Ҷашнвораҳо (56)
Ҳамватанони муҳтарам!
05 Нояб 2021Сафорати Тоҷикистон дар Россия бо арзи эҳтиром ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамояд.
Барои мо мояи ифтихор аст, ки дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш дар хонадони Шумо саодатмандӣ ва барои Тоҷикистони азиз сулҳу осоиши пойдор, идомаи пешрафтҳо ва пирӯзиҳоро орзӯ намоем!
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 9 сентябри соли 2021 дар шаҳри Москва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил кард.
Дар чорабинии тантанавӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими дар Россия иштирок намуданд.
30 сол муқаддам Тоҷикистон ба истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ноил гардид ва имкон пайдо кард, ки роҳи минбаъдаи худро ба сӯи рушду шукуфоӣ мустақилона интихоб намояд. Инак, имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор, зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафт мекунад.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикотӣ қайд кард, ки эълон гардидани Истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик як рӯйдоди сарнавиштсоз дар масири бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ гардид. Ҳамзамон Истиқлолият дар эҳёи анъанаҳои миллӣ ва асосҳои давлатдории тоҷикон саҳми муассир гузошт.
Зимнан, бо тазаккур аз дастовардҳои муҳимтарини Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин нақши афзояндаи давлат дар арсаи байналмилалӣ қайд гардид. Дар зимн, таваҷҷуҳи махсус ба баргузории сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои муҳими дарпешистода - саммитҳои СҲШ ва СААД дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе зоҳир гардид.
Дар назди ҳозирин, инчунин аз номи Федератсияи Россия Муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко суханронӣ кард. Мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намуд.
Ҷашни Истиқлолиятро барномаи ҷолиби консертӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид. Ҳамчунин ба меҳмонон филмҳо ва наворҳо дар бораи дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ намоиш дода шуд.
Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик бузургтарин арзиш ва мероси миллӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, ба муносибати таҷлили солгарди ин ҷашни муҳим роҳбарон ва фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Россия, инчунин намояндагони аҳли зиё ва дигар доираҳои илмиву фарҳангӣ аз миёни зодагони Тоҷикистон ҳузур доштанд. Онҳо ин ҷашни муқаддасро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти волои миллӣ таҷлил намуда, таманнои шукуфоии ҳамешагӣ ва пешрафтҳои бузурги минбаъдаи Ватанро иброз намуданд.
Ҳамватанони азиз!
26 Июн 2021Ҳамватанони азиз!
Иҷозат фармоед, якояки шуморо ба муносибати таҷлили 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборак намуда, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори хушу осуда, сулҳу ваҳдати абадӣ ва барору сарбаландиҳо таманно намоем.
Бигзор, хуршеди сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша нурафшонӣ намояд!
Зиндаву поянда бод Ваҳдати миллӣ!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди кишварро самимона табрик мегӯям.
Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳибихтиёрӣ, истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд.
Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд.
Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.
Қобили зикр аст, ки дар кишвари мо маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид.
Мо бо роҳи гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ то имрӯз дар самтҳои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, демократикунонии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву фарҳангӣ, таҳкиму тақвияти низоми давлатдории миллӣ ва аркони бунёдии он ба дастовардҳои басо арзишманди таърихӣ ноил гардидем.
Тибқи Конститутсия давлати мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эълон гардида, имрӯз тавассути ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши арзанда мегузорад.
Бахусус, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ боиси дастгирии ҷомеаи башар гардидаанд.
Ҳамзамон бо ин, чунонки солҳои охир мушоҳида мешавад, дар баъзе кишварҳои олам давлат ва ҷомеа бо сабаби сарфи назар гардидани арзишу меъёрҳои Конститутсия ва риоя нашудани муқаррароти қонунгузорӣ ба буҳронҳои шадид ва мушкилоти сангини сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда истодаанд.
Дар чунин шароит Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои Конститутсияи худ сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ мекунад, ба соҳибихтиёриву истиқлоли ҳамаи давлатҳои ҷаҳон эҳтиром мегузорад ва муносибатҳои худро бо кишварҳои олам дар асоси меъёрҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ рушду тавсеа мебахшад.
Дар ин раванд, зарур аст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар ба Конститутсия ҳамчун бахтнома ва санади оливу мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу фардои давлат ва ҷомеа муносибат намоянд, моҳияти иҷтимоии онро амиқан дарк кунанд, ба он эҳтиром гузоранд ва ба хотири тараққиёту инкишофи давлату давлатдорӣ саъю талош намоянд.
Зимнан, хотиррасон месозам, ки Конститутсия халқи Тоҷикистонро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст.
Соли ҷорӣ дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз дар асоси Конститутсия сурат гирифтанд, далели равшани дар ҷомеаи мо таъмин будани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, фарҳанги баланди сиёсӣ, мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар гардид.
Имрӯз вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон кӯшиши боз ҳам бештар ба харҷ диҳем.
Мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, иттиҳоду сарҷамъӣ, риояи меъёрҳои Конститутсия ва муқаррароти қонунҳо, яъне таъмин намудани волоияти қонун зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои ояндаи халқамон як мулки орому осуда ва давлати пешрафтаро ба мерос гузорем.
Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту иқболи нек, сулҳу оромӣ ва ба кишвари азизамон пешравию комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Ҳамватанони муҳтарам,
06 Нояб 20206 ноябр дар Ватани азизамон Тоҷикистон ва аз ҷониби ҳамватанон, ки дар кадом гӯшаю канори дунё набошанд, бо ифтихор ва дар руҳияи ватандӯстӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Конститутсия ба сифати қонуни асосӣ дар низоми давлатдории муосири тоҷикон, дар таърихи давлати мо саҳифаи наверо боз намуд.
Қабули Конститутсия барои гузариш ба марҳилаи рушд, яъне ба сӯи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу устувории ваҳдати миллӣ роҳнамо гардид.
Барои мо мояи ифтихор аст, ки дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи шумо, ҳамватанонро, ба муносибати яке аз ҷашнҳои барои миллат муқаддас, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрик бигӯем ва бо таманнои саодатмандӣ дар хонадони шумо, барои Тоҷикистони азиз сулҳу осоиши пойдор, идомаи пешрафтҳо ва пирӯзиҳоро орзӯ намоем!
5 ноябри соли 2020 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандони Намояндагии дипломатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муҳими давлатӣ табрик намуда, аҳамияти қабули Конститутсияро ба сифати як санади тақдирсози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қайд кард. Таъкид гардид, ки маҳз Конститутсия барои бунёди давлати соҳибихтиёри демократию ҳуқуқӣ ва дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи мустаҳкамро фароҳам овард.
Дар зимн И.Сатторов нақши муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон, истиқлолият ва тамомияти арзии он, инчунин татбиқ ва риояи қонуни асосии давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонҳо ва шаҳрвандон махсусан қайд намуд.
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 75 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар пояи лавҳаи ёдгории “Боғи Ғалаба”-и пойтахт гулчанбар гузоштанд.
Дар ин маросим Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.
Дар ин маросим ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба
08 Май 2020Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳамватанони азиз!
Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд.
Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осуда орзумандам.
Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад.
Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин, мардуми кишвар ба далериву корнамоӣ ва ҷонбозиҳои дар майдони набард нишондодаи фарзандони бонангу номуси худ арҷ мегузоранд ва ҳар сол ин санаи таърихиро ҳамчун рӯзи ғалаба бар фашизм таҷлил менамоянд.
Дар он солҳо беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.
Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст.
Мо дар оянда низ бо сарфарозӣ иброз хоҳем дошт, ки дар таъмини ғалабаи бузург дар баробари фарзандони дигар халқу миллатҳо ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон нақши арзишманд гузоштаанд.
Дар ин раванд, мо бо ифтихору эътимод иброз медорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол давомдиҳандагони анъанаҳои неки наслҳои калонсоли халқамон буда, бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш барои ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинон чун сипари боэътимоди мамлакат ҳамеша дар ҳоли омодабош қарор доранд.
Хусусан, дар охири асри бистум ва ибтидои садсолаи бисту якум таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои хатарноки сироятӣ амнияти давлатҳо ва халқҳоро халалдор намуда, мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари моро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ дучор сохтаанд.
Дар чунин шароит сабақҳои талхи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони мамлакат ҳамеша ҳушёру омода бошем.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.
Ҳамватанони азиз!
Тавре ки чанде пештар дар суханрониҳо ва муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон изҳор доштам, аз оғози ҳазораи нав ва махсусан, аз ибтидои соли 2020 вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам бо сабаби буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ, ҳам аз нигоҳи амнияти ҳар як давлат ва бехатарии саломативу ҳаёти шаҳрвандони он нисбат ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон хатарноку вазнинтар гардида истодааст.
Яъне имрӯз аҳли башар, аз ҷумла Тоҷикистони мо дар вазъи ниҳоят ҳассосу душвор қарор дорад.
Аз моҳи декабри соли гузашта бемории сироятии коронавирус аввал дар кишварҳои алоҳида ва дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми сайёра паҳн гардида, ҳоло сокинони дунёро ба ташвишу изтироби ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтааст.
Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози ба амал омадани вазъи зикршуда тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ кардани пайдоиши ин беморӣ амалӣ намуд.
Дар натиҷа мо чор моҳро дар шароити оромӣ паси сар кардем. Вале мутаассифона, охирҳои моҳи апрел вирус дар кишвари мо низ пайдо гардид ва то имрӯз садҳо нафар сокинони мамлакат ба он гирифтор шуданд.
Мо барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳоро сафарбар кардаем.
Табибон дар ҳамаи муассисаҳои тиббии бо ин мақсад махсусгардонидашуда барои табобати шахсони бемор шабу рӯз заҳмат кашида истодаанд, ки бо истифода аз фурсат ба ҳар яки онҳо сипосу миннатдорӣ баён мекунам.
Ва бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ ба савганди касбии худ содиқ мемонанд ва ба халқи Тоҷикистон софдилона хизмат мекунанд.
Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем.
Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем.
Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад.
Як масъалаи муҳимро борҳо гуфтаам ва бори дигар таъкид менамоям, ки саломатии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст ва аз риояи талаботи тозагиву беҳдоштӣ вобаста мебошад.
Дар навбати аввал зарур аст, ки тавсияҳои табибон, яъне тозагии дастҳо ва нигоҳ доштани фосила ҳангоми суҳбат ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ дар хона, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳангоми сайру гашт қатъиян риоя карда шаванд.
Дар хотир бояд дошт, ки ин беморӣ бевосита аз одам ба одам мегузарад, яъне сирояткунанда ё интиқолдиҳандаи вирус танҳо худи инсон аст.
Бинобар ин, мо бо риояи тозагӣ ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ бояд ҳамеша дар фикри худ ва аҳли оилаамон бошем ва нагузорем, ки вирус, пеш аз ҳама, дар байни аҳли хонадони мо пайдо шавад.
Такрор ҳам шавад, бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизамро даъват мекунам, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона заҳмат кашем, барои таъмин намудани рӯзгори худ ва ҳамватанонамон ҳарчи бештар маводи ғизоӣ истеҳсол кунем.
Мувофиқи таҳлилу пешгӯии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баъди сипарӣ шудани мавсими коронавирус бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, бекорӣ, камбуди ғизо ва болоравии нархҳо вазъият дар ҷаҳон боз ҳам вазнин мешавад.
Аз ин лиҳоз, мо бояд тамоми захираву имкониятҳои худамонро самараноку оқилона истифода карда, барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ кӯшиш намоем.
Хотирнишон месозам, ки агар мо ба таҳлукаву воҳима афтем, яъне аз вазъи имрӯза ба тарсу ноумедӣ гирифтор шуда, кор накунем ва маҳсулот истеҳсол накунем, зиёни чунин амали мо аз хатару зарари коронавирус бамаротиб бештар хоҳад шуд.
Муҳимтар аз ҳама, дар ин марҳалаи ҳассос мо бояд дасти якдигарро гирем, кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду бесаробон ва оилаҳои камбизоатро фаромӯш насозем, баръакс, дар ин шабу рӯзҳо ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем.
Умедворам, ки дар ин кори хайр соҳибкорони бонангу номуси мо ва дигар шахсони ватандӯсту саховатпеша мисли ҳарвақта пешсафу намуна хоҳанд буд.
Ҳамчунин, мо бояд табибонро, ки имрӯзҳо барои саломатии мардум шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд, дастгирӣ кунем.
Ҳамватанони азизи мо бовар дошта бошанд, ки мушкилоти имрӯза муваққатианд ва ҳатман паси сар мешаванд.
Мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам сахтарро борҳо аз сар гузаронидаанд ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем.
Мо бояд ба ояндаи неки худамон, фарзандонамон ва Тоҷикистони маҳбубамон умеди қавӣ дошта бошем.
Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон мушкилоти мавҷударо бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф месозанд ва тамоми нерӯи худро минбаъд низ ба самти ободии Ватани аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибихтиёри хеш сафарбар менамоянд.
Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам.
Бори дигар ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва халқи азизи Тоҷикистонро ба ифтихори 75 - умин солгарди ғалаба бар фашизм самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди кишвар саломатии бардавом, умри бобаракат ва барои Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.
Ҳафтоду панҷумин солгарди Ҷашни Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!