Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз 25 июн дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми президенти Қазоқистон-2014 бар дастаи Озарбойҷон пирӯз шуд.
“Тамрингирандагони Салоҳиддин Ғафуров дар ин бозии сахт бо ҳисоби 2:1 футболбозони Озарбойҷонро шикаст доданд”-мегӯяд манбаъи хабар. Зарбаҳои дақиқи Муҳаммадҷон Шарипов ва Худойдод Узоқов ба дастаи тоҷикон пирӯзӣ оварданд.
26 июн дастаи тоҷикон бо футболбозони мунтахаби Испания бозӣ мекунад. Замони оғози бозӣ соати 18:00 ба вақти Душанбе мебошад. Дар мусобиқа мунтахаби футболи наврасони шаш давлат-Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ҷоизаи умумии мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА –ро ташкил медиҳад. Дастаҳое, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро касб мекунанд, батартиб маблағи 10 ҳазор, 6 ҳазор ва 4 ҳазор доллари ИМА-ро соҳиб хоҳанд шуд.