Ҷашнвораҳо (56)

16 ноябри соли 2018 дар Сафорат чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Россия, аҳли илму фарҳанг, чеҳраҳои шинохтаи мардуми тоҷик, соҳибкорон ва устодону донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии шаҳри Москва баргузор гардид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов меҳмонон ва дигар ҳамватанони муқими Россияро бо ҷашни воқеан таърихию тақдирсози миллати тоҷик – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шурӯъи чархидани боз як нерӯи пешрафти ҳаёти Тоҷикистон – НБО “Роғун”, бо таманнои бахту саодат ва комёбиҳои беназир самимона табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки: “Барои мо мояи ифтихор аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гиромидошти солгарди иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ба роҳандозии чархаи аввалини иншооти воқеан рамзию таърихӣ ва стратегии Тоҷикистон – НБО “Роғун”, рост омад”.

Зимни суханронӣ, Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба нақши таърихӣ ва муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳ, ҳифзи давлати тоҷикон ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон, инчунин, аҳамияти иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Дар идома И.Сатторов роҷеъ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар робита ба рушду таҳкими Тоҷикистон, бунёди иншооти стратегии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Нерӯгоҳи Роғун, сухан гуфта, бо ибрози боварӣ таъкид кард, ки гардиши аввалин чархаи ин Нерӯгоҳи бузург, бо ҳуруфи заррин дар саҳифаи нави таърихи муосири Тоҷикистон дарҷ мегардад ва ин гоме дар масири тағйири кишвари аграрӣ ба саноатӣ хоҳад буд.

Сипас, иштирокдорони ҷамъомад бо камоли хурсандию нишот пахши мустақими телевизиониро аз рафти баистифодадиҳии агрегати якуми Нерӯгоҳи Роғун тамошо намуда, шоҳиди яке аз чорабиниҳои таърихии Тоҷикистони мустақил гардиданд.

Ҳамчунин, ба таваҷҷуҳи меҳмонон филми мустанад бахшида ба фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаш гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

12 сентябри соли 2018 дар ш. Москва дар толори меҳмонхонаи «The Ritz-Carlton» аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерастияи Россия зиёфати расмӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ороста шуд.

Дар он чорабинӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, инчунин сафирони давлатҳои хориҷии муқими Москва, дигар доираҳои сиёсӣ ва ходимони илму фарҳанги кишвари иқомат, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, днишҷӯёни тоҷик ва ҳамватаноне, ки дар Россия иқомат доранд, иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерастияи Россия Имомуддин Сатторов ба чорабинии тантанавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, зимни суханронии табрикотӣ таъкид кард, ки истиқлолият барои ҳар як миллат асоси рушд ва заминаи мустаҳками ваҳдат ва тамомияти арзии давлатдорӣ, неъмати бебаҳо, ифтихори ҳар як шаҳрванд, муқаддаси бузург ва ҷашни бошукӯҳ мебошад.

И.Сатторов қайд кард, ки имрӯз Тоҷикистон бо гомҳои устувор зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафтҳои беназир комёб мегардад.

Аз ҷониби Сафорат дар саҳни толори меҳмонхона намоишгоҳи сайёҳӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Меҳмонони чорабинӣ бо истифода аз фурсати муносиб бо фарҳанги қадимаи миллӣ ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик шинос гардиданд.

Ҳамчунин, санъати волою мусиқии форам ва сабку салиқаи нотакрори Далер Назаров пазироии расмиро рангину хотирмон гардонида, фазои хоси фарҳанги пурғановати тоҷикро барои ҳозирин фароҳам овард.

Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия

27 июни соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони диаспораи тоҷик, ходимони илму фарҳанг, инчунин хабарнигорони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Маъракаро бо сухани ифтитоҳӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов оғоз карда, ба ҳозирин ва дар шахсияти онҳо ба ҳамаи ҳамватанони муқими Россия сулҳу осоиш, бахту саодат ва комёбиҳои беназирро орзу намуд.

Сараввал нақши муҳими таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори давлатдории миллӣ, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон махсус таъкид гардид.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид карда, аз ҳамватанони муқими Россия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо бо Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои фарҳангию иқтисодӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ бо мақсади пешгирии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ даъват ба амал овард.

Дар анҷоми чорабинӣ бо назардошти саҳми арзанда барои ҳамкории пурсамар ва рушди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Россия ба якчанд фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва аҳли эҷод, аз ҷумла ба Юлия Вербитская ва Ниссо Одинаева ихтихорнома ва раҳматномаҳо супорида шуд.

Хадамоти матбуоти Тоҷикистон дар Россия

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Мардуми Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд.

Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем.

Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад.

Фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ин ҷанги даҳшатнок, ки аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи башарият буд, иштирок карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих бо ҷасорату матонат ва сарбаландона гузаштанд.

Аз ин лиҳоз, корнамоиву диловарии фарзандони баору номуси Тоҷикистон барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад.

Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамасола кумак ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар шароити ноором ва бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки хатару таҳдидҳои нав дар бисёр кишвару минтақаҳои сайёра торафт вусъат пайдо мекунанд, тарғибу ташвиқи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба саҳифаҳои ибратбахши таърихи халқи тоҷик ва омӯхтани корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои таҳкими амну оромии ҷомеа, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ мардуми кишвар 25 - солагии таъсисёбии онро таҷлил намуданд, бо истифода аз сабақу корнамоиҳои падарони шарафманди хеш барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва зиндагии орому осоиштаи мардуми тоҷик чун сипари боэътимод ҳамеша омода мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин муддат насли ҷавони ҳомиёни Ватан ба камол расида, марзу буми кишвари соҳибистиқлоли худро содиқона ва бо шуҷоату далерӣ ҳимоя мекунанд.

Ҳангоми боздид аз ҷузъу томҳои ҳарбӣ хуб мушоҳида мегардад, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо барои ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки сарзамини аҷдодӣ, шарафи Тоҷикистони азиз ва таҳкими амнияти ҷомеаву давлат омодаанд.

Итминони комил дорам, ки сарбозону афсарони бонангу номус, далеру шуҷоъ ва посдорони қавииродаи Модар – Ватан бо истифода аз сабақҳои матонату шуҷоати наслҳои калонсол ва бо интизоми қатъии ҳарбӣ минбаъд низ барои ҳимояи неъмати бузургтарини ҳаёти сокинони мамлакат – истиқлолият ва озодӣ, тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани мақому мартабаи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамеша омодаву ҳушёр хоҳанд буд.

Бори дигар ҳамаи иштирокчиёну собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, рӯзгори обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Ҷашни пирӯзӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

20 феврали соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вакилони Думаи Давлатӣ, намояндагони вазоратҳо ва идораҳои Федератсияи Россия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, атташеҳои ҳарбии давлатҳои хориҷӣ ва дигар намояндаҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавии муқими Москва, инчунин ВАО-и Тоҷикистон ва Россия ширкат варзиданд.
Дар сухани ифтитоҳии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов қайд намуд, ки ҳар сол 23 феврал ҳамчун санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон - рӯзи ҳомиёни содиқи Ватан бо самимият ва шукӯҳи хоса таҷлил мегардад.
Зимни суханронӣ Сафир нақши тақдирсоз ва таърихан муҳими Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъсис ва таҳкими минбаъдаи Артиши миллӣ махсусан таъкид намуд. Ҳамзамон ишора шуд, ки “Бо шарофати хирадмандӣ ва дурандешии Пешвои миллат, имрӯз ҳамаи шароит барои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар фароҳам оварда шудааст, то хизматчиёни ҳарбӣ тавонанд бо интизоми қавии худ, донишу малакаи сатҳи баланд, истифодаи моҳиронаи техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ, руҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри ҳимояи далеронаи Ватан ва саъю кушишҳо ҷиҳати таъмини ҳаёти осоишта ва созанда созандаи мардуми тоҷик хидмат намоянд”.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал иборат буда, бо низоми қавии худ мояи ифтихори халқ ва ҳомии боэътимоди Ватан мебошанд.
Зимни чорабинӣ дар бинои Сафорат намоишгоҳи аксҳо ташкил ва манзури манзури меҳмонон гардонида шуд, ки ҳозиринро бо таърих ва дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ошно намуд.

24 ноябри соли 2017 ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷаласаи ботантана баргузор шуд.
Ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон, намояндаҳои фарҳанг ва ҳунар, шоирону нависандагон, олимону донишҷӯёни тоҷики макотиби олии шаҳри Москва суратпазир гардид.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро оғоз намуда, қайд кард, ки аз рӯзи аввали қабули Парчами давлатӣ то имрӯз мардуми тоҷик ба тағйироти куллӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ноил гардидааст. Пеш аз ҳама, қабули Парчами давлатӣ ба афзоиши ҳисси ифтихори миллӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, барқарор кардани анъанаи давлатдорӣ, сарҷамъ ва муттаҳид гардонидани мардуми Тоҷикистон мусоидат намудааст.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикосгари таъриху фарҳанг, анъана, суннатҳои куҳану аҷдодии халқи тоҷик, инъикосгари орзуву умедҳои ҳар шаҳрванди кишвар аст.
Сафири Тоҷикистон аз рӯзҳои тақдирсози қабули Парчами давлатӣ ёдовар шуда гуфт, ки мардуми тоҷик маҳз бо доштани иродаи қавӣ ба сулҳу осоиштагӣ, суботи сиёсӣ ва беҳбудии кишвар расидааст.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи пойдории давлат, ягонагӣ, ҳамбастагӣ ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик дар Федератсияи Россия аҳамияти муҳим дорад.
Инчунин аҳли нишастро бо ин рӯзи таърихӣ Ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳуқуқӣ М.Ватанзода табрик гуфт.
Сипас, донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои мухталифи шаҳри Москва дар мавзӯи «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза карданд. Дар маърӯзаҳои худ донишҷӯён аҳамияти ин ҷашнро барои таҳкими бештари ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ дар байни насли ҷавон таъкид намуданд. Боиси хушнудист, ки дар чорабинии мутантан донишҷӯёни Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва ва Донишгоҳи забоншиносии Москва, ки дар риштаи омӯзиши забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд, ширкат варзида, аз осори шоирони бузурги классик порчаҳои шеърӣ қироат карданд.
Чорабинӣ хеле хотирмон буд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

 

24.11.2017, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик мегӯям.
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
25 сол муқаддам дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид.
Вакилони мардумӣ бо дарки аҳаммият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.
Яъне Парчами давлатӣ самараи неки иҷлосияи зикршудаи Шӯрои Олӣ ва ҳамсоли он буда, ҷашни имсолаи он бо 25-умин солгарди баргузории иҷ-лосияи тақдирсози миллат, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш ботантана таҷлил гардид, баробар омад.
Қабули Парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид.
Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.
Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.
Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.
Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчами миллат ба ҳам омаданд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд.
Давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқии давлат дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ Парчами давлатиро рамзи давлатӣ эълон карда, онро ба ҳайси яке аз унсурҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ эътироф намуд.
Минбаъд тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзҳои давлатии мо, аз ҷумла тартиби афрохтану истифодаи Парчами давлатӣ танзим гардида, эҳтиром ва садоқат ба онҳо ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ дар сатҳи олии қонунӣ қарор дода шуд.
24 ноябри соли 2009 мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ бори нахуст ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.
Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.
Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонад.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Рӯзи 16 ноябри соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода, раисони иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳамватанон, аҳли илму фарҳанг, соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии шаҳр таҳсил мекунанд, иштирок доштанд.
Зимни суханронии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳозиринро ба муносибати ҷашн табрик гуфта, роҷеъ ба таърихи пайдоиши он ва рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият, аҳамияти баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақдири минбаъдаи давлат ва мардуми кишвар ибрози андеша намуд.
Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки халқи тоҷик дар ин давраи тақдирсоз роҳбару роҳнамои мардумии худро пайдо намуд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳуриро аз ҳолати буҳронӣ берун оварда, тариқи музокирот сулҳу осоишро таъмин намуд, зимни роҳандозӣ намудани ислоҳоти сартосарӣ онро ба сатҳи тамоман дигар баровард.
Сипас Имомуддин Мирзоевич дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун, мустаҳкам шудани эътибори ҷумҳурӣ дар асраи байналмилалӣ, ки натиҷаҳои фаъолияти пурсамари роҳбари давлат мебошанд, маълумот дод.
Дар баромадҳои худ иштирокчиёни ҷамъомад ба рушди кишвар дар солҳои истиқлолият баҳои баланд дода, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳайти ҷумҳурӣ ибрози назар карданд. Дар баъзе баромадҳо роҷеъ ба дастгирии баъзе ташаббусҳо таклифу дархостҳо садо доданд.
Дар охир Имомуддин Сатторов роҷеъ ба баъзе масъалаҳои дар баромадҳо садодода назари худро иброз намуда, ба саволҳои ҳозирин посух дод.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

15 ноябри соли 2017 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия чорабинии бошукӯҳ бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии ботантана бо иштроки меҳмонони расмӣ, олимону нависандагон, шоирон, намояндагони диакспораҳои тоҷик аз минтақаҳои гуногуни Россия, устодону донишҷӯёни тоҷики макотиби олии шаҳри Москва ва дигар чеҳраҳои шинохтаи мардуми тоҷик, ки феълан дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, суратпазир гардид.
Чорабинии пуршукуҳро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикситон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба даргоҳи Сафорат хайрамақдам гуфт.
Имомуддин Сатторов иброз дошт, ки маҳз ба туфайли қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди низоми нави давлатдории тоҷикон, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки созиши миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик дорад, бо шарофати иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардидааст.
Дар баромад махсусан қайд гардид, ки дар ин санаи муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикситон, ҳамзамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон таҷлил мешавад, ки идомаи мантиқии санаи муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Дар давоми баромад аз нақши таърихии Асосгузори сулху Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти сулҳовар ва асосгузори истиқлолияти тоҷикон, бунёдгузори ислоҳотҳои амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин дигаргуниҳои созанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.
Дар чорабинӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода низ иштирок намуда, ҳозиринро бо ҷашни 25-умин солгарди иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Меҳмонон бо завқи зиёд аксҳои бойгонии рафти Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи минбаъдаи амалисозии қарорҳои тақдирсози иҷлосия, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон, инчунин филми мустанад бахшида ба фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Сафорат ба маррази тамошо омода шуда буд, дидан намуданд.
Дар бахши фарҳангии маросими пуршукуҳ гуруҳи овозадори “Шамс” ва ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалии Аюб бо ҳунари воло ва савту садои точикона табъи ҳозиринро болида ва шод гардониданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

3 ноябри 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия маросими тантанавии ҷашни 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии ботантана ҳамчунин дар чаҳорчӯби эълон гардидани соли 2017 чун соли ҷавонон дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, ба вуқӯъ пайваст.
Чорабинии мазкур теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷикро зиёда аз 20 макотиби олии Федератсияи Россия ва дигар ҷавонони фаъоли кишварамонро, ки айни ҳол дар Россия кору фаъолият карда истодаанд, гирд овард.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов маросими ботантанаро кушода эълон намуда, бо ифтихор ва хушнудии самимӣ ҳозиринро бо рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборакбод гуфт.
Дар ҷараёни суханронии хеш Имомуддин Сатторов таъкид намуд, ки Конститутсияи кишвар ин “санади тақдирсози миллат” мебошад, ки дар таҳкими заминаҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷик мусоидат менамояд.
Ҳамчунин Имомуддин Сатторов диққати ҳозиронро бар он ҷалб намуд, ки Конститутсияи кишвари мо “дастоварди бузурги миллӣ” ба ҳисоб меравад, чунки он дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.
Дар рафти суханронии хеш, Имомуддин Сатторов хотиррасон аз он шуд, ки дар аввали солҳои 90-ум, мардуми Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани маҳз меъёрҳои конститутсионӣ ба муноқишаи мусаллаҳона дучор гардид, ки қариб буд ба нобудии давлат оварда расонад.
Сафир Имомуддин Сатторов аз ҷавонони тоҷик даъват ба амал овард, то онҳо ба Конститутсияи кишвар эҳтиром гузоранд чунки он муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад, кӯшишҳояшро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат равона созанд, қонунҳои кишварро риоя намоянд ва ҷиҳати баланд бардоштани обурӯи Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷаҳду кӯшиш намоянд.
Ба иштирокдорони чорабинӣ ҳамчунин филм дар бораи "Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон" нишон дода шуд.
Дар давоми чорабинӣ Комрон Раҳимов - аспиранти Донишгоҳи Дӯстии Халқҳо, Меҳрангез Сатторова - магистранткаи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов, Хусрав Аюбов-магистранти Донишгоҳи Дӯстии Халқҳо, Ризо Баҳромзода - аспиранти Донишгоҳи Давлатии Москва, Ҷовидон Мирзоев - магистранти Донишкадаи Давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва ва Гулнора Мирзоева – донишҷӯи Донишгоҳи молия ва саноати Москва "Синергия" дар назди ҳозирин доир ба 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърӯза намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон