Маориф (8)

8 июни соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия И.Сатторов бо Ректори Консерваторияи давлатии ба номи П.И.Чайковскии шаҳри Москва А.Соколов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои санъати касбии мусиқӣ ва фарҳанг тавассути табодули таҷриба дар фаъолияти таълимӣ-методӣ, эҷодӣ ва илмӣ мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла, масоили рушди ҳамкориҳо миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Консерваторияи давлатии ба номи П. И. Чайковскии шаҳри Москва дар бахшҳои ҳунармандӣ, илмӣ ва мусиқию омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин росто, ҷониби Тоҷикистон ба масъалаи омода кардани мутахассисон дар соҳаҳои болозикр ва таҳияи санадҳои дуҷониба миёни ду муассиса таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ҳамзамон, ҳамсӯҳбатон масъалаҳои рушди ҳамкориро дар самтҳои ташкили намоишҳои консертӣ ва семинарҳо, баргузории мастер-классҳо ва иштирок дар фестивалҳои мусиқии дар Тоҷикистон ва Россия баргузоршаванда мавриди муҳокима қарор доданд.

24 марти соли 2021 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи: "Истиқлолият ва ҳамгироии илмӣ" дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид.


Дар кори Мизи мудаввар олимону коршиносони маъруфи беш аз 25 муассисаи илмию таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо, аз ҷумла Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Ф. Раҳимӣ, Директори Донишкадаи шарқшиносии Академияи илмҳои Россия А.К. Аликберов, Мудири Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Кафкази Академияи илмҳои Россия В.О. Бобровников, Директори Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африкаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов И.И. Абилгазиев, профессори Донишгоҳи Кент Е.Коростелева, Директори Форуми Кембриҷ оид ба Осиёи Марказӣ (Британияи Кабир) Др. С.Саксена, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Г.К. Ахметова, профессори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон О.П. Кобзева, мудири шӯъбаи Донишкадаи Беларус оид ба таҳлили низомӣ ва таъминоти иттилоотии соҳаи илмию техникӣ Е.С.Лиситса, инчунин намояндагони сафоратҳои Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон дар Россия иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо мусоидати фаъоли профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мунира Шаҳидӣ баргузор гардид.


Мизи мудаввар бо суханронии ифтитоҳии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов шурӯъ гардид. Роҳбари Намояндагии дипломатӣ бо таъкид ба арзишмандии Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик, қайд намуд, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ барои ташаккули ҷомеаи муосири демократӣ ва дунявӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар татбиқи дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фароҳамсозии шароити муносиб барои рушди устувори минбаъда, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва дастрасӣ доштани ҷавонон ба маълумоти олии босифат чӣ дар дохил ва чӣ берун аз кишвар, ба муваффақиятҳои беназир ноил гардид.


Дар ин замина, И.Сатторов зарурати тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамгироии байналмилалии илмиро ҷиҳати рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин фаъолияти фарогири кормандони илмӣ, ки бешубҳа боиси дастрасии бештари натиҷаҳои таҳқиқот ва коркардҳо ба ҷаҳониён, пайдоиши шаклҳо ва намудҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмӣ, технологӣ ва фановарӣ мегардад, таъкид кард.


Дар идомаи чорибинӣ, ки аз ҷониби доктори илмҳои фалсафа, дотсенти Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африкаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов Наргис Нурулло-Хоҷаева танзим (модераторӣ) гардид, оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ миёни намояндагони ҷомеаи илмӣ табодули афкор сурат гирифт. Дар ин росто, ташаббуси Сафорати Тоҷикистон аз сӯйи иштирокдорони Мизи мудаввар мақсаднок ва ба маврид арзёбӣ гардид.


Дар ин робита пешниҳод карда шуд, ки имконияти баргузории маҷмӯи чорабиниҳои муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни илмӣ, технология ва инноватсия бо мақсади табодули таҷриба ва андӯхтани донишҳои нав, рушди технологияҳо, инчунин такмил ва истеҳсоли маҳсулот аз самараи фаъолияти зеҳнӣ барои эҳтиёҷоти миллӣ ё фурӯш дар бозори ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.


Бо қаноатмандӣ аз сатҳи робитаҳои имрӯза, пешниҳод гардид, ки ҳамкориҳои минтақавӣ миёни муассисаҳои илмӣ боз ҳам тавсеа дода шавад, зеро ҳанӯз зарфиятҳои истифоданашудае ҳаст, ки татбиқи онҳо метавонад дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ ва табодули маълумот, ба манфиати ҷонибҳо хидмат намояд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов дар доираи сафари кории худ, аз Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск дидан намуда, бо Ректори он Евгений Рудой инчунин, донишҷӯёни тоҷик мулоқот анҷом дод.


И.Сатторов ва Е.Рудой масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Сафири Тоҷикистон аз усулҳои муосири таълим дар Донишгоҳ ва шароити барои донишҷӯён муҳайёшуда изҳори қаноатмандӣ кард.


Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Дар он вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик, низ баррасӣ гардида, донишҷӯён ба ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон арзи сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

26 феврали соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Федератсияи Россия вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат И.Сатторов нақши назарраси ҷавононро дар рушду шукуфоии минбаъдаи кишварамон қайд кард.
Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Дар он вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик, низ баррасӣ гардид.
Роҳбари Намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки Сафорат омода аст, то дар амалисозии ташаббусҳои ҷавонони донишҷӯ ҳамеша мусоидат намояд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия


25 августи соли 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мулоқоти намояндаҳои Сафорат бо омӯзгорони Россия, ки дар барномаи таълимии Тоҷикистону Россия доир ба таҳкими бештари ҳамкориҳои гуманитарии байни кишварҳо ширкат меварзанд, доир гардид.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 2013, дар рафти сафари хеш ба Москва, пешниҳод намуда буданд, ки муаллимони Россия, барои омӯзонидани забони русӣ ба мактаббачагони мо, ба Тоҷикистон фиристода шаванд. Баррасии муфассали ин мавзӯъ аз ҷониби роҳбарони Тоҷикистону Россия дар таърихи 27 феврали соли 2017, дар рафти ташрифи Президенти Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон, анҷом ёфт.
Дар вохӯрӣ намояндаҳои Сафорат устодонро хайрамақдам гуфта, ба онҳо дар фаъолияти пурмаҳсул дар Тоҷикистон, муваффақият орзу карданд. Инчунин, дар рафти вохӯрии мазкур таъкид гардид, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги воло буда, ба устодон эҳтироми махсус доранд ва устодро манбаи донишу хирад, рафтори нек, дӯсти беҳтарин ва ҳамсуҳбати хуб мешуморанд.
Дар вохӯрӣ 30 муаллими таҷрибадори фанҳои забон ва адабиёти рус, математика, химия, физика, биология ва информатика ҷамъ омада буданд. Дар байни иштирокчиёни лоиҳаи таълимии Тоҷикистону Россия намояндаҳои вилоятҳои Кострома, Кемерово ва Оренбург, ҷумҳуриҳои Бошқирдистон, Доғистон ва Тотористони Федератсияи Россия ҳузур доштанд.
Кормандони сафорат маводҳои иттилоотиро доир ба таърихи қадимаи мардуми тоҷик, сиёсати сулҳҷӯёнаи кишвар, иқтисодиёт, фарҳанги воло, табиати беназир, хӯрокҳои миллӣ ва дастовардҳои ҷадиди Тоҷикистон дар давраи истиқлолият омода ва ба ҳозирин пешкаш намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои гарму дӯстона гузашт ва ҳар як омӯзгор тавонист доир ба Тоҷикистон аз дипломатҳои кишвар суол кунаду ба саволҳои худ ҷавоби муфассал гирад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

14-уми ноябри соли равон дар бинои Академияи Дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия маросими ифтитоҳи курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ва Проректори Академияи Дипломаӣ Татяна Мозел суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии худ Имомуддин Сатторов аз роҳбарияти Академияи Дипломатӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки курсҳои такмили ихтисос баҳри баланд бардоштани дониши назариявию амалии ширкаткунандагон дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, имконияти хубе метавон буд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки баргузории курсҳои мазкур, ин идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси хидмати дипломатии Тоҷикистон мебошад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Рӯзи 20 июли соли равон дар бинои Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия, мулоқоти Муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикостон Мирбобоев Раҳматулло бо Муовини Вазири маориф ва илми Федератсияи Россия Каганов Вениамин доир гардид.
Зимни мулоқот самтҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардиданд. Масъалаи омода намудан ва баланд бардоштани тахассуси касбии муаллимони забони русӣ барои мактабҳои миёна ва олии кишвар, яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот муайян гардида буд.
Тарафҳо ҳамчунин фаъолияти филиалҳои мактабҳои олии Федератсияи Россияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутахассисони баландихтисосро дар соҳаҳои мухталиф тарбия менамоянд, баррасӣ намуданд.
Масъалаи дигаре, ки дар рафти ин мулоқот баррасӣ гашт, ин масъалаи донишомӯзии шаҳрвандони Тоҷикистон дар мактабҳои олии Россия буд.
Дар натиҷа ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки бояд “Харитаи роҳ” ҷиҳати густариши амиқи муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи маориф ва илм, таҳия гардад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

 

3 феврали соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар маросими идонаи супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва ширкат варзида, дипломҳоро дар бораи маълумоти олӣ ба 5 донишҷӯи тоҷик, ки донишгоҳро бо муваффақият хатм карданд, супорид.
Дар суҳбат бо донишҷӯёни тоҷик И.Сатторов қайд кард, ки аз фурсати таҳсил дар ин донишгоҳ пурсамар истифода бурда, дониши худро ҳамаҷониба тавсиа бахшанд ва дар оянда баҳри рушди Тоҷикистон саҳми хуро гузоранд.
Дар ҳошияи чорабинии мазкур мулоқоти кутоҳи Сафири Тоҷикистон дар Россия И.Сатторов бо Ректори Донишгоҳи мазкур Борис Елисеев ва Роҳбари Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Россия Александр Нерадко доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба омода намудани кадрҳо барои соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон табодули назар намуданд. Қайд карда шуд, ки ҳоло дар Донишгоҳи мазкур 26 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон