Фарҳанг (26)

4-уми октябри соли равон дар Китобхонаи ба номи М.Горкии шаҳри Рязани Федератсияи Россия Фестивали умумироссиягии “Читающий мир”, ба пайваст бо ҷашни 122-солагии шоири халқи рус Сергей Есенин, бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаҳои Сафорати ҶТ ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зиёиён, донишҷӯёни мактабҳои оливу миёна, техникуму коллеҷҳои вилояти Рязан, намояндаҳои ахбори омма, диаспораҳои тоҷикони вилояти Рязан ва намояндаҳои бисёр миллатҳои дигари кишвари иқомат ширкат варзиданд.
Фестивали мазкур намунаи барҷастаи густариш ёфтани муносибатҳои фарҳангии дӯстонаву бародаронаи Тоҷикистону Россияро бори дигар тасдиқ кард. Дар доираи Фестивали “Читающий мир” ва лоиҳаи “Искусство жить вместе” муаррифии китобҳои “Поэтический букет”-и Сергей Есенин дар тарҷумаи шоири номдори тоҷик Лоиқ Шералӣ бо унвони “Гулдастаи назм” баргузор гардид. Мунтахаби ашъори С.Есенин бо унвони “Поэтический букет” ва китоби нависанда Алексей Авганов бо ташаббуси “Бунёд”-и Садриддин Айнӣ ва дастгирии Агентии федералии матбуоту коммуникатсия ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар доираи барномаи “Культура России”, бахшида ба 25-солагии муносибатҳои дипломатии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашр гардид.
Чорабинии рӯнамоии китобҳои номбурдаро директори китобхонаи ба номи М.Горкий Н.Н.Гришина ҳусни оғоз бахшид. Дар баромади худ Н.Н.Гришина ба хотир овард, ки фикри чопи ин китобҳо ҳанӯз як сол пеш ба вуҷуд омада буд.
Профессори Донишгоҳи давлатии ба номи С.А.Есенини шаҳри Рязан, сармуҳаррири маҷаллаи “Современное есениноведение”, аъзои Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Россия О.Е. Воронова дар баромади худ аҳамияти муҳим доштани ашъори С.Есенинро барои тоҷикон ва инъикоси баръалои таъсири адабиёти тоҷикӣ-форсиро дар навиштаи “Персидкие мотивы”-и ин шоири бузурги рус таъкид намуд.
Инчунин, дар Фестивали мазкур намояндаҳои миллатҳои гуногуне, ки дар шаҳри Рязан иқомат доранд, аз ҷумлаи тоҷикон, ӯзбекон, тоторҳо, бошқирдҳо, украинҳо, олмониҳо ва дигарон, бо рақсу сурудҳои худ хотири иштироккунандагонро шод намуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Дар Осорхонаи давлатии Шарқи ш. Москва намоишгоҳи мусаввараҳои Алексей Бесперстов ва Владимир Глухов аз бойгонии Юлия Вербитская таҳти унвони “Масири хона” баргузор гардид.
Намоишгоҳи мазкур дар ҳамкории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия,  Осорхонаи давлатии шарқ, Бунёди дастгирии санъат ва фаъолияти осорхонаҳо “Русские меценаты” ташкил гардида, ба 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бахшида шуд.
Дар қисми расмии чорабинӣ дастаи рақсии балети “Театри Москва” таҳти роҳбарии София Гайдукова, ки миниатюраи рақсиро дар ҳамроҳии мусиқии балети “Хоҷа Насриддин”, ки оҳангсози он Павел Турсунов мебошад, манзури ҳозирин гардониданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, Президенти Бунёди дастгирии санъат ва фаъолияти осорхонаҳо “Русские меценаты” Юлия Вербитская, Директори генералии Осорхонаи давлатии шарқ Александр Седов, рассомон Владимир Глухов ва Александр Волков, мунаққиди фарҳангӣ ва рӯзноманигор Кира Сапгир, таърихшиноси санъат, номзади илми фарҳангшиносӣ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Москва Евгений Яйленко, ва ҳамчунин парастори намоишгоҳи мазкур Мария Филатова дар маросими ифтитоҳӣ суханронӣ намуданд.
Имомуддин Сатторов зимни суханронии хеш дар бораи муносибатҳои дӯстона ва стратегии хоссаи Тоҷикистону Россия, ки дар давраи 25-соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии ҳарду кишвар ба даст омадаанд,  ибрози ақида намуд.
Дар чорабинии мазкур инчунин Вазири фарҳанги  Федератсияи Россия Владимир Мединский, вакили Думаи давлатии Маҷлиси Федералӣ  Светлана Журова, оҳангсоз Павел Турсунов, рассомон Евгений Гинзбург, Люся Воронова, Михаил Бекетов, Людмила Евдокимова, Аъзам Атаханов Светлана Атаханова, инчунин сиёсатмадорон, соҳибкорон ва зиёиёни Тоҷикистону Россия ширкат варзиданд.
Намоишгоҳи “Масири хона” мусаввараҳои санъати тасвирии Тоҷикистонро аз бойгонии шахсии Юлия Вербитская манзури тамошобинон гардонид. Мавзӯи асосии намоишгоҳи мазкур - бозгашт ба хона ба сарчашмаҳои эҷодиёти хеш - мусаввараҳои ду рассоми дорои  ҷаҳонбинии гуногун - устод ва шогирдро, ки эҷодиёташон бо Осиёи Марказӣ алоқамандии зич дорад, дар як ҷой ҷамъ овард. Намоишгоҳи мазкур мусаввараҳои ҳарду рассом Алексей Бесперов ва шогирди ӯ Владимир Глухов иборат буд.
Чи тавре, ки Владимир Глухов мегӯяд ”Тоҷикистон – ватан ва биҳишти ман аст. Тоҷикистон ватани офтобӣ, меваҳои лазиз, рангҳои дилрабою мафтункунанда мебошад ... “.

 

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

14-уми декабри соли равон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия ва ширкати “Росконқерт “Шоми фарҳанги Тоҷикистон”-ро дар Хонаи марказии адибони шаҳри Москва, бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор намуд.
Дар “Шоми фарҳанги Тоҷикистон” намояндагони вазорату идораҳо, зиёиён, васоити ахбори омма ва чеҳраҳои шинохтаи Россия, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Москва, ки ба омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, ҳамчунин тоҷикони муқими шаҳри Москва ҳузур доштанд.
Чорабинии пуршукӯҳро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ва Муовини Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Обривалин Сергей ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
Зимни суханронии хеш Сафири Тоҷикистон зикр намуд, ки муносибатҳои фаҳангии Тоҷикистону Россия аз умқи таърих пайваста густариш меёбанд ва чорабинии мазкур аз рағбати ҳарду кишвар барои тақвияти муносибатҳои дӯстӣ, шарокати стратегӣ ва сатҳи баланди боварӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистону Россия шаҳодат медиҳад.
Обривалин Сергей пайғом ва табрикоти самимии Вазири фарҳанги Федератсияи Россия ба самъи ҳозирин расонида, аз сатҳи баланди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Россия изҳори қаноъатмандӣ намуд.
Бояд тазаккур дод, ки сарфи назар аз сардии ҳаво “Шоми фарҳанги Тоҷикистон” теъдоди зиёди меҳмононро аз тамоми гӯшаю канори шаҳри Москва ҷалб намуда, чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.
Ҳунари волои санъаткорон ба мисли Далер Назаров, Ноҳид Зайналпур, гурӯҳи Шамс, Бобоҷон Амонулло ва дигарон ҳозиринро ба давраҳои заррини рушди илму фарҳанги ғании мардуми куҳанбунёди тоҷик баргардонида, бо савту навои дилнишини аҷдодӣ хотири ҳамагонро болида гардонид. Инчунин намоиши мусаввраҳои рассомони шинохтаи тоҷик ва қироати шеърҳои шоирони классикӣ ва муосири кишварамон бо забоҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳусну таровати хосае ба ин шом бахшиданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Дар Хонаи марказии нависандагони шаҳри Москва шоми эҷодии шоир ва тарҷумони машҳури рус Михаил Синелников баргузор гардид.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар чорабинӣ иштирок намуда соҳибҷашнро муборакбод гуфт ва дар фаъолияти пурбори эҷодии ӯ муваффақият хоҳон шуд. Дар рафти суханронии хеш Имомуддин Сатторов зикр намуд, ки симои Михаил Синелников, ҳамчун як шоири рус, мақоланависи машҳур, тарҷумон, муҳаққиқи адабиёт, академики Академияи илмҳои табии Россия (РАЕН) ба аксарият шинос аст, ҳамчунин ӯ барандаи ҷоизаҳои зиёд дар Россия ва дар хориҷи кишвар, аз ҷумла ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи устод Абуабдулои Рудакӣ мебошад.
Дар чорабинӣ нависандагону олимони машҳур, намояндагони доираҳои илмии Россия, Сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони динҳои гуногун, намояндагони диаспораҳо ва теъдоди зиёди меҳмонони хориҷӣ ширкат намуданд.
Дар тӯли беш аз 40 сол боз Михаил Синелников бо Тоҷикистон ва адабиёти тоҷик алоқаи зич дорад. Ӯ дар мавзӯи Тоҷикистон бисёр шеърҳо навишааст ва аз ашъори бузурги классикони тоҷику-форс мисраҳои зиёдро ба забони русӣ тарҷима кардааст.
Дар рафти чорабинӣ соҳибҷашн як нусхаи китоби хешро бо номи “Сердце Азии. Таджикистан и таджики в русской поэзии”-ро, ки дар кишвари мо ба тозагӣ чоп гардидааст, ба Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳадя намуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Санаи шашуми августи соли равон дар доираи ҳамкориҳои судманди Муассисаи давлатии фарҳангии “Маркази фарҳангии Гайдароветс”-и шаҳри Москва бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои гугногун, аз ҷумла Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, дар доираи лоиҳаи Бахши фарҳангии шаҳрдории Москва таҳти “Рӯзҳои истироҳатии фарҳангӣ”, якумин фестивали фарҳангҳои миллии “Хуршеди шарқ” дар боғи фароғатии Соколники, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ зиёда аз 15 давлати дунё, 37 ансамблҳои рақсӣ ва сарояндагони зиёд ширкат варзиданд.
Нишон додани зебоӣ ва рангорангии фарҳанги кишварҳои Шарқ ба тамошобинони рус ва фароҳам овардани мӯҳити гарму дӯстона дар гуфтугӯи байни кишварҳо тавассути фарҳангу ҳунар, яке аз мақсадҳои асосии чорабинии мазкур муайян гардида буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар якумин фестивали фарҳангҳои миллии “Хуршеди шарқ”, бахши фарҳангии Сафорати Ҷумхурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо ҷалби ромишгарону сарояндагони тоҷик, аз ҷумла ансамбли “Гулчин” бо роҳбарии Фарҳоди Зувайдулло, ҳунармандони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур ва Манзура Акрамова, муаррифӣ намуданд. Санъаткорони тоҷик дар ин чорабинӣ аз рӯи 5 навъи жанри мусиқӣ хунарнамоӣ карданд.
Ҳунарманд тавассути маҳорати волои худ, метавонад фарҳанги ғании кишвару миллаташро ба тамошобинон муаррифӣ намояд. Дар фестивали мазкур низ, аҳли ҳунари тоҷик тавонистанд рисолати худро дар сатҳи баланд, иҷро намоянд.
Якумин фестивали фарҳангҳои миллии “Хуршеди шарқ” бо намоишҳои рангину тамошобобаш аз ҷониби Сокинон ва меҳмонони шаҳри Москва, ки тамошобинони асосии чорабинӣ буданд, хеле хуш пазируфта шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Дар Толори марказии рассомони Москва XIX-ум Намоишгоҳи байналмилалии рассомӣ таҳти унвони “Манзараҳои замонаҳо” баргузор гашта истодааст. Ин намоишгоҳро Конфедератсияи байналмилалии иттифоқи рассмон бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии ФР. Вазорати фарҳанги ФР ва Академияи рассомии Россия ташкил кард.
Лоиҳаи мазкур ба манзури тамошобинон эҷодиёти рассомони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро пешниҳод кард ва дар байни онҳо намоишгоҳи рассомони тоҷик – Сабзалӣ Шарипов, Рассоми халқии Тоҷикистон ва рассоми ҷавон Мурод Шарипов ҷойгоҳи шоистаро касб намуд.
Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии рассомӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ширкат варзид. Сафири Тоҷикистон инчунин аз намоишгоҳи рассомони тоҷик дидан карда, бо онҳо ва ташкилкунандагони намоишгоҳ суҳбат дошт. Имомуддин Сатторов ба рассомони тоҷик ва ташкилкунандагони чорабинӣ барои саҳм бузургушон дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ миёни кишварҳои ИДМ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки чунин лоиҳаҳо барои рушди муносибатҳои фарҳангии дуҷониба ва бардоштани обрую манзалати кишвар тавуссути тарғиби санъати он мусоидат мекунад.
Намоишгоҳи Тоҷикистон аз 12 мусаввараи рассоми забардасти тоҷик Сабзалӣ Шарипов ва рассоми ҷавон Мурод Шарипов иборат аст. Намоишгоҳи рассомони тоҷик таваҷҷуҳи беандозаи тамошибинони намоишгоҳро ҷалб намуд ва офаридаҳои устодони санъати мо аз тарафи коршиносони соҳа баланд арзёбӣ гаштанд.
Аз ҷумла, Маргарита Карлова, санъатшинос, ташкилкунандаи ин намоишгоҳ Сабзалӣ Шариповро рассоми боистеъдоди замони муосир номида, қайд кард, ки офаридаҳои беназири ӯ дар хазинаҳои рассомии Конфедератсияи байналмилалии рассомон, Вазорати фарҳанги РФ ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешаванд. “Офаридаҳои Сабзалӣ Шарипов ин назокати ҳаракат, фикр ва сатҳи воло мебошанд. Сабзалӣ ва Мурод Шариповҳо дар ин намоишгоҳ собит сохтанд, ки санъати тоҷик чист ва он чи тавре қавӣ ва бузург буд, ҳамон тавр боқӣ монд” – хулоса намуд М. Карлова.
Виктор Калинин, узви Раёсати Академияи рассомии ФР, Академик инчунин оид ба таассуроти бардоштаи худ аз намоишгоҳи рассомони тоҷик ибрози ақида карда, қайд намуд, ки “Сабзалӣ Шарипов рассоми гуногунсамт мебошад, ӯ ҳам монументалист, график ва ҳам мусаввир аст. Ӯ бо вуҷуди замонаҳои душвор неруи худро аз даст надод ва истеъдодашро ба сатҳи воло расонид ва устоди беҳамто мебошад”.
Намоишгоҳҳои байналмилалии рассомии Москва ҳамасола дар яке аз толорҳои асосии рассомии Москва дар Толори марказии рассомон баргузор мегардад ва рассомони боистеъдоди кишварҳои ИДМ-ро гирд меоварад. Намоишгоҳҳои мазкур имконияти нодирро барои ҳаводорони санъати тасвирӣ ҷиҳати ошноӣ бо эҷодиёти рассомон аз кишварҳои гуногун фароҳам меоварад ва барои якдигарфаҳмӣ ва рушди санъат мусоидат мекунад.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

 

Бо дастгирӣ ва иштироки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар Осорхонаи давлатии ш. Иваново намоишгоҳи рассомони тоҷик ифтитоҳ гардид.
Дар маросими тантанавӣ оид ба кушодашавии намоишгоҳ намояндагони Ҳукумати вилояти Иваново, Сафорати Тоҷикистон дар Россия, зиёиёни эҷодкор ва диаспораҳои миллии вилояти Иваново, инчунин ташкилкунанда ва мутасаддии ин намоишгоҳ Юлия Вербитская иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳи мазкур мусаввараҳои рассомони машҳури тоҷик ба мисли Зуҳур Ҳабибуллоев, Муриват Бекназаров, Сабзалӣ Шарипов, Эрвин Гофман, Юрий Вайс ва дигарон ба маъзари тамошобинон гузошта шуда буданд. Ин мусаварраҳо асосан ба шахсони таърихӣ ва ҳамзамони рассомон бахшида шуда, табиат, ҳаёт ва сифатҳо нотакрори Тоҷикистонро таҷассум менамоянд. Боиси хушнудист, ки дар ин маросим яке аз муаллифон рассом Юрий Вайс низ ширкат варзид.
Наталя Трофимова узви Ҳукумати вилояти Иваново, директори Раёсати фарҳанг ва туризм аз номи мақомоти маҳаллӣ ҷамъомадогонро шодбош намуда, қайд кард, ки Иваново ва Тоҷикистонро алоқаҳои деринаи иқтисодӣ ва фарҳангӣ мепайванданд ва ба шарофати чунин лоиҳаҳо мисли ин намояшгоҳ, имрӯз такони тоза касб мекунанд.
Намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сарвар Бахтӣ дар баромади худ оид ба омезиш ёфтани анъанаҳои шарқӣ ва мактаби рассомии рус, ки дар мусаввараҳо таҷассум ёфтаанд, инчунин дар бораи ғанигардонии мутақобилаи фарҳангӣ ва таҳкими дӯстӣ тавассути фарҳанг сухан ронда, ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ ва роҳбарияти вилоят барои иқдомҳои таблғкунандаи санъати тоҷик изҳори сипос намуд.
Директори Осорхонаи рассомии Иваново Людмила Воловенская ин намоишгоҳро беназир хонд ва қайд намуд, ки мероси фарҳангии Тоҷикистон дар осорхонаҳои Россия, махсусан дар минтақаҳо нодиранд ва на ҳамаи сокинони минтақаҳо метавонанд онро бубинанд.
Аз ҷониби худ ташкилкунанда ва мутасаддии намоишгоҳ Юлия Вербитская ба Ҳукумати вилоят, Сафорати Тоҷикистон, Роҳбари Хазинаи байналмилалии “Муколамаи Авруосиё”, Маркази миллатҳои Иваново, рассомони наврас ва ҳамаи онҳое, ки барои ташкил кардани ин чорабинӣ мусоидат карданд, изҳори сипос намуд.
Намоишгоҳ ба худ таваҷҷӯҳи зиёдро ҷалб намуд ва аз ҷониби сокинони вилояти Иваново мусбат арзёбӣ гардид. Ба шарофати ин намоишгоҳ сокинони Иваново имконияти нодирро барои шиносоӣ бо эҷодиёти рассомони тоҷик ба даст оварданд. Бисёре аз иштирокдорони ин чорабинӣ ҳангоми баёни таассуроти хеш қайд намуданд, ки намоишгоҳи мазкур барои онҳо имконияти бархурд бо санъати асроромез ва зебо фароҳам овард.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

22.09.2015 08:22, ноҳияи Ҳисор
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор Кохи фарҳангро дар маркази ноҳия ифтитоҳ намуд.
Сарвари давлат бо буридани лентаи рамзӣ ба оғози фаъолияти Кохи бошукуҳи фарҳанг асос гузошт.
Кохи фарҳанг бо 700 ҷойи нишаст бо харҷи қариб 27 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 1,3 га аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Дар корҳои сохтмонӣ пудратчӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди Монолити шаҳри Душанбе беш аз сад нафар мутахассиси маҳаллиро ба кор ҷалб кард.
Корҳои сохтмонӣ дар Кохи фарҳанг, ки аз 3 ошёна иборат мебошад, аз соли 2013 оғоз гардида буд.
Назди бинои Кохи фарҳанг бо гулу гулзор ва фаввораҳо оро дода шуда, ба як гулгашти зебою сайргоҳи сокинону меҳмонони ин гӯшаи дилписанди Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар Кохи фарҳанг нигористони театрӣ барои нигоҳдории намунаи либосҳои санъаткорон ва дар осорхонаи он бошад, барои созҳои миллии мусиқӣ ҷойи махсус муҳайё карда шудааст.
Толори васеъ ва даромадгоҳи Кохи фарҳанг бо санъати хоси меъмории кандакорӣ ороиш дода шудааст.
Дар таҳхонаи бино ошхона бо 100 ҷой, ҷойи либосҳои театрӣ, толори варзиш, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории кормандон, кошонаи ҳусн, синфхонаи дӯзандагӣ, утоқҳои машқу тамрин ва дар ошёнаи сеюм маҳфили рассомон, утоқҳои сурудхонӣ мавҷуд аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Кохи фарҳанг 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Зимни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосир, ки Ҳукумати мамлакат барои аҳли санъати ноҳия омода кардааст, намоишномаи театрикунонидашуда пешкаш карда шуд.
Президенти мамлакат ба бинокорон барои иҷрои корҳои сохтмонӣ изҳори сипос намуда, ифтитоҳи ин кохи бошукуҳи фарҳангиро ба аҳли ҳунар муборакбод гуфт.

http://president.tj/

Дар шаҳри Москва IX-умин Нишасти илмӣ ва эҷодии зиёиёни кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Молдова, Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон иштирок карданд.
Мавзӯи асосии ин анҷуман - "Тавсеъаи қаламрави ягонаи гуманитарии ИДМ: дурнамои ҳамкориҳо ва талаботи замон" интихоб карда шуд.
Дар анҷумани мазкур Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Мирзоевич Сатторов иштирок намуд.
Зимни баргузори Нишаст қайд гардид, ки ҳифзи қаламрави ягонаи гуманитарии ИДМ ва тавсеъаи гуфтугӯи тамаддунҳо яке аз шартҳои зарурии пешгирии бархурдҳо, муқобилият бо таҳаммулнопазирию нажодбадбинӣ, бегонаситезӣ, миллатгароӣ ва экстримизм буда, ба таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии наздики мардумони кишварҳои узви ИДМ мусоидат мекунад.
Яке аз мавзӯъҳои муҳими ин Нишаст баррасии иштироки кишварҳои узви ИДМ соли оянда барои омодагӣ ва ҷашнгирии 70-солагии Ғалаба ва Соли меҳтарони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1940-1945 буд.
Иштирокчиёни Нишасти мазкур ҳамчунин ба номи роҳбарони кишварҳои узви ИДМ Муроҷиатнома қабул намуда, даъват ба амал оварданд, ки барои посдории хотира аз ғалабаи бузург, ки корнамоии фарзандони халқҳои кишварҳои мо мебошад, шароити мусоид фароҳам оварда, ба наслҳои оянда ин дороии бемислу боғановатро ба мерос гузоранд.
Дар муроҷиатномаи иштирокчиёни Нишаст аз ҷумла гуфта шудааст, ки муҳимтарин дарс аз он ҷанг барои наслҳои оянда ин аст, ки танҳо бо кӯшиши ҳамаи кишварҳо ва ҳамаи наслҳо метавон ба таври таъсиргузор дар баробари таҳдидҳои имрӯза, алалхусус эҳёи идеологияи фашизм ва сафед кардани он, муқовимат кард.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ва шаҳри Воронежи Федератсияи Россия дар соли 2015 пойтахтҳои фарҳангии ИДМ эълон шудаанд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов бо муаррифии шаҳре, ки дар он мероси фарҳангӣ ва дастовардҳои бузурги илмии беш аз 2500 сола дорад, баромад кард.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Дар ҳошияи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба 50 умин солгарди таъсисёбии ансамбли овозадори тоҷики "Гулшан" дар яке аз толорҳои мӯҳташами Москва ҳамоиш ва консерт ба ёдбуди ситораҳои ҳунари эстрадӣ Хурмо Ширинова, Муборакшо Мирзошоев ва Наргис Бандишоева баргузор гардид.

Дар оғоз як филми кӯтоҳмуддат ба намоиш гузошта шуд, ки дар асоси наворҳои солҳои пешин аз рӯзгору фаъолияти ин се ситора ҳикоят мекард.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ин ҳамоиши ҳамватанонро ҳусни ифтитоҳ бахшида, гуфт аз он солҳои пешин, ки таронаҳои ин овозхонҳо дар маърази назари аксари ҷавонону наврасони давр қарор доштанд, хотираҳои рангин дорад. "Дар оҳанги ин таронаҳои ширин насли давру замон бузург шуданд, инҳо маҳбуби дилҳо буданд. Басо рамзист, ки имрӯзҳо овозхонҳои дигар таронаҳои Хурмову Муборакшову Наргисро дубора замзама мекунанд. Фарҳанг ва ҳунар яке аз василаҳои пояндадошти миллат ва арзишҳои он ба шумор меравад. Шодем, ки ҳолиё дар пойтахти кишвари рус, ҳазорҳо фарсах дур аз Ватани азиз мусиқиву оҳангҳои дилнишини тоҷикӣ садо медиҳанд. Мо тоҷикон дар кулвори фарҳангу санъати хеш басо чизҳои наҷибе дорем, ки дар Русия, чуноне, ки ман дар Олмон низ таҷруба кардаам, метавонад истиқболи гарму самимӣ дарёбад. Биёед якҷо бошем, аз фарҳангу санъати хеш ифтихор намоем ва дар баланд бардоштани номи миллату Меҳан талош варзем!"- гуфт Сафир.
Ин суханони Сафири кишварро Алимамад Боймамадов, раиси Ҷамъияти тоҷикистониён тақвият дода гуфт, ҳоло рӯйи саҳна ҳунармандоне меоянд, ки садои эшон ягон сарҳаду монеаҳоро намешиносад, ҷаҳон аз ҳунари волои эшон истиқбол мекунад.
Овозхони гурӯҳи "Авесто" Таҳмина Рамазонова, ки воқеан бо як сабки тозаи омехтаи шарқу ғарб мехонад, ҳунармандони гурӯҳи "Ғарибон" ва дигарон рӯйи саҳна омада, барномаи ҷолиби консертӣ нишон доданд.
Аммо, барои толор ҳадяи беҳтарин- баромади гурӯҳи "Baraka", ки аз Латвия даъват шудаанд, буд ки аз ҷой бархоста ба ҳунари эшон каф мекӯфт. Ин гурӯҳи ҳунармандон аз яке кишварҳои Аврупои Шарқӣ бо таронаҳои тоҷикӣ ва оҳангҳои дилпазири мо дар ҷаҳон маъруф гаштаанд. Роҳбари гурӯҳи "Baraka" Дмитрий Евсиков гуфт, барои онҳо мояи ифтихору сарбаландист, ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ суруд мехонанд. "Бо тамоми ҳастӣ дар хидмати фарҳангу ҳунари Тоҷикистон камар бастаем"-таъкид намуд ӯ.
Ин чорабинии фарҳангӣ, ки бо ташаббуси ҷомиаи тоҷикистониён- зодагони Бадахшон ва дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор шуда буд, басо хубу хотирмон гузашт.
Аммо, муҳимтарин нукта он аст, ки эҳсос мешавад тоҷикистониён баъди солҳои соли муҳоҷират, кору иқомат ва зиндагӣ дар кишвари рус, бахусус баъди бароварда намудани эҳтиёҷоти моливу иҷтимоии хеш, рӯйи ниёзи бештаре меоранд ба ғизои маънавӣ. Яъне, диаспораи миллии мо аз доираи муҳоҷирати меҳнатӣ оҳиста-оҳиста берун омада, ба сатҳи дигар, зинаи ташаккул ва пешрафт наздик мешавад. Бинобар ин, Сафорати Тоҷикистон, бахусус сафири тозатаъини кишвар, ки таҷрибаи бойи корӣ дар Аврупоро дорад, ба ин нуктаҳо таваҷҷӯҳи бештаре медиҳад. Мо мехоҳем ҳамватанони мо дар Русия низ нуфузу эътиборро ба ҳадде соҳиб шаванд, ки масалан, туркҳову эрониҳову афғонҳо дар Аврупову Амрико расидаанд. Ё бигирем, мавқеъ ва ҷойгоҳи назарраси арманиҳо, озариҳову гурҷиҳо дар Русияро. Албатта, дар ин ҷода бояд якҷоя кор бубарем, барномаҳои фарҳангиву ҳунарӣ, маъорифи ва тарбияви миёни насли хурдсол ва навраси тоҷиктабор дар Русия роҳандозӣ намоем. Шумора ва захираҳои инсонии ҳамватанон дар Россия барои ин корҳоро кардан заминаҳои зарурӣ фаро овардаанд. Сафири кишвар Имомуддин Сатторов дар тули сафарҳои ахираш ба Санкт-Петербург, вилояти Свердловск, Кишвари Краснодар ва ҳар куҷои дигаре, ки бо ҳамватанон дидору мулоқот дорад, ба ҳамин нуктаҳо таъкид менамояд.

Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон