Маросими ифтитоҳи “Рӯзҳои Наврӯз дар Арбати қадима” Избранное

16 Март 2018
1099 раз

  15 марти соли 2018 дар шаҳри Москва маросими расмии ифтитоҳи “Рӯзҳои Наврӯз дар Арбати қадима” баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳ намояндагони вазорату идораҳои Россия, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма, инчунин намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, диаспора ва ҷамъиятҳои ҷавонони тоҷик ширкат варзиданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, дар суханронии худ таъкид кард, ки Наврӯз - яке аз ҷашнҳои анъанавии қадима буда, аз фарҳанги ғании ориёӣ маншаъ мегирад ва сарчашмаи хурсандию хушбинӣ ва шодмонию умед мебошад.
И.Сатторов бо қаноатмандӣ қайд кард, ки чорабиниҳои ҷашнӣ баҳри шиносоии аҳолӣ ва меҳмонони шаҳри Москва бо анъанаҳо ва фалсафаи Наврӯз, зоҳир намудани муҳаббат ба наздикон, эҳтиром ва ғамхорӣ нисбати насли калонсол, ҳифзи расму оинҳои мардумӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Ба меҳмонон барномаи рангину пурғановати консертӣ бо иштироки гуруҳҳои ҳунарии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз пешниҳод гардид. Ҳамчунин, бо мақсади таблиғи таъомҳои миллии тоҷикон ва шиносоӣ бо анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз, аз ҷумла “Ҳафт сину, Ҳафт шин”, барои ҳозирин зиёфати миллӣ ороста шуд.
Дар намоишгоҳ аз ҷониби ширкату муассисаҳои Тоҷикистон санъату ороиш ва маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ муаррифӣ гардид, ки ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид. Зарфияту имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон низ, бо истифода аз фурсати муносиб ба маъраз гузошта шуда, намоиши расму мусаввараҳо роҷеъ ба диёри зебоманзарамон ташкил гардид.
Намоишгоҳи “Рӯзҳои Наврӯз дар Арбати қадима” то 18 марти соли 2018 идома ёфта, барои ҳавасмандон имкони муносиби шиносоӣ бо анаънаҳои хуб ва фарҳанги ғании Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз фароҳам овардааст.
Ҷашни умумишаҳрии Москва бо номи “Рӯзҳои Наврӯз дар Арбати қадима” дар “ТВК Арбат 24” (кӯчаи Арбат 24) бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дар ҳамкорӣ бо ҶММ “Кристалл-Экспо” ва Ҳукумати Москва идома дорад.

Пресс-служба Посольства РТ в РФ

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон