Ҷомеа (33)

27 январи соли 2023 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия бо роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор шуд. Дар ин ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим, инчунин консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия иштирок карданд.

Зимни суханронии хеш Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистону Россия ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид карда, аз ҳамватанони муқими Россия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирии амалҳои номатлуб даъват ба амал овард.

Ҳамчунин дар рафти ҷаласа ҳисоботу гузоришҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда, таклифҳои консулҳои генералӣ ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ шунида шуд.
Сафир аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ бо мақсади арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар саҳмгузор бошанд.

26 августи соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Екатеринбург ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳамватанони муқими минтақаҳои ҳавзаи федералии Урали Россия бо донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии Екатеринбург, инчунин ҳамватанони муқими минтақаҳои ҳавзаи федералии Урали Россия мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ Роҳбари Намояндагии дипломатӣ аҳаммияти таърихии ин рӯйдодҳоро дар замони муосир, яъне дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.

Ҳамзамон доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, инчунин тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дода шуд.

Сафир аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал оавард, ки дар корҳои тадорукотии Тоҷикистон баҳри арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар фаъолона ширкат варзанд.
Зимни суҳбат бо ҳамватанон саволу дархостҳои гуногун, аз ҷумла, оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар масоили марбут ба хизматрасониҳои консулӣ ба миён гузошта шуданд.

9 августи соли 2022 бо мусоидати кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бободжонова Махина Илхомджоновна ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Бояд қайд кард, ки ноболиғи мазкур ҳамчун бепарастор дар қаламрави Федератсияи Россия қарор дошт.

Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги фоҷеавии ҷавони 25-солаи тоҷик, ки дар ноҳияи Всеволжскийи вилояти Ленингради Федератсияи Россия ба қатл расонида шудааст, хабардор буда, ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони марҳум изҳор менамояд.

Дар робита ба ин фоҷиа, кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург фавран бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия дар тамос шуда, хоҳиш намуданд, ки аз рафти тафтишоти ҳодиса Консулгарии генералӣ дар ҷараён гузошта шавад.

Ҳамзамон Консулгарии генералӣ омодагии худро ҷиҳати расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба хонаводаи ҷавони фавтида изҳор намуд.

Мавриди зикр аст, ки ҳодисаи нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ ва назорати Сафорат ва Консулгарии генералӣ қарор дошта, барои гузаронидани тафтишоти одилона аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия то ниҳояти ҳалли он дар доираи қонунгузорӣ саъю талош анҷом дода мешавад.

18 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Москва мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот Роҳбари Намояндагии дипломатиии Тоҷикистон доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ баён доштанд, ба таври муфассал сухан гуфта, муҳтавои нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ дод.
Д. Гулмаҳмадзода зимни суханронии хеш, аз ҷумла иброз дошт, ки дар Паёми Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ натиҷагирӣ шуда, дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар барои солҳои минбаъда муайян гардидааст.
Бо тазаккур аз нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат қайд гардид, ки ҳамаи дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба даст омадааст. Таъкид карда шуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми кишварамон давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо таъкид ба суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба идома додани корҳои созандагию бунёдкорӣ то ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистонро мебояд бо азму иродаи қавӣ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонанд.
Дар зимн, аз ҳамватанон баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо бо Тоҷикистон ва иштироки фаъоли онҳо дар раванди рушди ҳаёти кишвар, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд.
Ҳамчунин ба ҳозирин перомуни бурдани тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои будубош, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии кишвари иқомат хотиррасон гардид. Илова бар ин, ба аҳли нишаст роҷеъ ба зарурати аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, инчунин омӯхтани касбу ҳунар таъкид карда шуд.

2 марти соли 2021 Сафири Тоҷикистон дар Россия И.Сатторов бо роҳбарони диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони мо, ки дар ҳавзаҳои федералии Сибир ва Шарқи Дур иқомат доранд, мулоқот анҷом дод.


Зимни мулоқот масоили вобаста ба саҳми намояндагони диаспораҳои тоҷик дар таҳким ва рушди муносибатҳои иқтисодии дуҷониба, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар давраи пандемия, инчунин барқарорсозии парвозҳои мунтазами ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон масъалаи омӯзиши забони тоҷикӣ барои фарзандони ҳамватанони муқими Россия аз мавзӯъҳои меҳварии он мулоқот буд.
Бо мақсади баргузории мулоқот бо шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин шиносоӣ бо шароити фаъолияти меҳнатии онҳо, Роҳбари Намояндагии дипломатӣ ба ҶСК «Корхонаи яхдонсозии Новосибирск» ташриф овард.

Дар ҷараёни мулоқот шаҳрвандони мо қайд карданд, ки дар маҷмӯъ аз шароити муҳайёкардаи роҳбарияти корхонаи мазкур барои онҳо, аз ҷумла хӯроки ройгон ва хобгоҳҳои ҳудуди корхона қаноатманд мебошанд.

Роҳбарияти муассиса саҳми бузурги муҳоҷирони меҳнатии баландихтисоси тоҷикро дар рушди корхона қайд намуда, зарурати баргардонидани он мутахассисонеро, ки айни ҳол дар Тоҷикистон қарор дошта, мунтазири кушодани марзҳо мебошанд, таъкид намуд.

Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба татбиқи амалии механизми ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия муффасал ибрози андеша намуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Сӯҳбати ихтисосй бо Сияҳаков С.Ш. - яке аз раҳбарони САМНИТ (ниҳоди амниятии ИНОТ) дар солҳои 90-уми асри гузашта доир ба фаъолиятҳои муғризона ва тахрибкоронаи ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандй ва дахолати нерӯҳои хориҷй ба он


Муҳтарам акои Саӣуалол, лутфан дар бораи шахсияти худ чанд уумла барои хонандаи мо бигӯед. Чӣ шудг ки Шумо- ходими КГБ-и СССР бо огози уанги шаҳрвандӣ ба уониби ИНОТ гузаштед?
Ман, Сияҳаков Сайҷалол Шашевич, 30-юми майи соли 1954 дар деҳаи Болшевики ноҳияи Қубодиён, дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, мактаби миёнаро низ дар ҳамон маҳал хатм кардам. Муддате чанд (1976- 1979) дар системаи комсомол кору фаъолият намуда, то вазифаи мудири шуъбаи ташкилй расидам. Аз соли 1979 то 1980 шунавандаи курсҳои яксолаи Мактаби олии КБД ИҶШС (КГБ СССР) дар ш.Мински Белорусия буда, баъд аз хатми ин муассисаи таълимии махсус (с.1980) ба ҳайси ваколатдори калони оперативии ШН дар н.Фархорбудаи РКБД дар в.Кӯлоб таъин шудам. Соли 1984 ба Шуъбаи 5-уми РКБД дар в.Кулоб гузашта, то соли 1988 кор кардам. Сипас, аз соли 1988 то 1992 ба ҳайси ваколатдори калони оперативии ШН Ванҷбудаи РКБД дар ВМКБ фаъолият намуда, дар асоси ротатсия моҳи декабри соли 1992 ба ҳайси ваколатдори калони ШН дар н.Ҷиликулбудаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии ҶТ дар в.Хатлон таъин мешавам. Аммо, бинобар оғоз гардидани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷануби кишвар, зери таъсири рӯҳй-равонии мубаллиғони ҲНИТ ва ҳамқавмҳоям (мардуми «вахёчй») бо ИНОТ пайвастам ва хатти сарҳади давлатиро убур намуда, ба самти ҶИА фирор намудам.
Бо назардошти корманди маҳолюти амният буданатон оё роҳбарияти ИНОТ ба Шумо эътимод доштанд?
Не. Ҳарчанд дар он тарафи марз бо роҳбарияти кулли ҲНИТ ҳамроҳ шуда, онҳоро бо маълумогҳои ҷолиби диққати мақомоти бехатарй шинос намуда бошам ҳам, наҳзатиён муддатҳои тулонй аз ман, хамчун «одами КГБ» канораҷӯй мекарданд ва мавриди санҷишу омӯзиши амиқ қарор медоданд.
Баъд аз таъсис додани Созмони амнияти муҳоҷирони наҳзати исломии Тоҷикистон (САМНИТ,) Ҷумабеки Салом, (лаҳабаш «Холид», соли таваллудаш тахминан 1958-1960, зода ва истиҳоматкунандаи дсҳаи Пилдони ноҳияи Лахш, аӣни ҳол бо аҳли хонаводааш дар Ҷумҳурии Киргизистон ҳарор дорад)-ро ба ҳайси роҳбар ва ману Султони Ҳамад, собиҳ корманди амнияти бехатарии ҶТ-ро ба ҳайси муовинони роҳбари САМНИТ таъин менамоянд.
«Холид» кӣ буд ва чаро маҳз ӯро роҳбари САМНИТ таъин намуданд?
«Холид» (Ҷумабеки Салом)-ро маҳз ба хотири он, ки яке аз нафарони эътимоднок ва «дасти рост»-и Саид Абдуллоҳи Нурй ба ҳисоб мерафт, роҳбари САМНИТ, ба ибораи дигар гӯем «вазири амният» таъин намуданд. Дар асл ӯ ягон рӯзе ҳам дар мақомотҳои амниятй кор накардааст.
Оё мумкин асш, ки нафари дур аз соҳаро роҳбари соҳа монд? Инро дигар наҳзатиҳо чи хел ҳабул карданд? Ин магар барои худи онҳо хавфнок набуд?
Он ҷо демократия набуд, ки «қабул мекунед ё не?». Чи гапе, ки роҳбарияти ҲНИТ мегуфт, ҳамон мешуд. Аз оне, ки «Холид» савияи дониши тахассусии амниятй надошт, ҳамаро зулм мекард. Қариб ҳамаи муҳоҷирини гурезаро аз ғелбор мегузаронд. Дар шахсияти дилхоҳ одам ӯ метавонист «агенти амният»-ро «ошкор» кунад ва ҳукми онро содир намояд. Аз худи наҳзатиҳо нафарони зиёде омода буданд, ки ӯро бикушанд.
Агар роҳбари САМНИТ дониши тахассусӣ ва таҳриба надошт, пас тарзи корбарӣ ва масъулиятҳои дигарро кӣ ва чӣ гуна иҳро мекард?
Тамоми роҳу усул, тарзи корбарй, ҷобаҷокунии «кадр»-ҳо, содироту воридоти молу маҳсулоти озуқаворӣ, тамос бо ҳукуматҳои кишварҳои исломй, ташкилоту ҷараёнҳои террористӣ, дастраскунии яроқу аслиҳаро ба роҳбарияти ҲНИТ инструкторони эронй мефаҳмониданд.
Инструкторони эронӣ?
Бале, эрониҳо. Хадамотҳои махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон ибтидо аз соли 1992 дар қаламрави ҶИА хукумати мухолифинро аз ҳисоби роҳбарони ҲНИТ таъсис дод ва пурра зери назорати худ гирифт. Дар натиҷа ҳизби сиёсиро ба ташкилоти террористй мубаддал намуд.
Ман ба як чиз ҳайрон будам. Дар Тоҷикистон-ку ҷанг нав сар шуда буд, мардум ҳатто барои гурехтан ва ё ягон молу амволи рузғорашонро бо худ гирифтан фурсат надоштанд. Лекин, эрониҳо, ба монанди «фолбин» аллакай то давраи фирори муҳоҷирини тоҷик ба Афғонистон, дар қаламрави ин кившар созмону ташкилотҳоеро таҳти пӯшиши ҳимояи ҳуқуқи «мазлумон» таъсис дода, барои муҳоҷирони фирории тоҷик аллакай лагерҳои хаймавй (палаточные лагеря) гузошта буданд. Мардуми оддй аз ин кори «хайри бародарон»-и эронияшон миннатдорй мекарданд, ки гӯё будаанд одамоне, ки ғами моро мехурад. Бехабар аз он, ки
Аммо ман, ки худ аз кадрҳои он замони пурқудрати КГБ СССР будам, зуд дарк кардам, ки ҳамаи бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик омадаро маҳз хадамотҳои махсуси Эрон пешакй тарҳрезй намудаанд. Ҳиҷрати иҷбории мардуми тоҷик, интихоби макони сукунат дар Афғонистон, таълиму тадрис дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломй, мағзшӯй ва истифодаи онҳо бар зидди Тоҷикистон - бандҳои алоҳидаи нақшаи бузурги хадамоти махсуси Эрон буд.
Барои чунин иддао пеш овардан чӣ далел доред?
Далел? Ҳазорон далел дорам. Барои мисол, зери пӯшиши кормандони ташкилоти байналмилалии «Ҳилоли Аҳмар» нафари эроние бо номи «Муродй» кор мекард, ки бо методу усули фаъолияти мақомоти бехатарй пурра шинос буд. Ҳарчанд назди дигарон иртиботи худро бо мақомоти истихборотй (разведкавй) ошкор намекард, ман ҳис мекардам, ки ӯ корманди хадамотҳои махсус аст. Зеро шеваи гуфтор ва рафтору кирдори ӯ нафари низомиро мемонд. Ба ҳар як масъалаи муҳим, аз ҷумла ба шахсияти нафарони шубҳанок, оиди вазъи сиёсй-ҳарбй ва иқтисодии ҶТ, дар хусуси қумондонҳои саҳроии фронти халкй ва ИНОТ (ҲНИТ) таваҷҷӯҳи хоса дошт, барои пурра кардани маълумоти андак, паҳлӯҳои дигари онро аз ман пурсуҷӯ мекард. Бо мақсади ба боварӣ даромадан ҳатто кӯшиш мекард, ки бо лаҳҷаи мардуми муҳоҷир муошират кунад. Ин хоси одамони амниятист! Инро мехононанд.
Боре ба ман, роҳбарамон «Холид» гуфта буд, ки оғои Муродй аз ӯ ва дигар роҳбарони ҲНИТ тамоми маълумотҳо, аз ҷумла, иқтидори низомй, нафарони далеру нотарс, ҷанговарони худкуш ва ғайраро ба тафсил пурсон мешавад, дар китобаш қайд мекунад, шабҳои дароз таҳлил мекунад ва ба Маркази худ иттилоъ медиҳад.
Ин маълумотҳо, ки ба ҳавли Шумо, аз ҷониби оғои Муродӣ ба «Марказ» фиристода мешуданд, дар чӣ коре ва ё тасмиме истифода мешуданд?
Худ қазоват кунед. Ташкидоти «Ҳилоли аҳмар», ки вазифаи асосияш таъмини мардуми камбизоат ва фирорӣ бо маҳсулотҳои ғизоиву доруворй бошад, ба размандагони маргталаб, вазъи сиёсиву ҳарбӣ чй сару коре дорад?? Ҳаминро гуфтаниям, ки маҳз хулоса ва қарори хадамоти махсуси Эрон буд, ки Ризвон Сидирови қумондони саҳроии ҲНИТ- яке аз манфуртарин ва хунхортарин чеҳраҳои ҷанги шаҳрвандиро барои нотарсиву ваҳшонияти хосаш «Амир» интихоб намуда, ба ҶТ равон карда буданд. Агар ёдатон бошад, Ризвон ба Ғарм омада, байрақи «Ҷумҳурии исломии Ғарм»-ро зада буд. Бунёди ҷумҳурии исломй ва тадриҷан дар зеҳну шуури мардум ҷой кардани ақоиди «шиагарой»- яке аз вазифаҳои муқаддаси Эрон буд, ки тавассути хадамотҳои махсусаш амалй мекард. Оғои Муродй тавассути Давлат Усмон (яке аз роҳбарони ҲНИТ, собиҳ муовини сарвазири ҶТ аз рӯи квотаи 30%), ки ҷабҳаи «муҷоҳиддини ғармиву ҳоитй»-ро сарпарастиву назорат мекард, инчунин маблағҳои ҳангуфт бо асъори доллари ИМА ба гурӯҳи кумандонҳои водии Рашт медод.
Маблагхоро кӣ медод ва интиҳоли онҳо чи тавр сурат мегирифт?
Маблағро эрониҳо бебаркаш медоданд. Боре, солҳои 1993-1994 барои интиқоли маблағ Эшони Сайидакобир (с.т.1951-1952, зода ва истицоматкунандаи н.Панҷ, яке аз нафарони бонуфузи ҲНИТ ва шахси эътимодноки С.А.Нурӣ), пинҳонй ба Тоҷикистон сафарбар карда шуда буд. Ба фикрам мақомотҳои амниятии кишвар ӯро боздошт намуда, дубора ба Афғонистон фиристода буданд. Зеро баъди бозгашт рӯҳияи ӯ дигар гашта, дамфурубурда шуда буд. Баъди бозгашт, ман ҳамчун корманди амниятй (манзур САМНИТ) ӯро мавриди пурсупос қарор дода будам. Ӯ ба ман гуфт, ки «акаи Сайҷалол, гап байни худмон мона, ростша бгем, ҳама аҳмақй аз худмон гузашта буд, ина акнун муттаҳами эрониву паштунй шуда, сарсон меегардем. Тоҷикистон рафтум, дилум реш-реш шид. Гуфтм дига наём. Бимирам гуфтам ҳам, дар хоки диёрам мирам. Лекин чй чора, ки худкардаро дигар ҳоҷат нест».. Инро гуфту гирист...
Он вақтҳо, ки телефони мобилӣ набуд, чӣ тавр барои вохӯриҳо дар ҶТ маслиҳат мешуд?
Ин чиз барои мо аллакай муҳайё шуда буд. Чи тавре, ки боло ишора кардам, эрониҳо тамоми роҳбарияти ҲНИТ-ро бо техникаву таҷҳизотҳои мавҷпахшкунанда ва мухобараҳои замонавӣ таъмин карда буданд. Ип таҷҳизотҳоро Сайидаҳмад Нажмиддинов (аз ҳисоби квотаи 30% баъди истикрори сулҳ муовини вазири алокаи ҶТ таъин шуда буд) идора мекард ва мо (кули роҳбарияти САМНИТ ва ХНИТ) аз Афғонистон бо муҷоҳиддини дар Тоҷикистон қарордоштаи ҲНИТ, аз ҷумла Резвон Садиров, Ш.Искандаров, Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва дигарон ба алоқа мебаромадем.
Роҳбарияти ИНОТ бо хадамоти махсуси Эрон танҳо дар сатҳи машварату тавсия ва роҳу усулҳои корбарӣ ҳамкорӣ доштанд? Ва аз нигоҳи Шумо, дастгириву ба Тоҷикистон фиристодани размандагон ва дигар чеҳраҳои ИНОТ чӣ ҳадафҳоеро ба дунбол дошт?
Роҳбарияти ИНОТ сари ҳар масъала бо оқои Муродй маслиҳат карда, барои ташкил намудани горди ҷангй дар ҳудуди ш.Қундуз маблаг ва муҳимоти ҷангй дархост намуда буданд. Ҳамин тариқ, аввалин горди ҷангие, ки бунёд шуд ва дар аввал беш аз 250 разманда дошт, баталёни ҷангии «Хандақ» зери роҳбарии М.Зиёев (ҷага) ва Ҳаким Қаландаров таъсис дода шуд. Баъдтар теъдоди ин баталон аз 500 нафар ҷанговар гузашта буд. Чи тавре, ки худ аллакай дарк кардед, ин ҷо тавсия не, натиҷаи воқей аст!
Ҳамин ҷо бояд қайд намоям, ки тамоми ҷабҳаи мухолифин, аз ҷумла қаноти «размандагони панҷй» маҳз ба Мавлавӣ Маҳмадалии панҷӣ, ки дертар раиси муҳоҷирини точик дар Афғонистон таъин гардида буд, итоат мекарданд.
Оё худи Шумо низ бо оқои Муродӣ ва ё дигар намояндагони хадамоти махсуси Эрон дар он аӣёл1 вохурдаед ё ин ҳамаро ҳамин хел тахмин мезанед?
Замоне, ки ман муовини роҳбари САМНИТ будам, «Холид» ва Султони Ҳамад борҳо аз ман хоҳиш намуда буданд, ки бо Муродй вохӯрам ва ба гуфтаҳои ӯ розӣ шавам. С.Ҳамад доим мегуфт, ки «агар дар ҳамкорӣ бо оғои Муродӣ розӣ шавӣ, болои доллар мегардй..». Якум ин ки, Муродй мехост тамоми маълумотҳои вобаста ба вазъи сиёсй, иҷтимой, ҳарбии муҳоҷирон сараввал ба ӯ пешниҳод карда шуда, сипас амалй карда шавад. Дуввум ӯ мехост, ки ман низ барои гузаштани курсҳои 6-моҳа ба Эрон сафарбар шавам. Аммо, ман ба ин пешниҳодҳо розй нашудам ва боре ҳам ба Эрон сафар накардам. Зеро хуб медонистам, ки бо ин роҳ хадамотҳои махсус ҳатман маро ба ҳамкории махфй, ҳамчун «агент» ҷалб хоҳанд кард.
Яъне шумо, намояндагони САМНИТ низ зери итоаши хадамоти вижаи хорицӣ кор мекардед?
Бале, ҳамин хел буд. Зеро, Ҷумабеки Салом ва Султони Ҳамад чандин маротиба курсҳои 2-моҳа, 6 моҳа ва қутоҳмуддатро дар Эрон гузаштаанд. Баъди бозгашт вазъи молиявӣ-иқтисодии онҳо хеле хуб гашта, имтиёзҳои зиёдеро аз ҷониби оғои Муродӣ соҳиб мегаштанд.
Илова бар ин, дар 1 ҳафта қариб 4-маротиба Султони Ҳамад схемаву нақшаҳои махфй, тартиби ҷалбкунй, вазъи сиёсии ҶТ ва дигар давлатҳои СССР, инчунин дигар маълумотҳои хоси мақомоти амниятро дар варақаҳои алоҳида тарҳрезӣ намуда, дар торикии шаб, тавассути автомобил ҳамроҳ бо ман ба назди Муродй рафта, ба ӯ пешниҳод мекард. Аз ман хоҳиш мекард, ки то аз назди Муродй баргаштан дохили мошин бимонам ва берун набароям.
Чеҳраҳои бонуфуз ва роҳбарони ИНОТ низ ба «курсҳои кутоҳмуддату дарозмуддат»-е, ки ишора намудед, ҷалб шуда буданд?
Ин тартиб (процедура)-и ҳатмй буд. Ба ҳамин минвол, дигар нафарони бонуфузи ҲНИТ, ба монанди С.А.Нурй, М.Ҳимматзода, А.Тураҷонзода, Давлат Усмон, Домулло Абдуғаффори «танка», Амриддин Табаров (мулло Амриддин), Домулло Маҳмадрасули Саъди ҷиликулй, Эшони Давлатхуҷаи панҷӣ, Эшони Давлатхуҷаи қумсангирй, Гадоев Мирзоназар Убайдович, Гадоев Мазҳариддин Убайдович, Сияров Нусратулло Нодиршоевич ва др^гарон низ пайваста ба Эрон сафар намуда, курсҳои махсусро мегузаштанд. Ҳамаи ин аз ҷониби оғои Муродй назорат карда мешуд. Охирин аз ҳисоби роҳбарият ва сатҳи миёнаи ҲНИТ шабакаи васеи агентурии худро ташкил карда, онро роҳбарй мекард.
Метавонед дар бораи онҳое, ки исмашонро зикр кардед, каме тафсилот диҳед, чунки шахсияти баъзеи онҳо ба оммаи васеъ номафҳум аст??
Албатта, Домулло Абдуғаффори танка (аз маҳаллаи «Южный»-и ш.Душанбе) бо ваҳшониятҳои зиёд ном бароварда буд, ба ҳеҷ кас раҳм надошт, бо ҳар усул одамро қатл мекард. Тахминан баҳори соли 1993 дар ш.Толиқон дар бадани як муҳоҷири тоҷик, ки бечора замони Шуравӣ зиндонӣ шуда будааст, акси бо сузан куфташуда (наколка)-и Ленинро пайдо мекунанд. Домулло Абдуғаффор ин нафари мазлумро бо як бераҳмии махсус, рехтани оби ҷӯшомада ба даҳон ва баданаш, ба қатл мерасонад;
- Амриддин Табаров (мулло Амриддин) низ аз нафарони бовариноки С.А.Нурй ба шумор мерафт, дар баъзе масоил фикру ақидаи худро озод баён мекард, аз касе наметарсид, хислаган хомуш ва хатарнок буд, бо оғои Муродй алоқаи зич дошт, сипас бо супориши ӯ гуруҳеро таъсис дод бо номи «Ансоруллоҳ» ва ба самти Покистон сафарбар гардид. Бояд донист, ки «Ансоруллоҳ» ҷузъи ҷудонашаванда, кисми ҲНИТ мебошад. Онҳо тифли як падару модаранд;
- Домулло Маҳмадрасули Саъд (уиликулӣ)- аз размандагон ва стратегҳои нодири ҲНИТ ба шумор мерафт, робитаашро бо дигар қумондонҳои саҳроии афгону покистонй мустаҳкам карда буд, мактаби диверсантиро гузашта буд;
- Эшони Давлатхуҷаи панҷй - соли таваллудаш тахминан 1961-1965, падараш собиқ раиси ноҳияи Панҷ, баъд аз гузаштани курсҳои 6 моҳа дар Эрон бо тавсия ва дастури оғои Муродиву ҲНИТ аъзои САМНИТ мешавад. Бо шеваю усул, тактикаи кор бо агентура, корҳои оперативй ва чорабиниҳои махсус шинос шуда буд. Гарчанде курсҳои 6 моҳаро гузашта бошад ҳам, дар самти амниятӣ тасаввуроти кофй надошт, кундзеҳн буд;
- Эшони Давлатхуҷаи қумсангирй- аз муллоёни донишманд буд, дар қатли одамон зиёд иштирок мекард, хислатан ҳушёру зирак буд, дар Ҳукумати фирории ИНОТ-и дар Афғонистон таъсисёфта вазири таблиғот таъин шуда буд;
Домулло Муҳаммадии қумсангирй - яке аз нафарони бонуфузтарин дар ҲНИТ, аз олами дин буд, маҳорати ораторй дошт, дар муошират ҳамсуҳбатро ба осонӣ ба худ ҷалб мекард.
Баъдан баҳсе ҳам пайдо шуда буд, ки кадомеро ба ҳайси роҳбари кулли ИНОТ таъин намоем, С.А Нурй ё Домулло Муҳаммадии қумсангириро. Маҳз ба хотири оне, ки охирин «ҳоитй» буду аз қавми «Вахё» набуд, роҳбари кулл интихоб нагардид;
- Роҳбари мавлавиҳои н.Панҷ, як нафар ӯзбактабор, ки ному насабашро ба ёд оварда натавониста истодам. Он кас аз хунхортарин муҷоҳидон ба ҳисоб мерафт, қавл дода буд, ки «барои ҷорй намудани қудрати ҲНИТ, омода аст Тоҷикистонро дар хун тар ва онро пора-пора кунад»;
- Сайидҷалол (номи падарашро фаромуш кардам)- аз қишлоқи Ленинободи н.Шаҳритуз, соли 1994-1995 аз гурӯҳи «Алй беспалый» ҷудо шуда, бо Домулло Маҳмадрасули Саъди ҷиликулй мепайвандад. Баъди истиқрори сулҳ бо квотаи 30% ба сохтори Сарҳадбонон ворид шуда, дар яке аз қисмҳои низомии виуюяти Суғд кору фаъолият кардааст. Зери роҳбарии оғои Муродй кор мекард. Писараш дар ҷангҳои Сурия кушта шудааст. Айни ҳол дар ФР қарор дорад;
- Маҳмадалии Раис аз кишлоқи Ленинободи н.Шаҳритуз, аъзои фаъоли ҲНИТ, аз муридони С.А.Нурй ба ҳисоб меравад. Бо оғои Муродй ва дигар шаҳрвандопи ҶИЭ дар алоқа буд. Курсҳои махсуси дарозмуддатро дар ҶИЭ гузаштааст. Баъди истиқрори сулҳ бо баҳонаи «роҳсоз» ба ш.Шибирғони ҶИА рафта буд;
- Исоев Султон (корӣ Султон), - с.т. 1959-60, зода ва собиқ истиқоматкунандаи деҳаи Қаирмаи с\з Тоҷикистони н.Қубодиён, яке аз аъзоёни фаъоли ИНОТ ва ҲНИТ. Айни ҳол дар СММ (ООН) кору фаъолият намуда, дар Швейтсария иқомат намуда истодааст. Сарватмандтарин нафари ҲНИТ ба шумор рафта, дар фаъолияти тахрибй ва зиддитоҷикистонии ҲНИТ дар хориҷи кишвар маблапузорй мекунад. Фарзандҳояш муассисаҳои олии Аврупоро хатм кардаанд.
Мустафои наҳзатй- с.т. 1964-65, зода ва истиқоматкунандаи маҳаллаи Турманистони н.Вахш, яке аз «қассобон»-и ҳаммоми «Туркманистон», самти амалиётҳои махсуси ҷангиро дар сохтори ИНОТ ба ӯҳда дошт. Хамроҳ бо гуруҳи худ, Қаҳрамони ИҶШС, иштирокчии ҶБВ - Қосим Ҳайдаровро танҳо барои бо муҷоҳиддин напайвастанаш ваҳшиёна ба қатл расонидааст.
Оё дар Афгонистон буданд нафароне, ки муҳоуирон ва ё роҳбарияти ҲНИТ-ро аз эҳтимоли гумроҳӣ ҳушдор диҳанд? Тоуикони муцимӣ нисбати фаъолияти САМНИТ чӣ гуна муносибат доштанд?
Бояд қайд намоям, ки ҲНИТ тамоми кӯшишро ба харҷ медод, ки Ҳукумати ҶТ-ро сарнагун сохта, сохтори низоми исломиро дар Тоҷикистон ҷорй намояд. Барои амалй шудани ин ҳадаф ҳатто аз доираи хешу табор ва авлоди Амир Олимхони мангити туркнажот, ки дар Афғонистон сукунат доштанд, даъват ба амал меоварданд, ки барои «ҷиҳод» алайҳи кофарон бо онҳо бипайванданд.
Боре, чандин нафар аз қавми Амир Олимхон, Иброҳимбеки босмачии лақай ва як гурӯҳ тоҷиктаборони замони инқилоб фироригашта ба назди роҳбарияти ҲНИТ ташриф оварда, даъват карданд, ки «равед ба Тоҷикистон, сулҳ кунед, Ватани худро аз даст надиҳед... То ҳол моро, ки беш аз 80 сол ин ҷо муқимй гаштаем, «мардуми гуреза» ном мебаранд. Нагузоред, ки бо шумо низ чунин кунанд..». Минбаъд, куҷое, ки ин мардум пайдо мешуд, намояндагони ҲНИТ ва навкарони оғои Муродй онҳоро пеш мекарданд. Намегузоштанд, ки ин ақида миёни муҳоҷирин паҳн гардад.
Таври маълум, фаъолияти ва миссияи ташкилоти баӣналмилалии «Ҳилоли аҳмар» ироаи кӯмакҳои башардӯстонаи гизоӣ ба мардуми ниёзманд аст ва қароргоҳи аслии ин созмон ҳам дар Аврупо мебошад. Аммо, Шумо ишора кардед, ки хадамоти махсуси Эрон аз номи ин ташкилоти бонуфуз суйистифода карда, фаъолияташро зери ниқоби он иҷро менамуд. Ин хадамоти махсус боз нӣ корҳоеро дар самти Тоҷикистон анҷом медод?
Бояд қайд намоям, ки ташкилоти байналмилалй ва аслии «Ҳилоли Аҳмар» дар шаҳри Мазори Шариф мустақар буд ва бо ташкилоти бофта ва ҳамноми кишвари Эрон дар шаҳри Толиқони Афғонистон ягон алоқамандие надошт. Офиси асосии «Ҳилоли Аҳмар»-и ҶИЭ дар шаҳри Толиқон буд ва намояндагони ин «ташкилот» мунтазам бо мақсади аёдат ба кампҳои мӯҳоҷирини тоҷик ба дигар шаҳру навоҳй (Хонобод, Қундуз) сафар мекарданд. Кормандони «Ҳилоли Аҳмар»-и Эрон аз вохӯрй бо намояндагони ташкилоти аслии «Ҳилоли Аҳмар» меҳаросиданд. Аз онҳо мегурехтанд.
Оғои Муродй бо толибони покистонй дар тамос буд. Тавассути имкониятҳои Маркази худ аз миёни тоҷикписарони муҳоҷир қисматеро барои гирифтани таълими динй-диверсионй ба мадрасаи «Ибитобод», воқеъ дар сарҳади Кашмир ва шаҳрҳои Исломободу Карочии ҶИП интиқол медод. Яке аз мударрисони онҳо, ки бо оғои Муродй дар алоқаи пайвастагй қарор дошт, «Араб-Башир» ном дошт. Номбурда ҷисман обутобёфта буда, дар намуди «каратэ» ва «футбол» ҳамто надошт. Тахминан солҳои 1998-1999, бо истифода аз имкониятҳои ҲНИТ зери пӯшиши «тиҷорат», аммо дар асл барои корҳои таблиғотй ба Тоҷикистон омада буд.
Араб-Башир, ки бо маблағи калон ба ҶТ омада буд, мехост тиҷорат кунад ва аъмоли худро пеш барад. Аз ин танҳо роҳбарияти ҲНИТ огоҳ буд, ногаҳон дар назди хонаи ба иҷорагирифтааш дар ш.Душанбе ба қатл расонида шуд.
Яке аз шогирдон ва нафари боэътимоди Башир - Собир ном шаҳрванди ҶТ, собиқ аъзои фаъоли ҲНИТ аз деҳаи Сайёди н.Шаҳритуз ба ҳисоб мерафт. Номбурда айни ҳол ҳамчун адвокат дар ш.Душанбе фаъолият карда истодааст.
Мазмуни сӯҳбати Шуморо исботи дигарбораи таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ маънидод кардан мумкин аст...
Хадамотҳои махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон, ба монанди Вазорати иттилоот, Разведкаи ҳарбӣ, Корпуси посдорони инқилоби исломй ва ғайра зери пӯшиши ташкилоту созмонҳои байналмилалй, ба монанди «Ҳилоли Аҳмар», «Имдоди Ҳумайнй» ва ғ. яке аз тарроҳони аслии ҷанги шаҳрвандии ҶТ арзёбй гардида, барои бунёди ҷумҳурии исломй ва сарнагҳш сохтани ҳукумати ҶТ саҳм гузошта, фаъолияти тахрибкоронаи худро фаъолона ба роҳ монда буданд. Оқибаташон ба хайр бошад.
Оне, ки шумо иброз доштед, ваҳшатангез ас.т. Барои чӣ ин кадар ошкор сухан гуфтед. Аз ҷони худ, аз ҷони зану фарзанд ва наздикони худ магар андеша намекунед?
Мантиқи сухани Шуморо фаҳмидам. ҲНИТ, хадамоти махсуси Эрон аз ҳеҷ чиз рӯ намегардонанд. На аз куштори зан, кӯдак, хоҳар, бародар. Он лафзи ширине, ки ба истифода мекунанд, амалаш ҳамин аст. Медонам, бо ин мусоҳиба ман ба ҷони худ ва наздиконам хатари ҷиддй эҷод кардам. Аммо илоҷи дигар нест. Мардуми тамоми Тоҷикистон бояд ин хатарро донанд, ҳушёр бошанд. Фаҳманд, кй кй ҳаст? Дигар ҳеҷ вакт фирефта нашаванд. Хонаи ободи худро насӯзонанд. Фирефтаи бегонагон нашаванд. Агар ҲНИТ, хадамоти махсуси Эрон далел мекобад, ҳамаро «тӯҳмат», «бӯҳтон» мегӯяд, ака марҳамат ман шоҳид, далел, самади ин «меҳрубониҳои» Эрон. Мисли ман садҳо шоҳиди дигар ҳаст. Пурсед, онҳо омодаанд, бо Шумо аз ин бештар маълумот медиҳанд. Дигар таваккал ба худо.
Барои изҳори андешаҳои далеронаву ҷасурона ташаккур!
Саломат бошед.

