Сайёҳӣ (3)
Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон
23 Июн 202122 июни соли 2021 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди кишвар чорабинӣ перомуни иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Россия, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвари иқомат, ширкатҳои фаъоли сайёҳии Россия ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, аз ҷумла изҳор дошт, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат сайёҳӣ ҳамчун як соҳаи муҳими иқтисод тадриҷан рушд карда истодааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳим ба пешравиҳои назаррас ноил гашта, дар арсаи байналмилалӣ обрӯи хос пайдо кардааст.
“Бахри таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони ватанию хориҷӣ, Ҳукумати кишвар дар марҳилаи аввал як қатор имтиёзҳоро муқаррар намуд, заминаи иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард, инчунин инфрасохтори зарурии сайёҳӣ барои рушди минтақаҳои сайёҳӣ омода намуд”, -таъкид кард Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба иштирокчиён презентатсияҳо оид ба рушди навъҳои гуногуни сайёҳии байналмилалӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ ва тандурустӣ пешкаш гардиданд.
Тавассути чорабинии баргузоршуда меҳмонон имкони хуби шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла мавзеъҳои муосири сайёҳӣ шиносоӣ пайдо карданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб намояндагони ширкату муассисаҳои сайёҳии Тоҷикистон дар бораи зарфиятҳои сайёҳии кишвар, шароити муносиби муҳайёшуда ҷиҳати сайру тамошои хориҷиён аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои фароғатӣ, маълумоти муфассалро пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Дар доираи ин чорабинӣ, ба меҳмонон оид ба иқтидори сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаҳои сармоягузорӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод шуд.
Дар идомаи чорабинӣ, бо мақсади таҳкими равобит ва табодули мушаххасот, миёни намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар хотима қайд гардид, ки пешрафт кардани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон дар радифи тамошобоб гардонидани мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ, арзишҳои миллӣ ва расму оинҳои мардумӣ инчунин шароити хубу мусоидро барои ташрифоварандагон таъмин месозад, ки ин обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баландтар мебардорад.
Муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 26-уми байналмилалии сайёҳии Москва
13 Март 201912 марти соли 2019 дар шаҳри Москва Намоишгоҳи 26-уми байналмилалии сайёҳии Москва “MITT” ба кори худ оғоз кард.
Дар маросими кушодашавии Намоишгоҳи мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов иштирок намуда, аз гӯшаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “MITT” Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон, Ассотсиатсияи Эко-фарҳангии Помир, ҳамчунин ширкатҳои сайёҳии “Rohat Tour”, Orient Adventure, “Помир треккинг”, “Симот” “Саразм 5500” ва ғайра муаррифӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон соли дуюм аст, ки дар ин Намоишгоҳи бонуфузи Россия ширкат менамояд ва соли 2018 ҳайати Тоҷикистон баррандаи ҷоизаи “Дебюти беҳтарин”-и намоишгоҳи мазкур гардид.
Намоишгоҳи “MITT” ба панҷгонаи бузургтарини намоишгоҳҳои соҳаи сайёҳии ҷаҳон шомил буда, ҳамасола диққати теъдоди бештари намояндагони соҳаи тиҷорати сайёҳиро ба худ ҷалб менамояд.
Соли равон дар намоишгоҳи мазкур 1 799 ширкати сайёҳӣ, аз беш аз 200 давлат ва минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ширкат меварзанд.
Намоишгоҳи “MITT” аз 12 то 14 марти соли равон давом намуда, без аз 22 ҳазор иштироккунанда аз 80 минтақаи Россия ва 90 давлати хориҷӣ аз он дидан хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни «2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» оро ёфтааст, ки ифодакунандаи моҳияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Дар миёни рамз кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегарданд, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст.
Рамз ҳамчунин обҳои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва нусхаи офтоба, ки ҳамчун нишони ҳунарҳои мардумӣ мебошад, бозгӯи рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» васеъ истифода баранд.