Муҳоҷират (30)

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия аз ҳалокати як нафар ҷавони тоҷик, ки шаби 27 январи соли ҷорӣ дар наздикии деҳаи Нов дар шоҳроҳи Ершов-Озинки бар асари садамаи нақлиётӣ даргузашт, хабардор буда, ҳамдардии хешро ба наздикони марҳум изҳор менамояд.

Қобили қайд аст, ки ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш 1 нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт.

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони марҳум ва осебдида изҳори омодагӣ кард.

Қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа қарор дорад.

Сафорати  Тоҷикистон дар Россия аз фавти шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Ленингради Федератсияи Россия, ки 25 январи соли равон бар асари бемории сурхча даргузашт, дар ҷараён  буда,  ҳамдардиашро ба наздикони фавтида  изҳор менамояд.

Бо мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва ҷамъияти тоҷикон ҷасади шаҳрванди фавтида ба Ватан интиқол дода шуд.
Қазияи болозикр таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад.

18 январи соли 2023 дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия воқеъ дар деҳаи Сахаровои  шаҳри Москва боздид ба амал оварданд. 

Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони мазкур бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои будубоши кишвари иқомат муваққатан боздошт гардидаанд.

Дар рафти боздид кормандони Сафорат бо  Роҳбари муассисаи мазкур Алексей Лагода мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот масоили  марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа худи ҳамон рӯз 10 нафар  шаҳрвандони дар ин муассиса нигоҳдошташуда ба Ватан фиристода шуданд. 

Ҳамчунин дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрӣ анҷом ёфт. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид.

Боздид аз боздоштгоҳҳои муваққатии муҳоҷирон дар маркази таваҷҷуҳи Сафорат қарор дошта, ин иқдом пайваста анҷом дода мешавад.


Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия дар мавриди ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Федератсияи Россия рух додааст, дар ҷараён   буда,  бо таассуф қайд менамояд, ки аз чор нафар ҳалокшудагон ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва ҳамдардиашро ба наздикони фавтидагон  изҳор менамояд. Шахсияти ду нафар ҳалокшудагон  аз ҷониби Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвари иқомат муайян шуда истодааст.
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони  ҳалокшудагон ва интиқол додани ҷасадҳо  ба Ватан изҳори омодагӣ намуд.
Қазияи мавриди назар таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск  қарор дорад.

24 декабри соли 2022 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораҳои тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Россия баргузор гардид, ки дар он Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзода, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ ва кормандони масъули Сафорат ва муассисаи консулӣ ширкат варзиданд.

Ҷаласа аз ҷониби Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораҳои тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Россия Бердов Фарҳод ифтитоҳ гардид.

Зимни суханрониаш Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон Д.Гулмаҳмадзода нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод.

Сафорати Тоҷикистон дар Россия вобаста ба марги ду нафар ҷавони тоҷик, ки 14 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз ошёнаи 13-уми як бино афтида, ба ҳалокат расиданд, дар ҷараён буда, тасаллияти амиқи худро ба хешу пайвандони фавтидагон изҳор менамояд.
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ҷиҳати интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан изҳори омодагӣ намуд.
Қазияи болозикр таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург қарор дорад.

23 ноябри соли 2022 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар манъи вуруд доштан дар шаҳри Сухум дармонда буд, ба Ватан баргардонида шуд.
Зимни сафар ба Тоҷикистон, ба шаҳрванд аз ҷониби Сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуданд.
Ҳамзамон Сафорат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба кишвари иқомат манъи вуруд доранд, тавсия медиҳад, ки аз убури сарҳад худдорӣ намоянд.

1 октябри соли 2022 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар манъи вуруд доштан дар минтақаи Абхазия дармонда буд, ба Ватан баргардонида шуд.

Зимни сафар ба Тоҷикистон, ба шаҳрванд аз ҷониби Сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуданд.

Қобили қайд аст, ки Сафорат кӯшиш мекунад, ки чунин мусоидатро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои мазкур анҷом диҳад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд.

15 сентябри соли 2022 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тураева Фараноз Хабибуллоевна ва Крутских Марям Саидмуминовна, ки дар Федератсия Россия бепарастор монданд, тибқи Созишномаи Кишинёв оид ба ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вобаста ба баргардонидани шаҳрвандони ноболиғ аз 07.10.2002, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар соли ҷорӣ, 14 шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон