ФФТ хабар медиҳад, дар чорчӯби омодагиҳо ба мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми президенти Қазоқистон-2014, дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон, ки аз бозигарони то 16-сола ташкил шудааст, дар шаҳри Норак ҷамъомадҳои омӯзишӣ-тамринӣ мегузаронад.
“ Ҷамъомадҳо дар Норак то 22 июн идома хоҳанд ёфт. Ин дафъа сармураббии даста Салоҳиддин Ғафуров , 24 бозигар, аз он ҷумла 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро фаро хонд. Ба дархости ниҳоии даста танҳо 18 нафар аз ин ҳайъат шомил мешаванд.”- гуфт мудири мунтахаби наврасон Меҳроҷиддин Холов.
Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” баромад мекунад, ки дар ин гурӯҳ ҳарифонаш дастаҳои Испания, Эрон ва Озарбойҷон хоҳанд буд. Дар квартети “В” наврасони Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин баромад хоҳанд кард.
Мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистон-2014 аз 25-ум то 29-уми июн дар ш.Остона хоҳад гузашт. Ҷоизаи умумии мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.