Мусоҳиб:

Носирҷон Маъмурзода, рӯзномаи «Хатлон»
Нашр шуд дар хафтаномаи «Фараж» № 46 (572), чоршанбе\ 15.11.2017 с.

16 декабри соли 2017 дар шаҳри Москва Ассотсиатсияи ҷавонони тоҷик дар Федератсияи Россия бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шоми фарҳангии ҷавонон таҳти унвони «Мо ояндаи кишвар» баргузор намуд.
Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби “Соли ҷавонон”, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, баргузор шуд.
Дар чорабинӣ теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик, намояндагони фарҳангу ҳунар ва диаспораи тоҷик ширкат варзиданд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар назди ҳозирин баромад намуд.
Сафири Тоҷикистон нақши ҷавононро дар ободонии кишварамон муҳим ва баргузории чунин чорабиниҳоро ҷиҳати муттаҳид сохтани донишҷӯёни тоҷики Федератсияи Россия баланд арзёбӣ намуда, доир ба дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани шароит барои таҳсили онҳо, таъсиси ҷойҳои кории нав дар Тоҷикистон сухан гуфт.
Таъкид гардид, ки баргузории чорабинии имрӯза нишонаи он аст, ки ҷавонони тоҷик дар Россия ғамхориҳои роҳбарияти кишварро дарк намуда, омодаанд барои рушди минбаъдаи ватани худ саҳми назаррас гузоранд.
Дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур лоиҳаи таъсиси Ассотсиатсияи ҷавонони тоҷик дар Федератсияи Россия манзури ҳозирин гардонида шуд.
Ассотсиатсияи мазкур - ҷамъияти донишҷӯёну ҷавонони тоҷик буда, муттаҳид сохтани ҷавонони тоҷикро дар қаламрави Федератсияи Россия, ҳидояти онҳоро дар роҳи эҷодкорӣ ва хониши аъло ва кӯмак ба донишҷӯёнро дар масъалаҳои таълимӣ-ҳуқуқӣ ҳамчун мақсади асосии хеш муайян намудааст.
Баргузории намоиши либосҳои милии тоҷикӣ, масолеҳи ҳунарҳои дастӣ ва китобҳо гувоҳи кори дастаҷамъонаи сатҳи баланди донишҷӯёни тоҷик буд.
Дар чорабинӣ бозиҳои интелектуалӣ низ гузаронида шуданд, ки дар рафти онҳо ҷавонони тоҷик нишон доданд, ки онҳо дорои дониши амиқ ва маҳорати баланд мебошанд.
Ҳамчунин донишҷӯёни тоҷик сурудҳои дилнишин дар васфи Тоҷикистон ва шаҳри зебои Душанбе сароиданд.
Тавре намояндагони Ассотсиатсияи ҷавонони тоҷик дар Федератсияи Россия иброз доштанд: “Моро, ки дур аз Ватан таҳсил менамоем, мебояд барои нигаҳдории забон, фарҳанг ва урфу одатҳои худ пайваста кушиш намоем!”.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

 Номаи кушод ба сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷаттуллоҳ Фағонӣ
ДУШАНБЕ, 01.11.2017./АМИТ «Ховар»/.

Дар ҳафтаномаи «Паёми Истаравшан» №40 (9250) аз 20 октябри соли 2017 мактуби кушоди гуруҳе аз сокинони ин шаҳр ба номи Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дарҷ шудааст. Яке аз муаллифони ин номаи кушод Илҳом Юлдошев дар оғози нома сабаби нигошта шудани ин номаро низ ифшо кардааст.
Ҳамагон медонанд, ки имрўзҳо зодаи Истаравшани бостонӣ Бурҳонов Юнус Аббосович дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш борони туҳмату буҳтон мерезад. Албатта, амалҳои моҷароҷўёнааш сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел нороҳат намудааст, ки ў бо интихоби лақаби «Истаравшанӣ» ба номи шаҳри бостонии мо иснод меорад. Бо мақсади пешгирӣ аз бадномсозии минбаъдаи диёрамон мо — як гурўҳ сокинони шаҳр тасмим гирифтем, бо номае ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муроҷиат намуда, асли ин шахсро барояшон тавзеҳ диҳем.
Баъди иншои нома гурўҳи мазкур банда — Юлдошев Илҳом Эргашевичро муваззаф намуд, ки онро ба ҷаноби сафир расонам. Онҳо бароям роҳпулӣ ҷамъ намуда, мусофирбареро киро карданд ва ман рўзи чоршанбе, 17-уми октябри соли 2017 озими шаҳри Душанбе гаштам. Ду ағбаю ду нақбро гузашта ба пойтахт расидам. Ба хастагӣ нигоҳ накарда, соати 14.00 ба Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтам ва аз шахсони масъул хоҳиш кардам, ки ба ҷаноби сафир хоҳиши маро расонанд. Баъди чанд дақиқа як корманди эронии Сафорат баромада шахсияти ман, чӣ кора буданам ва мақсади вохўриамро бо сафир пурсид. Худро муаррифӣ намудам ва гуфтам, ки аз номи гурўҳи сокинони шаҳри Истаравшан ба ҷаноби сафир номае дорам, ки тибқи хоҳиши аксарият онро бояд шахсан ба номбурда расонам. Корманди Сафорат изҳор дошт, ки «Ҷаноби сафир масруф ҳастанд ва Шумо бо рақами 4888810 дар тамос шавед, бароятон мерасонанд, ки эшон Шуморо кай мепазиранд»…
Ба ин рақам занг задам, аммо натавонистам бо касе пайваст шавам. Маҷбур шудам боз ба Сафорат равам. Боз ҳамон нафар маро қабул кард ва гуфт, ки «рақами телефон иштибоҳ шудааст ва дар асл ин рақам 48888610 мебошад. Ҷаноби сафир ҳоло нестанд, давоми рўз занг занед, натиҷаашро ба Шумо хоҳанд гуфт». Рўзи дигар занг задам, нафаре аз кормандони эронии Сафорат гўширо гирифт ва чун мақсадамро изҳор кардам, посух дод, ки «Ҷаноби сафир хеҷ касро ба ҳузур намепазиранд. Ман бошам, вақт надорам. Ҳоло як корманди тоҷики Сафоратамонро даъват мекунам, то арзи Шуморо бишунавад»…
Чун дидам муроде ҳосил намешавад, ҳайрону музтар мусофиркашеро кироя намудам, ду ағбаю ду нақбро гузашта, хастаю бемадор ба шаҳри Истаравшан баргаштам.
Дар роҳ як фикр ҳеҷ оромам намегузошт, ки «чаро сафири кишвари бузург, танҳо дар Душанбе фаҳмидам номаш оғои Фағонӣ будааст, як омўзгори одиро, ки бо хоҳиши гурўҳи шаҳрвандон наздаш омадааст, қабул намекунад, вохўриро бо ў ор медонад, вале дар мамлакаташ Кўри Юнусро, ки давлати ҳамдину ҳамзабонашонро пайваста сиёҳ мекунад, дар сатҳи болотарин пазируфта, шароити кору зиндагиашро дар қаламрави кишвар фароҳам месозанд. Ин чӣ муаммост?»
Чун ба шаҳри Истаравшан расидам, ба сокинон вазъро фаҳмонидам ва тасмим гирифтем, ки номаро дар расонаҳо нашр кунем. Шояд ҷаноби сафир вақт пайдо намуда онро мутолиа мекунад. Боқӣ қазоват аз онҳост”.

БА САФИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХУҶҶАТУЛЛОҲ ФАҒОНӢ
Муҳтарам ҷаноби сафир!
Аввалан, мо — муаллифони нома салому паёми худро аз номи сокинони шаҳри Истаравшан, ки баёнгари андеша ва раъйи онон мебошем, ба Шумо ва дар симоятон ба тамоми мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон арза медорем.
Истаравшаниёнро бо мардуми Эрон таърих ва фарҳанги муштарак ба ҳам мепайвандад. Ин муштаракот водор месозад, ки хомўшӣ ихтиёр накунем ва бо ин нома рў ба Шумо орем. Намедонем то кадом андоза муроҷиати мо боиси пазироиятон қарор мегирад, вале навиштани ин нома ва бад-ин васила шикастани оромии бадтар аз марг, ки тўли солҳои зиёд давом дорад, қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ватандории мост.
Ҷаноби сафир! Шумо ва ҳар фарди рўшанзамири Ҷумҳурии Исломии Эрон таърихи шаҳри бостонии Истаравшанро хуб медонед. Он яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва дуввумин шаҳри азими вилояти Суғд аст, ки таърихи зиёда аз 2500-сола дорад. Шояд шумо инро ҳам хуб медонед, ки асосгузор ва меъмори ин бостонзамин Куруши Кабир буда, шаҳр бо номҳои Курушкадаву Киропол (асрҳои 529—559 пеш аз милод) шӯҳрат ва маҳбубияте миёни мардуми Тоҷикистон ва хориҷи он дорад. Маҳз ин шаҳр ва мардуми шуҷоъу меҳанпарасташ ба ҳуҷумҳои пайдарҳами Искандари Мақдунӣ муқобилиияти шадид нишон доданд. Ин сарлашкар дар ин сарзамин маҷрўҳ гардид ва танҳо бо макру ҳила, муҳосираи дурудароз ва баъди овардани нерўҳои иловагӣ вориди Киропол гашта буд.
Шояд инро ҳам хуб медонед, ки мардуми баномус ва далери Истаравшан даҳсолаҳо алайҳи арабу муғул мубориза бурдаанд. Шумо шояд ёдномаҳои фармондеҳони русро дар мавриди ҳаштод рўзи пайкори мардуми далери Истаравшан алайҳи лашкари Русияи подшоҳӣ ( аз 2 октябри соли 1866), мутолиа карда бошед. Пайкор дар роҳи покии дину оин ва номи неки ватан, пос доштани рўҳи аҷдоди мубориз хамеша шиори истаравшиниён буд, ҳаст ва мемонад.
Истаравшан (Киропол, Курушкада, Уструшана, Ўротеппа) ватани бузургони илму адаб чун Шиблӣ, Шаҳдӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, академикҳо Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Улмас Мирсаидов, Пўлод Бобоҷонов, Хуршеда Отахонова ва қаҳрамонони арсаи кору пайкор Набӣ Акрамов, Камол Охунов, Сабоҳат Ҷамолова ва садҳои дигар аст, ки на танҳо боиси фахри ҳамдиёрон, инчунин кишвару хориҷи онанд.
Ҷаноби сафир! Гумон мекунем шумо ҳадафи моро аз ин муқаддима дарк кардед. Мо мехоҳем, ки хокамон, ватанамон чун забонамон, ки орӣ аз тасаллути олоишҳост, пок аз онҳое бошад, ки мехоҳанд бар домони мардуми диёрашон доғ гузоранд. Инро мехоҳем тавассути Шумо ба онҳое, ки лофи ҳамзабонию хамдиниву ҳамфарҳангӣ зада, чун воизон дар минбар якею паси парда ҳарфҳои дигар мегўянд, бирасонем.
Акнун ба сари мақсад меоем. Сухан дар бораи Сайидюнус Бурҳонов ном шахсе меравад, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон паноҳ бурдааст ва бо истифода аз тахаллуси Истаравшанӣ мардуми моро бадном месозад. Мо ба ақидаи ў, роҳу равиши ў, ҳадафҳои нопоки ў кор надорем. Вале намехоҳем ва нахоҳем гузошт, ки бадгуҳаре бо бори накбати худу аҷдод номи поки Истаравшан — сарзамини мардуми меҳанпарасту покизаимонро доғдор созад. Мо намехоҳем нохалафу луъбатаки дасти дигаронро кишвари ҳамдину ҳамзабоне чун Эрон намояндаи миллати мо, шаҳри мо донад ва истифода аз ў кунад.
Истаравшаниён имрўзу дирўзи Сайидюнус Бурҳоновро хуб медонанд ва мехоҳанд, ки Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон низ онро донанд.
Бобои Сайидюнус — Бурҳон дар замони қаҳтию гуруснагӣ, ки мардум нони хўрдан надошт, вазифаи мудири анборро бар дўш дошт. Ба иқтизои нафси бад гандум медуздад ва ба хотири рўпўш кардани афъоли ноҷо анборро оташ мезанад. Барои ин амал ўро ҳабс ва даҳ сол ба Сибир бадарға месозанд.
Мева аз дарахт дур намеафтад. Падари Сайидюнус Аббос низ миёни мардуми Истаравшан бо аспдуздӣ «шуҳрат» дорад. Ў аспҳоро дар Тоҷикистон дуздида, дар кишвари ҳамсоя мефурўхт. Агар дар Истаравшан пурсед, ки падари Сайидюнусе, ки мехоҳад номи Истаравшанро доғдор кунад, кист, бо як овоз мегўянд: “Аббоси аспдузд”. «Писар чӣ гуна, падар намуна», — мегўяд мақоли мардум.
Сайидюнус, ки аз камсаводӣ натавонист таҳсилро дар омўзишгоҳи касбӣ идома диҳад (аз ин даргоҳ ронда мешавад), роҳи осонро интихоб менамояд ва аз «баракат»-и замона мулло мешавад. Ў бо фиреб духтари устодаш мулло Маъруфро ба занӣ мегирад ва ҳамсарашро ба тўдаи тундгароёни салафӣ ҷалб месозад. Ин зани соддаи фиребхўрда дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон ба маҳбас афтода, дар ғурбат, дур аз фарзандон ғамбемор дар зиндон ҷон медиҳад. То ҳол хешу табори ин зани ба доми фиреб афтода дар ҷустуҷўи Сайидюнус Бурҳонов ҳастанд, ки дар диёри мо бо номи “Кўри Юнус” хам маъруф аст.
Фитнахои ин «дўст»-и кишвари Шумо бо ин анҷом намеёбад. Ў бо фиреб Сангова Сумаяи 17-сола, сокини Истаравшанро барои таҳсил ба Қуми Эрон мебарад. Ҳанўз замони дар зиндон будани зани аввалаш ин духтари дар мусофират танҳою раҳгумзадаро бо ваъдаи хонаи ободу зиндагии хуш ба никохи худ медарорад. Як сол бо ў зиндагӣ карда, соҳиби духтар мешавад. Муддате пас Сайидюнус аз Сумая ҳам ҷудо мешавад. Ҳоло ин зан бо кўдакаш бесоҳибу ҳайрон ва сарсону саргардон аст.
Сайидюнуси мулломаоб ҳангоми дар Тоҷикистон будан ба тиҷорати маводи мухаддир машғул шуда, бо ҳазор найранг хешу таборашро ҳам ба ин кор сафарбар намуд. Ба хотири пулу сарват бародараш Бурҳонов Юсуф Аббосовичро ба қочоқи маводи мухаддир ҷалб кард ва охирин беш аз 5 сол пушти панҷараи зиндон қарор дошт. Бародари дигараш — Бурхонов Мансур Аббосовичро барои тахсил ба Мозандарони Эрон фиристод, ки соли 2002 бо ҷурми дастдорӣ дар ҷиноятҳои бо экстремизм алоқаманд ба муддати 12 сол аз озодӣ махрум гашт. Баъдтар авф гашта бошад ҳам, ба қочоқи маводи мухаддир даст зада, бори дигар ба маҳбас афтод.
Тавре мебинем, Сайидюнуси Истаравшанӣ на онест, ки худро дар шабакахои интернетӣ аз Эрон ҷилва медихад. Ў онест, ки Ҳофиз гуфта:
Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Ҷаноби сафир! Умедворем, ки Шумо чеҳраи Сайидюнус Бурҳоновро, ки чун сутури аз гала мондаи аз охури бегона ба серӣ алаф хўрда, аз ҷониби соҳиби охур ба майдони шабакаҳои интернетӣ ба «ҳарбу зарб» андохта шудааст, хуб шинохтед.
Сити муоҳадаи дўстиву бародархондагӣ дар байни кишварҳои мову Шумо то ба фалак равад ҳам, ба ин наздикиҳо ин сутур сар аз охур бардоштанӣ нест. Мутаассифона, соҳибонаш ҳам ҷонвари камхарҷро дигар раҳо карданӣ нестанд!
Боиси таассуфи мо, сокинони Истаравшан аст, ки ҷойи аҳли фазли кишварҳои моро, ки тўли таърих тавассути офаридаҳои Рўдакиву Фирдавсӣ ва Ҳофизу Саъдӣ суҳбатҳо доштанд, ҳамакнун Сайидюнус (Кўри Юнус, бачаи Аббоси аспдузд) аз авлоди ниҳоят бадномшудаи Истаравшан гирифтааст!
Ҷаноби сафир! Бигзор Сайидюнус Бурҳонов нависад, гўяд, ҳарчи ихтиёри хоҷагонаш аз сарзамини Эрон бошад, онро кунад. Ҳадаф аз номаи мо танҳо як чиз аст: номи Истаравшани азизи мо, ки ифтихор аз қаҳрамонӣ, меҳанпарастӣ, фазилату маърифати фарзандонаш дорад, аз исми Сайидюнус – зодаи хонадоне, ки бобояш ба ҷурми дуздии нони мардум, падараш ба аспдуздӣ, худаш муҷиби ҷон додани зане дар маҳбас, занҷаллобӣ, дар нимароҳ монондани ҳамсару фарзанд, сабабгори бо экстремизму қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудани бародарон гаштааст, бардошта шавад.
Ба он далел ки Сайидюнус Бурҳонов дар паноҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, Шумою руасои кишвари Эронро хосторем дар кори хайр – гирифтани тахаллуси «Истаравшанӣ» аз номи Сайидюнус мусоидат намоед.

Бознашр аз ҳафтаномаи
«Паёми Истаравшан»
№40 (9250) аз 20.10.2017 с.

(Суҳбати ихтисосии хабарнигори ҳафтаномаи «Ҷумҳурият» бо муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ генерал-майори адлия С. Р. Мирзозода)


Дар ҷаҳони муосир падидаи нангини экстремизм ва терроризм ба рушди инсоният хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Кӯшишҳои сиёсисозии дин дар бозиҳои геополитикӣ барои абарқудратҳо ҳамчун меъёр қарор гирифта, дар заминаи он гурӯҳҳои манфиатхоҳ низоъ ва даргириҳоро дар манотиқи мухталифи сайёра роҳандозӣ мекунанд. Вобаста ба ин ва дигар масоили дахлдор суҳбате оростем бо муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ генерал-майори адлия С.Р. Мирзозода. Сараввал барои розигиатон ба мусоҳиба изҳори сипос менамоем ва суҳбатро бо ин савол шурӯъ мекунем:
- Моҳи сентябри соли равон дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мусоҳибаи Ш.Ҳамдампур бо судяи Суди Олии ҶТ Азизов Ш.О., ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтани ҲНИТ қабул кардааст, таҳти унвони «То табаддулот се рӯз монда буд» интишор гардид. Мехостем, ки андешаи худро ҳамчун муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарпрокурори ҳарбӣ пиромуни матлаби мазкур иброз медоштед.
- Ташаккур. Ман ба далелҳои аз тарафи судяи Суди Олӣ Азизов Ш.О. овардашуда розӣ ҳастам, чунки дар ин мусоҳиба сухан дар бораи тасмимҳои меъёрии ҳуқуқӣ меравад. Яъне, ҷанбаи ҳуқуқии масъала бо назардошти ҳалномаи мақомоти судии кишвар мақоми аввалро касб кардааст. Хотиррасон бояд шуд, ки 22 сентябри соли 2015 ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ҲНИТ, қатъи фаъолият ва барҳам додани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Аризаи Прокурори генералӣ бо таҳлили маводҳои парвандаҳои ҷиноятии давоми солҳои охир тафтишнамудаи мақомоти прокуратура, амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ оид ба ҷиноятҳои сангини содиркардаи роҳбарону аъзоёни фаъоли ҲНИТ асоснок карда шудааст. 29-уми сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон расман қатъ ва ҳизби мазкур ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуд.
- Аз назари ҳуқуқӣ ба фаъолияти созмонҳои сиёсии динӣ чӣ гуна баҳо медиҳед ва бо назардошти кадом далелҳои ҳуқуқӣ ҲНИТ ҳамчун ҳизби террористӣ шинохта шуд?
- Мутобиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои чамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ мебошад.
Дар давоми солҳои 2010-2015 аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ содир кардани беш аз 40 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла барангехтани кинаю адовати динӣ, иштирок дар иттиҳодҳои ҷиноятӣ ва экстремистию террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Алоқамандии аъзоёни ҲНИТ ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ дар ҷараёни тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ тасдиқи худро ёфт. Аз ҷумла, исбот карда шуд, ки раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин ба ташкилоти террористии "Ансороллоҳ" таҳти роҳбарии Раҳимов Абдулло бо лақаби «мулло Абдулло" ва Давлатов Аловиддин бо тахаллуси «Алӣ Бедакӣ», ки соли 2010 дар водии Рашт нисбат ба 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон акти террористӣ содир намудааст, шомил буд.
Тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷишҳои гузаронидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар раванди шомилшавии аъзои ҲНИТ-ро ба сафи ташкилоти байналмилалии террористии "Давлати исломӣ", ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 фаъолияташ дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шудааст, ошкор намуд. Чунончӣ, зимни азназаргузаронии манзилҳои истиқоматии роҳбарону фаъолони ҲНИТ фиттаҳо бо наворҳои видеоӣ, ки дар онҳо куштору таркишҳо ва дигар амалҳои ваҳшиёнаи ҷангиёни "Давлати исломӣ" сабт гаштаанд, дарёфт ва мусодира гардиданд.
- Тафтишот дар мавриди амалҳои ҷиноятии раиси ҳизб М. Кабирӣ ва генерал Назарзода А., ки ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор шудаанд, кадом далелҳоро дорад?
Дар рафти тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ бо далелҳои раднопазир, аз қабили нишондодҳои шоҳидон, ҷабрдидагон, айбдоршавандагон, наворҳои видеоӣ, далелҳои шайъии (маводҳо, нақшаҳо, варақаҳо, фиттаҳо, силоҳу лавозимотҳои ҷангӣ ва ғ.) дар рафти азназаргузаронии ҳуҷраҳои корӣ ва манзилҳои зисти роҳбарону фаъолони ҲНИТ ёфтагирифташуда собит гардид, ки роҳбари ҲНИТ М.Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигар аъзои раёсати олии ҲНИТ ва собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода A. бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ва тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятиро, ки ҳар кадоме то 30-нафарӣ аъзо дошт, созмон додаанд. Ба ин гурӯҳҳо баъзе аз собиқ размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифин ва дигар атрофиёни Назарзода А. роҳбарӣ мекарданд. Бо мақсади аз ҷиҳати моддию молиявӣ дастгирӣ намудани аъзои иттиҳоди ҷиноятии террористӣ, ба онҳо тавассути фондҳои ба ном хайриявии кишварҳои манфиатдори хориҷӣ мунтазам аз 500 то 600 сомонӣ маблағҳои пулӣ мерасониданд.
Ҷиҳати амалӣ намудани ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худ, аз рӯи маслиҳати пешакӣ гурӯҳҳои мусаллаҳро барои аз кор баровардани воситаҳои алоқаи телефонӣ ва ғасб кардани иншоотҳои муҳими давлатӣ аз қабили Қасри Миллат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, биноҳои маъмурии КДАМ, ВКД, Вазорати мудофиа, Кумитаи телевизион ва радио, РВКД-и шаҳри Душанбе, ШВКД-и ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур, И.Сомонӣ ва шаҳри Ваҳдат муваззаф карданд.
Далели дигар, ки гунаҳгории М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро дар содир намудани ин ҷиноятҳо тасдиқ мекунад, ин иштироки бевоситаи номбурда дар маблағгузории суйиқасди табодулоти давлатӣ мебошад. Аз ҷумла 2 сентябри соли 2015 бо супориши М.Кабирӣ писараш Руҳулло бо ҳамроҳии ронандааш Сайфов Ҳ.Т. пули нақдро ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА ба хонаи Назарзода А. бурда, ба ӯ супоридаанд.
Шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 зиёда аз 150 узви иттиҳоди ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи Назарзода А. дар дохили собиқ корхонаи нонпазӣ, воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи А. Дониш, ки ба Назарзода А.М. мансуб буд, ҷамъ омада, бо силоҳҳои оташфишони автомат, пулемёт, гранатомёт ва дигар лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ мусаллаҳ гардиданд.
Баъдан Назарзода А. маҳз бо супориши Кабирӣ М. бо сӯйистифода аз мақоми хизматии муовини Вазири мудофиа, якҷоя бо ҳаммаслаконаш навбатдори Нуқтаи назорати гузаргоҳи Вазорати мудофиа, қисмҳои ҳарбии №17651 ва 08050-ро бесилоҳ гардонида, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисмҳои низомии номбурда ғайриқонунӣ ворид шуданд. Аз он ҷо миқдори зиёди аслиҳаи оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангиро бо мақсади мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ тасарруф намуданд.
Онҳо худи ҳамон шаб дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ҳолати иҷрои вазифаҳои хизматӣ қарор доштанд, бо истифода аз силоҳи оташфишон ҳуҷумҳои мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷа 10 хизматчии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардид.
- Аз далелҳои дар боло овардаатон метавон натиҷа гирифт, ки М. Кабирӣ тавассути Назарзода А. шабакаи ҷиноятиро роҳбарӣ ва назорат мекардааст. Ҳамин тавр?
- Бале. Аз моҳи августи соли 2006 Кабирӣ М. роҳбарии ҲНИТ-ро ба уҳда дошта, бо дағалона вайрон кардани шартҳои Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997, якҷоя бо дигар ҳаммаслаконаш пайваста бо истифода аз усулҳои таблиғоти динӣ мардумро рӯҳан барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар кишвар омода месохтанд.
-Кирдорҳои ҷиноятии М.Кабирӣ, Назарзода А. ва ҳаммаслаконашон ба кадом моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ бандубаст карда шудаанд?
Дар асоси далелҳои боэътимод пурра собит шудааст, ки роҳбарону фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бидуни шак, дар табаддулоти давлатӣ даст доштаанд. Бинобар ин бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2016 14 нафар узви раёсати олии ҲНИТ дар содир намудани ҷиноятҳои даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, исёни мусаллаҳона, терроризм ва маблағгузории он гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардиданд. Нисбати худи Кабирӣ М. бошад, тавассути Интерпол кофтукови байналмилалӣ эълон карда шудааст.
- Модоме ки аъмоли содирнамудаи роҳбарону фаъолони ТЭТ ҲНИТ бо ин қадар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида шаванд, пас барои чӣ баъзе кишварҳои хориҷӣ, махсусан аврупоӣ онҳоро нодида мегиранд. Магар ин кирдорҳо дар он кишварҳо ҷиноят нестанд?
Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ имзо гузоштааст, фаъолияти ҲНИТ-ро ба таври шаффоф тибқи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ баррасию муҳокима намуд.
Аъмоли террористии ТЭТ ҲНИТ аз рӯи талаботҳои моддаи 129 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, моддаҳои 149 (барангезонидани халқ барои шӯриши яроқнок бар зидди Ҳокимият), 313 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ)-и КҶ Туркия, моддаҳои 127 (бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ), 128 (бо роҳи зӯроварӣ бартараф кардани мақоми конститутсионӣ), 140 (сӯиқасд ба суст кардани иқтидори ҳарбӣ)-и КҶ Ҷумҳурии Полша, моддаҳои 242 (хиёнат ба давлат), 249 (кӯшиши бо роҳи зӯроварӣ аз вазифааш дур кардани Президент), 278 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ)-и КҶ Австрия, моддаҳои 104 (сӯиқасд барои вайрон кардан ва тағйир додани шакли идоракунӣ), 113 (шӯриши яроқнок), 124 (сӯиқасд ба барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ)-и КҶ Белгия, инчунин Конвенсияи Шӯрои Аврупо «Дар бораи пешгирии терроризм» аз 16 майи соли 2005, Декларатсия «Дар бораи андешидани чораҳо оид ба барҳам додани терроризми байналмилалӣ», ки бо Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 09 декабри соли 1994 қабул карда шудааст, ҳамчун ҷиноят баҳогузорӣ ва тафсир мегардад.
Террорист дар куҷое, ки ҷиноят содир накунад вай террорист аст. Ашхосе, ки чунин ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаро дар дилхоҳ кишвар содир мекунанд, ҳатман тибқи қонунгузории ҷиноятии он давлат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Бинобар ҳамин ҳам соли 2016 ҲНИТ ба Феҳристи ташкилотҳои террористии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ворид карда шудааст.
-Ин тавр бошад, барои чи роҳбарони ташкилоти террористии ҲНИТ дар Эрон ва баъзе дигар кишварҳои хориҷӣ то ҳол озодона мегарданд?
Мутаассифона, баъзе аз кишварҳо манфиатҳои геополитикии худро пеша карда, аз стандартҳои дугона истифода менамоянд. Онҳо зери қаноти созмонҳои ба ном байналмилалию ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки ҳадафи аслиашон танҳо ҳимояи манофеи кишвари муассис аст, минбарҳои таблиғотиро дар ихтиёри террористоне чун Кабирию думравонаш мегузоранд ва онҳоро маблағгузорӣ мекунанд. Аммо ин гурӯҳҳо ба ҳадафи нопоки худ нахоҳанд расид, зеро мардум ҳақиқати воқеиро дарк намуд ва фаҳмид, ки агар ҲНИТ ба сари қудрат меомад, чӣ оқибату балоҳоро ба сари халқ ва Ватани азизамон меовард.
- Барои як суҳбати хуби ихтисосӣ арзи сипос менамоем.
 

Бознашр аз «Ҷумҳурият» 31 октябри соли 2017 № 224 (23305)

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон