Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия Избранное

08 Окт 2018
859 раз

7 октябри соли 2018 дар толори яке аз театрҳои бошукуҳи Москва – “Новая сцена Большого театра”, маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо тантана ва сабки хоси миллии тоҷикӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ва Муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Николай Малаков бо суханони шодбошӣ меҳмононро хайра мақдам гуфтанд.

Сипас, барномаи консертии гуруҳҳои ҳунарии Тоҷикистон шурӯъ гардид. Дар саҳна навои дилнишину маъруфи классикӣ ва муосири миллӣ дар жанрҳои гуногун садо дод. Зимнан, сурудҳои ҳунармандони халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов ва Давлатманд Холов тамошобинонро ба ваҷд овард, ки аз кафкӯбиҳои бардавоми самимона эҳсос гардид.

Ҳамчунин, жанри эстрадии тоҷикро ситораҳои босалиқа ва машҳур Шарофат Усмонова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Соҳибназар Аловатов, Хуршед Иброҳимов, Зафар Абдуалимов, Амирҷон Рузиев, Александр Тоҳиров, Тахмина Ниёзова ва Манучеҳр Раҳмонов муаррифӣ намуда, бо сурудҳои ҷаззобу дилнишини хеш муддатҳо барои меҳмонон хотирмон гардиданд. Ҳунарнамоии моҳирона нотакрори гулдухтарони ансамблҳои рақсии “Лола” ва “Парасту” ба тамошобинон имкони шиносоӣ бо ин санъати зеборо фароҳам овард.

Ҳамин тариқ, мухлисони санъати тоҷик, аҳли зиё ва аъзои ҳукумати кишвари иқомат, инчунин, сафирон ва дипломатҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар толор ҳузур доштанд, тавассути ҳунарнамоии ситораҳои боистеъдоди эстрада ва дигар навоҳои миллӣ, аз Рузҳои фарҳанги Тоҷикистон таасуроти рангину хотирмон бардоштанд.

Барномаи пурмуҳтаво ва ҷолиб, ки аз ҷониби ҳайати эҷодӣ омода гардид, ба меҳмонон фарҳанги ғании тоҷикона, меросии маънавӣ, санъат ва анъанаи беназирро намоиш дод. Ҳозирин фурсате бошад ҳам, худро дар фазои хоси меҳмоннавозии Тоҷикистон эҳсос намуданд.

Дар яке аз толорҳои театр намоиши мусаввараҳои рассомони боистеъдоди муосири Тоҷикистон низ ташкил карда шуд, ки он таҷассумгари дунёи зебоӣ ва хирадмандии мардуми тоҷик гардида, инчунин, манзараҳои нотакрори табиати кишварро муаррифӣ намуд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия бо баргузории консертҳои ҳунарӣ ва дигар чорабиниҳо дар Театри калони драмавии ба номи Г.Товстоногови ш. Санкт-Петербург идома меёбад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон