Ҷашнвораҳо (56)

Москва, 26 июн. Имрўз соати 13:00 дар Маркази матбуоти байналхалқии «Россия сегодня»-и шаҳри Москва конфронси матбуот дар мавзўи: «Ҷумҳурии Тоҷикистон: 20 соли сулҳ» баргузор мегардад. Барои ширкат дар чорабинии мазкур директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ва профессори Донишгоҳи забон ва адабиёти рус ба номи Абуабдулло Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода даъват шуданд. 

Қайд бояд кард, ки имсол рўзи 27 июн, яъне Рўзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он низ ба таври хоса ҷашн гирифта мешавад, зеро аз рўзи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин 20 сол сипарӣ гардид.

Дар конфронс атрофи мавзўъҳои зерин суҳбат баргузор мегардад:
Тоҷикистон тўли ду даҳсолаи осоишта дар кадом сатҳ рушд кардааст?
Муваффақиятҳои асосии ин дастовардҳо дар чист?
Таҷрибаи Тоҷикистонро чӣ гуна метавон дар ҳалли қазияи Сурия истифода кард?

Маркази матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

9 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба, ки дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифт.
Оид ба омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба ба Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиа, генерал - лейтенант Шералӣ Мирзо гузориш дод.
Баъди садо додани суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, афсарону сарбозон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли ҳамватанонро ба муносибати 72-юмин солгарди ғалаба бар зидди фашизм табрику муборакбод намуданд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба корнамоиҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик, ки дар майдонҳои набард баҳри озодии диёр ва осудагии ҳамдиёрони хеш ҷонбозиҳо карданд, андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ҷашни Ғалаба барои халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромушнашаванда мебошад, зеро фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон бо корнамоиву ҷонбозиҳо ва муборизаи фидокоронаву қотеъона якҷо бо халқу миллатҳои сулҳхоҳ оташи ҷанги даҳшатнокро хомӯш ва озодии мардумони сайёраро таъмин карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомадро бо ин санаи таърихӣ табрик намуда, таъкид доштанд, ки шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси халқамон дар давраҳои ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозоне, ки ҷони худро баҳри озодии кишвар нисор кардаанд, маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи ҷовидон сурат гирифта, ба хотири қурбониёни ҷанг дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.
Дар ин рӯз баъди аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштани гулчанбар, ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни низомии Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.
Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар “Боғи ғалаба”-и пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт

president.tj

01 aпрели соли равон дар шаҳри Москва яке аз қадимтарин ҷашнҳои рӯи замин Иди Наврӯз, ки ифодагари фарорасии баҳор ва оғози зиндагии нав мебошад, ҷашн гирифта шуд.
Иди Наврӯз сокинони шаҳри Москваро бо тамоми шукуфаҳо, фарҳанги рангин ва таърихи бойи халқҳои гуногуни Машриқзамин, ки ин идро қайд мекунанд, аз наздик шинос кард.
Роҳбари раёсати сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳри Москва Виталий Сучков чорабинии идонаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Москва сол аз сол тарафдорони бештари худро пайдо карда истодааст. Ба қавли ӯ, соли гузашта аз ҷашни Наврӯзи Москва тақрибан 30 ҳазор нафар дидан намуданд, вале имсол шумораи меҳмонони наврӯзи Москва аллакай аз 30 ҳазор нафар гузаштааст. Виталий Сучков ҳамчунин табрикоти шаҳрдори Москва Сергей Семёнович Собянинро манзури ҳозирин гардонид.
Чорабинии наврӯзии имсола дар ду майдон баргузор гардид: Яке дар фазои боз ошпазҳо аз кишварҳои гуногун ба пухтани Оши палов ва ҳакамон бошад, ба интихоби ошпази беҳтарин ва Оши палови беҳтарини ҷашнвораи “Оини ошпазӣ”, пардохтанд; Дигаре дар дохили бинои фарҳангии рақами 75-и “ВДНХ”, ки намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо, мусобиқаҳои сершумор, инчунин гала-консертро бо иштироки ситораҳои мухталиф, дар бар гирифт.
Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати шаҳри Москва, Сафирони Фавқулодда ва Мухтори кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, намояндагони як қатор доираҳои фарҳангии Россия ва намояндагони диаспораҳои гуногун дар Москва иштирок доштанд.
Тавассути намояндагони миллатҳои гуногун 35 намоишгоҳ ташкил карда шуд, ки калонтарини онҳо намоишгоҳи Тоҷикистон ба шумор мерафт.
Намоишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сафорат ташкил гардида, аз тасовири манзараҳои кӯҳҳои осмонбӯс ва табиати дилфиребу нодири Тоҷикистони азиз, аз маҳсулоти гуногуни косибӣ, маҳсулоти бешумори фелизин, сангин ва чӯбин, аз кӯртаҳои мардона ва занона, сузаниҳои калону хурд, либосҳои бо зару зевар ва гулдӯзиҳои миллӣ оро ёфтаи мардонаю занона, бозичаҳои сафолӣ, китобҳои таомҳои идона, анъанавӣ ва бойи тоҷикӣ ва дигар маҳсулотҳо иборат буд.
Теъдоди зиёди хоҳишмандоне, ки майли харидории молҳои ҳунармандон, тарроҳон ва соҳибкорони тоҷикро доштанд, боиси ҳаяҷони бузург дар байни меҳмонон гардида буд.
Яке аз меҳмонони намоишгоҳи Тоҷикистон иброз доштааст, ки “Ӯ се адад аз либосҳои занона, ки бо гулдузиҳои тоҷикӣ оро ёфтааст, барои худ ва ду духтараш, харидорӣ намудааст. Ба гуфти Ӯ нақшу нигори тоҷикӣ дар либосҳои занона имрӯзҳо мӯд шудааст ва дар байни ҷавондухтарони Москва низ маъруф гардидаанд”.
Меҳмонони Наврӯзи Москваро ғайр аз зиёфат ва фаровонии молҳо ва тӯҳфаҳои миллӣ барномаи бошукӯҳи мусиқӣ низ интизор буд. Бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварамонро дар барномаи консертӣ ҳунарманди мардумӣ Сангали Мирзоев ва Ноҳид Зейналпур, Фаридуни Хуршед, Аскарали Гулов ва ансамблҳои рақсии “Гулчин” ва “Баҳор” муаррифӣ намуданд.
Навоҳои форам, садоҳои ҷолиб, ва рақсҳои зебои гулдухтарони тоҷик тамошобинонро ба фазои зебои хоси Машриқзамин ва ҳисси баҳорӣ ворид намуд.
Яке аз меҳмонони хориҷии Наврӯзи Москва гуфт, ки - «Дар вақти иҷрои барномаи мусиқии ҳайати Тоҷикистон дар ҷойи худ ором нишастан бисёр душвор буд, зеро ҳар як баромади ҳунармандон ҳозиринро ба ваҷд меовард ва ҳамагӣ ба рақс пардохтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Наврӯзи Москва дар сатҳи олӣ муаррифӣ гардида, худи чорабинӣ дар сатҳи баланди касбию техникӣ ва дар фазои дӯстона баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Рӯзи 24-уми марти соли равон дар толори яке аз меҳмонхонаҳои маъруфи шаҳри Москва “The Ritz Carlton” Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муносибати фарорасии ҷашни эҳёи табиат “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” маросими тантанавиро бо шукуҳу шаҳомати хосса барпо намуд.
Дар чорабинии ботантана намояндагони Ҳукумат ва Парлумони Федератсияи Россия, корпуси дипломатӣ, аз ҷумла сафирони давлатҳои хориҷӣ, намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, васоити ахбори омма, доираҳои илму фарҳанги Россия ва тоҷикони муқими шаҳри Москва иштирок намуданд.
Чорабинии наврӯзиро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Имомуддин Сатторов ҳозиринро ба муносибати Соли нави аҷдодӣ-Иди Наврӯзи оламафрӯз, табрику таҳният намуда, ёдовар шуд, ки “Наврӯз” – яке аз идҳои писандидатарини Машриқзамин ба шумор меравад ва бо фалсафаи башардӯстонаву созандаи хеш, машҳури ҷаҳониён гардидааст.
Ҳамчунин барои ба ҷаҳониён муаррифии ин ҷашни куҳанбунёди тоҷикон маводи иттилоотӣ роҷеъ ба таърихи пайдоиш, анъанаҳо ва паҳншавии “Наврӯз” дар экранҳои бузург намоиш дода шуда, хони ҳафтсин ва ҳафтшини наврӯзӣ, намоиши ҳунарҳои санъати дастии мардуми тоҷик, аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маррази ташрифовардагон гузошта шуд.
Табъи меҳмонони сершумори ин ҷашнро ҳунармандони овозадори тоҷик, аз ҷумла Ситораи Кароматулло, Ҳасани Камол, Аброр Назаров ва Муборакшо Додалиев бо санъати волои худ болида карданд.
Ҳамзамон дар бахши фарҳангии чорабинӣ, тарроҳони ҷавони тоҷик Умед Кучкалиев ва Мурод Бобоқулов бо намоиши колексияҳои навини либосҳои занонаи миллии хеш ҳозиринро мафтуни санъати тоҷик гардониданд.
Дар ҷашни хотирмон меҳмонони зиёд аз тақрибан 70 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд, ки бо таомҳои миллии тоҷикӣ, анъанаву русуми аҷдодии тоҷикон ва суннатҳои марбут ба ҷашнгирии Наврӯзи фархундапай шиносоӣ пайдо карданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

21.03.2017 10:13, шаҳри Турсунзода

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирин ва меҳмонони гиромӣ!
Кулли мардуми шарифу фарҳангии Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, халқҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, хурду бузурги мардуми заҳматкашу сарбаланди шаҳри Турсунзода ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Наврӯзи фархундаву оламафрӯз - ҷашни бедории табиат ва инсон самимона табрик мегӯям.
Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардид, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.
Қобили зикри махсус аст, ки ҷашни Наврӯз таърихи бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушҳолӣ барои инсоният мебошад.
Маҳз бо ҳамин сабаб арзишҳои онро, ки ба нафъи ҷомеа мебошанд, худи ҷомеа, яъне халқ пос медорад.
Дар айёми наврӯзӣ ҳаёт бар марг, садо бар сукунат ва гармӣ бар сардӣ ғалаба мекунад, ки ин ҳама боиси дилгармии инсон, пеш аз ҳама, марди деҳқон ба зиндагӣ мегардад.
Фарҳанги ориёӣ дар тимсоли Наврӯз ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки бар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, ақлу мантиқро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз гардонидааст.
Ва тавре ки мушоҳида мекунем, хусусан, имрӯз халқҳои сайёра беш аз ҳар вақти дигар ба дӯстиву ҳамкорӣ ва хиради созанда ниёз доранд ва Наврӯз ҳоло низ метавонад ҳамчун ойини меҳру фарҳанг дар самти ҳамгироии мардуми олам нақши муассир бозида, инсониятро ба сӯйи хушбахтӣ ва саодати воқеӣ раҳнамоӣ созад.
Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки доир ба таърихи пайдоиш, шукӯҳу шаҳомат ва ҳикмату фалсафаи ин ойини нек дар осори гаронбаҳои гузаштагони мо, аз “Авасто” сар карда то «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти фаровоне зикр гардида, дар онҳо мақому манзалат ва бузургии ин ойини ростин тавсиф шудааст.
Бо дарназардошти ҳамин аҳаммияти инсонгароёна ва умумибашарии Наврӯз чанд сол пеш ин ҷашни бостонӣ бо ташаббуси Тоҷикистон ва дастгирии даҳҳо кишвари олам, аз ҷумла мамолики ҳавзаи тамаддуни Наврӯз бо Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ин падида, албатта, мояи ифтихори мардуми фарҳангии тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳар сол дар рӯзи ҷашнгирии ин ойини ростини қадимӣ хусусиятҳои хоси миллии онро, ки аз ниёгони бузургамон мерос мондаанд, ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
Наврӯз дар давоми таърихи беш аз панҷҳазорсола ва роҳи пуршебу фарози хеш мазмуни амиқу васеи иҷтимоӣ ва амалӣ касб намудааст.
Дар фалсафаи Наврӯз амали созандаву офаранда чун нахустунсури фаъолияти инсон шинохта мешавад, ки ҳунари кишоварзӣ баёнгари возеҳтарини он мебошад.
Ҳамчунин, зикр бояд кард, ки бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободгарона – донаи умед коштан, ниҳолҳои босамар шинонидан, тозаву озода кардани хонаву кошона ва кӯчаву растаҳо, инчунин, либоси тозаи идона ба бар кардан аз ҷумлаи суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор мераванд.
Ҳамин аст, ки ҳар сол дар арафаи таҷлили ин ҷашни бузург бо ташаббуси шахсони ҳимматбаланд, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номуси кишвар дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат тавассути бунёди иншооти хурду бузурги истеҳсолӣ ва хизматрасониву тиҷоратӣ ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Ҳамватанони азиз!
Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони мо ватани Наврӯз аст ва дар сарзамини мо тантанаҳои наврӯзӣ ҳамчун оғози корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон нерӯи тоза мебахшанд.
Мо имрӯз якҷо бо мардуми меҳмоннавози шаҳри Турсунзода ва намояндагони дигар шаҳру навоҳии кишвар таҷлили Наврӯзро дар ин шаҳри зебову пешрафтаи диёрамон идома медиҳем.
Шаҳри Турсунзода, ки бо мардуми ҳимматбаланду саховатпеша, фарзандони далеру шуҷоъ ва ангуру меваҳои шаҳдбораш шӯҳрат дорад, аз номи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир ва шахсияти барҷаста Мирзо Турсунзода файзу баракати тоза пайдо кардааст.
Қисми зиёди ашъори ноби сулҳпарварона ва тараннумгари дӯстиву ҳамкории халқҳо Мирзо Турсунзода маҳз дар канори дарёи Қаратоғ эҷод шуда, замири сулҳхоҳони сайёраро шодоб намудааст.
Ин шаҳри дӯстӣ, ки номи ин фарзанди фарзонаи тоҷиконро дорад, имрӯзҳо ба шарофати қадамҳои файзбори Наврӯз либоси идона ба бар карда, боз ҳам зебову ороста гаштааст.
Мо дар рӯзҳои ҷашн ва ҳамеша хотираи неки ин устоди суханро, ки бо шеъри оламгири худ номи Ватанро вирди забонҳо гардонидааст, гиромӣ медорем.
Таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода басо рамзӣ мебошад, зеро мардуми куҳанбунёди он дар пойдории асолат, пояҳои таърихиву фарҳангии Наврӯз ва ҳифзу идомаи накӯтарин анъанаҳои миллӣ саҳми басо арзишманд доранд.
Ифтитоҳи иншооти гуногуне, ки имрӯз дар шаҳри Турсунзода сурат гирифт, гувоҳи равшани ҳиммати созандаву бунёдкоронаи мардони бонангу номуси ин диёр барои фардои ободу осуда ва дастовези наврӯзии онҳо мебошад.
Танҳо дар зарфи ду соли охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва заҳмати софдилонаи сокинони шаҳр ва соҳибкорони ҳимматбаланд 11 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи беш аз 31 миллион сомонӣ ба истифода супорида шуда, бунёди даҳҳо иншооти дигар идома дорад.
Итминон дорам, ки мардуми заҳматқарини ин гӯшаи зебову замонавии диёрамон ҳамчун сокинони шаҳри дӯстиву бародарӣ минбаъд низ ба хотири пешрафту тараққиёти Ватани маҳбубамон саъю талош хоҳанд кард.
Дар шаҳри Турсунзода кишоварзони номдору ботаҷриба зиёданд ва сокинони он дар истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва умуман, маданияти заминдорӣ намунаи ибрат мебошанд.
Ва шубҳае нест, ки онҳо минбаъд низ ба хотири фаровонии дастурхони мардуми кишвар, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории Тоҷикистон содиқона заҳмат хоҳанд кашид.
Ин шаҳри зебоманзар табиати биҳиштосо ва ёдгориҳои зиёди таърихӣ дошта, дар баробари шаҳри саноативу кишоварзӣ буданаш метавонад ҳамчун шаҳри сайёҳӣ низ тараққӣ намояд.
Зеро манзараҳои зебои табиати Қаратоғ ва Ширкенти ин диёр метавонанд ба сифати манбаъҳои рушди соҳа хизмат кунанд.
Тибқи анъанаҳои неки аҷдодӣ бо фарорасии фасли баҳор ва айёми Наврӯз дар сарзамини мо давраи кишту кор ва дигар корҳои ободонӣ, бунёди боғҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кӯчаву хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот оғоз мегардад.
Идома бахшидан ба ин суннатҳои неки аҷдодӣ имконияти беҳтарини баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи заҳмати созанда ва тарзи зиндагии солим, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси миллӣ ва осоишу пешрафту ободии минбаъдаи кишвари азизамон мебошад.
Дар Тоҷикистони мо соҳаи кишоварзӣ шуғли асосии сокинони деҳот ба шумор меравад ва аз лиҳози имкониятҳои истеҳсолии худ кишварамон метавонад ба макони парвариши маҳсулоти кишоварзии аълосифат табдил ёфта, содироти маҳсулоти худро ба хориҷа торафт афзоиш диҳад ва ҳифзи амнияти озуқавориро, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад, таъмин намояд.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки мардуми мо дар баробари тантанаҳои наврӯзӣ ҳар рӯзи баҳорро самаранок истифода карда, ба кишту кор машғул шаванд, ниҳол шинонанд, боғ бунёд кунанд, майдону кӯчаҳо ва боғу хиёбонҳоро тозаву озода намоянд.
Маҳз ҳамин ҳиммати баланди мардуми кишвар ва ҳисси баланди ватандӯстии онҳост, ки мо тавонистем ҳатто дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ татбиқи ҳадафҳои стратегии худ - бунёди иншооти азими гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, пешбурди соҳаи кишоварзӣ, рушди саноати миллӣ, аз ҷумла соҳаи коркарди ашёи хоми маҳаллиро идома дода, азму иродаи қавӣ дорем, ки солҳои наздик ба истиқлолияти энергетикии мамлакатамонро муваффақ шавем, Тоҷикистони азизамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшем ва амнияти озуқавории онро таъмин созем.

Ҳамдиёрони азиз!
Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри мо бо шукӯҳу шаҳомат ва бо тантана таҷлил мегардад, сарчашмаи гаронбаҳои маънавӣ, воситаи муҳимми сарҷамъ намудани тамоми сокинони кишварамон, ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба сӯйи зиндагии орому осуда ва пурфайзу баракат мебошад.
Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ба мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги мо дар иҷрои нақшаҳои созандагӣ ва ободкорӣ рӯҳу тавони тоза мебахшад.
Бори дигар фарорасии ин ҷашни бузургро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тамоми тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам, ки ин ҷашни зеборо таҷлил мекунанд, инчунин, ба хурду бузурги мардуми сарбаланду меҳмондӯсти шаҳри Турсунзода самимона табрику шодбош мегӯям.
Итминони комил дорам, ки аз файзу баракати наврӯзӣ сокинони заҳматқарину соҳибтаҷрибаи шаҳри Турсунзода имсол низ ба дастовардҳои тоза ноил гардида, барои рушди бештари саноату кишоварзӣ ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишварамон софдилонаву содиқона кору фаъолият хоҳанд кард.
Орзумандам, ки ин ҷашни фархунда имсолу солиёни дигар ба мулки зебои мо, аз ҷумла ба диёри мардони соҳибҳунару соҳибтаҷриба – шаҳри Турсунзода нишоту шодмонӣ, ободкориҳои тоза, нусрату фаровонӣ ва дастархони пур аз нозу неъмат, саодату хушбахтӣ ва сулҳу ваҳдатро чун ҳадяи беҳтарини наврӯзӣ ато намояд.

Наврӯзи фархундапай муборак, ҳамватанони азиз!

http://president.tj

Ҳамватанони азиз!
Дар ин лаҳзаҳо, ки хурду бузург бо эҳсоси фараҳу шодӣ ва бо нияту орзуҳои нек соли нави мелодии 2017-умро истиқбол менамоянд, ҳамаи шумоёнро сидқан табрик гуфта, ба шумоён тандурустиву хушбахтӣ, рӯзгори орому осуда ва барори кору дастовардҳои тоза орзумандем.
Бигзор соли нав барои Тоҷикистони азизи мо ва мардуми шарифу сарбаланди он соли бобарор, пурфайзу баракат ва соли амалӣ гардидани орзуву ҳадафҳои созандаи ҳамватанонамон гардад!
Соли нав муборак!

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид.
Дар маросими идона кормандони тамоми намояндагиҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, намояндагони фаъоли диаспораҳои тоҷик, донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилотии олии Россия, намояндагони ВАО ва ғайра ширкат варзиданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар назди ҷамъомадагон баромад карда, ҳамаи тоҷикистониёни муқими Россияро бо ин иди муқаддасу арзишманд барои мардуми кишвар табрику таҳният гуфт.
И. Сатторов зимни суханрониаш аз суханҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳтади миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос намуда, қайд кард, ки Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Сафири Тоҷикистон дар Россия дар рафти баромадаш ба ҷавонони ҷамъомада муроҷиат карда, афзуд, ки маҳз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият бинобар поймол намудани қонуни асосии давлат кишвари мо оғуштаи бесару сомониҳо гашт. Аз ин рӯ вазифаи мо барои пешгири ҳаргуна тазоҳуротҳои номатлуб дар ҷомеа риояи Конститутсияи кишвар ва гузоштани эҳтиромот ба ин санади сарнавиштсоз мебошад.
Инчунин дар назди ҳозирин намояндагони диаспораҳои тоҷик, аъзоёни фаъоли Шӯрои ҷамъиятии Сафорати Тоҷикистон ва донишҷӯён, аз ҷумла Ҳоким Муҳаббатов, Раиси ташкилоти ҷамъиятии “Ватан”, Даврон Муҳаммадиев, Аъзои Шӯрои ҷамъиятии Сафорати Тоҷикистон ва Ориф Азимов, шунавандаи Академияи дипломатии ВКХ РФ суханронӣ карда, доир ба аҳамият ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккулёбии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, инчунин дар бораи он, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун яке аз Конститутсияиҳои пешқадам дар ҷаҳон эътироф гаштааст, ибрози ақида намуднд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Муҳтарам собиқадорон ва кормандони хизмати дипломатӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар раванди таърихии ташаккул ва рушди Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши сазовор дорад.
Шароити мушаххаси таърихии инкишофи кишвари соҳибистиқлоли мо, хислат ва муҳтавои таҳаввулоти байналмилалӣ тайи чоряк асри гузашта аҳаммияти хоссаи омили беруниро дар ҳаёти ҷомеаи мо ва робитаи зичи рушди дохилии кишварро бо воқеияти байналмилалӣ муайян намуд.
Дар вазъияти пуртазоди солҳои аввали истиқлолият роҳандозии равобити хориҷӣ ва муаррифии шоистаи давлати навини мо дар арсаи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин самтҳои раванди давлатсозӣ буд.
Аз ин нигоҳ санаи 29 сентябри соли 1993 дар таърихи муосири сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи воқеан муҳим ба шумор меравад.
Дар ин рӯзи хотирмон аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд.
Ин рӯйдод аз лиҳози мазмуну ғоя ва ҷанбаҳои сиёсӣ на фақат барои кормандони дипломатии кишвар, балки барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳаммияти таърихӣ дорад.
Ҳамин буд, ки аз соли ҷорӣ сар карда, рӯзи 29 сентябр дар кишвари мо ҳамчун “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” таҷлил мегардад.
Бинобар ин, бо камоли хушнудӣ ҳамаи шуморо ба муносибати таҷлили нахустини ҷашни касбиатон самимона табрик гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.
Басо рамзист, ки дар ин рӯзи барои ҳар яки шумо хотирмон мо бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷиро, ки санги асоси онро як сол қабл, яъне 7-уми сентябри соли 2015 гузошта будем, ифтитоҳ намудем.
Бинои мазкур пурра аз ҳисоби даромадҳои консулии вазорат сохта шуда, бо технологияҳои пешрафтаи хизматрасонӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва дар он тамоми шароити мусоиди корӣ муҳайё карда шудааст.
Итминони комил дорам, ки баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иморати хуштарҳу замонавӣ барои босифат ва дар сатҳи талаботи замон сурат гирифтани хизматрасониҳои консулӣ имкониятҳои нав пайдо мешаванд.
Дар зарфи 25 соли истиқлолият хизматрасонии консулӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ вусъат ва густариши беш аз пеш ёфтааст.
Айни ҳол зиёда аз 30 намояндагии дипломатии мо дар хориҷи кишвар дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ, доир ба ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон ҳамарӯза талош меварзанд.
Фаъолияти солҳои охири Вазорати корҳои хориҷӣ доир ба татбиқи навгониҳо дар низоми хизматрасониҳои давлатӣ боиси таҳсин буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат доимо дастгирӣ меёбад.
Ҷорӣ кардани низоми истифодаи шиносномаҳои биометрии дорои ҳомили электронӣ ба ҳайси аввалин қадам дар ин ҷода, ҳамчунин кортҳои шиносномавии дохилӣ ба ҳайси василаи муосири сабти маълумоти шахсии шаҳрвандон ва таҳияи ҳуҷҷатҳои сафари онҳо тибқи талаботи байналмилалӣ эътимоднокии худро дар амал исбот намуданд.
Чанде пеш дар кишвар низоми раводиди электронӣ роҳандозӣ шуд, ки он яке аз таҷрибаҳои нахустин дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, имконияти мусоиди аз ҷониби ҳар як шаҳрванди хориҷӣ дастрас намудани раводиди дахлдорро тавассути мақомоти консулӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон фароҳам меорад.
Дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти кишварамон миёни сохторҳои давлатӣ озмуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати муайян намудани беҳтарин сохтори марказии ҳокимияти давлатӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти он Вазорати корҳои хориҷӣ ҷоизаи махсуси ин озмунро ба даст овард, ки ин ҳам баёнгари пешрафти ниҳодҳои вазорат, аз ҷумла хадамоти консулии он, ба шумор меравад.
Мусаллам аст, ки дар тӯли 25 сол Вазорати корҳои хориҷии мо дар пешбурди сиёсати берунии Ҳукумат корҳои зиёдеро анҷом додааст.
Зимнан,бояд гуфт, ки дар даврони пеш аз истиқлол Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ собиқаи муайяне дошт, вале дар арсаи сиёсати хориҷӣ дорои чунин таҷриба набуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ҳанӯз соли 1944 таъсис ёфта буд, танҳо баъзе масъалаҳои ташрифотию намояндагиро ба иҷро мерасонид.
Дар шароити соҳибистиқлолӣ сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ ва доираи фаъолияти он чун мақоми идораи давлатӣ ба таври назаррас тағйир ёфт.
Дар робита ба ин, ишора ба як далел кофист, ки ҳайати кормандони он аз 11 нафари давраи пеш аз истиқлол ба зиёда аз 300 нафар расид.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар самти омода кардани кадрҳои дорои сатҳи баланди касбӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва лоиқу кордон, ки аз умдатарин масоили ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ бархурдоранд, ҳамчунин, дар самти ҷобаҷогузории кадрҳо камбудиҳои зиёде дорем, ки ҳаллу фасли онҳо андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.
Ҳарчанд ки барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар хизмати дипломатӣ озмунҳо мунтазам гузаронида мешаванд, вале баъзе ҳолатҳои муносибати ғайрихолисона ба масъалаи арзёбии сифатҳои касбиву шахсии кадрҳои ҷавон ба мушоҳида мерасанд.
Сатҳи пасти малакаи касбии баъзе дипломатҳои тоҷик, алалхусус, дар самти омӯзиши забон, таърих, анъанаву фарҳанг ва қонунҳои кишвари иқомат, боиси нигаронист.
Дар масъалаи таъмин намудани сатҳи зарурии интизом ва масъулиятшиносии кадрҳо низ норасоиҳо ба назар мерасанд.
Ҳамчунин, ҳолати таъмини бехатарии иттилоотиву иртиботии фаъолияти намояндагиҳои дипломатии мо дар кишварҳои хориҷӣ ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад.
Имрӯз мо бояд ба ин масъалаҳо ҳам дар дастгоҳи марказии вазорат ва ҳам дар сафорату намояндагиҳои дипломатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем.
Тавре ки чанде пеш дар суханронии худ ба ифтихори 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудам, меҳвари сиёсати хориҷии мо, дар баробари таъмину ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён иборат аст.
Мусаллам аст, ки дар иҷрои ин вазифа донишу таҷриба, ахлоқи ҳамида, одоби муошират, донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан забони кишвари иқомат, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва поквиҷдонии дипломатҳои тоҷик нақши муҳим дорад.
Мусоидат ба шинохти воқеии ҷомеаи Тоҷикистон ва равандҳои рушди ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии он дар хориҷа яке аз вазифаҳои калидии Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии мо мебошад.
Вазъи кор дар ин бахш, алҳол, ба беҳбудӣ ниёз дорад ва сатҳи фаъолият дар ин самт бояд ҷиддан баланд бардошта шавад.
Истифодаи ҳамаи василаҳои дастрас, аз ҷумла таҳкими робитаҳои кории самарабахш бо ниҳодҳои созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори умуми кишвари иқомат, тарғиби дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва дигаргуниҳои бунёдии ҷомеаи мо аз тариқи суханрониву мусоҳибаҳои матбуотӣ ва музокироту вохӯриҳои дипломатӣ амри комилан зарур аст.
Мо имрӯз мушоҳида мекунем, ки ояндабинии тамоюлҳову ҳаводиси сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вокуниши саривақтиву мантиқӣ ба онҳо аҳаммияти дучанд пайдо кардааст.
Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафирону намояндагони моро дар хориҷи кишвар зарур аст, ки кори худро дар ин арсаҳо ба таври назаррас фаъол гардонида, ҷиҳати ташаккули дидгоҳу назари нек нисбат ба давлати Тоҷикистон ва халалдор нагардидани симои мусбати он дар арсаи байналмилалӣ чораҳои муассиру саривақтӣ андешанд.

Дӯстони азиз!
Ба шумо пӯшида нест, ки таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи тӯлонӣ ва ғании дипломатӣ дорад ва дар бораи сифату хислати сафирон ё ба қавли ниёгонамон - фиристодагон даҳҳо китобу рисолаҳо таълиф шудаанд.
Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ доир ба сифатҳои сафирон чунин фармудааст:
Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.
Ё дар ҷои дигари ин асар Хусрави Парвиз ба фиристодагони худ чунин дастур медиҳад:
Хирадманд бошеду равшанравон,
Ниюшандаву чарбу ширинзабон.
Бад-он анҷуман ту забони манӣ,
Ба ҳар неку бад тарҷумони манӣ.
Дар ин мисраъҳои безаволи ҳаким Фирдавсӣ сифатҳои умдаи фиристодагон - муаррифгарони роҳбари давлат ва миллату кишвари худ, яъне хирадмандӣ, равшанравонӣ ба маънои ахлоқи нек ва аҳаммияти забондонӣ, ба таври возеҳ таъкид шудаанд.
Фикр мекунам, ки имрӯз ҳам арзиши ин суханони Фирдавсӣ кам нагаштааст ва онҳо барои ҳар яки шумо дар фаъолияти ҳаррӯзаатон бояд ба ҳайси чароғи ҳидоят хизмат кунанд.

Дӯстони азиз!
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавқеи умда доранд.
Тоҷикистон тайи даврони соҳибихтиёрии хеш муносибатҳои судмандро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда, ҷойгоҳу мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ марҳала ба марҳала мустаҳкам гардонид.
Давлати мо дар ин давраи аз нигоҳи таърих начандон тӯлонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори он рӯ ба афзудан ниҳод.
Ҳукумати Тоҷикистон аз аввалин рӯзҳои барқарории сулҳу субот дар кишвар масири густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунарсаи судмандро бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ пеш гирифт ва ин равандро вусъат бахшид.
Сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҳукумати Тоҷикистон мавриди пуштибонии на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт ва ин омил барои татбиқи сиёсати муваффақонаи хориҷӣ заминаи хубе гардид.
Аз ин ҷост, ки нуфуз ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол то сол боло меравад ва кишварҳои олам майлу рағбати худро ба тақвияту густариши равобит бо Тоҷикистон эълон медоранд.
Табиист, ки ҳар кишвар барои ҳузур ва нақшофарӣ дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ ниёз ба заминаҳои ҳуқуқӣ дорад.
Соли 2002 аввалин Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои назариявию сиёсии равобити байналмилалии кишварамонро дар давраи нав - баъди истиқрори сулҳу субот - муайян кард.
Баъди гузаштани беш аз як даҳсола - бо таваҷҷуҳ ба шароити нави ҷаҳонӣ ва афзалиятҳои муосири бурунмарзии кишвар - дар ибтидои соли 2015 Консепсияи нави сиёсати хориҷии мо қабул гардид, ки санади асосии муайянкунандаи самтҳо ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии давлатамон маҳсуб мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди сипарӣ гардидани марҳалаи аввали соҳибистиқлолӣ, ки даврони ба эътидол овардани вазъияти дохилӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дар равобити байналмилалии худ сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон дошт, ки ин хатти сиёсӣ имрӯз низ муваффақона идома дорад.
Самараи чунин сиёсатро мо дар робитаҳои хориҷии гуногунҷанбаи кишварамон дар арсаҳои мухталиф мебинем.
Айни ҳол Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад.
Дар баробари ин, Тоҷикистон ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ, ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо, иҷро менамояд.
Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои минтақаҳои мухталифи олам ҷойгоҳи хосса дорад.
Тоҷикистон то имрӯз бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бо зиёда аз 140 кишвари дуру наздик робитаҳои дӯстонаву беғараз ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро ба роҳ монда, густариш медиҳад.
Дар ин замина Тоҷикистон бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст.
Ҳамзамон бо ин, таъкид бояд кард, ки раванди татбиқи муқаррароти шартномаҳои ба тасвибрасида дар бисёр ҳолатҳо аз доираи назар берун мемонад ва натиҷаву боздеҳи баъзе санадҳои ҳамкориҳои дуҷониба хеле кам мебошад.
Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дигар ба масъалаҳои вобаста ба таҳияи хушсифату саривақтии санадҳои дар чорчӯбаи сафарҳои расмиву кории роҳбарияти олии кишвар имзошаванда ва умуман, ба мазмуну мундариҷаи баланди чунин сафарҳо аҳаммияти пайваста ва хосса диҳанд.
Ҳар як шартномае, ки ба имзо мерасад, пеш аз ҳама, бояд воқеиву иҷрошаванда ва ҷавобгӯи талаботи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва манфиатҳои миллии мо бошад.
Бо такя ба сиёсати «дарҳои кушода» давлати мо равиши хоси дипломатияи худро дарёфт намуда, имрӯз дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок менамояд ва дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари хостори таъмину таҳкими сулҳу суботи саросарӣ шинохта шудааст.
Давлати мо муаллифи се ташаббуси бузург дар соҳаи об аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд.
Ҳамин буд, ки дар оғози соли равон бо ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони даҳ кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Тоҷикистон, Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ кард.
Ҳамзамон бо ин, ба мақсади идомаи талошҳои байналмилалӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба обу беҳдошт, мо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ибтикори нав - эълон кардани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти шиори “Об ба хотири рушди устувор” - ҷалб намудем.
Боиси хушнудист, ки ин иқдоми тозаи Тоҷикистон, ки зимни ширкати мо дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея муаррифӣ гардид, мавриди дастгирии рӯзафзун қарор дорад.
Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани дастгирии фарогир аз иқдоми мазкур ва дар ин замина таҳия ва пешниҳод намудани қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чораҳои зарурӣ андешанд.
Моҳи июни соли равон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) интихоб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели возеҳи болоравии обрӯ ва эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки давлати мо дар ниҳодҳои дигари Созмони Милали Муттаҳид, монанди Комиссияи маводи мухаддир барои солҳои 2014-2017 ва Комиссияи мақоми зан барои солҳои 2014-2018 узвият дошта, дар чаҳорчӯбаи онҳо фаъолияти самаранок мебарад.
Таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир ва тамоюлҳои инкишофи иқтисоди ҷаҳонӣ боиси аҳаммияти беш аз пеш пайдо кардани дипломатияи иқтисодӣ ва мунтазам афзудани нақши унсури иқтисодии равандҳои умдаи байналмилалӣ гардидаанд.
Вобаста ба ин, дар назди мо силсилаи вазифаҳои мубраме истодаанд, ки мақсад аз иҷрои онҳо расидан ба ҳадафҳои миллии рушди кишвар буда, истифодаи муассир ва самараноки василаҳои дипломатияи иқтисодиро тақозо менамоянд.
Густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ва эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои таҳкими имкониятҳо ва зербинои иқтисодии кишвар аз ҷумлаи чунин вазифаҳо мебошанд.
Дар ин радиф, бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ва мавҷудияти шароити мусоид дар кишвар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ дар соҳаи «иқтисоди сабз», ҳамчунин мусоидат ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро бо кишварҳои ҳамсарҳад чун василаи эҷоди фазои эътимоду боварӣ дар тӯли марзҳои кишвар ба таври алоҳида бояд зикр кард.
Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи аввалин ва муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва амниятӣ дар Осиёи Марказӣ мешуморад.
Тайи чоряк асри соҳибистиқлолӣ давлати Тоҷикистон чунин мавқеъ ва дидгоҳи худро дар амалияи сиёсиаш борҳо намоиш додааст.
Мо итминони комил дорем, ки ҳамгироии созанда дар заминаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва эътимод ба якдигар ба манфиати ҳар як давлату халқи минтақа аст.
Мо дар якҷоягӣ метавонем низоми фарогири амнияти минтақаамонро эҷод намоем ва бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муборизаи муштарак барем.
Албатта, ҳифзи сулҳу субот ва таъмини рушди умум аз муҳимтарин вазифаҳои муосир ба шумор мераванд.
Сафирону намояндагони мо дар хориҷи мамлакат, умуман, ҳар як дипломати тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки таъмини равобити хубу дӯстона бо кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки ба арзишҳои умумибашарӣ эҳтиром мегузорад, аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақому ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ маҳсуб мешаванд.
Фаромӯш набояд кард, ки риояи манофеи миллӣ ва заминасозӣ барои таъмини рушди устувори кишварамон, баробари ҳифзи дастовардҳои истиқлол, аз ҳар корманди хизмати дипломатӣ зиракии сиёсӣ, огоҳии комил аз равандҳои ҷаҳони муосир, шинохти дурусти ҳадафҳо ва манфиатҳои Тоҷикистон, қобилияти таҳлили воқеаҳои дохиливу хориҷӣ, тасмимгирии саривақтӣ ва мантиқӣ дар баробари рӯйдодҳо ва албатта, садоқату самимияти хосса ба давлату миллатро тақозо менамояд.

Муҳтарам собиқадорон ва ходимони дипломатии кишвар!
Бори дигар ҳамаи шумо-намояндагони халқи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқкунандагони сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 25-солагии истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ва «Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ» табрик гуфта, бароятон дар роҳи хизмат ба давлату миллат барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша муваффақу пирӯз бошед!

29 сентябри 2016 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия маҷлиси тантанавӣ бахшида ба нахустин таҷлили “Рӯзи кормандони хизмати дипломатии” Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавиро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ифтитоҳ бахшида, ба кормандони хизмати дипломатӣ ин рӯзи таърихиро муборакбод гуфт.
Дар суханронии хеш Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки дипломатони тоҷик дар ташаккул ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши назаррас доранд. Чунки дар ҳама вақту замон кормандони дипломатӣ дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллию давлатии хеш ва муаррифии шоистаи кишвари худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешсаф мемонанд.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо роҳбарияти кишвар, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони дипломатӣ, чӣ дар Дастгоҳи марказии Вазорти корҳои хориҷӣ ва чӣ дар намояндагиҳои кишвар дар хориҷа, ғамхориҳои зиёд менамояд. Бино бар ин Сафир Имомуддин Сатторов аз ҳозирин даъват ба амал овард, то дар иҷрои содиқонаи ӯҳдадориҳои касбӣ ва пешбурди сиёсати хориҷии кишвар, тамоми донишу малакка ва маҳорату таҷрибаи худро сафарбар намоянд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

08 сентябри 2016 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар меҳмонхонаи Ритс-Карлтони шаҳри Москва ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идонаро бо шукуҳу шаҳомати хоса барпо намуд.
Дар чорабинӣ намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, доираҳои илму фарҳангии Федератсияи Россия, корпуси дипломатӣ, расонаҳои иттилоотии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони диаспораи тоҷик, донишҷӯён ва шаҳрвандони тоҷик, ки феълан дар Россия таҳсил ва ё кору фаъолият доранд, ташриф оварданд.
Дар оғози чорабинӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳозиринро шодбош намуда, доир ба аҳаммияти сарнавиштсози Истиқлолият дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва дастовардҳои беназири кишвар, ки маҳз дар ҳамин даврон ба даст омадаанд, сухан гуфт.
Аз ҷумла Сафири Тоҷикистон дар рафти суханрониаш таъкид намуд: “Мо аз он шукр менамоем, ки дар он лаҳзаҳои душвортарин барои Тоҷикистон ва халқи он, раҳбарии кишварро Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда гирифт. Маҳз ба шарофати худфидоӣ, хирадмандӣ, ояндабинӣ ва иродаи мустаҳками ин шахс сулҳу субот ва рушди пайваста дар кишвар ҳукмфармо гирдид.
Баъдан Муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсяи Россия Василий Небензя аз номи роҳбарияти кишвараш, ба давлат ва мардуми тоҷик рӯзи Истиқлолияти давлатиро муборакбод гуфта, Тоҷикистонро шарики калидӣ ва боэътимоди Россия дар Осиёи Марказӣ номид.
Дар даромадгоҳи макони чорабинӣ намоишгоҳи аксҳо аз дастовардҳои даврони истиқлолият манзури меҳмонон гардонида шуд, ки ҳозиринро аз наздик бо дастовардҳои кишвар дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангу маориф, ва бо табиати зебою имкониятҳои ғании сайёҳии Тоҷикистон ошно менамуд.
Бахши фарҳангии чорабиниро ҳунарпешаи шинохтаи кишвар Афзалшо Шодиев бо маҳорати воло ва сурудҳои дилнишини ватандӯстонаи хеш шукуҳи тоза бахшид.
Ҳамчунин ҳозирин аз беҳтарин таъомҳои миллии тоҷикӣ нӯши ҷон намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон