Варзиш (7)

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди гуштини миллӣ давоми се соли сипаришуда ҷадвали баргузории чорабиниҳои варзишӣ байни аҳолии кишвар аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла таҳия ва татбиқ карда шуд.

«Агар давоми соли 2020 485 мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир шуда бошад, соли 2021 он ба 2159 адад ва соли 2022 қариб ба 4000 чорабинӣ расонида шуд», — гуфт зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода.

Ба иттилои ӯ, дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» аз нав эҳё шуд ва мунтазам рушд меёбанд.

Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат соли 2015 зимни таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба хотири ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон ва сокинони кишвар ба бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Ҳамзамон дар ин раванд бо таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд. Таваҷҷуҳ ва иштироки бештари варзишгарони хориҷӣ дар ин чорабиниҳо гувоҳи возеҳи он буд, ки гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) тавонист қаламрави худро васеъ намояд ва мақоми байналмилалиро соҳиб шавад.

Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии пояҳои давлатдории миллӣ- ин эҳё ва рушди эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ мебошад. Зеро намудҳои миллии варзишӣ ҳамчун нишонаи соҳибфарҳангӣ барои миллати тоҷик рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат мебошанд, ки ба таблиғи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона карда шудаанд.

Ин аст, ки инак дар саҳифаи варзиши мамлакат боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди варзишӣ ба вуқӯъ пайваст. Гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар ин хусус санади дахлдор аз ҷониби Раёсати адлия ва корҳои дохилии кишвари Шветсария 17 июни соли 2022 ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд.

Зимнан ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушду густариши минбаъдаи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» давоми соли 2023 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ»-и Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё оид ба гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) бо иштироки варзишгарон аз хориҷи кишвар дар назар дошта шудааст. Ин метавонад дар рушди ҳамагонии ин намуди варзиш мусоидати фаъолтар намояд.

Гӯштини миллии тоҷикон дорои таърихи чандинасра мебошад
Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар миёни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Гӯштингирӣ ё худ гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта, қувваозмоӣ кардан) бармеояд.

Паҳлавон ё худ шахсе, ки дар маъракаҳои гӯштингирӣ баромада, маҳорати худро ба дигарон пешниҳод мекард, аз азал миёни мардуми тоҷик маҳбубияти хоссаро доро буд. Дар замонҳои пеш ҷашни Наврӯз аз оғози баҳор то даромадани фасли тобистон, аниқтараш давоми се моҳ паҳлавононро бо ҳам ҷамъ меовард. Наврӯзро мардуми тоҷик деҳа ба деҳа дар алоҳидагӣ ҷашн мегирифтанд ва паҳлавонон ба майдон баромада, ҳар яке деҳи худро муаррифӣ мекард. Аслан паҳлавонон дар болои сабзаи наврӯида бо пойҳои луч ва чакманҳо баромада, қувва месанҷиданд. Мардум маҳорати паҳлавононро дида, дар васфи онҳо то Наврӯзи оянда шеъру таронаҳо эҷод мекард, ки ин аз варзишдӯст будани мардуми тоҷик дарак медиҳад.

Тавре Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии методӣ»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз медорад, гӯштини миллии тоҷикӣ сароғози ҳама намудҳои гӯштин буда, варзиши суннатии миллати тоҷик аст.

«Дар замони Шӯравӣ ин намуди гӯштин чандон тарғиб намешуд, вале дар байни мардум маҳбубияти худро гум накард. Мардум бо хоҳиши худашон дар маъракаву ҷашнҳо ва махсусан ҷашни Наврӯз мусобиқаи гӯштингирӣ барпо мекарданд. Бо шарофати Истиқлолият солҳои охир мо тавонистем, ки гӯштини миллиро дубора дар шаклу усули наву муосир эҳё намоем», — иброз дошт ӯ.

Ба андешаи ӯ, дар замонҳои пеш паҳлавонон бо чакман болои сабзаи баҳорӣ қувва меозмуданд. Вазни чакмане, ки варзишгарон ба бар мекарданд, вазнин буд ва давоми сабқат ба паҳлавонон халал мерасонид. Барои паҳлавонон вақти муайян ҷудо нашуда буд. Варзишгарон то аз пой афтодан муҳориба мекарданд, ки аксари муҳорибаҳо мусовӣ анҷом меёфт ва ин барои тамошобин дилгиркунанда буд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Федератсияи гӯштини миллӣ ва соҳибкорони ватанӣ солҳои охир барои рушди ин намуди варзиш якчанд иқдомро ба роҳ монданд. Барои паҳлавонон вақти муайяни сабқат ҷудо шуд. Ҳамчунин давоми рақобат ба усулҳои анҷомдодаи паҳлавонон аз ҷониби довар баҳо гузошта мешавад. Шумораи мусобиқаҳо низ дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ зиёд карда шуд.

Бояд гуфт, ки мутахассисони соҳа дар кишвар бар он ақидаанд, ки сарчашмаи аксар намудҳои гӯштин гӯштини миллии тоҷикӣ аст ва беҳтарин усули он дар дигар гӯштинҳо истифода мешавад. Аз ҷумла, дар дзюдо, самбо, кураш ва камарбандӣ. Асосгузорони ин намудҳои гӯштин аз усули гӯштини тоҷикӣ истифода бурда, гӯштинҳои худро дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ ва олимпӣ муаррифӣ намуданд. Миёни онҳо аз ҳама наздик гӯштини кураш аст, ки хоси мардуми узбек буда, ба гӯштини тоҷикӣ пайванди зич дорад. Солҳои охир дар баробари гӯштини миллӣ дар арафаи Наврӯз дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд гӯштини камарбандӣ ҳам доир карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ба паҳлавонони гӯштини тоҷикӣ мутахассисони соҳаи варзиши ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус доштанд. Аз ҷумла, сармураббии тими яккачини Иттиҳоди Шӯравӣ Владлен Михайлович Андреев паҳлавонони тоҷикро «дзюдочиёни тайёр» номидааст. Дар маҷаллаи «Физкультура и спорт» мақолае зери унвони «Гӯштингирӣ бародари самбо» аз чоп баромада буд, ки дар он ба усулҳои истифодабурдаи паҳлавонони тоҷик бо баҳои баланд дода буданд. Мутахассиси варзиш Евгений Чумаков паҳлавонони гӯштини тоҷикиро самбочиёну ҷудокорони тайёр унвон карда, ин намуди гӯштинро василаи хуби омода намудани паҳлавонон дар дигар намудҳои гӯштин арзёбӣ намуда буд.

Мояи ифтихор аст, ки таваҷҷуҳи мутахассисони хориҷӣ ба паҳлавонони мо зиёд аст, зеро паҳлавонони мо аз овони хурдӣ ба омӯзиши гӯштини суннатии гузаштагонамон машғул мешаванд.

5 июни соли 2022 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (ДДМБМ) бахшида ба Рӯзи Россия XXI Ҷоми Ректори ДДМБМ оид ба футбол баргузор гардид.

Дар мусобиқа дастаҳои омӯзгорон ва кормандони ДДМБМ, Вазорати корҳои хориҷии Россия, 21 намояндагии дипломатии муқими шаҳри Москва, аз ҷумла Тоҷикистон, Ангола, Эквадор, Таиланд, Венесуэла, Боливия, Озарбойҷон, Лаос, Арманистон, Узбекистон, Сербия, Нигерия, Эрон, Колумбия, Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Ветнам, Перу, Алҷазоир, Камбоҷа ва Индонезия, дар маҷмӯъ беш аз 350 бозингар ширкат варзиданд.

Тибқи натиҷагирӣ, тими футболбозони Сафорати Тоҷикистон дар Россия-барандаи шашкаратаи Ҷоми Ректори ДДМБМ, ғолиби мусобиқа дониста шуда, зимни маросими ботантанаи хотимавии мусобиқа бо Ҷом ва ифтихорномаҳои Ректори ДДМБМ сарфароз гардиданд.

3 июни соли 2018 бахшида ба Рӯзи Россия мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми XVIII-уми Ректори Донишгоҳи муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) баргузор шуд.
Дастаи мунтахаби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иборат аз кормандони он ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии диаспораҳо дастаи "Снегири"-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, соҳиби Ҷоми Ректори Донишгоҳи мазкур гардид.
Дастаи Сафорат ҷойи аввалро дар миёни 26 дастаи намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷии муқими Москва, Вазорати корҳои хориҷии Россия, кормандони Донишгоҳи муносибатҳои байналмилалии Москва, инчунин дастаи сарпарасти мусобиқа "Снегири" ишғол намуд.
Мусобиқа дар варзишгоҳи Донишгоҳи муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) бо роҳпаймоии ҳамаи дастаҳои иштирокдор зери марши низомӣ ва оркестр оғоз гардида, парчамҳои миллии кишварҳо барафрохта шуд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа бозингарони дастаи мунтахаби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо Ҷом, медал ва дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки дастаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо ин комёбӣ маротибаи шашум ғолиби Ҷоми мазкур гардид.

Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия


27 ноябри 2016 дар Қасри варзиши шаҳри Москва якумин мусобиқаи байналмилалии “Гушингирӣ”, бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар мусобиқа сад нафар варзишгар, ки иттиҳодияҳои касбии варзишии минтақаҳои Ярославл, Краснодар, Твер, Санкт-Петербург ва Новосибирски Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро муаррифӣ менамуданд, ширкат варзиданд.
Созмондиҳандагони мусобиқа ТҶ “Нур” бо дастгирии бевоситаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Федератсияи муҳоҷирони меҳнатии Россия чорабиниро баргузор намуданд. Эҳтимол меравад, ки мусобиқаи мазкур ҳамасола дар байни дастаҳои миллии диаспораҳои шаҳр ва вилояти Москва гузаронида шавад.
Диаспораҳои тоҷик муддати дароз аст, ки мусобиқаҳои варзиширо танҳо дар байни ҳамватанони худ мегузаронанд, аммо ҳозир вақти он расидааст, ки намояндагони диаспораҳои гуногуни Федератсияи Россия низ ба мусобиқаҳои мазкур ҷалб гарданд. Ин иқдом метавонад баҳри ба ҳам наздикшавии миллатҳои гуногун дар қаламрави Россия ва дар кулли минтақа, хидмат кард.
Чунин мусобиқаҳо метавонанд якдигарфаҳмии байни варзишгарон ва тамошобинонро беҳтар намоянд. Баргузории чунин чорабиниҳо дар сатҳи боло, маҳорати баланди иштирокчиён ва муҳити хайрхоҳона метавонад тазодҳои дар ҷомеа бударо бартараф намояд.
Ғолибони мусобиқа бо медалҳо ва мукофотҳои пулӣ, инчунин бо ифтихорномаҳои фахрӣ аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия сарфароз гардонида шуданд.
Созмондиҳандагони чорабинӣ ният доранд, ки дар соли дигар барномаи фарҳангӣ низ ба барномаи мусобиқа ҳамроҳ карда шавад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

 

Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмиллалии гӯштии озод, ки пагоҳ, 21 июн дар Алмати (Қазоқистон) баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард-хабар медиҳад pressa.tj .  Манбаъи иттилоот  хабар медиҳад, ки : “ Дар чорчӯби мусобиқа 8 набард дар назар гирифта шудааст, ки дар онҳо варзишгарон аз Афғонистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо варзишгарони қазоқ қувваозмоӣ хоҳанд кард” .

Чанде пеш варзишгарони мунтахаби самбои Тоҷикистон дар мусобиқаи кушоди аврупоӣ, ки дар шаҳри Женева (Швейтсария) гузашт, се медали тилло ба даст оварданд. Гӯштигирони тоҷик ҷойҳои аввалро ишғол намуда, ҳамчунин ба чемпионати чаҳон оид ба самбо, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар Бразилия мегузарад, роҳхат гирифтанд. 

ФФТ хабар медиҳад, дар чорчӯби омодагиҳо ба мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми президенти Қазоқистон-2014, дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон, ки аз бозигарони то 16-сола ташкил шудааст, дар шаҳри Норак ҷамъомадҳои омӯзишӣ-тамринӣ мегузаронад.

“ Ҷамъомадҳо дар Норак то 22 июн идома хоҳанд ёфт. Ин дафъа сармураббии даста Салоҳиддин Ғафуров , 24 бозигар, аз он ҷумла 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро фаро хонд. Ба дархости ниҳоии даста танҳо 18 нафар аз ин ҳайъат  шомил мешаванд.”- гуфт мудири мунтахаби наврасон Меҳроҷиддин Холов.

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон  дар гурӯҳи “В” баромад мекунад, ки дар ин гурӯҳ ҳарифонаш дастаҳои Испания, Эрон ва Озарбойҷон хоҳанд буд. Дар квартети “В” наврасони Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин баромад хоҳанд кард.

Мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистон-2014 аз 25-ум то 29-уми июн дар ш.Остона хоҳад гузашт. Ҷоизаи умумии мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз 25 июн дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми президенти Қазоқистон-2014 бар дастаи Озарбойҷон пирӯз шуд.

“Тамрингирандагони Салоҳиддин Ғафуров дар ин бозии сахт бо ҳисоби 2:1 футболбозони Озарбойҷонро шикаст доданд”-мегӯяд манбаъи хабар.  Зарбаҳои дақиқи Муҳаммадҷон Шарипов ва Худойдод Узоқов ба дастаи тоҷикон пирӯзӣ оварданд.

26 июн дастаи тоҷикон бо футболбозони мунтахаби Испания бозӣ мекунад.  Замони оғози бозӣ соати 18:00 ба вақти Душанбе мебошад.  Дар мусобиқа мунтахаби футболи наврасони  шаш давлат-Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ҷоизаи умумии мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА –ро ташкил медиҳад. Дастаҳое, ки  ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро касб мекунанд, батартиб маблағи 10 ҳазор, 6 ҳазор ва 4 ҳазор доллари ИМА-ро соҳиб хоҳанд шуд.

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон