Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмиллалии гӯштии озод, ки пагоҳ, 21 июн дар Алмати (Қазоқистон) баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард-хабар медиҳад pressa.tj . Манбаъи иттилоот хабар медиҳад, ки : “ Дар чорчӯби мусобиқа 8 набард дар назар гирифта шудааст, ки дар онҳо варзишгарон аз Афғонистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо варзишгарони қазоқ қувваозмоӣ хоҳанд кард” .
Чанде пеш варзишгарони мунтахаби самбои Тоҷикистон дар мусобиқаи кушоди аврупоӣ, ки дар шаҳри Женева (Швейтсария) гузашт, се медали тилло ба даст оварданд. Гӯштигирони тоҷик ҷойҳои аввалро ишғол намуда, ҳамчунин ба чемпионати чаҳон оид ба самбо, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар Бразилия мегузарад, роҳхат гирифтанд.