Ифтор дар чорчӯби IX – умин барномаи солонаи фарҳангӣ-маърифатӣ ва хайриявии “Шатер Рамадана” Избранное

04 Июл 2014
4343 раз

Дар санаи 4 июл дар “Шатер Рамадана” (“Хаймаи Рамазон”) дар назди Масҷиди ёдгории Поклонная гора-и ш.Москва бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шоми Тоҷикистон баргузор шуд.

Сафири Тоҷикистон дар ФР Имомуддин Сатторов дар ин ифтор, ки дар чорчӯби IX – умин барномаи солонаи фарҳангӣ-маърифатӣ ва хайриявии “Шатер Рамадана” (“Хаймаи Рамазон”), ки ин навбат ба кишвари мо бахшида шуда буд, баромад намуда, қайд кард, ки умуман мардуми тоҷик ба дину фарҳанги исломӣ эҳтироми хоса доранд.

Имомуддин Сатторов қайд намуд, ки: “ Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ ва як қатор ташкилоту ҷамъиятҳои динӣ амал мекунанд.  Ҳамаи ин ташкилоту муассисаҳо ва ҷамъиятҳои динӣ, дар асоси қонунгузории имрӯзаи кишвар, озодона амал намуда, талаботи пайравони худро қонеъ мекунанд. Калонтарин масҷиди Осиёи Миёна дар шаҳри Душанбе сохта шуда истодааст.  Расму одатҳои миллию динии мо ба ғайр аз инки ҳамеша мардумро ба ягонагӣ, ҳамбастагӣ ва муҳаббат ва эҳтиром ба якдигар даъват мекарданд, инчунин абзори тарбияти наслҳо дар роҳи накӯкорӣ ва парҳез аз тафриқаҷӯи низ буданд. Танҳо пайравӣ аз Исломи суннатӣ,  риояти чорчӯбу қоидаҳои асрҳо шаклгирифта метавонад  намунаи хуб бошад. Зеро Исломи суннатӣ ба ватандӯстӣ, накӯкорӣ ва эҳтиром ба бузургон даъват мекунад. Яъне дорои ҷузъҳои тарбиявии мусбат мебошад”.

Ӯ ба ҳамватанони худ муроҷиат намуда гуфт, ки зарур аст ҷавонони мо ин нукотро ба худ ҷазб кунанд ва дини ҳақиқиро бо мафҳумҳои дурӯғине, ки ба фаромӯш намудан ва дур шудан аз аслу решаи худ даъват мекунанд, омехта накунанд

Имомуддин Сатторов меҳмононро ба муносибати моҳи мубораки Рамазон табрик намуда ба ҳама хушбахтию сулҳу накӯӣ таманно намуд ва ба тақвияти дӯстию якдигарфаҳмӣ байни халқҳо даъват намуд. “ Ман чанде пеш Сафири ҶТ дар ФР таъйин шудам ва вақте хабар ёфтам, ки маконе ҳамчун Шатер Рамадана (“Хаймаи Рамазон”)  вуҷуд дорад, ки ҳамаи мо, мардуми кишварҳои дӯсту бародар,  дар Рамазон инҷо бо ҳам ифтор мекунанд, бисёр  хушҳол шудам. Бисёр муҳим аст, ки ин анъана мавриди дастгирӣ қарор гирифта, густариш дода шавад”- гуфт Сафири Тоҷикистон дар Россия.

Ҳамчунин ҳозиронро Раиси Идораи мусулмонони шаҳри Москва, сардори Кумитаи ташкилотии  “ Шатер Рамадана” Илдар-ҳазрат Алоутдинов табрик намуд. Ӯ дар суханронияш қайд кард, ки “ Шатер Рамадана”  (“Хаймаи Рамазон”)  таҷассуми ғояи ваҳдати мардум аст. “ Ин ҳама тасдиқкунандаи он аст, ҳам  маъмурияти маърифатии мо ва зиёфат бо ишқ ба инсоният, ҳам макони воқеъ шудани “Шатер” (“Хайма”). Поклонная гора дар Москва бо ёдгориҳо ва масҷидҳои мусулмонӣ, христианӣ ва яҳудияш маъруф аст. Меҳмонони Шатер (“Хайма”) намояндагони дину эътиқодоти гуногун мебошанд” – гуфт Аллоутдинов.

Баъд аз бахши расмӣ, бахши фарҳангии ин маърака оғоз шуд, ки дар он меҳмонон ва иштироккунандагон бо анъанаҳо ва фарҳанги қадимии халқи тоҷик ошно шуданд. Дар экрани калон навори тасвирии “Ба Тоҷикистон хуш омадед”, ки Шабакаи якуми ТВ Тоҷикистон бо мушорикати медиахолдинги Tajinfo дар Россия таҳия намудааст, ба намоиш гузошта шуд. Дар ҷараёни ин чорабинӣ аҳангҳои тоҷикӣ низ садо доданд. Ба меҳмонон нашри навини маҷаллаҳои “Тоҷикистон”, “ Оила-мигрант” , рӯзномаи “Тоҷикони Россия/Таджики России” ва дигар нашрияҳо тақдим карда шуданд.

Дар ин ифтор намояндагони Сафорати Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар Москва, ҳамчунин садҳо меҳмон, аз ҷумла намояндагони диаспораҳо, дигар халқиятҳои мусулмони муқими Россия, олимон, сиёсатмадорон, санъаткорон ва донишҷӯён ҳузур доштанд.

“Шатер Рамадана” (“Хаймаи Рамазон”)- и солонаи хайриявӣ то охири моҳи мубораки Рамазон, дар Поклонная гора-и шаҳри Москва амал мекунад

 Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

сиёсат, фарҳанг, санъат, ҷомеа, варзиш, тафреҳ, тандурустӣ, кортаъминкунӣ, дастрасии муҷаввиз, сафар ба хориҷ

123001, Москва, Гранатный пер. 13. (Метро Баррикадная)
Телефон: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02
Факс: +7 (495) 691-89-98

САФОРАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ:

Иштироки ахбор

Нигористон