Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ муроқибат мекунанд Избранное

14 Апр 2014
4887 раз

 Дастрасӣ ба хадамоти ҳифзи тандурустӣ яке аз омилҳои муҳими созгории иҷтимоии муҳоҷирон дар ҷомеаи қабулкунанда мебошад.

Қоидатан қисми қобили таваҷҷӯҳи муҳоҷирини меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ ин ҷавонон мебошанд. Лекин бо яқ қатор сабабҳо, аз ҷумла сатҳи пасти маълумоти санитарӣ-гигиенӣ, маҳорати гигиенаи шахсӣ ва ҳамчунин шароити бади зиндагӣ дар муҳоҷират хатари гирифторӣ ба бемориҳои ҷамъиятан муҳиме ҳамчун бемории сил ва бемории норасоии масунияти баданро дар байни муҳоҷирон афзоиш медиҳад.

Ин ва дигар масъалаҳо чанд рӯзе пеш дар Москва, дар тренинги омӯзишии “ Тақвияти адвокатии дастгирӣ ва чораандешӣ оиди пешгирии бемории сил дар ҷомеаи муҳоҷирон” баррасӣ шуданд, ки онро Федератсияи Байналмиллалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурхи Москва дар чорчӯби оғози фаъолияти фарогир оиди баланд бардоштани сатҳи фаҳмондадиҳии санитарӣ ба муҳоҷирон ва дастрасии онҳо ба муайянкунии пешакӣ, ташхис ва табобати бемории сил ташкил карда буданд.

Мутахассисони шӯъбаҳои Оренбург, Волгоград ва Тамбови Салиби Сурхи Россия бо ҳамроҳии намояндагиҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар муддати ду рӯз усулу равишҳои тавсеаи муассири иттилооти тиббӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатиро коркард намуданд.

Даврон Муҳаммадиев, раиси Намояндагии минтақавии Федератсияи байналмиллалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Россия назароти худро чунин иброз дошт: “ Саломатии муҳоҷирон яке аз авлавиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мебошад . Ба касе пӯшида нест, ки мӯҳоҷирон дар Россия дастрасии лозимӣ ба хадамоти тиббӣ надоранд ва қонунгузории Россия ба монанди қонунгузории чандин кишварҳои дигар барои буду боши  шаҳрвандони хориҷии мубтало ба бемориҳое амсоли сил ва норасоии масунияти бадан,  як қатор монеъаҳои ҳуқуқӣ , ҳатто то берун намудан аз кишвар бо мамнӯъ намудани вуруди минаъдаро муқаррар намудааст. Бинобар ин бисёр муҳим аст, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Россия меоянд, пешакӣ аз саломатии худ муроқибат кунанд, пеш аз ба Россия омадан сари вақт муоинаи тиббиро гузаранд ва дар муддати буду бош дар Россия ба саломати худ ҷиддан таваҷҷӯҳ намуда, бо пайдоиши аввалин нишонаҳои беморӣ фавран ба духтур муроҷиат кунанд”.

Аз охирҳои июни соли ҷорӣ кормандони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар давраҳои омӯзишӣ ба табақаҳои гуногуни муҳоҷиронро дар шаҳрҳои Оренбург ва Тамбов, дар марказҳои ҳамгароии муҳоҷирон, ки Хадамоти муҳоҷирати Россия кушодааст, дар шаҳрҳои  Москва, Волгоград ва вилояти Москва барои табақаҳои номуташаккили муҳоҷирон, дар маконҳои зисту кори онҳо (дар сохтмонҳо, бозорҳо ва боғҳову боғчаҳо) оғоз мекунанд. Ин фаъолият ҳамчунин муҳоҷирони эҳтимолии ояндаро, ки дар марказҳои омӯзишии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мегузаранд, дар бар мегирад. Ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамагӣ то охири соли 2014 на камтар аз 1000 муҳоҷир омӯзонда шавад.  Ғайр аз ин дар ҷараёни омӯзиш муҳоҷирон метавонанд дар таҳқиқоти нигаронидашуда ба омӯхтани сатҳи маълумоти муҳоҷирон дар бораи бемории сил ва норасоии масунияти бадан иштирок намуда, дар бораи роҳҳои ба онҳо маълуми пешгирии ин бемориҳо бигӯянд.

Дар ин фаъолият  мутахассисони Маркази тадқиқоти муҳоҷирати Россия, ки равишшиносии таҳқиқотро коркард намудаанд, ба Салиби Сурх кӯмаки тахассусӣ мерасонанд ва натиҷаи таҳқиқотро эълон мекунанд.

Ин фаъолият бо дастгирии “Мушорикати Лилли оиди мубориза бо бемории сили дар баробари доруҳои гуногун пойдор”, сурат гирифтааст

 

Манбаъ: Азия Плюс

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон