15 декабри соли 2017 дар шаҳри Москва ҷаласаи 76-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нематулло Ҳикматуллозода ва Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия И.М. Сатторов иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Ҳикматуллозода ҳозиринро бо самтҳои асосии Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2018 ва Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ гардидани он шинос намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар соҳаи ҳамкориҳои иқтисодӣ диққати асосӣ ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалигардии давраи сеюми Стратегияи рушди ИДМ то давраи соли 2020, инчунин идомаи амалигардии Созишнома дар бораи савдои озод равона мегардад. Соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ ва муҳоҷират низ дар қатори вазифаҳои асосии рушди ҳамкориҳо дар Иттиҳод номбар шуданд.
Ба рӯзномаи ҷаласа маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи иқтисод дохил буданд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои Тартиби таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳои байнидавлатии инноватсионӣ, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои таҷҳизоти электронию электротехникӣ ва лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук. Инчунин дар ҷаласа як қатор масъалаҳои буҷету молиявӣ ва ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қарор қабул гардид, ки ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои иқтисодии ИДМ 2 марти соли 2018 дар шаҳри Москва баргузор мегардад.
Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР