Иштироки Тоҷикистон дар Наврӯзи умумишаҳрии Москва Избранное

27 Март 2018
1036 раз

  25 марти соли 2018 дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии мардумӣ (ВДНХ) Наврӯзи умумишаҳрии Москва баргузор гардид. Дар чарабинӣ намояндагони вазорату идораҳои Россия, сафирони фавқулода ва мухтори кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, сокинон ва меҳмонони Москва, инчунин намояндагони диаспораҳои миллатҳои гуногуни Россия ширкат варзиданд.
Барномаи идонаи чорабинӣ соати 13.00 оғоз гардида, то соати 20.00 дар ду майдон – дар толори 75-ум бо баргузории консерти гуруҳҳои ҳунарӣ, намоиши маҳсулоти ҳунармандони мардумӣ ва дар саҳни Намоишгоҳ бо доир кардани фестивали “Оини ошпазӣ”-и оши палав, бо иштироки ошпазҳои моҳир аз кишварҳои гуногун идома ёфт.
Сафорати Тоҷикистон дар Россия ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон устод Давлатманд Холро ҳамчун меҳмони фахрӣ ба консерти идона даъват намуд, ки бо истеъдоду ҳунари волои мусиқии тоҷикӣ аҳли толорро ба ваҷд оварда, шукуҳи Наврӯзро таҷассум кард. Ҳамчунин дар барномаи консертӣ Тоҷикистонро сарояндагон Фуруғ Ниёзова, Фахриддин Фазлиев, Меҳрона Ғайбуллоева ва гурӯҳҳои рақсии “Нур” ва “Гулчин” муаррифӣ намуданд.
Дар гӯшаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ташкил гардид, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ аз сангҳои нодири ороишӣ ва чӯбин, либосҳо ва сӯзаниҳо бо зару зевар, гулдӯзиҳои миллӣ ва ғайра ба маъраз гузошта шуд. Ҳамчунин бо мақсади таблиғи таъомҳои миллии тоҷикӣ ва шиносоӣ бо анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз барои ҳозирин дастархони миллӣ ороста шуд.
Дар толори дигар зиёда аз 100 варзишгар дар мусобиқаи гуштингирии тоҷикӣ иштирок карда, табъи мухлисонро бо маҳорати худ болида гардониданд.
Тибқи маълумоти ташкилкунандагони чорабинӣ ба ҷашни Наврӯзи Москва зиёда аз 45 ҳазор нафар ташриф оварданд.
Беш аз 10 сол аст, ки Наврӯз дар сатҳи умумишаҳрӣ дар пойтахти Россия таҷлил гардида, сокинони Москва бо таърихи қадима ва анъанаҳои неки дӯстию ҳамдигарфаҳмии он ошно мегарданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон