Ҷашни Наврӯз дар Москва Избранное

27 Март 2019
767 раз

24 марти соли 2019 дар Намоишгоҳи дастовардҳои мардумӣ (ВДНХ) Наврӯзи умумишаҳрии Москва баргузор гардид, ки дар он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок намуд.

Ба чорабинии идона намояндагони вазорату идораҳои Россия, сафирони давлатҳои хориҷӣ, сокинон ва меҳмонони Москва, инчунин намояндагони диаспораҳои миллатҳои гуногуни Россия ташриф оварданд.

Ҷашни Наврӯз бо баргузории барномаи консертӣ, намоиш маҳсулоти ҳунармандони мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла фестивали оши палав, инчунин мусобиқаи гуштингирӣ руҳияи ҳозиринро шод гардонид.

Дар гӯшаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Сафорат ташкил гардид, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ аз сангҳои нодири ороишӣ ва чӯбин, либосҳо ва сӯзаниҳо бо зару зевар, гулдӯзиҳои миллӣ ва ғайра ба маъраз гузошта шуд. Ҳамчунин бо мақсади таблиғи таъомҳои миллии тоҷикӣ ва шиносоӣ бо анъанаҳои неки ҷашни Наврӯз барои ҳозирин дастархони миллӣ ороста шуд.

Дар барномаи консертӣ кишварамонро бо мусоидати Маркази фарҳангии тоҷикон ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур, аълочии фарҳанги Тоҷикистон Фахриддин Фазлиев ва овозхони хушсадо Шаҳзод Ҳакимов, инчунин гурӯҳҳои рақсии “Гулчин” ва “Нур” муаррифӣ намуданд.

Дар толори дигар зиёда аз 100 варзишгар дар мусобиқаи гуштингирии тоҷикӣ иштирок карда, ба тамошобинон навъи гуштингирии миллиро намоиш доданд.

Ҳамчунин дар ҳошияи чорабинӣ Фестивали оши палав доир гардид, ки дар он беш аз 15 ҳайат ҷиҳати дарёфти унвони ошпази беҳтарини Наврӯз-2019 ширкат варзиданд.

Ҳайати доварон на танҳо ба таъми хӯрок, балки ба санъати тайёр кардан, ороиш ва пешниҳоди он баҳо дода, се нафар ғолибро интихоб намуданд.

Дар натиҷаи озмун, дастаи ошпазони Тоҷикистон ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Бояд қайд кард, ки соли 2016 Оши палав - хӯроки анъанавӣ ва ба сифати заминаи иҷтимоию фарҳангӣ дар Тоҷикистон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Инак, 14 сол аст, ки Наврӯз дар сатҳи умумишаҳрӣ дар пойтахти Россия таҷлил гардида, сокинону меҳмонони шаҳри Москваро бо таърихи қадима ва анъанаҳои неки дӯстию ҳамдигарфаҳмии он ошно мегардонад.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон