Ҷомеа (33)

Чанде пеш Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон – Кулулаев Руслан Эшонович, с.т. 11.03.2016, Назиров Руслан Гадойназарович, с.т. 28.04.2016, Юрченко Ситора Николаевна, с.т. 22.07.2016, Муслатдинов Саид Сабриевич, с.т. 11.11.2016 ва Каримов Курбан Бурхонович, с.т. 06.12.2016 ба Ватан баргардонида шуданд.
Модарони ин ноболиғони номбурда ҳангоми будубош дар Россия, пас аз таваллуд кардан аз фарзандони хеш даст кашида буданд.
Бояд гуфт, ки ноболиғон аз Раёсати васоят ва парастории ноҳияҳо гуногуни ш. Москва ҷамъоварӣ шуда, сипас, дар ҳузури корманди масъули Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Россия онҳо ба намояндагони Вазорати корҳои дохилии кишвар бо тартиб додани санади дахлдор супорида шуданд.
Ҳамзамон ба ноболиғони мазкур аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Россия Шаҳодатномаи бозгашт ба ватан таҳия гардида, санаи 13.05.2017 сол онҳо бо хатсайри Москва-Душанбе ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Тазаккур бояд кард, ки Сафорат ҷиҳати таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон дар қаламрави Россия ва саривақт баргардонидани кӯдакони бепарастори кишвар ба Ватан мунтазам тадбирҳои заруриро меандешад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

22 феврали 2017 бо ташаббуси Ташкилоти “НУР” ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Департаменти сиёсати миллӣ ва робитаҳои байниминтақавии шаҳри Москва, мусобиқаи байналмилалии шоҳмотбозӣ бахшида ба 25-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, Президенти Федератсияи муҳоҷирони Федератсияи Россия Вадим Коженов ва Раиси Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии “НУР” Алимамад Баймамадов, суханронӣ намуданд.
Дар рафти суханронии хеш Сафири Тоҷикистон зикр намуд, ки баргузории чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ бо иштироки намояндагони миллатҳои гуногун боиси якдигарфаҳмии байни халқҳо мегардад ва алоқаҳои байни милатҳои мухталифро ҳамчунин пурзӯртар мегардонад. Ҳамзамон зикр карда шуд, ки дар остонаи 25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия дар соли равон гузаронидани як зумра чорабиниҳо дар назар аст.
Дар мусобиқа зиёда аз 60 нафар варзишгарони кишварҳои гуногун, аз қабилт Россия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва ғайра ширкат намуданд.
Вазифаи танзимгари мусобиқаи мазкурро Мактаби шоҳмоти Россия, ки бузургтарин шабакаи мактабҳои шоҳмоти сатҳи байналмилалӣ дар қаламрави Россия барои хурду бузург мебошад, ба ӯҳда дошт.
Ҳамчунин дар чаҳорчӯби мусобиқа бозии яквақтаи шоҳмотбози дараҷаи байналмилалӣ Яков Геллеров, ки барандаи ҷоизаҳои мусобиқаҳои байналмилалии гуногун, мураббии дараҷаи олӣ меюошад, баргузор шуд.
Ҳамаи ғолибон ва барандаҳои ҷоиза бо ҷомҳо, дипломҳо ва медалҳо мукофотонида шуданд.

 

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо ҷуфти шинохтаи фарҳангии кишвар, коргардони театр ва кино Валерий Аҳадов ва ҳамсари Ӯ ҳунарпеша, номзади илмҳои филология Зулфия Миршакар, мулоқот намуд.
Зулфия Миршакар ҷиҳати истиқболи гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба Сафири Тоҷикистон нусхае аз китоби ба тозагӣ нашр гардидаи хеш “Таъми Асал”- ро, ки дар бораи оилаи Мировҳо аз минтақаи дурдасти Тоҷикистон, ки ба ҳайси элитаи ҳунарии Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур гаштанд, тӯҳфа кард.
Имомуддин Сатторов муаллифро бо нашри бомуваффақи китоб муборакбод намуда, ба аҳли оилаи эҷодкор комёбиҳои бузург дар фаъолияти минбаъдаашон, орзу намуд.
Дар рафти мулоқот масъалаи ташкил намудани чорабиниҳои навбатии фарҳангии Тоҷикистон дар Россия низ матраҳ гардид. Сафири Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки дар чаҳорчӯби чорабиниҳои фарҳангӣ фурсати гузаронидани муаррифии китоби “Таъми Асал” ба ҷамҳияти руссзабон ва ҳамчунин намоиши филмҳои коргардони боистеъдод Валерий Аҳадов, аз ҷумла филми “Дарвеши ланг”, ки ба доираи васеъи бинандагон шинос аст, фароҳам мегардад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

25 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётиро дар акваторияи Баҳри Сиёҳ, ки дар он хизматчиёни ҳарбии Россия, намояндагони гурӯҳҳои эҷодӣ ва воситаҳои ахбори омма қарор доштанд, бо андӯҳи гарон дарёфтам.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез мо дар Тоҷикистон дарди ин талафоти вазнинро якҷо бо Шумо қисмат мекунем.
Хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба тамоми наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонед».

20 декабри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов ба ҳамтои россиягии худ С. Лавров номае ирсол намуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон фоҷиаи дар ш. Анкара рух додаро сахт маҳкум менамояд. Қатли Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Туркия Андрей Карлов, ин амали ғайриинсонӣ буда, ба вайрон намудани тамоми меъёр ва қоидаҳои тартиботи ҷаҳони мутамаддин равона карда шудааст.
Дар нома гуфта мешавад, ки ин амали ваҳшиёна бевосита ба мушкилоти умумиинсонӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм вобастагӣ дошта, дар мубориза бар зидди он Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавқеи ягона доранд. Ҳамкориҳои ду кишвар дар масъалаҳои мубориза бар зидди чунин ҷолишҳо, дар муносибатҳои дуҷониба мақоми афзалиятнок доранд. Зикр гардид, ки дар оянда низ ҷиҳати таҳкими талошҳои муштарак дар сатҳи дуҷонибаву бисёрҷониба тамоми чораҳои имконпазир андешида мешаванд.
Дар хотима С. Аслов изҳори ҳамдардии амиқи худро ба аҳли хонавода ва наздикони дипломат, ки то охирин лаҳзаи ҳаёташ дар хизмати халқу кишвараш буд, баён намуд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони диаспораи тоҷикони Россия дар чаҳорчӯби барномаи “Хаймаи Рамазонӣ”, санаи 27 июни соли равон дар масҷиди “Поклонная гора”-и шаҳри Москва барномаи “Шоми Тоҷикистон”-ро барпо намуданд. Чорабинии мазкур ба муносибати 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуд.
Дар ин шом дар Хаймаи Рамазонӣ масҷиди “Поклонная гора”-и шаҳри Москва, мардуми зиёд ҷамъ гардида буд. Дар чорабинии мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар халқу миллатҳое, ки дар шаҳри Москва зиндагонӣ мекунанд, ҳамчунин роҳбарияти Идораи рӯҳонии мусалмонони Россия ширкат варзиданд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, пеш аз ҳама шаҳрвандони кишварро ба муносибати 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфт, ҳамзамон таъкид аз он намуд, ки Иди Ваҳдати миллӣ барои миллати мо аҳамияти бузург дорад.
Зимни суханронии хеш, Сафир Имомуддин Сатторов, аз ҷанбаҳои асосии динию маънавии моҳи шарифи Рамазон сухан гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки моҳи шарифи Рамазон, ин моҳи накӯкорию меҳрубонӣ, сабру таҳаммулпазирӣ, устуворӣ ва худдорӣ мебошад. Дар ин моҳи муборак хайрҳои шахсони сахӣ, ки дасти ёрӣ ба бенавоёну беморон, сағирону маъюбон дароз менамоянд, ба даргоҳи Худованд қабул мегарданд.
Зимнан дар назди ҳозирин шаҳрванди мо Абдумалик Зокиров, ки солҳои тӯлонӣ боз, дар Идораи рӯҳонии мусалмонони Россия фаъолият менамояд, суханронӣ намуд. Ҳангоми суханронии худ Абдумалик Зокиров аз нақши муҳим ва аҳамияти бузурги ниёгони мардуми тоҷик, дар ташаккул ва ташвиқу тарғиби дини Ислом дар саросари дунё, ёдовар шуд.
Ҳамзамон дар рафти барномаи “Шоми Тоҷикистон дар Хаймаи Рамазонӣ”, филми иттилоотӣ дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури тамошобинон гардонида шуд, ки ҳозиринро бо фарҳанг ва урфу оини ғании тоҷикон ва имкониятҳои бойи иқтисодию сайёҳии Тоҷикистон, шинос намуд.
Ҳангоми дамидани шом ва садо додани азон, вақти ифтор фаро расид ва дар назди меҳмонон дастархони саховатманди тоҷикона кушода шуд. Дар ин шом, ҳазорон нафар тавонистанд аз таъомҳои миллии тоҷикӣ, нӯши ҷон кунанд.
Бояд қайд намуд, ки тайъи солҳои дароз, лоиҳаи “Хаймаи Рамазонӣ” зери сарпарастии Идораи рӯҳонии мусалмонони Россия роҳандозӣ шудааст, ки ҳамасола дар моҳи шарифи Рамазон ба мусалмонони гуногунмиллати Федератсияи Россияи имконияти шиносоӣ бо урфу оин, фарҳанги ҳамдигар фароҳам меоварад ва ҳамчунин имкон медиҳад, то кишвари худро ба ҳамдигар муаррифӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

26 майи соли 2016 дар Сафорати Тоҷикистон вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо ҳунарпешаи мардумии Россия Николай Расторгуев ба вуқӯъ пайваст. 
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба рушд ва тақвияти робитаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳо ва халқҳоямонро, ки робитаҳои таърихии дерина доранд, баррасӣ намуданд. Чи тавре маълум аст, Ширкати продюсерии Николай Расторгуев фаъолияти башардӯстонаро низ анҷом медиҳад ва ба беморони вазнин, ки аз ҷиҳати молиявӣ маҳдуд мебошанд, кумак мерасонад.
Дар рафти вохӯрӣ Сафири Тоҷикистон хосатан фаъолияти башардӯстонаи Николай Расторгуевро қайд карда, барои расонидани кумаки ӯ, аз ҷумла ба шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард. Аз ҷумла, бо кушишҳои муштараки Сафорати Тоҷикистон дар Россия ва Ширкати продюсерии Николай Расторгуев ба ду ҳамватани мо барои гузаронидани муолиҷаи бемории вазнини миопия ва ҷароҳати таъҷилии дил кумак расонида шуд.
Сафир қайд кард, ки : “ Кумаки расонидаи шумо ба одамони муҳтоҷ нишонаи башардӯстии воло мебошад ва бояд намунаи ибрат ба он шахсоне бошад, ки имконияти кумакро доранд, вале фориғболӣ менамоянд”.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Н. Расторгуев ба Сафири Тоҷикистон мунтахаби осорҳои мусиқиашро тақдим намуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

5 майи соли 2016 дар ш. Москва вохӯрии навбатии намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия бо намояндагони фаъоли шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ширкатҳои сохтумонӣ, марказҳои савдо ва корхонаҳои тиҷоратии гуногуни ш. Москва кору фаъолият менамоянд, анҷом гирифт.
Мақсади вохӯрии мазкур расонидани маълумот оид ба баргузории Раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ ё мувақатан дар Россия зиндагӣ менамоянд, ба ҳисоб мерафт.
Роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия Мирзозода Зоҳир дар рафти суханронии худ ҳозиринро бо мақсаду моҳияти баргузории Раъйпурсии умумихалқӣ шинос намуд. Роҳабари Намояндагӣ инчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистон маълумот оид ба бандҳои асосии тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш намуд.
Дар назди ҳозирин инчунин намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баромад карда, дар бораи участкаҳои раъйдиҳии таъсисшуда дар қаламрави Федератсияи Россия ва тартиби иштироки шаҳрвандони дар ин маъракаи сиёсӣ маълумот доданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

5 майи соли 2016 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору суҳбати Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо донишҷӯёни фаъоли тоҷик, ки дар мактабҳои олии шаҳри Москва таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Дар чорабинӣ инчунин Роҳбари созмони ҷавонони тоҷики Ҷумҳурии Тотористон ширкат варзид.
Дар баромади худ Сафири Тоҷикистон И.Сатторов доир ба рушди сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон дар замони муосир, дар бораи ислоҳоту барномаҳои татбиқшаванда, ки ба таҳкими нақши институтҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инкишофи соҳаи иҷтимоӣ равона шудаанд, инчунин роҷеъ ба сиёсати ҷавонони Тоҷикистон ва тадбирҳои амалишавандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муҳайё сохтани шароит барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа суханронӣ намуд.
Зимни мулоқот Сафир И.Сатторов ҳамчунин ба намояндагони ҷавонон ва донишҷӯён дар бораи баргузории Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 22 майи соли 2016 барпо мегардад, иттилоъ дод.
Сафир И.Сатторов аз фаъолони созмон ва маҳфилҳои донишҷӯён даъват ба амал овард, ки маълумотро роҷеъ ба участкаҳои раъйпурсӣ, ки дар биноҳои Сафорати Тоҷикистон дар Москва, консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа ҷойгир мебошанд, ба дигар донишҷӯён расонанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ донишҷӯён фаъолияти созмону маҳфилҳои донишҷуёни тоҷикро дар донишгоҳу донишкадаҳои худ, инчунин фаъол нумудани кори онҳо бо мақсади муттаҳид сохтани маҳфилҳои донишҷӯёни шаҳри Москва ва дар дигар минтақаҳои Россияро муҳокима намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

 

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи нигаҳдошти шаҳрвандони Тоҷикистон ва табрик намудани онҳо ба муносибати Иди Наврӯз санаи 17 марти соли ҷорӣ кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Москва аз боздоштгоҳи муваққатии Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия дар шаҳри Москва воқеъ дар деҳаи Сахарово боздид анҷом доданд.
Зимни мулоқот бо Роҳбарияти боздоштгоҳи мазкур масъалаи шароити будубош ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони кишвар дар боздоштгоҳ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин, кормандони Хадамоти консулии Сафорат ва Намояндагии номбурда тамоми шаҳрвандонро ба муносибати Иди Наврӯз таҳният гуфта, ба онҳо маводи хӯрока ва дигар лавозимоти ҳаррӯзаро тақдим намуданд.
Дар навбати худ шаҳрвандон аз дастгирӣ ва ғамхории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия изҳори миннатдорӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон