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшиданд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун», пуриқтидортарин иншоотҳои силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.

«Роғун»-ро Сарвари давлат ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон номидаанд. Ба фаъолият оғоз кардани неругоҳ рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории миллати тоҷик аст ва он дар китоби таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Зеро барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан конеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Имрӯз агрегати якум ба фаъолият оғоз кард. Соли минбаъда агрегатҳои дигари неругоҳ бо азму иродаи қавии коргарони матинирода ба кор дароварда мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ҳамеша ғамхорӣ менамоянд.

Дар сохтмони неругоҳ бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 25 ҳазор нафар сохтмончиёну муҳандисон ва дигар кормандони техникӣ саҳми арзанда гузоштанд. Корнамоии сохтмончиён барои ба кор даровардани агрегатҳои дигари неругоҳ идома дорад.

Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз хизмат хоҳад кард. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди пурра ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани ҳадафҳои неки Сарвари давлат баҳри таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шуданд.

Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда - 1», «Сангтӯда - 2», Помир – 1, неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2, зеристгоҳҳои барқии 500 киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол», Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 киловолта дар неругоҳи барқи обии Норак, зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран - 2», хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум-Суғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи КАСА – 1000 аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шудаанд. Бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии системаи энергетикии кишвар 1320 мегават зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110 киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Баъди ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеъи бунёди садди неругоҳ, дар назди шумораи зиёди мардум, ки ба хотири иштирок дар маросими оғози кори агрегати якум ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли шаҳрвандони кишвар ва ҳамватананони бурунмарзиро бо ин руйдоди муҳим табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат ба сохтмончиён, бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур, ки дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон доданд, аз номи тамоми мардуми тоҷик, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмини рушди устувор тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо барои бунёди неругоҳҳо сафарбар намуд. Роҳбарияти давлату ҳукумат амиқан дарк мекарданд, ки “Роғун” омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад.

Корҳои сохтмону васлкунӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷалби 70 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, инчунин, бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодааст.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар баробари ба истифода супоридани иншооти навбати аввали неругоҳи “Роғун” ва истеҳсоли барқи аввал, ки ҳоло мо шоҳиди ин рӯйдоди таърихӣ гардидем, то имрӯз дар дигар иншооти асосиву ёрирасони он низ корҳои зиёде анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Душанбе - Роғун” ва зеристгоҳи барқии неругоҳ сохта ва ба истифода дода шуд.

“Роғун” имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нури аввал ва нахустшӯълаи чароғистони бузурги миллатро, ки ба ҳар хонадони кишвар расид, ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол самимона табрик гуфтанд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер ва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано суханронӣ карданд.

Метавон гуфт, ки бо ифтитоҳи агрегати якуми НБО «Роғун» аҳолии кишвар дар тамоми фасли сол бо барқ таъмин шуда, фаъолияти корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат боз ҳам густариш пайдо хоҳад кард ва иқтидори истеҳсолии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти тавлиди маҳсулоти рақобатпазиру ба содирот нигаронидашуда боз ҳам афзоиш пайдо мекунад.

Ба таъкиди коршиносони байналмилалӣ ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон дар бунёди НБО “Роғун” паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки нафақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархурдор менамояд.

http://president.tj

 

2 феврали соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Роҳбари Агентии федералии сайёҳии Россия Олег Сафонов мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, масоили марбут ба таъмини шароити мусоид барои афзоиши шумораи сайёҳонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон "Соли рушди сайеҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ " эълон карданд.
И.Сатторов қайд кард, ки Россия яке аз шарикони авлавиятноки кишвари мо дар соҳаи сайёҳӣ мебошад ва Тоҷикистон дар зиёд намудани шумораи сайёҳон аз Россия ба Тоҷикистон, мубодилаи таҷриба дар ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар манфиатдор аст.
Дар навбати худ Роҳбари Агентии федералии сайёҳӣ ҳавасмандии ҷониби Россияро дар таҳкими алоқаҳо бо мақомоти соҳаи сайёҳии Тоҷикистон иброз намуд.
Инчунин табодули назар дар атрофи таҳкими минбаъдаи заминаи дуҷонибаи шартномавӣ- ҳуқуқӣ дар соҳаи сайёҳӣ сурат гирифт.
Дар анҷоми мулоқот баҳри таҳмики минбаъдаи робитаҳо байни Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Агентии федералии сайёҳӣ изҳори омодагӣ карда шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

15 декабри соли 2017 дар шаҳри Москва ҷаласаи 76-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нематулло Ҳикматуллозода ва Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия И.М. Сатторов иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Ҳикматуллозода ҳозиринро бо самтҳои асосии Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2018 ва Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ гардидани он шинос намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар соҳаи ҳамкориҳои иқтисодӣ диққати асосӣ ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалигардии давраи сеюми Стратегияи рушди ИДМ то давраи соли 2020, инчунин идомаи амалигардии Созишнома дар бораи савдои озод равона мегардад. Соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ ва муҳоҷират низ дар қатори вазифаҳои асосии рушди ҳамкориҳо дар Иттиҳод номбар шуданд.
Ба рӯзномаи ҷаласа маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи иқтисод дохил буданд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои Тартиби таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳои байнидавлатии инноватсионӣ, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои таҷҳизоти электронию электротехникӣ ва лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук. Инчунин дар ҷаласа як қатор масъалаҳои буҷету молиявӣ ва ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қарор қабул гардид, ки ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои иқтисодии ИДМ 2 марти соли 2018 дар шаҳри Москва баргузор мегардад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

16 октябри соли 2017 дар “Кохи Сомон” таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи толори бошукуҳи Кохи Сомон нахуст маросими аксбардории хотиравии роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Дар оғози кори Форум Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи меҳмонони иҷлосияро ба сарзамини бостонии тоҷикон хайрамақдам гуфта, ба иштирокдорони чорабинии имрӯза барори кор орзу карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз таъсис ёфтани Форумро воситаи муҳимми ҳамкорӣ ва иқдоми дорои аҳаммияти хосса арзёбӣ намуданд ва изҳори умедворӣ карданд, ки кори Форум ба эҳёи пайвандҳо, густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун мусоидат карда, барои пешрафти минтақаву кишварҳо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Мо кишварҳои арабиро аз ҷумлаи шарикони муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои нек бо онҳо таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем”.
Даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарназардошти имконоту иқтидорҳои бузурги Тоҷикистон аксари давлатҳои пешрафтаи арабӣ дар самти тиҷорату сармоягузориҳо дар соҳаҳои мухталиф метавонанд бо кишвари мо дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд ҳамкорӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки яке аз омилҳои муассири рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ фароҳам сохтани фазои шаффофу мусоид барои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани чунин фазо пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Бо ин мақсад, аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти тиҷорату иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва кор дар ин самт идома дорад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи иштирокчиёни кори Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон муваффақият орзу карда, бо итминон изҳор доштанд, ки вохӯрии имрӯза оғозбахши фикру андешаҳои ҷадид ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ҷодаи минбаъд ҳам густариш додани ҳамкориҳо ба нафъи мардумони кишварҳоямон хоҳад гардид.
Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи роҳбарони ҳайатҳои бонуфузи иштирокдори кори Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои арабӣ Аҳмад Абдулғайт ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ - Раиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф суханронӣ карданд.
Баромадкунандагон пеш аз ҳама ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сиёсати дарҳои боз, фазои мусоиди ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманди дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ изҳори сипосу қардрдонӣ карданд. Аз рафти татбиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказиву Озарбойҷон ва санади алоҳидаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, ки се сол қабл дар иҷлосияи нахустин дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ба имзо расида буд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

15 сентябри соли 2017 дар шаҳри Москва ҷаласаи 75-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Имомуддин Сатторов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд.
Дар ҷаласа маҷмӯи васеи масъалаҳо вобаста ба ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи муроҷиатномаи сарони ҳукуматҳои ИДМ дар бораи мубориза бо картелҳои байналмилалӣ, лоиҳаи консепсияҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мелиоратсияи замин ва мошинсозӣ барои соҳаи нафту газ, лоиҳаи қарори сарои давлатҳои ИДМ дар бораи муайян намудани ваколатҳо байни мақомоти олии роҳбарикунандаи ИДМ, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома дар бораи муайян намудани кишвари истеҳсолкунандаи мол, дар бораи омодагӣ ба баргузории руйхатгирии аҳолӣ, як қатор ҳуҷҷатҳои молиявию буҷетӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии ИДМ 15 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Москва баргузор мегардад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

11 июли соли 2017 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Иммомуддин Сатторов бо Сафири навтаъйиншудаи Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Федератсияи Россия Андрей Негутса баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба рушди минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстона байни ду давлат мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар ин робита ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Молдова, алалхусус дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид.

23 июни соли 2017 дар шаҳри Москва ҷаласаи 74-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Имомуддин Сатторов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок намуд.
Дар ҷаласа маҷмӯи васеи масъалаҳо вобаста ба ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бораи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба амалӣ гардидани Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи металлургӣ, дар бораи фаъолияти Шӯрои байниҳукуматии фелдъегерии давлатҳои аъзои ИДМ, дар бораи Конвенсияи ИДМ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи сулҳомези фазои кайҳон, дар бораи лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ, дар бораи муассисаи базавии ИДМ дар соҳаи карантини растанӣ, дар бораи амалишавии Конвенсия оид ба таҳвили байналмилалии мусофирон ва бағоҷ, дар бораи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ, дар бораи хизматрасониҳои суғуртавӣ, дар бораи ворид намудани тағйиротҳо дар классификатсияи буҷетии мақомоти ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии ИДМ 8 сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад.

 

12 апрели соли 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия брифинг доир ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об, баргузор гардид.
Дар брифинг, намояндагони корпуси дипломатӣ, васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ва кишварҳои хориҷӣ ширкат намуданд.
Дар рафти суханронии худ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассалро доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Қатъномаи А/КЕ8/71/222, зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, манзури иштирокчиён гардонид.
Таъкид гардид, ки ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда, боиси дастгирии васеи ширкаткунандагони анҷуман, намояндагони воломақоми кишварҳои аъзои СММ, сохторҳои СММ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалии гашт.
Имомуддин Сатторов натиҷаҳои назаррас ва дастовардҳои Даҳсолаи гузаштаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015»-ро инчунин дар рафти суханронӣ қайд намуд.
Ҳамзамон аз ҷониби Россия ва дигар кишварҳои шарик даъват ба амал оварда шуд, то ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии об, ҳамкориҳои зич ва мутақобилан судмандро бо Тоҷикистон ба роҳ монанд.
Дар рафти брифинг байни ҳозирин муҳокимаи гарм сурат гирифт, ки дар натиҷа ба ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, баҳои баланд дода шуд. Дар интиҳои брифинг хоҳишмандон тавонистанд ба саволҳои қобили таваҷҷуҳ ҷавобҳои мушаххас пайдо кунанд.
Маълумот доир ба имконоти обию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосаи намояндагони корпуси дипломатиро ҷалб намуд.

 

 

20–23 сентябри соли равон намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федератсияи Россия – намоишгоҳи “Текстиллегпром”, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар соли равон корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии зерини ватанӣ: «Ваҳдат» (ҷӯроб ва ришта), “ХИМА-Текстил” (ришта), “Мафтуна” (либоси занонаву кӯдакона), “Меҳровар” (либоси махсус ва либосворӣ), “Нафиса” (ҷӯроб), “Нассоҷии Хуҷанд” (матоъ, либоси мардонаву занонаву кӯдакона), «Ноҳид» (трикотаж, либоси тагпӯши мардонаву занона), “Олим Текстайл” (ришта, матоъи пахтагин), ва «РБТ Тоҷикистон» (ришта) ва ғайра имконияти иштирок варзиданро дар намоишгоҳи “Текстиллегпром” пайдо намуданд.
Аввалин маротиба дар Намоишгоҳ дар растаи алоҳида маҳсулоти ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» ба намоиш гузошта шуд, ки сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали ин Маҷмааи нассоҷӣ дар ноҳияи Данғара бузургтарин ва муассиртарин иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои зиёди кории нав баҳисоб меравад.
21 сентябри соли ҷорӣ намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба Намоишгоҳ ташриф оварда, бо намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои ватаниамон шинос шуданд ва бо ҳайати фиристодагони ҷумҳуриамон сӯҳбат оростанд.
“Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Россия гирдиҳам меорад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

20 сентябри соли 2016 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Ноиб-Президенти ширкати «Уолт Дисней Компани СНГ» Игор Макаров баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо имконият ва роҳҳои барқарор намудани ҳамкориҳои мутақобилан судмандро байни ширкати «Уолт Дисней Компани СНГ» ва ширкатҳои соҳавии кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.
Сафир Тоҷикистон ҳангоми суҳбат қайд намуд, ки Тоҷикистон дар барқарор намудани робитаҳои густурда бо ширкатҳои маъруфи трансмиллии ҷаҳон ҳавасманд мебошад. Инчунин И. Сатторов оид ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиёзҳои мавҷуда дар қонунгузории кишвар барои сармоягузорони хориҷӣ маълумот пешниҳод кард.
Аз ҷониби худ И.Макаров қайд намуд, ки «Уолт Дисней Компани СНГ» корхонаи фаръии ширкати маъруфи ҷаҳонии The Walt Disney Company буда, он соли 2006 таъсис дода шудааст ва дар Россия, инчунин дигар давлатҳои ИДМ, Гурҷистон ва Муғулистон фаъолият менамояд. Тавре маълум аст, The Walt Disney Company ширкати трансмиллӣ ва пешсафи истеҳсолоти фароғатии ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Дар ҷамъбасти соли 2015 сармояи он ба 52,5 миллиард доллари ИМА баробар гардидааст.
Ҷаноби Макаров барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои кишварамон манфиатдор буданашонро изҳор намуд. Аз ҷумла ҳамчун самтҳои имконпазири ҳамкорӣ истифода аз Канали Disney, ки ҳамчун канали фароғатӣ барои аҳли оила ва махсусан кӯдакон маъруф аст, намоиши филмҳои сифатноки студияҳои Disney, Pixar, MARVEL,Columbia Pictures ва ғайра, истеҳсоли филму сериалҳо, басаҳнагузории намоишҳои театраликунонидашуда, иҷозатномадиҳии телевизионӣ, иҷозатномадиҳии маҳсулот бо акси қаҳрамонҳои Disney, таъсиси Disneyland-ҳо, сайру саёҳатҳои гирдиҷаҳонӣ, тарҷума (дубляж)-и филмҳои бадеӣ ва мултипликатсионӣ ва ғайра номбар гардиданд.
Дар ҷамъбасти гуфтушунид намояндагони ширкат хоҳиш намуданд, ки Сафорат ҷиҳати дастгирӣ ва дарёфти ҳамкорони эҳтимолӣ аз ҷумлаи ширкатҳои тоҷикистонӣ ба ширкати «Уолт Дисней Компани СНГ» мусоидат кунад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон