Рӯзҳои забони русӣ дар Тоҷикистон, дар Шаҳраки донишҷӯӣ Избранное

05 Июн 2014
4967 раз

Дар санаи 5 июни соли ҷорӣ, дар Шаҳраки донишҷӯии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони русӣ чорабинии идона баргузор мешавад. Чунонки Маркази илму фарҳанги Россия хабар медиҳад, барномаи Рӯзи забони русӣ дар Тоҷикистон имсол бо экскурсияи маҷозӣ (виртуалӣ) ба Осорхонаи русии “Осорхонаи ёдгорӣ-хонаи А.С. Пушкин”  (“ Мемориальный музей-вартира А.С. Пушкина”), ки дар таърихи 4 июн онро кормандони Маркази забон ва фарҳанги Россия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои кормандон ва бинандагони он мегузаронанд,оғоз мешавад.

5 июн дар Шаҳраки донишҷӯии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо иштироки Сафири Россия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов , бахшида ба Рӯзи забони русӣ чорабинии идона ва мизи гирди “Шоирон ва нависандагони русзабони Тоҷикистон” баргузор мешавад. Дар худи ҳамон рӯз, дар Донишкадаи давлатии Забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии анъанавии “Пушкинхонӣ”-конфронси илмӣ, баргузор мешавад, ки дар он устодон ва донишҷӯёни факултаи филологияи русӣ ва ҳамчунин аъзои Ҷамъияти Пушкини Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Дар Маркази илму фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе намоиши филмҳои ҳунарӣ ва тасвирии баргирифта  аз рӯи эҷодиёти А.С Пушкин баргузор мешавад, ки ба он донишомӯзону донишҷӯён, фарзандони ҳамватанони рус ва ҳамаи он касоне, ки барояшон эҷодиёти шоир ва нависандаи бузург намунаи дурахшонтарини таҷассуми ҳунарии арзишҳои асосии инсонӣ, намуна барои шоирон ва нависанданони наслҳои ояндаи рус мебошад, даъват мешаванд.

Барномаи намоиши филмҳо, ки ҳамроҳ бо тавзеҳи мутахассисони ботаҷриба сурат мегирад, дарбаргирандаи филмҳои ҳунарӣ ва омӯзишии баргирифташуда аз эҷодиёти А.С Пушкин ва филмҳо дар бораи Пушкин : “Роҳи охирин” ( “Последняя дорога”), “Бонуи деҳотӣ” (“Барышня-крестьянка”) “Дубровский” ва ғайра мебошад.

Иштироккунандагони ин чорабинӣ бо “ Москваи пушкинӣ” (“Пушкинская Москва”) ошно мешаванд,  дар толори “Осорхонаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи А.С Пушкин” қадам зада, экскурсияи маҷозии “Один час в Пушкинском музее” (“ Як соат дар осорхонаи Пушкин”)-и худро ба поён мерасонанд.

Ба таваҷҷӯҳи донишҷӯён ва синфҳои болоӣ филми ҳунарии “Станционный смотритель” , ки аз рӯи “Повести И.П. Белкина”-и машҳури А.С. Пушкин ба навор гирифта шудааст, пешкаш карда мешавад.

Тамошобинони хурдсолро филмҳои тасвирии баргирифташуда аз афсонаҳои Пушкин, “Сказка о рыбаке и рыбке”( “Афсонаи моҳигир ва моҳӣ”), “Сказка о мёртвой царевне и семи богатырях” ( “Афсонаи шоҳдухтари мурда ва ҳафт паҳлавон”), «Сказка о золотом петушке” ( “ Афсонаи хурӯсаки тиллоӣ”) ва “Сказка о попе и работнике его Балде” ( “Афсонаи поп ва коргари ӯ Балда”), хушҳол хоҳанд кард.

Субҳи 6 июн дар Вазораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии тақдими Нишони фахрии Ҳамкориҳои Россия “Барои дӯстӣ ва ҳамкорӣ” (“Барои хизмат дар тавсеаи забон ва илму фарҳанги русӣ дар ҷаҳон”) ба масъулони соҳаи маъорифи ҶТ,  баргузор мешавад.

Дар ҳамон рӯз, соати 09:30 дар Маркази илму фарҳанги Россия дар ш.Душанбе намоишгоҳи китобҳои омӯзишӣ-методии замонавии забону адабиёти рус ва намоишгоҳи расмҳои кӯдаконаи “Наш Пушкин” (“Пушкини мо”), инчунин муаррифии барномаҳои чандрасонаӣ барои омӯзгорон-русшиносон дар Маркази дастрасии дастаҷамъӣ баргузор хоҳад шуд. Сипас дар соати 10:30 дар меҳмонхонаи адабӣ-мусиқии Маркази  илму фарҳанги Россия дар ш.Душанбе чорабинии идона бахшида ба ҳаёту эҷодиёти бузургтарин шоири рус А.С. Пушкин баргузор мегардад.

Талабагони мактабҳои пойтахт ва ноҳияҳои тобеъи маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон-барандагони озмунҳои эҷодии мактабӣ : қироаткунандагон, шоирони наврас, муаллифони беҳтарин иншоҳо дар мавзӯи “ Здравствуй Пушкин” (“Салом Пушкин”) ( Мактаби миёнаи ҳамагонии №6, № 20 ба номи А.С. Пушкин, № 21 ба номи Ю.Гагарин, №5 ба номи Л. Шералӣ, Летсеи №2 барои кӯдакони боистеъдод, гимназияи №2 ш.Турсунзода, Мактаби миёнаи ҳамагонии №75 ш.Турсунзода, Мактаби русӣ-тоҷикии Донишгоҳи русӣ-славянии Тоҷикистон, литсеи ТНУ, Мактаби миёнаи ҳамагонии  № 89, Мактаби миёнаи ҳамагонии №1, мактаби ибтидоии №14, Мактаби миёнаи ҳамагонии №55 ноҳияи Данғара ва ғайра). Донишомӯзони синфҳои болоии Мактаби миёнаи ҳамагонии №21 ба номи Ю. Гагарини ш. Душанбе намоиши театрикунонидашудаи аз рӯи эҷодиёти А.С Пушкин “Дубровский”, “Бахчисарайский фонтан” (“ Фаввораи Бохчасарой”) ва “Цыганы” (“Лӯлиён”) гирифташударо нишон медиҳанд. Донишомӯзони синфҳои 6-7 Мактаби миёнаи ҳамагонии русӣ-тоҷикии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон бо саҳначае аз рӯи ҳикояи тамсилии А.С. Пушкин “ Сапожник” (“Мӯзадӯз”), ва донишомӯзони мактаби миёнаи № 54 ба номи Л. Шералии пойтахт бо саҳначаи аз рӯи манзумаи “Полтава”- и А.С. Пушкин баромад мекунанд.

Дар саҳначаи “ Знакомтесь: Незнайка и его друзья”, ки ба муносибати 60-умин солгарди китоби Н.Н. Носов “ Приключения Незнайки и его друзей”  ба намоиш гузошта мешавад, донишомӯзони Мактаби № 54-и пойтахт иштирок мекунанд .( ташкилкунанда- Ҷамъияти Пушкини Тоҷикистон).

Дар бахши дуюми чорабинии идона, маросими тантанавии тақдими  тӯҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳои намояндагии Ҳамкориҳои Россия дар Тоҷикистон ба лауретҳои олимпиадаҳои байналмиллалии забону адабиёт ва фарҳанги русӣ, муаллифони наққошиҳои беҳтарини “ Наш Пушкин”, ғолибони озмунҳои қироаткунандагон, баргузор мешавад.

Дар соати 13:00 ҳамон рӯз дар маҷлисгоҳи Маркази илму ва фарҳанги Россия, аз тариқи скайп бо Донишгоҳи миллии тадқиқотии “ Мактаби олии иқтисод”  ( НИУ “ Высшая школа экономики” ) конференсия дар мавзӯи “ Намоиши манбаъҳои интернетӣ барои дарс додани забони русӣ ба кӯдакони ҳамватанон”   ва мастер-класс ( дарси устод)  барои  омӯзгорон ва талабагон  ташкил карда мешавад.

Барномаи Рӯзи забони русӣ дар Тоҷикистон 7 июн бо чорабинии “Рӯзи Пушкинии забони русӣ  дар Хатлон”, ки Шӯрои ҳамватанони Россия дао Тоҷикистон ташкил намудааст, хотима меёбад. Дар чорчӯби ин чорабинӣ, дар Маркази фарҳангӣ-омӯзишии русзабонони муқими вилояти Хатлон озмуни қироаткунандагон,  иншонависӣ аз рӯи афсонаҳои П.П. Бажов сурат гирифта, хонандагони Коллеҷи педагогӣ, мактаби миёнаи № 4 Вазорати мудофиаи РФ, мактабҳои миёнаи ҳамагонии № 2 ва № 11, литсеи № 1 ш. Қурғон-теппа ва мактабҳои ш. Қумсангир баромад мекунанд. Дар ин маърака ғолибони даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии сурудҳои русӣ иштирок мекунанд.

 Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон