Сиёсат (364)

27.09.2022 09:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷеабори ҳамлаи ғайриинсонии мусаллаҳонаро дар яке аз мактабҳои шаҳри Ижевск, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар кӯдакон ва шаҳрвандони болиғи Федератсияи Русия гардид, бо андӯҳи амиқ дарёфтам.

Ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву тасаллиёти самимии ин ҷонибро изҳор менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

23 сентябри 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва иштирок намуд.

Сарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули афкор намуда, лоиҳаҳои санадҳоро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шудаанд, ба мувофиқа расониданд.

Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардиданд.

16 сентябри соли 2022 таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода барои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа бахшида ба Конфронси дарпешистодаи СММ оид ба об дар моҳи марти соли 2023 брифинг баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз ҳамраисони Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамӯҳлати ҳамаҷонибаи ҷараёни иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» фаъолият хоҳад кард.

Илова бар ин, ба намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди рӯзномаи оби Тоҷикистон ва амалӣ намудани ҳадафҳои рушди устувор супоришҳои дахлдор дода шуданд.


16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок карданд.

Дар чорабинӣ, ки дар доираи раёсати Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати маҳдуд ва доираи васеъ баргузор шуд, сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ - Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисӣ ва Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, сарони кишварҳои меҳмон - Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдоган, роҳбарони ниҳодҳои доимии СҲШ - Дабири кулли СҲШ Чжан Минг ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористӣ Руслан Мирзоев, инчунин роҳбарони як қатор созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ЭСКАТО, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Иттиҳоди иқтисодии Авросиё иштирок карданд.

Зимни нишаст дар ҳайати маҳдуд сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар иртибот ба рушди вазъи сиёсиву иқтисодии минтақа оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки тайи ду даҳсолаи охир дар доираи СҲШ имкон пайдо шуд, то намунаи шарикии мутақобилан судманд, ки самаранокии он бо баробарии ҳамаи давлатҳои аъзо ва қабули қарорҳо дар асоси тавофуқоти ҷонибҳо таъмин мегардад, ба роҳ монда шавад. Таъкид гардид, ки имрӯз дар назди Созмон ҳадафҳои масъулиятноки бо саъю кӯшиши муштарак таъмин намудани рушди устувори минтақа истодаанд.

Дар ин зимн масоили тағйирёбии иқлим ва иртибототи нақлиётӣ ба таври хосса таъкид гардид.

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки бунёди низоми устувори иқтисодии давлатҳо бе пешбурди «энергетикаи сабз» ва эҷоди инфрасохтори самараноки нақлиётӣ дар ҳудуди СҲШ ғайриимкон аст.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ бояд ҳамчун ҷузъи асосии фаъолияти СҲШ боқӣ монанд.

Бо дарназардошти вазъи мураккаби Афғонистон ба зарурати тақвият бахшидан ба талошҳо барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиандозӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид гардид.

Зимни баргузории ҷаласа дар доираи васеъ сарони ҳайатҳо масъалаҳои таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судмандро дар доираи СҲШ бо истифода аз иқтидори давлатҳои нозир ва кишварҳои шарики муколамаи СҲШ баррасӣ намуданд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки соли гузашта дар нишасти ҷашнии СҲШ дар Тоҷикистон самтҳои стратегии рушди Созмон дар ояндаи наздик муайян карда шуданд. «Дар Эъломияи Душанбе омадааст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ бояд ҳамчунон меҳвари СҲШ боқӣ монад. Дар шароити имрӯза ин усул аҳамияти хоса дорад», - таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни суханронӣ оид ба масоили амниятӣ Сарвари давлат ба тамоюли хатарноки густариши идеологияи радикализми динӣ ва ифротгароӣ ишора карда, аз кишварҳои аъзои СҲШ даъват ба амал оварданд, ки вазъро муштаракан назорат кунанд ва барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии афзоиши таҳдидҳои амниятӣ амал намоянд. Пешвои миллат ҳамчунин аз афзоиши ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, аҳамияти ташаббуси таъсиси сохтори алоҳидаи Созмонро оид ба мубориза бо маводи мухаддир қайд карданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми соли гузаштаашон дар бораи қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки ба сарони ҳукуматҳо супориш дода шавад то ин санадро дар ҷаласаи навбатӣ баррасӣ карда, барои тасдиқи он дар ҷаласаи ояндаи СҲШ чораҷуӣ намоянд.

Дар ҷамъбасти кори ҷаласа сарони давлатҳо аз рӯи масъалаҳои мухталифи рӯзномаи СҲШ 22 қарор ба имзо расониданд. Аз ҷумла, Эъломияи Самарқандии Шӯрои сарони давлатҳо қабул гардида, Нақшаи чорабиниҳои ҳамаҷониба барои солҳои 2023-2027 оид ба татбиқи муқаррароти Шартномаи ҳамсоягии дарозмуддати нек, дӯстӣ ва ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ ва Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба рушди робитаҳои байниҳамдигарӣ ва эҷоди долонҳои самарабахши нақлиётӣ тасдиқ гардиданд.

Бо қарорҳои сарони кишварҳои аъзои СҲШ расмиёти қабули Беларус ба узвияти СҲШ оғоз гардида, ба Баҳрайн, Малдив, Мянма, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт мақоми шарики муколамаи СҲШ дода шуд.

Пешвои миллат бинобар обхезиҳои фоҷеабору харобиовар дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Сарвазир ва тамоми мардуми бародари он кишвар ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии худро иброз намуданд.

Дар анҷоми суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модиро барои қабули раёсати СҲШ дар давраи оянда самимона табрик гуфтанд.

15 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Россия» доир гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои форуми номбурда миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Россия дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак ва хизматрасонӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар кори форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Дмитрий Волвач, намояндагони вазорату идораҳо, доираҳои корӣ, коршиносон ва таҳлилгарон иштирок намуданд.

Зимни форум ҷонибҳо имконияти сармоягузории Тоҷикистон ва Россияро муаррифӣ намуда, ташаббус ва моделҳои нави ҳамкории сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи форум роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ, соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи ҳарду ҷониб соҳаҳои афзалиятноки қобили таваҷҷуҳро муаррифӣ карданд.

Мақсад аз баргузории форум-ин густариши ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ, инчунин муаррифии имконияти сармоягузорӣ мебошад.

14 сентябри соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Федератсияи Россия Дмитрий Крутой баргузор гардид.

Д. Гулмаҳмадзода Дмитрий Крутойро ба муносибати таъйин гардидан ба вазифаи Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Федератсияи Россия табрик намуда, дар ин рисолати муҳим ба ӯ комёбиҳо таманно кард.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ба вежа омода намудани кадрҳои баландихтисос ва имконияти таъсиси корхонаҳои муштараки саноатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин миёни ҳамсуҳбатон роҷеъ ба масоили муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

9 сентябри соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзода бо Вазири варзиши Россия Олег Матитсин баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот О.Матитсин Д.Гулмаҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба мардуми тоҷик рӯзгори обод ва шукуфоӣ таманно намуд.

Зимни мулоқот миёни ҷонибҳо перомуни рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи варзиш табодули афкор сурат гирифт. Дар зимн, мусоҳибон дурнамои таҳкими робитаҳои варзиширо дар доираи СҲШ мавриди баррасӣ қарор доданд.

3 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москва натиҷаҳои Озмуни VII байналмилалии кишварҳои узви ИДМ «Санъати китоб» («Искусство книги») эълон гардиданд. Ин озмун аз ҷониби Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфӣ ташкил карда шуд.

Китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», ки аз ҷониби Муассисаи табъу нашри «Ирфон»-и шаҳри Душанбе соли 2009 ба чоп расидааст, дар номинаи «Илм ва ҳаёт» («Наука и жизнь») ғолиби озмун шуд.

Ба озмун 155 асар аз 11 кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина ва Эстония пешниҳод шуданд. Ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ба китобҳо аз рӯи 9 номина, аз қабили «Содружество» («Иттиҳод»), «Моя страна» («Кишвари ман»), «Книга для детей и юношества» («Китоб барои кӯдакон ва наврасон»), «Наш современник» («Ҳамзамони мо»), «Наука и жизнь» («Илм ва ҳаёт»), «Арт-книга» («Китоби бадеӣ»), «Отпечатано в Содружестве» («Дар Иттиҳод чоп шудааст»), «Гран-При» ва «Победа» («Ғалаба») баҳо гузоштанд.

Дар номинаи «Китоб барои кӯдакон ва наврасон» асари дигар аз Тоҷикистон – китоби осори мунтахаби Убайди Зоконӣ, ки аз ҷониби муассисаи табъу нашри «Маориф ва фарҳанг» чоп гардидааст, низ ғолиб дониста шуд.

Дар ҳар номина ғолибон муайян гардида, бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.

Натиҷаҳои озмун дар доираи Намоишгоҳи XXIII байналмилалии китоби Москва, ки дар пойтахти Россия ҷараён дорад, эълон карда шуданд. Дар намоишгоҳ дар майдони 30 ҳазор метри мураббаъ зиёда аз 800 нигора аз 56 кишвари ҷаҳон ба маъраз гузошта шудаанд.

5 сентябри соли 2022 бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии ду кишвар ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда сурат гирифт, сарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

С.Мухриддин ва С.Лавров масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Русия В.Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Дар робита ба ин тавофуқ ҳосил шуд, ки ҳамоҳангсозии вазоратҳои хориҷа пас аз анҷоми мутобиқкунии бастаи асноди дуҷониба, ки мавриди баррасӣ қарор доранд, идома ёбад.

Вазирон ба ҷараёни рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро мусбат арзёбӣ намуда, масъалаҳои омодагиҳоро ба Форуми сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки қарор аст 15 сентябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ карданд.

Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои башардӯстона ва муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷониби Русия тадбирҳои андешидашуда дар Тоҷикистон дар самти ҳифз ва рушди забони русиро баҳои баланд дода, омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар моҳи октябри соли 2022 қайд кардааст.

Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ ба сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ҳалли фаврии ҳама масъалаҳои мубрами муҳоҷират ва рушди иқтидори шаҳрвандоне, ки нияти кор дар қаламрави ду кишвар доранд, мусоидат кунанд.

Зимни мулоқот ба масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар бахши амният таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шуда, ба авзоъ дар Афғонистон таъкид шуд.

Зимни мулоқот ба масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи амният бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунӣ дар Афғонистон диққати махсус дода шуд.

Дар натиҷаи мулоқоту музокирот вазирон Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои солҳои 2022-2023-ро ба имзо расониданд.

5 сентябри соли 2022 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия намоишгоҳи аксҳои бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳ роҳбарони ниҳодҳои сиёсати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Русия Сергей Лавров ширкат намуданд.
Дар намоишгоҳ аксҳо ва ҳуҷҷатҳои нодир аз бойгонӣ, ки бозгукунандаи оғози ҳамкориҳои ду кишвар ва ба ташаккул ва рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия замина гузоштаанд, ба намоиш гузошта шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон